Error message

Notice: Undefined variable: layout_width در include() (خط 18 از /var/www/izar.tj/html/sites/all/themes/iza/tpl/html.tpl.php).

ШУЪБАИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

   Бахши забоншиносӣ аз нахустин ва куҳантарин бахшҳо дар сохтори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ маҳсуб мешавад. Ин бахш бо номи лингвистика бунёди шуъбаи таърих, забон ва адабиёти Тоҷикистони Иттиҳоди Шуравии собиқ буда, дар он масоили гуногуни забони тоҷикӣ, грамматика ва лаҳҷаҳо таҳқиқ мегардид. Вазифаи бахши забоншиносӣ дар оғози солҳои 30-юм ба баъд аз таҳқиқи масъалаҳои савтиёт, грамматика, танзими фарҳангҳои дузабона, таҳияи дастурҳои таълимӣ, масоили имло ва ғайра иборат буд, ки дар ин самт кормандони шуъбаи мазкур бо истифода аз имкониёти мавҷуда дар он давр, ба кори таҳқиқ идома додаанд. Забоншиносони шуъба баробари анҷомаҳои кори таҳқиқ дар танзими китобҳои дарсӣ барои мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва донишгоҳҳои ҷумҳурӣ низ нақши муҳим гузоштаанд. Омӯзиши грамматикаи забони тоҷикӣ дар он солҳо аз таълифи китобҳои дарсию дастурҳои таълимӣ оғоз гардид. Таҳия ва таълифи бархе аз китобҳои дарсӣ дар солҳои аввал барои мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии ҷумҳурӣ далели ин гуфтаҳо мебошанд: (Беленитский ва Ҳоҷизода, 1936; Арзуманов, Нестеренко, 1938, Арзуманов ва диг., 1940; Бақозода, 1941; Б. Ниёзмуҳаммадов, Л. Бузургзода, 1941, 1944) ва дигарон.

   Охири солҳои 40-ум барои омода ва тарбия намудани мутахассисони забоншинос чанде аз кормандони илмии Институт барои таҳсил дар аспирантура ва докторантура ба марказҳои илмии Маскав фиристода шуданд. Аз байни онҳо номзади илмҳои филология Б. Н. Ниёзмуҳаммадов дар мавзуи «Ҷумлаҳои содда дар забони адабии ҳозираи тоҷик» (1948) ва О. Ҷалолов дар мавзуи «Категорияи ҷамъ дар забони ҳозираи тоҷик» (1956) рисолаҳои докторӣ ва Ш. Ниёзӣ дар мавзуи «Калимасозии исм ва сифат дар забони адабии ҳозираи тоҷик» (1950), М. Фозилов дар мавзуи «Калимаҳои тасвирӣ дар забони тоҷикӣ» (1950) ва М. Шаҳобова дар мавзуи «Пайвандаки тобеъкунандаи «ки» дар забони адабии ҳозираи тоҷикӣ» дар Маскав рисолаҳои номзадӣ дифоъ намуданд. Албатта, ҳамаи ин корҳои илмӣ барои ба вуҷуд омадани аввалин китобҳои дарсии мактабҳои олӣ ҳамчун маводди илмию амалӣ хидмат намудаанд.

   Аз солҳои шастум ба баъд кормандони шуъба Б. Ниёзмуҳаммадов, О. Ҷалолов, X. Ҳусейнов, С. Абдураҳимов, Ш. Рустамов, С. Атоуллоев атрофи масъалаҳои гуногуни грамматикаи забони адабӣ як силсила асару мақолаҳо таълиф карданд, ки бархе аз онҳо дар бахши синтаксис бори аввал ба ҳайси рисолаҳои номзадӣ мавриди таҳқиқ карор гирифт. Пас аз Ш. Ниёзӣ таҳқиқи морфология дар шуъба аз ҷониби Ш. Рустамов идома ёфт. Мавсуф исмро дар забони адабӣ мавриди омӯзиш қарор дода, ин мавзуъро соли 1972 ҳамчун рисолаи докторӣ дифоъ намуд. Вай дар рисолаи хеш тамоми ҷузъиёти ин ҳиссаи нутқро дар асоси маводи забони адабӣ таҳқиқ ва баррасӣ кардааст.

   Ҳамчунин дар шуъба ба ғайр аз таҳқиқи масъалаҳои грамматика дар соҳаи лексикаи забони адабӣ аз ҷумла, лексикаи иқтибосӣ дар мисоли калимаҳои русӣ ва байналмилалӣ яке аз кормандон Н. Шаропов таҳқиқот анҷом додааст. Бояд тазаккур дод, ки бахши лексикаи забони адабӣ ва ташаккули он аз асрҳои IХ-Х то ба имрӯз аз муҳимтарин мавзуъҳои забоншиносии тоҷик буда, таҳқиқи ҳамаҷонибаи он барои ташхиси ҳолати имрӯзаи луғати забон ҳам дар бахши маъно ва ҳам сохтори вожагон аз масъалаҳои муҳимми забоншиносии тоҷик маҳсуб мешавад. Равияи асосии таҳқиқоти шуъба аслан ба омӯзиши грамматикаи забони адабӣ равона гардида, масъалаҳои луғати забон ва савтиёт ба нақшаи таҳқиқ ворид нагардид. Тамоми дастовардҳои шуъбаи забон дар таҳқиқи грамматикаи забони адабӣ ҳам дар мақолаҳо ва ҳам дар асарҳои ҷудогонаи кормандон тайи солҳои гуногун дарҷ гардидааст, ки яке аз ин дастовардҳо таҳқиқоти ҷамъбастӣ ва фарогири илмӣ ба номи «Грамматикаи академии забони адабии тоҷикӣ» маҳсуб мешавад. Грамматикаи академӣ дар се ҷилд (ҷ.1, 1985, ҷ. 2., 1986, ҷ. 3. 1989) таҳия ва чоп гардидааст.

   Ҷилди якум масъалаҳои фонетика ва морфологияро дар бар гирифта, дар таҳқиқи бобҳои он ин донишмандон иштирок кардаанд; Муқаддимаи Грамматика, Исм – Ш. Рустамов; Фонетика - Т. Хаскашов; Муқаддимаи морфология, Нидо - А.Мирзоев; Сифат – К. Шукурова; Шумора – Ҳ. Каримов; Ҷонишин – Б. Сиёев; Феъл – Н. Маъсумӣ, Масдар, Сифати феълӣ ва Феъли ҳол - Д. Тоҷиев; Зарф - С. Абдураҳимов, Пешоянду пасоянд - Р.Л. Неменова; Пайвандак - Н. Бозидов, Ҳиссача - А. Халилов, Р. Ғаффоров.

   Ҷилдҳои 2 ва 3 ба таҳқиқи Синтаксиси забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллифони ҷилди дуюм забоншиносони муътабар С. Абдураҳимов (Ибраҳои исмӣ, шуморагӣ, ҷонишини, зарфӣ, сараъзои ҷумла, ҳоли тарзи амал ва миқдору дараҷа), А. Мирзоев (Ибораи феълӣ. Алоқаи калимаҳо дар ибора ва ҷумла), Ф. Зикриёев (Воҳидҳои тавзеҳӣ, Воҳидҳои туфайлӣ. Мухотаб), М. Исматуллоев (Пуркананда), Б. Камолиддинов (Ҷумлаҳои содаи яктаркиба), С. Раҳматова (Ҷумлаҳои чидааъзо. Воҳидҳои хулосакунанда. Тартиби калима дар ҷумла), Ш. Рустамов (Муқаддима, ҷумлаҳои сода; ҳикоягӣ, саволӣ, амрӣ, хитобӣ, инкорӣ. Баёния. Ҳол. Ҳоли макон. Ҳоли замон. Ҳоли сабаб. Ҳоли мақсад. Ҳоли шарт. Ҳоли хилоф. Аъзоҳои истисноии ҷумла), Р. Ғаффоров (Муайянкунанда) мебошанд.

   Ҷилди 3-и Грамматика ба қалами ин муаллифон тааллуқ дорад; Ф. Зикриёев (Ҷумлаҳои мураккаб. Ҷумлаҳои мураккаби пайваст. Ҷумлаи туфайлӣ); Б. Камолиддинов (Нутқи айнан ва мазмунан нақлшуда); Ш. Рустамов (Ҷумлаҳои мураккаби тобеъ ва ҷумлаҳои пайрави муайянкунанда, пуркунанда, мубтадо, хабар, ҳамроҳӣ, ҷумлаҳои мураккаби сертаркиб), Д. Тоҷиев (Ҷумлаҳои мураккаби тобеъ бо ҷумлаҳои пайрави ҳол).

   Ҷилди 1 ва 2 зери таҳрири Ш. Рустамов ва Р. Ғаффоров ва ҷилди 3 зери таҳрири Ш. Рустамов ва Б. Камолиддинов таълиф шудааст.

   Аз нимаи дуюми солҳои ҳафтод се нафар корманди шуъба Т. Ваҳҳобов, М. Раҳматов дар соҳаи забоншиносии иҷтимоӣ ва А. Рустамов дар соҳаи лексика барои давраи коромӯзӣ ва аспирантура ба Институти забоншиносии АИ Иттиҳоди Шуравӣ, ба Маскав фиристода шуданд. Мутаассифона, пас аз фавти нобаҳангоми ду нафар мутахассиси ҷавон ва аз шаҳри Душанбе ба хориҷ рафтани Т. Ваҳҳобов таҳқиқот дар ин бахшҳои забоншиносӣ дар шуъба қатъ гардид.

   Соли 1992, пас аз муттаҳид сохтани Бахши таърихи забон бо Шуъбаи забони адабӣ, Шуъбаи таърихи забон ва забони адабӣ таъсис дода шуд. Аз соли 1995 Шуъба ба таҳқиқи мавзуи илмии «Масъалаҳои грамматика ва лексикаи забони тоҷикӣ» (пажуҳиши ҳамзамонӣ ва таърихӣ» оғоз кард. Пажуҳиши ин мавзуъ ба давраҳои гуногуни ташаккули забони тоҷикӣ, бавижа дар бахши луғат ва вожасозӣ марбут буда, аз роҳи муқоисаи давраҳои ташаккули забон бар асоси манобеи хаттӣ чигунагии таҳаввулоти маънои вожагон ташхис ва таҳқиқ карда мешавад. Таҳқиқи ҳамаҷонибаи ин мавзуъ рушди мустақили забони тоҷикиро дар ин ҳавзаи таърихии забонӣ, яъне ҳавзаи Мовароуннаҳр равшан менамояд.

   Соли 2000 бино бар камбуди мутахассисон, Шуъбаи лаҳҷашиносӣ ва Гурӯҳи яғнобӣ бо Шуъбаи таърихи забон ва забони адабӣ ҳамчун бахшҳои мустақил муттаҳид гардонида шуданд. Акнун шуъба дорои бахшҳои мустақили таҳқиқотӣ буда, дар ин бахшҳо масоили гуногуни забоии тоҷикӣ аз роҳи анҷоми пажуҳишҳои дастаҷамъӣ сурат мегирад. Чунин равиши таҳқиқ дар сатҳҳои гуногуни забонӣ ҷавобгӯи меъёрҳои илми муосири забоншиносӣ мебошад.

   Имрӯз ҳайати илмии шуъба дар омӯзиши масоили этнолингвистии забони тоҷикӣ, ки аз муҳимтарин мавзуъҳои рӯз ба шумор меравад, таҳқиқот анҷом медиҳад. Дар таҳқиқи масоили этнолингвистӣ бештар ба маводди гӯишҳои забони тоҷикӣ ва суғдӣ ҳифзи луғати куҳан дар ин гӯишҳо таваҷҷуҳ сурат мегирад. Яке аз масоили муҳим дар таҳқиқи ин мавзӯъ ташхиси луғати суғдӣ ва луғати маҳфуз аз дигар забонҳои шарқии эронӣ дар гӯишҳои тоҷикӣ маҳсуб мешавад. Вазифаи пажуҳишгарон дар таҳқиқи масоили этнолингвистӣ ташхиси вижагиҳои забони тоҷикӣ ва гӯишҳои он дар ҳифзи луғати манотиқи густариши забони тоҷикӣ ва гӯишҳои маҳаллӣ ва таъсири забонҳои шарқии эронӣ ба гӯишҳои тоҷикӣ дониста мешавад.

   Шуъба таҷриба ва маҳорати илмии проф. В.С. Расторгуеваро ба назар гирифта, аз ӯ хоҳиш кард, ки барномаи гирдоварӣ ва танзими нутқи шевагиро мураттаб созад. В.С. Расторгуева чунин барномаро танзим намуда, онро ба шуъба супорид, ки барои кори самарабахши экспедитсияҳо ва хубтар фаро гирифтани далоили шева раҳнамои хеле муҳим буд. Барномаи мазкур дар илми лаҳҷашиносии тоҷик нахустин таҷриба ба шумор меравад. Кормандони шуъба бо ин дастур дар давоми беш аз 6 сол маводди фаровоне гирд оварданд. Ин мавод дар шуъба бори дигар тафтиш ва ташхис гардида, ба варақаҳо ва дафтарҳои алоҳида рӯйнавис шудаанд. Дар натиҷа захираи илмии шуъба ба вуҷуд омад, ки он барои анҷом додани мавзуъ манбаи асосӣ буд. Барои ҷамъбасти илмии шеваи ҷанубӣ мебоист ҳудуди интишори он дар канораҳои дарёи Кофарниҳон, самти ғарбии Тоҷикистон, ҳамчунин бархе маҳаллоти ҳаммарзи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, аз ҷумла вилояти Сурхондарё муайян карда шавад.

   Кормандони шуъба соли 1970 дар се гурӯҳ бар асоси барномаи мухтасаре, ки Р.Л. Неменова тартиб дода буд, ба сафарҳои лаҳҷашиносӣ баромаданд. Яке аз ин гурӯҳҳо дар ҳайати Р. Ғаффоров, Ғ. Ҷӯраев ва М. Маҳмудов дар Чиртаки ноҳияи Регар ба поён расидани ҳудуди интишори лаҳҷаҳои ҷанубиро муайян намуд. Кормандони шуъба дар экспедитсияҳои лаҳҷашиносии соли 1970 мавзуъ ва нуқтаҳои нави таҳқиқро кашф карданд. Аз ҷумла, гурӯҳи илмии соҳили рости Кофарниҳон (Б. Бердиев, А. Ҳақбердиев) маҳалли ҷойгиршавӣ ва вижагиҳои лаҳҷаи суғдиро равшан намуд. Дастаи вобаста ба водии Вахш (Ҷ. Мурувватов, Б. Саъдуллоев) лаҳҷаеро ошкор карданд, ки гӯяндагони он замоне аз Афғонистон ба ин ҷо муҳоҷират карда будаанд.

   Омӯзиши таърихи забон ва осори хаттии забонҳои бостон дар Тоҷикистон аз нимаи аввали солҳои 50-ум оғоз гардида, ки маркази он Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ буд. Бунёдгузори ин бахши илми забоншиносӣ дар кишвари мо аз чеҳраҳои шинохташуда, ховаршиносии рус, доктори илми филология, профессор В.А. Лившитс маҳсуб мешавад. Мавсуф аз Санкт-Петербурт ба Тоҷикистон омада, аз соли 1952 то 1958 дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ба пажуҳиши забонҳои бостон, бавижа забонҳои суғдию хоразмӣ ва портиву бохтарӣ пардохта ва дар ташреҳу тарҷумаи осор ва шинохти расмулхати ин забонҳо хидмати арзанда анҷом додааст. Шинохт ва ташреҳу тарҷумаи бештар ёдгориҳои нодири бостоншиносӣ аз осори суғдиву бохтарӣ аз сарзамини Тоҷикистон ва дигар сарчашмаҳои таърихии Суғду Бохтар аз ҷониби ин донишманд сурат гирифтааст. Ҳангоми фаъолияти илмии профессор В.А. Лившитс дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ Тоҷикистон ҳамчун маркази илмӣ дар пажуҳиши мероси фарҳангии суғдиву хоразмӣ ва портиву бохтарӣ шинохта шуд.

   Дастоварди муҳимми дигари шуъба дар ин панҷсола «Тадвини фарҳанги гӯйишҳои ҷанубии забони тоҷикӣ» буд, ки онро донишмандони шуъба, лаҳҷашиносони шинохтаи тоҷик, доктори илми филология Ғ. Ҷӯраев ва номзади илми филология М. Маҳмудов таҳия намуданд ва он соли 2013 ба чоп расид. Фарҳанги номбурда беш аз 25000 воҳиди луғавӣ ва ибораҳои фразеологии гӯишҳои ҷанубии забони тоҷикиро дар бар мегирад. Ин фарҳанг нахустин луғате мебошад, ки дар таърихи фарҳангнигории форсу тоҷик назир надорад. Дар байни садҳо фарҳанги пешин, ки ганҷинаи бузурги илмию фарҳангии забонамонро инъикос намудаанд, луғатеро наметавон пайдо кард, ки сарвати луғавии ин ё он лаҳҷаро ба сурати илмӣ тасвир карда бошад. Фарҳанги номбурда падидаи навтарини соҳаи луғатсозии забони тоҷикӣ ба ҳисоб рафта, он аз рӯйи захираи беш аз 70000 картатекаи шуъба, ки дар ҷамъоварӣ ва фароҳам овардани он муаллифон Ғ. Ҷӯраев, М. Маҳмудов, Б. Бердиев бевосита ширкат доштаанд, таҳия ва тартиб дода шудааст.

   Фарҳанг аз ҷониби мутахассисони дохилию хориҷӣ бо таваҷҷуҳи махсус истиқбол гардид. Эроншиносони Институти забоншиносии АИ ФР дар маҷаллаи «Реферативный журнал» дар бораи фарҳанги мазкур тақризи муфассал навишта, ба он баҳои баланд додаанд.

   Ин фарҳанг барои такмили таркиби  луғавии забони тоҷикӣ сарчашмаи муҳим, судманд ва пурарзиш ба шумор рафта, маводди он метавонад барои пажуҳишҳои забоншиносӣ ва мардумшиносӣ истифода шавад.

  Комёбии дигари шуъба чопи китоби Д. Саймиддинов таҳти унвони «Пажуҳишҳои забоншиносӣ» мебошад.

  Мусаллам аст, ки масоили грамматика ва луғоту истилоҳоти форсии миёна яке аз масъалаҳои муҳимми таърихи забон ба ҳисоб меравад. Забони форсии миёна бо вуҷуди пажуҳишҳои зиёд бо забонҳои аврупоӣ ва русию форсӣ ба забони тоҷикӣ бори нахуст дар ин панҷсола ба риштаи таҳқиқ даромадааст. Дар ин таҳқиқот дар бораи хусусиятҳои ҳиссаҳои нутқ, грамматика ва овошиносӣ (фонетикаи) форсии миёнаи паҳлавӣ ва монавӣ маълумот дода шудааст.

   Дастоварди дигари шуъба таъсиси гурӯҳи яғнобшиносӣ мебошад. Бо дарназардошти мақом ва арзиши забони яғнобӣ, моҳи ноябри соли 1991 дар ҳайати шуъбаи лаҳҷашиносии Институт гурӯҳи яғнобшиносӣ таъсис дода шуд. Дар ҳайати гурӯҳ профессор А.Л. Хромов ва кормандони илмӣ С. Мирзоев, Б. Алиев, Т. Ёров, М. Раззоқов дохил буданд.

  Соли 1998 дар таърихи Институт ва гурӯҳи ягнобшиносӣ як воқеаи муҳимми илмию фарҳангӣ рух дод. Ҷустуҷӯ ва ковишҳои чандинсолаи муҳаққиқони ҷавон - намояндагони худи забон самараи дилхоҳ овард. Бо ғамхорию роҳнамоии олимони шинохташудаи Институт се нафар ҷавони ягнобӣ рисолаҳои номзадии хешро ба анҷом расонда, дифоъ карданд. С. Мирзоев дар мавзуи «Лексикаи забони яғнобӣ» (таҳти роҳбарии узви вобастаи АИ ҶТ Д. Саймиддинов); Г. Неъматов дар мавзуи «Лексикаи чорводорӣ дар забони яғнобӣ» (роҳбари илмӣ профессор Д. Карамшоев); Б. Алиев дар мавзуи «Этнолингвистикаи забони яғнобӣ» (роҳбари илмӣ профессор Ғ. Ҷӯраев). Аз маводди се рисолаи таҳқиқгардида чунин ба назар мерасад, ки забони яғнобӣ аз калима ва истилоҳоти соҳавӣ ғанӣ мебошад. Бештари ин вожаҳо вожаҳои бунёдии худи забон буда, дар ҳамон шакли асили худ то имрӯз маҳфуз мондаанд.

  Аз ҷониби гурӯҳи яғнобшиносӣ чунин аҳаммият доштани забонро ба назар гирифта, ба мавзеъҳои яғнобнишин сафар карда, ҷойи имкон, махсусан аз кӯҳансолон мавод ҷамъоварӣ мекарданд. Дар пояи маводи ҷамъоваришуда фарҳангҳои дузабонаву сезабона, дар бораи суннатҳои маҳаллӣ ва шеърҳои яғнобӣ, дастури забони яғнобӣ, маҷмуаи мақолаҳо дар масъалаҳои гуногуни забон, алафу гиёҳҳои Яғноб китобҳо ба нашр расидааст, ки муҳимтарини онҳо иборатанд аз:

  Мирзозода С. Яағнобӣ зивок 2-3 (Забони яғнобӣ барои синфҳои 2-3). – Душанбе: Деваштич, 2007. – 200 с.

 Мирзозода С. Фарҳанги забони яғнобӣ (яғнобӣ-форсӣ). – Душанбе: Пайванд, 1996. – 124 с.

   Фарҳанги яғнобӣ-тоҷикӣ (2008), Фарҳанги яғнобӣ-тоҷикӣ-англисӣ (2008), Шеъру сурудҳои яғнобӣ (2011), Суннатҳои маҳаллӣ ва сурудҳои яғнобӣ (2012), Дастури забони яғнобӣ (2008), Фарҳанг ва суннати яғнобӣ (2015), Маҷмуаи мақолаҳои эроншиносӣ (2021), Гиёҳу растаниҳои шифобахши Яғнобдара (2022) ва монанди инҳо, ки ба қалами С. Мирзоев тааллуқ доранд.

  Ба шуъбаи забон донишмандони зер роҳбарӣ кардаанд: Б. Ниёзмуҳаммадов, О. Ҷалолов, Н. Маъсумӣ, Ш. Рустамов, Р. Ғаффоров, Ғ.Ҷӯраев, М. Файзов, Д. Саймиддинов, А. Мирзоев, С. Назарзода, С. Сабзаев, С. Мирзоев.

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО