31 May 2024
Submitted by Admin
160

Тибқи нақшаи чорабиниҳои илмӣ дар соли 2024 имрӯз дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ ба ифтихори 1020-умин солгарди зодрӯзи Носири Хусрави Қубодиёнӣ дар мавзуи “Масъалаҳои поэтика ва мушкилоти матншиносии осори Носири Хусрав” баргузор гардид.

Кори конфронсро директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ доктори илмҳои филологӣ Фарангис Шарифзода ифтитоҳ карда, меҳмононро хайрамақдам гуфт.

Сипас раиси бахши фанҳои иҷтимоӣ, ноиби президенти Академияи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳаммаддовуд Саломиён дар мавзуи “Ҷойгоҳи илму дониш дар ашъори Носири Хусрав” суханронӣ намуда, аз ҷумла гуфт: “, Носири Хусрави Қубодиёнӣ дар таърихи адабиёт ва афкори ҷамъиятии халқи тоҷик яке аз адибони тавоноест, ки дар тӯли умри пурбаракати худ асарҳои зиёде таълиф кардааст. Ӯ аз ҷумлаи он шоиронест, ки суннатҳои адабии Рӯдакӣ ва аҳди Сомониёнро идома бахшида, дар ашъори худ ғояҳои ватандӯстиву ватанпарвариро талқин карда, дар баробари харобиҳои хоки Хуросон наметавонист хомӯш истад. Ҳарчанд ки ӯ дар дарбори амирони салҷуқӣ ба корҳои молиёт машғул буд, вале зулму истибдоди онҳоро танқид карда, ақидаҳои истиқлолхоҳӣ, озодандешӣ ва ватанпарастии худро бо гуфтани ашъори ғарро, маорифпарварӣ, таблиғотӣ ва мунозироти фалсафӣ амалӣ мекард.

Аксари муҳаққиқон, вақте ки рӯзгору осори ин мутаффаккири халқи тоҷикро арзёбӣ мекунанд, аз Носири Хусрав ҳамеша чун як фарди озодманиш, инсонпарвар ва миллатдӯст ёд мекунанд. Таълифоти мондагори адабӣ ва фалсафии ӯ ба монанди “Ҷомеъу-л-ҳикматайн”, “Кушоиш ва раҳоиш”, “Сафарнома”, “Девони ашъор”, “Саодатнома”, “Равшаноинома” то имрӯз аҳаммияти адабӣ ва фалсафаии худро ҳифз карда меоянд.

Сипас доктори илмҳои филологӣ, профессор, директори Институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои ҷомеашиносӣ Нуралӣ Нурзод дар мавзуи “Сафарномаи Носири Хусрав ва анъанаи сафарноманависӣ дар адабиёти тоҷикии Фарорӯд”, доктори илмҳои филологӣ, сарходими шуъбаи забони тоҷикии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ Хоҷаев Давлатбек дар мавзуи “Афкори забоншиносии Носири Хусрав”, доктори илмҳои фалсафа, мудири шуъбаи синошиносии Институти фалсафаи АМИТ, профессор Назариев Рамазон дар мавзуи “Ҳаёт ва марг дар фалсафаи Носири Хусрав”, профессори кафедраи диншиносии ДМТ Идибек Зиёев дар мавзуи “ Носири Хусрав дар бораи таносуби ҷон ва ҷисми инсон” суханронӣ карданд.

Дар бахши дувуми конфронс ба муносибати “Рӯзи ҷавонон” бо иштироки мутахассисони Консерваторияи миллии Точикистон барномаи фарҳангӣ баргузор гардид.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО