09 Jun 2022
Submitted by Admin
351

Конференсияи илмӣ-байналмилалӣ

Дар таърихи 15-марти соли 2022 дар Раёсати АМИТ конференсияи илмии байналмилалӣ дар мавзӯи «Тӯрақул Зеҳнӣ ва масъалаҳои забону адабиёт ва фарҳанги тоҷикӣ бо ибтикори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ва Бунёди адабии Зеҳнӣ ба муносибати ҷашни 130-солагии донишманди мумтози тоҷик, устод Тӯрақул Зеҳнӣ баргузор гардид. Дар Конференсия oлимон, донишмандон, ходимони марказҳои илмию таҳқиқотӣ, устодони донишгоҳу донишкадаҳо ва алоқамандони осори Тӯрақул Зеҳнӣ аз ҷумҳурӣ ва кишварҳои хориҷ иштирок намуданд. Сухани ифтитоҳиро Президенти Академияи миллии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ оғоз намуд. Сипас, дар муддати 30 дақиқа филми ҳуҷҷатии таҳиянамудаи Шавкати Муҳаммадӣ дар баораи зиндагиномаи устод Зеҳнӣ ба иштирокчиёни конферинсия намоиш дода шуд. Баъд аз намоиши филм профессор Абдунабӣ Саторзода дар мавзуи “Нақши Турақул Зеҳнӣ дар таҳқиқи санъатҳои бадеӣ” суханронӣ намуд, инчунин узви вобастаи АМИТ, д.и.ф. Мирзоҳасани Султон дар мавзуи “Забоншинос ва фарҳангнигори соҳибназар” гузориш намуд. Наворгузориши профессори ДДС, д.и.ф Садрӣ Саъдиев низ дар бораи Зеҳнӣ ҷолиб буд. Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким як ғазали тозанашри худро қироат кард. Суханронии Матлубаи Мирзоюнус: Зеҳнӣ ва масъалаҳои поэтикаи шеър,  д.и.ф., профессор Равшан Раҳмонӣ шунида шуд. бахши ифтитоҳии ҷаласа бо суханронии директори Институт Шарифзода Б. ба анҷом расид.  Конференсия ба ду бахш иборат буд: бахши забоншиносӣ, ки дар толори Институти забон ва адабиёт ва бахши адабиётшиносӣ дар толори Раёсати АМИТ доир гардид.

Ба ин муносибат ду китоб: ҷилди аввали Куллиёти осори устод Зеҳнӣ, ки фарогири китоби пурарзиши “Санъати сухан” (Душанбе: Истеъдод, 2022) ва “Зеҳнинома” (маводи конференсияи мазкур, Душанбе: МН Дониш, 2022) аз тарафи ҳайати баргузории ҷашн аз чоп баромад.

Ҳаёту фаъолияти гуногунпаҳлуи яке аз арбобони барҷастаи маданияти нави тоҷик, пири хираду маърифат Тӯрақул Зеҳнӣ (1892-1983) як навъ таҷассуми роҳи инкишофи илму маданияти нави тоҷик мебошад. Толибилми мадрасаи Тилокории Самарқанд Зеҳнӣ аввалин шеъри худро соли 1919 дар маҷаллаи «Шӯълаи Инқилоб» бо номи «Нидо ба авлоди Ватан» ба чоп расонидааст. Аз шогирдон ва ёрдамчиёни наздики устод Айнӣ дар таълифи «Намунаи адабиёти тоҷик» будааст. Аз соли 1926 дар Нашриёти давлатии Тоҷикистон, ки он вақт дар Самарқанд амал мекард, ба вазифаи муҳаррир ва ходими адабӣ ба фаъолият оғоз намуда, сипас ҳангоми таҳсил дар аспирантураи Институти илмӣ - тадқиқотии Ӯзбекистон фаъолияти худро дар саҳифаҳои рӯзномаи «Овози тоҷик» идома додааст. Баҳсу андеша ва мусоҳибаҳои ӯ дар матбуот пиромуни забони тоҷикӣ ба ташаккули забони адабии нави тоҷик ва таъйини нормаҳои он бетаъсир намондаанд. Зеҳнӣ ҳамчун забоншиноси шинохта ва муътабар ба конфронс оид ба забон ва имло, ки соли 1930 дар Душанбе баргузор гардид, вакил интихоб шуда буд, ки дар таҳияи он иштироки фаъолона дошт. Эшон ба ҳайси яке аз аввалин муаллифони китобҳои дарсӣ барои мактабҳои тоҷикӣ мебошанд ва соли 1928 се китоби дарсии «Омӯзиш» барои синфҳои дуюм, сеюм ва чаҳорум бо қалами ӯ аз чоп баромаданд, ки онҳоро Тӯрақул Зеҳнӣ ҳамроҳи олими маъруф Вадуд Маҳмудӣ таълиф кардааст. Соли 1930 китоби дарсии ӯ «Сарфи забони тоҷикӣ» ба табъ расид. Дар давоми солҳои сӣ ӯ боз шаш китоби дарсии забони модарӣ ва хонишро бо иштироки муаллифони дигар таълиф намуд. Устод бо таълифи ин китобҳо дар маорифи халқ хидмати бузург кардааст... Ӯ муаллифи беш аз 300 асари хурду калони илмӣ ва оммавист. Яке аз самараҳои намоёни заҳмати илмии ӯ «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (дар ду ҷилд) аст, ки устод аз тартибдиҳандагони асосии он мебошанд. Китоби тазкираи «Суханварони сайқали рӯи замин» низ, ки бо ҳаммуаллифии Садрӣ Саъдиев навишта шуда, дар бораи шоиру нависандагони Самарқанд аз давраҳои қадим то солҳои 20-и асри гузашта маълумот медиҳад. Вале калонтарин ва пурарзиштарин асари ӯ «Санъати сухан» мебошад, ки баъдан борҳо бо такмилу иловаҳо ба табъ расидааст.  Охирин ва пураҳаммияттарин тадқиқоти худ «Аз таърихи лексикаи забони тоҷикӣ»-ро (Душанбе, 1987) устод дар синни мубораки 90-солагӣ таълиф карда буданд, ки баъд аз вафоти эшон аз чоп баромад.

Устод Зеҳнӣ марди ҳақиқии илм буданд, ки зиндагӣ ва корномаи адабии хешро вақфи   хидмат барои бунёди  ҷомеаи нави миллат кардаанд. Ному кори эшон ҷовид аст.

Забону сеҳри шеър омӯхтӣ аз дафтари Зеҳнӣ,

      Чароғи маърифат кун ин каломи гавҳарафшонро.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО