18 Nov 2025
Submitted by Admin
16

Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он муқаддасоти миллӣ ба ҳисоб меравад, ки тавассути он кишвари моро дар дохил ва хориҷ мешиносанд. Ҳар сол дар санаи 24- ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Парчам ҷашн гирифта мешавад. Бонувони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар моҳи ноябр даҳаи арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллиро таҳти шиори "Рамзҳои муқаддаси давлатӣ- шаъну шарафи миллат" эълон карда фитаҳои рамзии парчами миллӣ ва парчамро дар кучаву хиебонҳои пойтахти азизамон шаҳри Душанбе ба сокинону меҳмонон туҳфа менамоянд.

Ин иқдом аксияи нав буда аввалин маротиба дар Тоҷикистон татбиқ мешавад. Мақсаду мароми он- ифодаи меҳру муҳаббат ба рамзҳои муқаддаси миллӣ, ифодаи ҳисси меҳру муҳаббат ба пойтахт, ватани азизу гиромӣ ва шукргузорӣ аз сиесати давлат ва Пешвои муаззами миллат мебошад. Эҳдои рамзи парчам сароғози анъанаи наве хоҳад буд, ки дар моҳи ноябр- давраи тақдирсози таърихи навини тоҷикон- ба майдони сиесат ворид шудани Пешвои миллат ва эъмори Тоҷикистони соҳибистиқлол, эҳеи тамаддуни тоҷик дар даврони навинро ифода менамояд. Арзи гиромидошт нисбати Парчами давлатӣ ифодаи фаъоли эҳтиром, меҳру сурур чун шаҳодати саодатмандии мо - тоҷикистониен ва шукргузориву умеди нек аз фардои хушбахтона мебошад.

Бо ифтихор аз рамзҳои давлатӣ, мо - бонувони хирадманди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон муҳимияти тарбияи ватандустиву садоқат ба арзишҳои миллӣ, пайравӣ аз иқдомҳои созандаи Пешвои миллатро дуруст дарк намуда, содиқона ваъда медиҳем, ки тамоми қуввату неруи худро барои рушди нерӯи зеҳнӣ, илму маъорифи миллӣ ва татбиқи орзуву омоли Президенти муҳтарами Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба қишри пешқадам, хирадманд ва накухислат табдил додани бонуи тоҷик сарф менамоем!

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО