Error message

Notice: Undefined variable: layout_width در include() (خط 18 از /var/www/izar.tj/html/sites/all/themes/iza/tpl/html.tpl.php).
04 Nov 2024
Submitted by Admin
83

Ҳуқуқ маҷмуаи қонуну қарорҳо дар робита ба афроди ҷомеа аст ва донистану риояи он боиси низому суботу оромиш дар кишвар мебошад. Бо дарки муҳиммияти ин масъала соли 2024 мувофиқи Фармони Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон шудааст.

Дар ҷомеаи тоҷикон, ки аз даврони бостон таҷрибаи давлатдорӣ доранд, қонуҳои урфӣ ва шаръӣ ҷузъи муҳимми давлатдорӣ буд. Ин қавонин дар даврони бостон бар пояи аҳқоми кеши маздояснӣ ва Авесто, ки дар ҳазорсолаи пеш аз мелод доман паҳн карда буд, муқаррар шуда буд, аммо дар гузари замон бо пешрафти ҳаёти иҷтимоии мардумон масоилеро, ки дар қовонини шаръӣ ҷой надошт, бархе аз пешвоёни беҳдинон қонунҳои маданиро низ ҳамроҳ карданд, ки намунаҳои онро дар “додистон номаг (қонуннома)”-ҳои даврони Сосонӣ метавон дид. Яке аз ин гуна қонунномаҳои шаръӣ-маданӣ асари фиқҳи зардуштӣ “Ривояти Озарфарнбағи Фаррухзодон” мебошад.

“Ривояти Озарфарнбағи Фаррухзодон” китоби арзишманде аст дар фиқҳи зардуштӣ буда, иборат аз 148 пурсишу посух аст. Бахшҳои аз ин посухҳоро ба “пешвои беҳдинон”, мубадон мубади Порс ва раҳбари зардуштиён дар садаи сеюми ҳиҷрӣ – ҳирбад Озарфарнбағи Фаррухзодон нисбат додаанд, зеро дар посухи 93 омадааст: “Ба гуфтаи Озарфарнбағи Фаррухзодон, пешвои беҳдинон...”. Ин асар дар марҳилаи охири даврони корбурди забони форсии миёна – асрҳои ӀӀ-ӀӀӀ ҳиҷрӣ тадвин шудааст. Масоил ва матлабе, ки дар ин китоб ҷой дорад, хонандагонро бо фиқҳи зардуштии асрҳои аввали ҳиҷрӣ ва бо вазъияти иҷтимоии зардуштиён дар қаламрави ҳукумати исломӣ шинос мекунад.

Аз “Ривояти Озарфарнбағи Фаррухзодон” ду нусхаи хаттӣ мавҷуд аст:

1.Таърихи китобати ин маҷмуа ба солҳои 1626-1629 мелодӣ рост меояд ва ҳадяи Дастури Тирандоз ба Таҳмурас Анклесарио (1842-1903) аст, ки онро аз Язд ба Ҳинд бурда буд. Маҷмуаи мазкур осебдида ва ноқис аст. Дар маҷмуаи Таҳмураси Анклесарио ба хатти Фаридуни Марзбон – дастури Кирмон, ки дорои 777 саҳифа аст, матни “Ривояти Озарафарнабағи Фаррухзодон” аз миёни сатри 10 саҳифаи 322-и ин маҷмуа оғоз шуда, дар сатри 15 саҳифаи 402 поён меёбад.

2.Маҷмуаи дигар ба хатти Гупадшоҳ Рустам Бандор (маъруф ба G) мансуб аст, ки дар ихтиёри Таҳмурас Анклесарио будааст. Ин маҷмуа осебдида ва ноқис аст. Таърихи нусхабардории ин маҷмуаро ба аввалҳои асри ХVI тахмин задаанд. Ин маҷмуаро Дастур Меҳргони Сиёвахш аз Язд ба Ҳинд ба Таҳмурас Анклесарио ҳадя бурда буд ва аз сарнавишти ин маҷмуа иттилое дар даст нест.

Матни мазкур арзиши илмии вежаро дорост, зеро дар он теъдоде аз вожаҳо ва ибороти авестоӣ корбурд шудаанд, ки дар асарҳои баъдӣ ба назар намерасанд.

“Ривояти Озарфарнбағи Фаррухзодон”-ро аввалин бор Анклесарио мавриди омӯзишу пажӯҳиш қарор дода, онро ба забони англисӣ тарҷума кардааст. Матни “Ривояти Озарфарнбағи Фаррухзодон” пажӯҳиши илмии донишманди муътабар Ҳасан Ризои Боғбедӣ мебошад, ки нахустин бор ин асарро ба форсӣ тарҷума кардааст.

Асари мазкур аз пурсишҳое дар бораи издивоҷ, ба фарзандӣ хондан, гуноҳу савоб, покиву нопокӣ, ойинҳои динӣ, бахшишу савганд, тақсими мерос иборат аст, ки бахше аз ин пурсишҳоро манзури хонандагони муҳтарам мекунем.

1. Пурсиш:

Марде, ки ӯро духтаре ҳаст ва вайро ду мард ба занӣ мехоҳанд ва падар ба марде диҳад, духтар бо он мард мувофиқ набошад ва майлаш ба марди дигар бошад, (оё) ихтиёр бо падар аст ё бо духтар? Ва агар падар ба майли духтар рафтор накунад, оё духтар ихтиёри солор гирифтан ва шавҳар кардан дорад? Ва агар бигирад, (оё он) духтар подшоҳзан аст ё на?

Посух:

Чунон ки ман медонам, падар ихтиёри солорӣ додан дорад (ва) то вақте зинда аст, ҳар гоҳ лозим бошад, ихтиёри бозистодани солориро (ҳам) дорад, аммо бо мувофиқати зан ва солор ғайр аз он нест, то падар зинда аст, шавҳар фақат бо мувофиқати падар аст ва пас аз падар фақат бо мувофиқати солор ҷуз он натавон кард.

5. Пурсиш:

Агар мардеро хоҳаре ё духтаре бошад (ва) он мард ғайрибеҳдин шавад, солории эшон бо кист? Чун шавҳар кунад, подшоҳзанӣ бошад ё на?

Посух:

Чунон ки ман донам, агар ӯро хешованди беҳдин ҳаст, он ки аз падарон наздик пайвандтар аст, агар (ӯро) хешованд нест, солорӣ ба шеваи модарсолорӣ ё бо касе аст, ки диногоҳтар бошад.

6. Пурсиш:

Марде, ки духтареро ба духтарӣ (духтархондагӣ) ба марде диҳад, он гоҳ солории ӯ бо кист?

Посух:

Ба ӯ, ки вайро бад-ӯ диҳад.

7. Пурсиш:

Марде, ки духтареро ба (унвони) духтарӣ ба зане диҳад, солор(-и он духтар) кист?

Посух:

Солории зан бо шавҳар аст ва ба хотири зан (солории духтар) ба шавҳари зан мерасад ва агар зан солори хеш бошад, солории (духтар низ) бо зан аст.

8.Пурсиш:

Зане, ки духтареро ба (унвони) духтарӣ ба зане диҳад, солор(-и он духтар) кист?

Посух:

Чунон ки ман медонам, зан ихтиёри ба духтарӣ додани духтарро надорад.

10. Пурсиш:

Марде, ки духтаре болиғро ба занӣ ё ба солории марде диҳад (ва) духтар мувофиқ набошад, оё солорӣ ба ӯ дода мешавад? Ё солориаш бо кист?

Посух:

Чунон ки ман медонам, занӣ (издивоҷ) ҷуз бо мувофиқати духтар набошад, аммо солорӣ бидуни мувофиқати духтар метавонад бошад, то падар зинда аст, ҳар гоҳ лозим бошад, метавонад бозситонад ва пас аз падар касе наметавонад бозситонад.

17. Пурсиш:

Зане, ки бидуни огаҳии падар бо марде аҳд кунад, ки танро ба зании ту додам (ва) пас аз он ки падарро огоҳӣ бошад, (бад-ӯ) гӯяд, ки ин мард бозгардад, (оё) метавонад ба фармони падар бозистад (ва) зани марди дигар шавад? (Ва оё) барои он мард он зан подшоҳ аст ё на?

Посух:

Чунон ки ман медонам, чун солориаш бо падар аст, ба ҷуз он ки бо мувофиқати падар гӯяд, он гоҳ метавонад бозгардад, чаро ки агар бо мувофиқати падар нагӯяд, паймони заношӯӣ набошад.

30. Пурсиш:

Марде, ки ӯро кӯдаке даҳсола аст ва он мард ба ҷое меравад ва он кӯдакро таҳти солорӣ ба марди беҳдин медиҳад ва он кӯдак фармони он мардро намебарад ва ғайри беҳдин мешавад, барои падар (ҳам) гуноҳ аст ё на?

Посух:

Чунон ки ман медонам, гуноҳ нест.

37. Пурсиш:

Марде ҳирбад , ки насое аз об (берун) оварад, (оё) метавонад язиш

кунад ё бояд (пеш аз он) шустушӯ кунад?

Посух:

Агар хуб, чунон ки гуфта шудааст, (берун) оварад, метавонад язиш кунад, аммо ба ҳар шакл, ки мумкин аст, ба хотири рафтори нек (беҳтар аст ки) шустушӯ кунад.

44. Пурсиш:

Чоҳе, ки аз бун то сар ҳама оҷур карда шудааст ва саге дар он бимирад ва андоме аз он бар оҷур бимонад, ҳукми он чоҳ чист?

Посух:

Агар чоҳ бо чарбӣ омехта нашуда бошад, (бояд) сагро берун оваранд, агар (касе) он як оҷурро берун овард, бақия пок аст.

45. Пурсиш:

Оби ҷорӣ, ки насо дар он пора-пора шудааст, марде, ки пеши он насо об бихӯрад, дар чӣ фосилае нопок намешавад?

Посух:

Нуҳ гом боло ва се гом зер ва шаш гом паҳнои дигар (аз ду тараф).

49. Пурсиш:

Марде, ки дандон(ш) биафтад, то чӣ муддат набояд об бихӯрад?

Посух:

Чунон ки ман медонам, як шабонарӯз.

50. Пурсиш:

Насое, ки дар устудон аст, то чӣ муддат он устудон пок мешавад?

Посух:

Ҳангоме ки аз насо пок шуд, пас аз он панҷоҳ сол лозим аст.

51. Пурсиш:

Агар мард ба зан(-и обистани) хеш захм занад ва кӯдакро биандозад, гуноҳи он мард чӣ қадар аст?

Посух:

Маргарзон мешавад.

55. Пурсиш:

Марде, ки ғизои гарм бихӯрад ва даҳонаш бисӯзад ва он ғизоро бихӯрад ё (берун) афганад ё обила бишавад, сипас он обила фурӯ нишинад ва (он обила) дуруст аз даҳон дар ояд (беҳбуд ёбад), нопок мешавад ё на?

Посух:

Чунон ки ман медонам, нопок намешавад.

57. Пурсиш:

Марде, ки бо ғайрибеҳдине ё роҳзане мувоҷеҳ шавад ва ӯро ба тану мол аз вай бим бошад (ва) магар бо дандон гирифтан битавонад (ӯро) боздорад, (оё) бо насо хӯрдан (ӯро) гуноҳкорӣ бошад ё на?

Посух:

Ба ҳеҷ ваҷҳ бо нигариш(-и барқасдона) хоидани насо ҷоиз нест.

61. Пурсиш:

Марде, ки дурӯғе алайҳи марде гӯяд, гуноҳ(аш) чист?

Посух:

Ҳар гоҳ доварон чунин гӯянд, ки гувоҳияшро мепазиранд, он ки гувоҳӣ медиҳад, чунон ки фақат он (чӣ)-ро ки ҳаст, бигӯяд, ки зиёне аз он нест, гуфтаи гуфтори бад (бадгӯйӣ) аст. (Аммо) агар зиёне аз он бошад, он (гуфтае) бошад, ки гуноҳ аст.

62. Пурсиш:

Марде, ки бо зани хеш аҳд кунад ва гӯяд, ки фарзандоне, ки аз ту зода шаванд, ҳам саҳм ва шарики мол карда шуданд ва пас аз он фарзандоне аз он зан зода шаванд, (оё) он мард метавонад ба касе аз фарзандон моли бештаре диҳад (ва ба касе дигар) кам диҳад? Духтаре, ки аз он зан зода мешавад (ва) падар (ӯро) ба шавҳар медиҳад, (оё) пас аз падар саҳми он мол аз они худаш аст ё на?

Посух:

Саҳми писарон ва духтарон ба як андоза аст ва наметавон дигаргуна кард. Агар духтар, ҳангоме ки падар зинда аст, шавҳар кунад, пас аз он ҳам ба хотири адолат ва ҳукми шаръ саҳм (бад-ӯ) мерасад.

66. Пурсиш:

Марде, ки ба марде вом диҳад ва мард(-и вомгиранда) аз дунё биравад ва дар ин хонаводаи ӯ зан ва фарзанд бошад (ва) зан аз шавҳар вомро биситонад (ва) бозпас надиҳад, ҳангоме ки (зан) аз дунё биравад ва писару духтар дар хонавода(-аш) бошанд, мард(-и талабкор) вомро аз писар бихоҳад ва писар мункир шавад ва гӯяд, ки маро огоҳӣ аз он нест (ва) мард(-и талабкор) ин қарздорро гӯяд, ки савганд бихӯр, ки падари ту ин вомро аз ман нагирифт. Ва ман (ва) дигар ворисони падари ман набояд ин молро ба ту бипардозем ва бидиҳем. Ва пардохтану додан (онҳо) ойин нест (қонунӣ нест). (Ва) марде, ки вомро меситонад, гӯяд ки ту ва ман чунин (варро иҷро кунем), ки ман ва дигар ворисони падари манро аз ин чиз огоҳӣ нест, ҳукм чӣ гуна бошад?

Посух:

Чунон ки ман медонам, он гоҳ варашро чунин бояд иҷро кунад, ки падар ва модари ман ин вомро аз ту, эй мард, нагирифтанд ва мо, ки ворисони падар ва модар ҳастем, набояд ин вомро ба ту бипардозем.

67. Пурсиш:

Марде, ки бояд дувист дирҳам аз марде биситонад ва он мард гӯяд, ки маро нест (надорам) ва наметавонам бидиҳам. Ва мард гӯяд, ки ӯро ҳаст (дорад) ва фармон бидеҳ, то хона(аш)-ро ҷустуҷӯ кунем ва ин дороӣ, ки ӯро ҳаст ба андозаи он вом меарзад, (оё) он гоҳ метавонад (дороии ӯро) боло биситонад, (баргирад) ё на?

69. Пурсиш:

Агар марде вом бар (уҳдааш) бошад ва ӯро мол набошад ва натавонад вомро барбидиҳад ва (довар) ӯро замоне ба зиндон кунад, (он) довар чӣ муддат метавонад он мардро дар зиндон нигоҳ дорад? Ва озод кардан(-и ӯ) ба чӣ тариқе бошад? Ва дар сурате, ки мард (пас аз он ки) аз боздошт (ҳабс) дар зиндон ба сӯйи зан ва фарзанди хеш расад, ӯро аз марг ва машаққат бим бошад, чӣ муддат метавон (ӯро) дар зиндон нигоҳ дошт?

Посух:

Агар пайдо бошад, ки ӯро чизе нест (чизе надорад), ҷуз он ки (довар) ба пардохт мутмаин набошад, наметавонад (ӯро) дар зиндон нигоҳ дорад. Ва агар (довар) чунин гӯяд, ки бояд (ӯро) дар зиндон нигоҳ дошт, дар қонун чунин омадааст, ки бояд (ӯро) панҷ рӯз дар зиндон нигоҳ дошт. Ва сипас агар метавонад кор кунад, бояд (бад-ӯ) кор фармуд ва (қадре) рӯзӣ барояш муайян кард ва бақияро бояд унвони вом ангошт ва агар наметавонад кор кунад, бояд (бад-ӯ) рӯзии ба ҳадди миёна дод.

83. Пурсиш:

Гандуме гирдоварда (хирмани гандум), ки насо бад-он расад, агар гандуми пок бошад ва агар ҳам дар коҳ бошад, ҳукми гандум чист? Ва агар насо пора-пора шуда бошад, чӣ гуна бояд кард? Ва агар олуда бошад, чӣ бояд кард? Ҳукми коҳ чӣ гуна аст?

Посух:

Чунон ки ман аз дин (Авесто) медонам, дар бораи ғаллаи пок гуфта шудааст, ки (аз нопокӣ) ҷудост. Он чанд ҷо, ки насо бар он аст, нопок ва бақия пок аст ва он (гандум)-ро, ки бо коҳ пайвастааст бояд шуст, чунон ки аз вандидод пайдост. Ва бояд чунон ки гуфта шудааст, (онро) як сол дар чуқурӣ кард ва дар поёни сол бояд бар он об рехт. Дар он замон пок мешавад, агар насо пора-пора нашуда бошад.

85. Пурсиш:

Марде дар ҳангоми фишурдани шароб по(яш)-ро мебурад, ҳукми он шароб чист? Ва море ки дар хумраи шароб бимирад, ҳукм чист?

Посух:

Агар пояш дар шира бурида шавад ва нам (хун) берун ояд, ҳамаи он чиро, ки дар он аст бояд наҷас пиндошт. Ва агар берун омадани насояш пайдо бошад, олуда ба насост. Ва (аммо дар бораи) мор дастуре бувад, ки ӯро мутафовит бо дигар храфастарон нагуфт (ва дастуре дигар) бувад, ки мутафовит гуфт.

87. Пурсиш:

Марде, ки обила ё дигар захми чиркин бар даст дорад ва ғизое, ки бо он даст бархӯрд кардааст, ҳукми ӯ ки (он ғазоро) мехӯрад, чист?

Посух:

Ҳама навъи захми наҷосат бадтар гуфта шудааст, он ки нам (чирк) аз он намеояд, агар бо ғизое бархурд кунад, он ғизо ғайри қобил истифода намешавад, (агар) захми намдор (бошад) ва ғизое тар бо он бархурд кунад ва биёмезад, саросар нопок мешавад ва он чиро хушк аст метавон аз он ҷо ҷудо кард. Он чанд ҷойи бархурдкарда (бо захми намдор)-ро бояд ҷудо кард.

88. Пурсиш:

Марде, ки ғалла орд мекунад (ва) дар ҳангоми орд кардан як даст (-и ӯ) ба санги осиё бархурд мекунад ва насо аз он берун меояд (ва) намедонад, ки (оё насо) ба даруни орд рафт ё ба даруни санг, ҳукми орд чист?

Посух:

Агар насо берун омада бошад (ва) намебинад, ки ба кадом ҷо (куҷо) рафтааст (ва) нисбат ба орд машкук аст ва намедонад, ки ба даруни он орд нарафт, (орд) ғайри қобили истифода аст ва (онро) бояд ба саг дод.

89. Пурсиш:

Марде дар ҳангоми ғизо хӯрдан бахше аз як дандонаш мешиканад (ва) онро фурӯ мебалъад, ҳукм чист?

Посух:

Агар дандон аз сар бишканад (ва) ба мағз (-и реша) нарасида бошад, устухон хушк гуфта мешавад (ва) мардро нопок намекунад, агар ба реша расид, насо аст ва мард бо он нопок мешавад.

106.Пурсиш:

Марде орд хамир мекунад, агар (пас аз он ки) хамир карда бошад, дастро бингарад ва хун аз он омада бошад, корбурди он орд чист? Ва агар пас аз пухтани нон огоҳ шавад, (оё) танӯр нопок аст ё не? Он (касе) ки он нонро хӯрд, ҳукмаш чист?

Посух:

Агар берун омадани насо ошкор набошад, орди хамиршуда, олуда ба наҷосат аст ва бояд (онро) ба саг дод ва агар пухта (ва) хӯрда шавад, наҷосатхӯрӣ (гуноҳ) аст. Ва (аммо) агар насо берун омада бошад. орд олуда ба насо аст ва фавран ғайриқобили истифода мешавад ва (он) ордро бояд бо парҳези хуб (бо эҳтиёти бисёр) ба саг дод, агар (он нон) хӯрда шавад ва танӯр олуда ба насо бошад, касе ки аз он хӯрад, нопок аст.

108. Пурсиш:

Агар дар ҳезуми анбошта (дар анбори ҳезум) насое анбошта шуда бошад, ҳукм чист?

Посух:

Агар дар бораи баромадани насо (бар анбори ҳезум) шак бошад ва омадани чарбӣ бар он (насо) ошкор набошад, чунон ки ошкоро дар Вандидод гуфта шудааст, бояд (онро) шуст ва агар омехтани чарбӣ (бо он) ошкор бошад, (ва) наҷосат (ҳам) ошкор бошад бояд (онро) ба маҳалли насо бурд.

109. Пурсиш:

Танӯре, ки даст дар он месӯзад ва сипас касе аз он танӯр нон мехӯрад, ҳукм чист?

Посух:

Агар берун омадани насо ошкор бошад, танӯр ғайри қобили истифода ва нопок аст ва касе, ки нонеро, ки дар он пухта мешавад, мехӯрад, нопок мешавад. Ва агар насоро кӯчактарин омехтагӣ бо чарбӣ набошад ва агар берун омадан(-и он) пайдо набошад, танӯр олуда ба наҷосат аст. (Ва) касе, ки нон аз он хӯрад, нопок нест, (аммо) танӯрро бояд барканад.

110. Пурсиш:

Насое, ки дар замин ниҳода (мадфун) мешавад ва (касе) пой бар он мениҳад, ҳукм чист?

Посух:

Агар (онро) наҷунбонад ва дар тамос (бо он) воқеъ нашавад, нопок намешавад.

111. Пурсиш:

Гузар аз гӯристон ҳукмаш чист?

Посух:

Дар ҳангоми нам (рутубати ҳаво) ба ҳеҷ ваҷҳ (ҷоиз нест) ва дар дигар ҳангом ба ногузир (дар сурате ки ногузир бошад) парҳези вежа (лозим аст).

112. Пурсиш:

Марде (бо худ) андешид, ки чизе ба касе диҳам, дарвеш ё тавонгар, (оё) тағйир додани он чиз ҷоиз аст ё на?

Посух:

Ҳар чиро дар андеша андешид, дигаргуна кардан ҷоиз нест, магар ҳангоме, ки аҳд карда шуда бошад.

113. Пурсиш:

(Шахсе) ба равони касе чизе бидиҳад, (оё) ҳамаи кирфа барои равони ӯ мешавад ё барои худаш ҳам мешавад?

Посух:

Ӯ, ки медиҳад (ва) ӯ, ки барояш мекунад, шарик дар кирфа мешаванд.

114. Пурсиш:

Агар фарде дар ҳоли марг бошад, (оё) бо тавба чизе аз гуноҳ меравад (кам мешавад) ё не?

Посух:

Он андоза аст, ки гуноҳе, ки дар ҷубронаш нотавон буда, ба хотири тавба кардан, (дар сурате ки) дар сешаба (онро) ҷуброн кунанд, (аз он) мераҳад.

123. Пурсиш:

Фарде, ки дар панҷаи хуб дармегузарад, (маросими) рӯз, сол, моҳ(ӯ)-ро кай бояд (барпо) кард?

Посух:

(Маросими) рӯзи ӯ (дар) моҳи нахуст дар (ҳар) сӣ рӯз ва дигар (моҳҳо) дар рӯзи фарвардин ва сол дар ҳамон (рӯз), ки (дар он) даргузаштааст.

124. Пурсиш:

Марде дар роҳе меравад ва душманон ба ӯ мерасанд, (оё) ҷанг

кардан ҷоиз аст ё не?

Посух:

Агар шаръӣ будан(он)-ро ба яқин надонад, (ҷанг) кардан ҷоиз нест.

126. Пурсиш:

Марде фарзанди хешро мегӯяд, ки чизе (ба ту) медиҳам, (аммо) пеш аз он ки он чизро (бад-ӯ) бидиҳад (он) фарзанд дармегузарад, (оё) он чизро метавон ба равони ӯ дод ё на? Ва (оё) бояд (он чизро) ба фарзанди ӯ дод ё на?

Посух:

Чизеро, ки ӯ барои фарзанд(-и хеш) муайян кард, агар (битавон) бояд ба фарзанди ӯ дод, (аммо) агар фарзанди духтар (бошад), бояд ба шавҳари ӯ дод.

141. Пурсиш:

Марде, ки аз падар(-аш) моле ба даст оварад, ки аз (роҳи) норостӣ андӯхта шудааст, (оё) ҷоиз аст, (ки) он молро бихӯрад ва дар кору кирфа ҳазина кунад ё не? Ва агар барои равони хеш ва низ барои равони падар(аш) аз он (мол) язиш кунад, (оё) ба равон мерасад ё не?

Посух:

(Дар бораи) ҳар он мол, ки падар пеш аз ба дунё омадани фарзанд андӯхт, он гоҳ фарзандашро дар гуноҳ ва кирфааш (шарик) намешиносам. Ва пас аз он ки (он мол) ба ихтиёри фарзанд мерасад, ҳар чиро медонад, ки аз дузд ё дуздӣ аст (аз роҳи дуздӣ пинҳон ё ошкор аст), бояд аз он як дувум (нисф) ва як севум(сеяк)-ро нақд, чунон ки дастурон мегӯянд бозпас диҳад ва бақияро барои касе, ниёзманд аст, бияндӯзад. Ва бояд (миқдоре аз онро) чунон ки барои ҷуброни гуноҳи падар фарёдрастар (коромадтар) аст, мутобиқи ойин ҳазина кунад, (аммо) онро ки намедонад, (ки аз роҳи дуздӣ аст), чун худ ҷоиз ба ихиёрдории он аст, ба ҳар шакл (метавонад ҳазина кунад), аз (ҷумла) ҷуброн кардани гуноҳи падар ва (анҷоми) кирфа, ки (он) ҳам барои равони падар аст, то он ки гуноҳ ва маҳкумият ва қарзи падарро ҷуброн кунад. Беҳтар аст, ки барои равони падар язиш ва миязд ва дигар кирфа кунад, чаро ки ҷуброни гуноҳ воҷибтарин кирфа аст ва (дар натиҷаи он) неруи эъҷоз ва фараҳ афзуда мешавад.

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0
No votes yet

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО