17 Nov 2022
Submitted by Admin
320

16-уми ноябр дар маҷлисгоҳи Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ бахшида ба 30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа доир гардид.

Ҷаласаро директори Институти забон ва адабиёт профессор Фарангис Шарифзода ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба муносибати ин санаҳои сарнавиштсоз муборакбод намуда, нақши созандаи Президенти муҳтарами кишварро дар раванди истиқрори сулҳу осоиштагӣ ва ваҳдату ягонагии миллӣ бо далелу санадҳои зиёд барҷаста арзёбӣ намуд.

Сипас Шоири халқии Тоҷикистон сарходими илмии Институт Аскар Ҳаким, ки яке аз иштирокдорони Иҷлосияи таърихӣ ва сарнавиштсози XVI-и Шурои Олӣ будааст, дар бораи раванди сулҳофарии мардуми тоҷик ва саҳми калидии Президенти кишвар суханронӣ намуд.

Мудири Шуъбаи тахрихи адабиёт Профессор Абдунабӣ Сатторзода низ дар бораи аҳаммияти Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ва саҳми Президенти кишвар дар офаридани сулҳ ва ризоияти миллӣ бо далелҳои муътамад суҳбат намуд.

Рамзист, ки дар ин санаи таърихӣ Ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ номи "Ворисони Рӯдакӣ"-ро гирифт ва бо пешниҳоди муовини раиси КИИ "Хирадмандон"-и ҲХДТ дар АМИТ Ширин Қурбонова номзадии доктори илми филология, профессор Фарангис Шарифзода раиси он баргузида шуд.

Баъдан мудири Шуъбаи адабиёти муосир Беҳрӯзи Забеҳулло дар бораи хидматҳои ҷонсупоронаи Президенти кишвар дар масири миллатсозӣ суҳбат намуд.

Дар охир муовини Раиси КИИ "Хирадмандон"-и ҲХДТ дар АМИТ Ширин Қурбонова ҳозиринро бо санаҳои муҳимму таърихӣ муборакбод намуда, ба онҳо комёбиҳо таманно намуд.

 

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО