09 Dec 2022
Submitted by Admin
402

Имрӯз 9.12.2022 бо ибтикори шуъбаи адабиёти муосири Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ ба муносибати 90-солагии академик Хуршеда Отахонова конфронси илмӣ зери унвони “ҶОЙГОҲИ АКАДЕМИК ХУРШЕДА ОТАХОНОВА ДАР АДАБИЁТШИНОСИИ ТОҶИК” дар маҷлисгоҳи Институт барпо гардид.

Конфронсро директори ИЗА ба номи Рӯдакӣ, доктори илми филология Фарангис Шарифзода ҳусни оғоз бахшида, дар бораи хизматҳои илмию адабии академик Отахонова ибрози назар намуданд.

Сипас, ноиби президенти АМИТ, Абдурраҳмон Муҳаммад Наврӯз аз корҳои хубу мондагори ин бонуи донишманд ёд оварданд.

Академик Кароматулло Олимов низ аз шахсияти Хуршеда Отахонова ва аз мактаби гузаштаи ин бонуи хирадманд ёд оварданду чанд нуктаи муҳимми осори илмию адабии адабиётшиносро тавзеҳ доданд. Шуҷоати академик Хуршеда Отахоноваро Кароматулло Олимов махсус қайд намуданд. “Касе ки дил дорад, китоби “Дил мехоҳад, ки гӯяму гирям”-ро бе ашки чашм хонда наметавонад”, гуфтанд академик Кароматулло Олимов.

Анзурати Маликзод, ки аз ҷумлаи шогирдони академик Хуршеда Отахонова мебошанд, бо ҳаммуаллифии Абдухолиқи Набавӣ дар мавзуи “Мунаққиди нуктасанҷ ва равандбин” ибрози назар намуданд..

Академик М. Имомзода низ аз ҳамкориҳои худ бо академик Хуршеда Отахонова ёд оварда, пешниҳод намуданд, ки таҳқиқи рӯзгору осори академики накуном Отахонова ба шогирдон дода шавад.

Дар конфронси мазкур олимону донишмандон, аз ҷумла профессорон Шарифмурод Исрофилниё, Шодимуҳаммад Сӯфизода, Ҷамшед Саъдуллоев, узви вобастаи АМИТ Мирзо Ҳасани Султон, мудири шуъбаи адабиёти муосири Институт Беҳрӯзи Забеҳулло, д.и.ф. Ҷамила Мурувватиён ва дигарон иштирок доштанд.

Гулбаҳор Усмонова низ дар мавзуи "Саҳми академик Хуршеда Отахонова дар рушди илми суханшиносӣ" суханронӣ намуданд.

Дар конфронс шоиру донишманди тоҷик Мирзо Ҳасани Султон шеъри худро дар васфи академик Хуршеда Отахонова қироат намуданд.

Дар конфронс наздикону пайвандони шодравон низ ишиирок ннамуданд.

Дар охир аз ҷониби хоҳари равоншод Отахонова - Маҳбуба Мусохӯҷаева лаҳзаҳои охири умри академик Хуршеда Отахонова нақл шуд. Ин хотирот қабули хотири аҳли маҷлис гардид.

Ҳамчунин, ба ифтихори зодрӯзи академик Хуршеда Отахонова аз ҷониби ходимони илмии ИЗА ду китоб таҳия ва нашр гардид. Яке таҳияи нашри сеюми “Мукотибаи Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ” аст, ки бори аввал аз ҷониби академик Хуршеда Отахонова интишор шудааст, бо таҳрир ва тасҳеҳи Абдухолиқи Набавӣ нашр гардид. Дигар китоби “Ёдномаи академик Хуршеда Отахонова” аст, ки шогирдони муаллима Анзурати Маликзод ва Холиса Раҳимова ба ифтихори 90-солагии академик Хуршеда Отахонова мураттаб намудаанд.

Блоки: 
TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО