25 Jun 2026
Submitted by Admin
5

Имрӯз, 25 июн дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҳкими худшиносии миллӣ, ҳифзу муаррифии мероси гаронбаҳои таърихию фарҳангии халқҳои форсизабон ва татбиқи сиёсати фарҳангпарваронаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки олимону форсизабонон вохурӣ доир гардид.

Дар оғози вохурӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар суханронии хеш зикр дошт, ки ташаббуси таъсиси Қонуни тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардидааст, дорои аҳамияти бузурги илмӣ, фарҳангӣ ва тамаддунӣ буда, барои омӯзиш, ҳифз ва муаррифии мероси ғании таърихиву фарҳангии халқҳои форсизабон, таҳкими худшиносии миллӣ ва густариши ҳамкориҳои илмӣ ва фарҳангӣ миёни кишварҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг заминаи мусоид фароҳам меорад.

Таъкид гардид, ки Наврӯз ҳамчун падидаи нодири тамаддуни башарӣ на танҳо рамзи сулҳу дӯстӣ ва ҳамзистии халқҳо, балки василаи муҳими муаррифии арзишҳои маънавӣ ва фарҳангии мардуми форсизабон дар арсаи байналмилалӣ ба шумор меравад.

Дар идомаи суханрониҳо Ёҳақӣ Муҳаммадҷаъфар – узви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адабиёти форсӣ, раиси Хирадсарои Фирдавсӣ иброз дошт, ки ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъсиси Қонуни тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар заминаи таҳкими худшиносии таърихӣ, эҳёи арзишҳои тамаддуни ориёӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои фарҳангӣ аҳамияти махсус дошта, метавонад ҳамчун заминаи муҳими ҳамкориҳои илмӣ миёни муҳаққиқону донишмандони кишварҳои форсизабон хизмат намояд. Таъкид намуд, ки омӯзиши амиқи мероси абадзиндаи Фирдавсӣ ва дигар бузургони адабиёти классикии форсӣ дар шароити муосир барои баланд бардоштани сатҳи худогоҳии миллӣ, таҳкими пайвандҳои фарҳангӣ ва тарбияи насли огоҳ аз таъриху тамаддуни ниёгон аҳамияти назаррас дорад.

Инчунин, Сулаймонӣ Қаҳрамон – муовини раиси Бунёди Саъдӣ ва собиқ раиси намояндагии фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон, зимни суханронӣ таъкид кард, ки Маркази байналмилалии Наврӯз метавонад ба як маркази муҳими тадқиқотӣ ва ҳамоҳангсозии чорабиниҳои фарҳангӣ дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон табдил ёбад. Зикр дошт, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни ҷаҳонӣ дорои нерӯи бузурги ҳамгироии фарҳангҳо буда, метавонад василаи таҳкими сулҳ ва муколамаи тамаддунҳо гардад.

Сипас, Акбар Эронӣ – раиси Маркази мероси мактуб низ дар баромади худ зикр намуд, ки ҳифз ва омӯзиши осори хаттӣ яке аз самтҳои муҳими нигоҳдории хотираи таърихии миллатҳо ба шумор меравад. Пешниҳод гардид, ки дар доираи фаъолияти маркази навтаъсис ба масъалаи таҳия ва рақамисозии мероси хаттӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад, то ин ганҷинаи гаронбаҳо барои наслҳои оянда дастрас ва ҳифз гардад.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО