09 Apr 2026
Submitted by Admin
34

Имрӯз, 09 апрели соли 2026, ба Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ Ноиби Президент Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон д.и.ф., профессор Муҳаммаддовуд Саломиён ташриф оварда, аз рафти ҷобаҷогузории фонди илмии фолклори Институт боздид намуданд. Дар рафти боздид Директори Институт д.и.ф. Шарифзода Фарангис Худоӣ, маълумот оид ба ҷобаҷогузории қуттиҳо, албомҳо ва баргаҳои фонди фолклор маълумоти муфассал доданд. Ноиби Президент Муҳаммаддовуд Саломиён фаъолияти кормандони Институтро баҳои баланд дода, барои содиқона ва масъулиятнокона иҷро кардани корҳои ҷобаҷогузорӣ сипос изҳор карданд. Ин боздид барои рушди тартиботи дурусти фонди илмии фолклор ва ҷалби таваҷҷуҳи бештари кормандон ба ҳифзи мероси фарҳангӣ аҳаммияти махсус дошт.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО