31 Jan 2024
Submitted by Admin
358

Маълумот:

      Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки рӯзҳои 10-11-уми октябри соли 2024 ба муносибати бузургдошти Фирдавсӣ конфронси севуми байналмилалии илмӣ - амалиро дар мавзуи “Ҷуғрофиёи таърихӣ ва фарҳангии “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ баргузор намоянд.

Мавзуъҳои меҳварии конфронс:

  1. Ҷуғрофиёи таърихии “Шоҳнома”.
  2. Ҷойномҳои ҷуғрофӣ.
  3. Давлатҳо ва хонадонҳо дар «Шоҳнома»
  4. Ойини кишвардорӣ ва аносири он дар «Шоҳнома».
  5. «Шоҳнома» ва воқеияти таърихӣ.
  6. Масъалаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ дар «Шоҳнома.
  7. Сарчашмаҳои адабӣ, таърихӣ ва фарҳангии «Шоҳнома».
  8. Доду диҳиш дар «Шоҳнома»
  9.  Асотир дар «Шоҳнома».
  10. «Шоҳнома» ва «Авасто»
  11. Паёмҳои Фирдавсӣ дар «Шоҳнома».
  12.   Фирдавсӣ ва эҳёи Ориёно.
  13. Шинохти ҳувияти миллӣ дар «Шоҳнома»
  14. «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ - ҳамосаи миллӣ.
  15. Тарҷума, нашр ва таҳқиқи «Шоҳнома» дар Шарқу Ғарб.
  16. Тақаддуси обу оташ дар «Шоҳнома»
  17. Нақди чопҳои «Шоҳнома».
  18. Ҳунари шоирии Фирдавсӣ.
  19. Забон, тарзи баён ва сабки «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ.
  20. Бозтоби ҷашнҳои ориёӣ дар «Шоҳнома» (Наврӯз, Сада, Меҳргон, Тиргон).
  21. Фарҳанг ва мусиқӣ дар «Шоҳнома».
  22. Ҷойгоҳи Фирдавсӣ дар адабиёти ҷаҳон.
  23. Ахтаршиносӣ ва гоҳшуморӣ дар «Шоҳнома».
  24. «Шоҳнома» ва муҳити зист.

Макони баргузории чорабинӣ:

Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Санаи баргузории чорабинӣ:

пайшанбе 10-уми  октябр  то ҷумъа, 11-уми октябри соли  2024

Созмондиҳандаи чорабинӣ : доктор Фарангис Шарифзода Худоӣ

Маълумоти  калидӣ:

Даричаи бақайдгирии конфронс боз аст

Мӯҳлати пешниҳоди мақолаҳо: то 1 августи соли 2024

Ҷавоб ба мақолаҳо: то 1 сентябри соли 2024

Мӯҳлати охири бақайдгирӣ: 1 августи соли 2024

Конфронс 10-11 октябри соли 2024 баргузор мешавад.

Мактуби  иттилоотӣ ва  барномаи фарохони конфронс  барои маълумоти иловагӣ  дар зер оварда шудаанд


Мактуби иттилоотии конфронси байналмилалӣ.pdf


Масъул: доктор Сафина Абодуллоева, почтаи электронӣ: safinaabodulloeva77@bk.ru


Нишонӣ: Институти забон ва адабиети ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 21, сомона: www.izar.tj


     

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО