08 Sep 2022
Submitted by Admin
346

6-уми сентябри соли равон дар ИЗА ба номи Рӯдакии АМИТ маҳфили адабӣ бо иштироки нависанда, номзади илми филология ва рӯзноманигори тоҷик – Гулсифат Шаҳидӣ баргузор гардид.

Маҳфилро директори ИЗА, доктори илми филология, профессор Фарангис Шарифзода ҳусни оғоз бахшида, нависандаро хайрамақдам гуфт ва дар бораи фаъолиятҳои нависандагӣ ва ҷамъиятии Шаҳидӣ мухтасар маълумот дод.

Сипас доктори илми филология – Шоҳзамон Раҳмон доир ба фаъолияти муҳаққиқии Гулсифат Шаҳидӣ ва навиштаҳои илмии ӯ, ки бештар ба масъалаҳои робитаҳои адабии мардумони тоҷику рус дар солҳои 20-и асри ХХ оиданд, маълумот дод. Корманди дигари Институт, номзади илми филология – Анзурати Маликзод дар бораи хусусиятҳои баъзе навиштаҳо ва тасвири мавзӯи зан дар асарҳои нависанда ибрози назар намуд.

Иштирокдорони маҳфил ба нависанда саволҳо дода, дар бораи ҳунари нависандагӣ, сабк ва равиши офаридаҳои ӯ ҷавобҳои шавқовар гирифтанд. Маҳфили адабӣ бо иштироки аҳли илм ва мухлисони нависанда хубу хотирмон ва шавқангез баргузор шуд.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО