13 Oct 2023
Submitted by Admin
380

ДУШАНБЕ, 13.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Ҷуғрофиёи таърихӣ ва фарҳангии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ» Конференсияи дуюми байналмилалӣ оғоз гардид, ки дар он олимони ватанию хориҷӣ иштирок доранд.

Конференсияро президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки «Шоҳнома»-и  Фирдавсӣ бузургтарин асари ҳамосавии мардумони эронинажод ва яке аз муҳимтарин осори адабии забони тоҷикӣ ва ҷаҳон мебошад.

Ба таъбири муҳаққиқон, «Шоҳнома» навниҳоле нест, ки мустақим аз замин рӯида ва дар фазо имтидод ёфта бошад, балки бо ҳаҷме наздик ба панҷоҳ ҳазор байт ба дарахти куҳансолу тановаре мемонад, ки чӣ дар фазо ва чӣ дар зери замин рӯише перомунӣ ва густарда дорад.

«Аз ин рӯ, гуфтугӯ ва баҳсу баррасиҳо дар атрофи  «Шоҳнома», ба маънии пажуҳиши дақиқу комил кори ҳамешагии шоҳномапажуҳон буда, конференсияҳои ҳарсола, ки бо ибтикори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Ҷуғрофияи таърихӣ ва фарҳангии  «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ» доир мегарданд, маҳз бо ҳадафи муайян ва мушаххас намудани таъсиру нуфузи ин шоҳасари адабии таърихи адабиёти мо дар густураи адабии ҷаҳон барпо мешаванд»,-афзуд Фарҳод Раҳимӣ.
Дар конференсия мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳиддин Пайшанбезода ва меҳмонон аз хориҷи мамлакат сухан намуданд.

Дар конференсия иброз гардид, ки  Ҳаким Абулқосим Мансур ибни Ҳасани Фирдавсӣ аз бузургтарин суханварону ҳамосасароёни адабиёти тоҷикӣ мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи арзиши мондагори «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ гуфтаанд: ««Шоҳнома» танҳо китоби базму разм, диловарию қаҳрамонӣ ва ривояту афсона нест. Вай пандномаи беназир, ахлоқнома ва дастури омӯзандаи хулқу атвори ҳасана, хислат ва хусусиёти неки инсонӣ аст.

Агар мо бихоҳем, ки ҷовидон дар ин сарзамин руҳи Фирдавсиро зиндаву покиза нигоҳ дорем ва худро вориси воқеии ӯ бидонем, бояд ҳамаи андарзҳои ӯро ҳифз намуда, тибқи онҳо амал намоем, баҳри оромишу осоиш, ваҳдату ягонагӣ ва пойдор гардидани сулҳ ба ҷон бикӯшем».

Гуфта шуд, ки ҳамосаи миллӣ падидаи фарҳангии миллӣ дар таърихи тамаддун ва адабиёти аксари қавму миллатҳои ҷаҳон аст. Оғози тартиб додани «Шоҳнома» ба забони порсии дарӣ дар шакли мансур ва манзум бояд чун муждаи  фарҳангӣ шинохта шавад. Вай осори гузаштаи ҳамосӣ ва зимнан луғоту таркиботи шеваи қадимиро нигоҳ медошт ва забони тозаи порсии дариро дар сатҳи фарҳангӣ такмил медод. Замоне Фирдавсӣ мегӯяд, ки «Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ»- ҳамин маъниро дар назар дорад.

Сипас конференсия дар бахшҳои таърих, фалсафа, ҷуғрофия; адабиётшиносӣ; забоншиносӣ ва фарҳангу ҳунар идома ёфта, дар он дар мавзуъҳои «Искандари Мақдунӣ дар нусхаи хаттии мусаввири Абулхайриён «Шайбониён», «Таъсири фарҳанг ва забони «Шоҳнома» дар шибҳи қораи Ҳинд, бахусус Покистони кунунӣ», «Ҷуғрофиёи таърихии маконҳои пуртакрор дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ», «Аҳамияти китоби «Канзул-маориф» дар тасҳеҳи «Шоҳнома», «Шоҳномапажуҳӣ дар Тоҷикистон», «Тасвири Исфандиёр дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ», Бозҷӯии вожагони «Шоҳнома»-и «Фирдавсӣ дар гӯйишҳои ҷанубӣ ва ҷанубӣ-шарқии Тоҷикистон», «Тарҳи тоҷикисозии дараҷаҳои низомӣ бо баҳрагирӣ аз «Шоҳнома», «Мусиқии «Шоҳнома» ва заминаҳои таърихии он», «Анъанаҳои шоҳномахонӣ ва фарҳанги мусиқии тоҷик», «Фирдавсӣ ва «Шоҳнома» дар гуфтори тоҷикон», «Услуби иҷрои матнҳои «Шоҳнома» дар оҳангҳои тоҷикӣ, «Ормонҳои тоҷдорӣ дар оинҳои тоҷикӣ», «Тасвири чеҳраи Рустам дар ривоятҳои мардумӣ» аз ҷониби донишмандони ватанию хориҷӣ аз Эрон, Покистон, Британия, Фаронса, Канада, Русия ва Узбекистон маърузаҳо пешниҳод мегарданд.

https://khovar.tj/2023/10/sho-noma-i-firdavs-mu-imtarin-osori-adabii-zab...

Раъно НУСРАТУЛЛО,
Тоҳир САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО