02 May 2026
Submitted by Admin
20

Имрӯз (02.05.2026) дар МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» ба муносибати 115 солагии шоир, арбоби ҷамъиятиву сиёсӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистони Шуравӣ, Шоири халқии Тоҷикистон, академики АИ ҶШС Тоҷикистон , Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо, Барандаи Ҷоизаи байналмилалии ба номи Неру, дорандаи Ҷоизаи давлатии ИҶШС ва Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон устоди зиндаёд Мирзо Турсунзода ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бо иштироки муовини сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ранҷал Манда, намояндаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, шоираи хушбаён Раънои Мубориз, нависанда Маҷид Салим, намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, шоир, адабиётшинос Беҳрӯзи Забеҳулло, Ҳунарпешагони халқии Тоҷикистон Марям Исоева, Ортиқи Қодир, Қурбони Собир ва Лутфуллои Давлат, ҳайати профессорону устодон, донишҷӯён ва кормандони донишкада конференсияи илмӣ - назариявӣ ва чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор гардид.

Чорабиниро ректори донишкада, профессор Назарзода Маҳмуд Мирзо бо суханронии ифтитоҳии табрикӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба муносибати 115 солагии Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, ки симои мардуми тамаддунсози моро дар арсаи байналмилалӣ бо тарғиби сулҳу дӯстӣ муаррифї кардааст, самимона табрик намуд.

Ректори донишкада тазаккур дод, ки устод Мирзо Турсунзода яке аз шоирони барҷастаи садаи бист мебошад, ки бо осори гаронбаҳои ватандӯстонаи худ машҳуру азизи ҳамагон гаштааст. Ба таъбири Пешвои миллат “Мероси гаронбаҳои адабии Мирзо Турсунзода дар давраи мо ба муҳимтарин ва мубрамтарин масъалаҳои ҳаёти халқ ва давлат ҷавобгӯ мебошад. Шеъри ў ҳамроҳи мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол қадам мезанад, шодиву нишоти моро ифода мекунад ва бо қалбҳои мо ҳамсадо мешавад. Дар замони мо, ки ваҳдати миллӣ ба яке аз рукнҳои сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст, эҷодиёти шоир ба иттиҳод ва бародарии мардуми мамлакат мусоидат мерасонад.”

Муовини сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ранҷал Манда зимни суханронии худ зикр намуд, ки барои ман, ҳамчун намояндаи Ҳиндустон, мояи ифтихори бузург аст, ки ки имрӯз дар назди шумо ҳозир шуда, ба Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, ба муносибати 115-умин солгарди таваллуди ӯ эҳтироми амиқи худро баён намоям, Ӯ дар идомаи суханронияш Мирзо Турсунзодаро на танҳо як чеҳраи барҷастаи адабиёти Тоҷикистон балки шоире унвон намуд, ки ҷаҳонбинии ӯ аз ҳудуди миллӣ фаротар рафта буд. Инчунин, бо самимият ва эҳтиром арз намуд, ки мо – мардуми Ҳиндустон Мирзо Турсунзодаро на танҳо ҳамчун як шоири тоҷик, балки ҳамчун дӯсти самимии Ҳиндустон ёд мекунем.

Дар идома намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мудири шуъбаи адабиёти муосири Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ Беҳрӯзи Забеҳулло зимни суханронӣ дар мавзуи ҷилваҳои миллӣ ва шахсияти ҷаҳонии устод Турсунзода, дар поёни суханронӣ аз номи президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон академик Қобилҷон Хушвахтзода “Куллиёт”-и шашҷилдаи осори устод Мирзо Турсунзода, “Байроқи Зафар”-аввалин маҷмуаи адабии устод ва ҳамчунин намунае аз китобҳои таҳқиқии ходимони илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакиро ба китобхонаи Донишкадаи санъат ва фарҳанги ба номи Мирзо Турсунзода тақдим кард.

Бахши дуюми конференсияи илмӣ - назариявӣ бахшида ба 115 солагии устод Мирзо Турсунзода дар толори Шурои олимони донишкада идома ёфт.

Қисмати фарҳангии чорабинӣ дар саҳни донишкада, дар назди нимпайкараи Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода баргузор гардид, ки фарогири барномаи консертии омоданамудаи устодону донишҷӯёни донишкада бо истифода аз шеъру сурудҳои устод Мирзо Турсунзода пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО