05 May 2026
Submitted by Admin
5

Имрӯз, рӯзи пуртантанаи кушода шудани Академияи фанҳо дар пойтахти Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон мебошад.

Тоҷикон ба таври ҳаққонӣ ҳамроҳи намояндагони ҳамаи халқҳои бародарии Ватани кабирамон бо ин расми кушоди пуршараф ифтихор мекунанд, чунки дар таърихи ҳазорсолаи худ аввалин дафъа дар натиҷан тантанаи сиёсати миллии ленинӣ ва дар баробари тарақкӣ ёфтани иқтисодиёти республика имкони ба пояҳои олӣ расонидани маданияти шаклан миллию мазмунан сотсиалистиро пайдо намуданд. Шоҳиди ба дараҷаи баланд расидани илм ва маданияти миллии тоҷик ташкил шудани Академияи фанҳои Тоҷикистон мебошад.

Кушода шудани АФ РСС Тоҷикистон бо ҷӯшу хурӯши рӯзҳои баҳорон баробар омад. Кас вақте ки дар ин рӯзҳо ба пойтахти республика назар меандозад, намуди пештараи баҳорро не, балки манзараҳои гуногуни дилпазири баҳори имрӯзаро мебинад, ки дар он зоҳири табиат аз дигар шудани манзараҳои табиат шаҳодат медиҳад. Яъне дардавомиду даҳсола халқи советии тоҷик бо ёрдами халқҳои бародарӣ ва халқи кабири рус қиёфаи республикаи худро ба куллӣ иваз намудааст.

Вақте ки ман ин сатрҳоро менавиштам, почталон макту¬би набераи демократи бузурги рус Николай Гаврилович Чернишевский — Нина Михайловна Чернишевскаяро ба ман расонд. Дар вақти мутолиаи мактуб диққати маро гуфтаҳои зерини Н.Г. Чернишевский ба худ ҷалб намуданд: «Мо инро ҳамчун ҳақиқати арифметикӣ қабул менамоем, ки замоне инсон табиати зоҳириро тамоман ба худ тобеъ мегардонад, чӣ қадаре ки ба ӯ лозим бошад, мувофиқи эҳтиёҷи худ ҳамаро дар рӯйи замин аз нав месозад».

Одамони советӣ бо нишондоди пешвои бузург Ленин аз рӯзи тирхоликунии крейсери «Аврора» сар карда, дар замини советӣ ба иваз карданиҳамаи чизҳо шуруъ намуданд, на танҳо тартиботи дохилӣ, на танҳо одобу ахлоқ ва муносибатҳои байни одамон, миллатҳо ва халқҳо, балки табиатро ҳам дигаргун карда, ҳамаро ба фоидаи халқ нигарониданд.

Ин аст, ки қиёфаи Тоҷикистони советӣ дар муддати якчанд сол ба куллӣ иваз гардида, худи халқи тоҷик ҳам монанди дигар халқҳои бародарии мо дигар шуд. Тоҷикон акнун тоҷикони пештара набуда, тоҷикони соҳиби давлати худ, республикаи гул-гулшукуфтаи сотсиалистии худ мебошанд.

Имрӯз дар пойтахти республика расми кушоди Академияи фанҳо барпо мегардад. Ҳоло пойтахти мо он Душанбеи собиқ нест, ки танҳо сӣ сол пеш аз ин дар он деҳаи хароба фақат 5 ҳазор аҳолӣ мезист ва атрофи онро даштҳои бесамариҳота карда буданд. Дар ин деҳа ҳамагӣду мактаби куҳнаи ибтидоӣ вуҷуд дошта, танҳо фарзандони бойҳо ва руҳониён таҳсил мекарданд.

Акнун вай ҳамчун шаҳри нави сотсиалистӣ, бо мактабҳои миёнаю олиаш, бо китобхонаҳою театрҳояш, бо заводу фабрикаҳояш, бо кӯчаҳои васею биноҳои пуршукӯҳаш ба Душанбеи гузашта ҳеч монандӣ надорад. Фақат як чиз аз Душанбеи собиқ барои хотира мондааст, он ҳам бошад, ду-се чинори куҳансол.

Тоҷикон пойтахти худро шаҳрбоғ меноманд. Ин ба куллӣ дуруст аст. Дар ин шаҳр на танҳодарахтони қадимии тоҷикистонӣ сабзидаанд, балки дарахтҳои сӯзанбарг, акатсия, коҷ, тӯс, савр ва ғайра аз рсспубликаҳои бародарӣ омада, дар ин ҷо ватани нави худро пайдо кардаанд. Дар як қатор районҳои республика ботаникҳои мо боғҳои таҷрибавӣ ба амал овардаанд, ки аз он боғҳо ҳар солҳазорҳо ниҳоли дарахтони гуногунро ба республика паҳн менамоянд. Дар Тоҷикистон ривоҷ ёфтани меваҳои субтропикӣ ва ситрусӣ аз қабили лиму, афлесун ва ғайра акнун муаммо нест, балки амри вокеист. Ботаникҳои мо махсусан дар шароити сахти кӯҳистон муаммои боғдориро ба хубӣ ҳал намуданд. Ин маънои баҳори имрӯза ва амалӣ шудани орзуҳои деринаи аҷдодони бузурги халқҳои мо ҳамчун Н. Чернишевскийро дорад.

Олимони Тоҷикистон на танҳо боигариҳои мавҷудаи заминро ба фоидаи халқ ба даст меоваранд, балки онҳо мувофиқи хоҳиши одамони советӣ заминро манбаи сарватҳои нав мегардонанд. Ба ин таълими Мичурин ёрӣ мерасонад.

Дар водии Вахш аз тарафи селексионерҳо пайдо кардани навъҳои нав ва олисифати пахтаи абрешимӣ, аз тарафи биологҳо беҳтар кардани ҷинсҳои чорво давом ва инкишоф додани таълимоти олимони советист.

Дар давоми папҷсолаҳои пеш аз ҷанг дар қатори дигар сохтмонҳои бузурги сотсиализм Тоҷикистон соҳиби каналҳои азими обёрикунанда, монанди Канали Ҳисор ва Канали Фарғона гардид, ки онҳоро халқи тоҷик бо ҳамдастии халқи узбек сохтааст. Ин каналҳо заминҳои республикаро манбаи ҳосилоти баланди киштҳои зироатӣ гардониданд. Чи тавре ки мебинем, акнун инсони советӣ мувофиқи хоҳиши худ манзараи табиатро тамоман дигар намудааст. Давоми ин дигаргунсозӣ ва бунёдкориҳои одамони советиро мо дар сохтмонҳои азими коммунизм: дар иншооти дарёҳои Волга, Дон, Днепр, Канали калони Туркманистон ва ғайра мебинем. Ин аст он орзуе, ки одамони бузурги гузашта ва аз он ҷумла револютсионер ва демократи бузурги рус Н. Г. Чернишевский дар дил мепарвариданд.

Аз гуфтану шунидани ин, ки дар гузашта аксарияти кулли аҳолии сарзамини тоҷикон бесавод буд, ростӣ, номуси кас меояд. Ҳарчанд тоҷикон таърихи бой доранд, дар илм ва адабиёт монанди Абӯалӣ Сино, Фирдавсӣ, Носир Хисрав, Хайём одамони ҷаҳониро додаанд, вале асарҳои илмӣ ва бадеии ин саромадони мо дастраси оммашуда наметавонистанд, чунки сабаби он касофати ҳамон бесаводӣ буд. Аммо ҳоло халқи тоҷик таърихи бои худро азхуд карда, номи бузургихудро абадӣ зинда гардонид. Садҳо студентҳои Институти тиббии ба номи Абӯалӣ Сино соҳиби илму дониш гардида, ба халқи худ хизмат менамоянд, ҳозир донишҷӯёну толибони илм ба Қитобхонаи давлатии ба номи Фирдавсӣ рафта, бо ганҷинаи маданияти ҷаҳонӣ ва аз он чумла бо маданияти дар ҷаҳон пешқадамтарини совётӣ ошно мешаванд. Ман солҳои1925-1926-ро дар ёддорам, вақте ки барои ташкил кардани аввалин матбаа ҷидду ҷаҳд мерафт. Дар он вақт дар байни Тирмиз ва Душанбе роҳи оҳан набуд. Аз Тирмиз барои матбааи оянда дар пушти шутур ду қуттӣ ҳуруф оварда буданд. Ман ҳамон хонаи хурдеро, ки дар он ҷо бо ду қуттӣ ҳуруф матбаа сохта буданд, ҳеч гоҳ наметавонам бо комбинати полиграфии пурқуввати имрӯза андоза намоям, чунки тафовут аз замин то осмон аст.

Дар полиграфкомбинати мо ҳоло садҳо ном китоб бо адади миллионҳо нусха чоп мешаванд. Дар ин комбинат дар қатори асарҳои нависандагон ва олимони тоҷик асарҳои ҷовидонии Маркс, Энгелс, Ленин... асарҳои классикҳои адабиёти рус ва нависандагони имрӯзаи ҳамаи халқҳои баро¬дар нашр шуда, дастраси тамоми халқи тоҷик мегарданд.

Револютсияи Кабири Октябр халқи тоҷикро монанди халқҳои дигари Иттифоқи Советӣ аз шиканҷаи асри гузаштаи ҷаҳолат озод намуда, истеъдоди онро ҳартарафа инкишоф дод. Тоҷикон ба дунёи маърифат на танҳо бо хазинаи маданияти гузаштаи худ, балки бо хазинаи бои маданияти халқи кабири рус, бо асарҳои Пушкин ва Толстой, Белинский ва Чернишевский, Горкий ва Маяковский, бо асарҳои классикҳои адабиёти Ғарб Шекспир ва Байрон, Гюго ва Балзак дохил гардиданд. Дар асоси ана ҳамин маданияти ҷаҳонӣ тоҷикон маданияти шаклан миллию мазмунан сотсиалистии худро сохта ва онро рӯзафзун инкишоф медиҳанд.

Ҳоло аз миёни халқ номзад ва докторҳои илм монанди асосгузори адабиёти советии тоҷик С. Айнӣ, Б. Ғафуров, 3. Раҷабов, Б. Ниёзмуҳаммадов, А. Мирзоев, С. Юсуфова, А. Баҳоваддинов ва ғайраҳо сабзида ба камол расидаанд. Онҳо боиси сарафарзии маданияти халқи тоҷик мебошанд.

Адабиёти советии тоҷик ҳамчун қисми муҳимми маданияти сотсиалистиамон аз дигар соҳаҳои маданият ақиб намонда, махсусан, баъд аз қарорҳои таърихии КМ ВКП (б) оид ба масъалаҳои идеологӣ ба дараҷаҳои баландтари гул-гулшукуфии худ расид. Ҳоло асарҳои С. Айнӣ, Р. Ҷалил, С. Улуғзода, Ҷ. Икромӣ, Ф. Ниёзӣ, достон ва шеърҳои М. Миршакар, М. Раҳимӣ, Боқӣ Раҳимзода ва дигарон на танҳо дастраси хонандагони тоҷик гардиданд, балки дар байни китобхонҳои Иттифоқ низ шуҳрат пайдо кардаанд. Онҳо на танҳо ба хонандагон завқи руҳӣ мебахшанд, на танҳо ба ташкил гардидани ҷаҳонбинии коммунистии одамони мо ёрӣ мерасонанд, балки махсусан, барои хонандагони тоҷик махзани асосии омӯхтан ва аз худ кардани фонди луғавии забони ҳазорсолаи тоҷикӣ ҳам гардидаанд, Бино бар он бояд қайд кард, ки хизмати нависандагони мо дар ин соҳа хеле пурарзиш аст.

Ҳамаи ин муваффақиятҳои маданияти советии халқи тоҷик самараи сиёсати миллии партияи болшевикӣ, ёрдами халқи бузурги рус дар шахси олимон ва нависандагони он мебошад.

Дар натиҷаи ҳамин сиёсат ва ғамхорӣ халқи тоҷик имрӯз бо ҳисси ифтихор ва миннатдорӣ расми кушоди Академияи фанҳои Тоҷикистонро идмекунад. Шубҳае нсст, ки Академияи фанҳои тоҷикон ҳамчун маркази фикрҳои илмии ин халқ дар оянда боиси боз ҳам гул-гулшукуфии хоҷагӣ, илм ва маданияти республика хоҳад шуд (Соли 1951).

(Аз"Куллиёт"-и Мирзо Турсунзода, ҷилди IV насри бадеӣ, публитсистика ва нақди адабӣ, Душанбе 2025).

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0%

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО