Error message

Notice: Undefined variable: layout_width in include() (line 18 of /var/www/izar.tj/html/sites/all/themes/iza/tpl/html.tpl.php).
19 Apr 2025
Submitted by Admin
18

Имрӯз, 19 апрел бо иштироки директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рудакии АМИТ, доктори илмҳои филология Шарифзода Фарангис дарси навбатии курси омӯзишии "Зан Сарвар" баргузор гардид. Таъкид гардид, ки мақоми зан дар адабиёт ва фарҳанги тоҷик боло буда аз даврони бостонӣ фарҳанги тоҷик нисбат ба зан арҷгузорӣ мекардааст. Дар фарҳанги ва тамаддуни мо шумораи зиёди кадбонуҳое будаанд, ки ба онҳо мардум ниёиш намуда, аз онҳо мусоидат ба хосилхезиву бордорӣ, серобиву борон, умуман рушду нумуъ мехостаанд.

Гуфта шуд, ки занҳои подшоҳ низ будаанд, ки бо давлатдории боадлу инсоф ва орому осуда номи худро дар таърих гузоштаанд. Дар идома аз ҳуҷҷатҳои бозефтии Куҳи Муғ ва Турфон ёдоварӣ намуда, шартномаи ақди никоҳ ва кафолатномаҳои аз ҷониби занон китобатшудаи мансуб ба даврони давлатҳои суғдӣ, мактубҳои бозёфтшудаи занон ба шавҳаронашон қироат карда, оид ба ҳуқуқҳои юридикии занони даврони бостонӣ, ки тибқи қонунгузории танзим риоя мешудаанд, маълумот доданд. Аҳли нишаст ташаббуси Институтро оид ба муроҷиат ба ЮНЕСКО ҷиҳати ба мероси фарҳангии ҷаҳон ворид намудани шартномаи ақди никоҳи мазкур, ки аввалин ҳуҷҷати дифоъкунандаи ҳуқуқии зан мебошад, сидқан дастгирӣ намуданд.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО