30 Sep 2026
Submitted by Admin
17
CropPed: 

Ҳамватанони гиромӣ, олимону кормандони азиз!

Ҳамасола 30-юми сентябр дар кишвари соҳибистиқлоламон – Тоҷикистони азиз – Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Қайд кардан зарур аст, ки ин ташаббус аз соли 2009 дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти №664 «Дар бораи таҷлили зодрӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ» рӯйи даст гирифта шуд.

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ (Румӣ) соли 1207 дар шаҳри Балх ё дар Вахши Тоҷикистон ба дунё омадааст. Номи ӯ Ҷалолуддин Муҳаммад буда, бо тахаллуси Мавлавӣ машҳур аст. Падараш аз олимони Балх буд. Дар ибтидои ҳуҷуми муғулҳо ӯ бо волидайни худ аз Вахш ба Балх, Самарқанд ва Нишопур сафар кардааст. Баъдан оилаи онҳо аз Нишопур ба Ҳиҷоз мекӯчанд. Соли 1232 дар Қуния, назди Бурҳонуддини Муҳаққиқи Тирмизӣ, илми тасаввуфро аз худ мекунад. Мавлоно Балхӣ соли 1273 дар Қунияи Рум вафот кардааст.

Бузургтарин асари ӯ «Маснавии маънавӣ» мебошад, ки ба навиштани он соли 1259 оғоз карда, зиёда аз 10 сол ба эҷоди ин асар машғул шудааст. Мавзӯи асосии ин асар масъалаҳои тасаввуф мебошад. Аз осори шоир тақрибан 50 ҳазор байт ва 1600 рубоӣ боқӣ мондааст. Оламе гарму пуршӯру туфонӣ, саршори ишқу меҳру сӯзу гудоз, ранҷе бархоста аз шавқу иштиёқ дар пардаи зеҳн зинда мешавад. Муҳаққиқон ба он назаранд, ки тамоми шаш дафтари «Маснавӣ» ба гунае иборат аз шарҳу тафсири ҳамин муқаддимаи пуршӯр аст. Бозгаште, ки танҳо аз роҳи ишқ – ишқи таҳаввулгарду комилсоз, инсонсоз ва ҳастинофарин – муяссар аст.

Воқеият он аст, ки Мавлоно дар мақтаи муайяне аз таълифи «Маснавӣ» оғоз кард, вале то он замон заминаи иншоии ин шоҳкори гаронсанг тӯли солҳо дар бистари ғазалиёти дилошӯб омода шуда буд. Ғазалиёте, ки дар «Девони Шамс» ё «Девони Кабир» фароҳам омадаанд. Дар ибтидои замон дар перомуни рӯзгору ҷаҳони рангину пуррамзу нози Мавлоно ҳазорон мақолаву китобҳо таълиф шудаанд ва агар ҷамъоварӣ шаванд, шояд китобхонаи бузурге ташкил диҳанд. Воқеан, ҷозибае биловасф дар домани ҳар ғазале дар ҳоли ҷӯшиш аст, ки зеҳну қалб ва вуҷуди инсонро ба худ мекашад, ба равони инсон нерӯе шодофарин, ҷунбанда ва пуртаҳаррук медиҳад.

Дунёи шигифтангези андешаву афкор, калому гуфтори Мавлоно дар тӯли қарнҳо ҳамвора таваҷҷуҳи пажӯҳишгарону донишмандони ақсои ҷаҳонро ба худ ҷалб намудааст. Ҳар яке аз ин дарёи ҳамеша хурӯшон дурру гавҳаре ёфта ва пеши азамату шукӯҳи кохи бузурги андешаи ӯ сари эҳтирому таъзим фуруд овардааст. Дар паҳнои адабиёти форсӣ мо шоирони бузурги соҳибдевони зиёд дорем. Шоироне, ки ашъорашон шабоҳатҳои зиёди мазмунӣ доранд. Ағлаб аз чакидаҳои зеҳни якдигар суд ҷуста, зери таъсири андешаву ҷаҳони фикрии якдигар мондаанд. Вале девони Мавлоно дар қиёс бо онҳо ҳавои дигаре дорад.

Осори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ҳамчун падидаи нодири адабиёт ва андешаи башарӣ то имрӯз аҳамияти бузурги маънавию ахлоқӣ дошта, дар ташаккули ҷаҳонбинии инсон, таҳкими маърифату худшиносӣ ва тарғиби арзишҳои неки инсонӣ нақши муҳим мегузорад. Андешаҳои инсонпарварона, даъват ба донишомӯзӣ, маърифат, муҳаббат, таҳаммулпазирӣ ва ҳамзистии осоишта, ки дар осори ӯ таҷассум ёфтаанд, барои наслҳои имрӯза низ аҳамияти хосса доранд.

Мавлоно бо андешаи фарогири худ марзҳои замону маконро убур намуда, ба яке аз чеҳраҳои мондагори фарҳангу адабиёти ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Мероси гаронбаҳои ӯ на танҳо мояи ифтихори миллати тоҷик, балки ганҷинаи маънавии башарият ба шумор меравад. Омӯзиш ва муаррифии ҳамаҷонибаи осори Мавлоно барои шинохти саҳми тоҷикон дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ ва таҳкими эҳсоси худшиносии миллӣ аҳамияти муҳим дорад.

Имрӯз дар Тоҷикистон ба омӯзишу таҳқиқи мероси илмӣ, адабӣ ва фарҳангии Мавлоно таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, олимону муҳаққиқон дар самти муаррифии осори ӯ ва нақши Мавлоно дар рушди адабиёти форсу тоҷик корҳои арзишманд анҷом медиҳанд. Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ ҳамчун маркази муҳими илмӣ дар омӯзиш, таҳқиқ ва тарғиби мероси гаронбаҳои ниёгон, аз ҷумла осори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, саҳми назаррас мегузорад.

Мо бояд аз мероси маънавии Мавлоно барои тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи донишандӯзӣ, маърифатпарварӣ, ватандӯстӣ, инсондӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ самаранок истифода намоем. Зеро андешаҳои созанда ва инсонпарваронаи Мавлоно, ки дар тӯли асрҳо арзиши худро нигоҳ доштаанд, имрӯз низ метавонанд ҳамчун чароғи маърифат роҳи инсонро ба сӯи дониш, хирад ва камолоти маънавӣ равшан созанд.

Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО