Error message

Notice: Undefined variable: layout_width in include() (line 18 of /var/www/izar.tj/html/sites/all/themes/iza/tpl/html.tpl.php).
05 Oct 2026
Submitted by Admin
39

Дар рӯзномаи нахустини тоҷикӣ «Бухори шариф» чанду чуни забони форсии тоҷикӣ яке аз масъалаҳои муҳим будааст. Аслан, пас аз интишори рӯзнома ба арсаи мубоҳиса баромадани забон як ҳодисаи табиӣ ва таърихӣ дар фарҳанги рӯзноманигорӣ ба шумор меояд. Ин ифода низ маъдум аст, ки «рӯзномаи миллат забони миллат аст» ва онро Мирзо Сироҷи Ҳаким дар мариди ҷойгоҳи рӯзнома дар ҳаёти маънавии миллат мавриди истифода қарор медиҳад. Аммо муҳим он аст, ки ин «забони миллат» оё ба миллат фаҳмост ё хайр. Бинобар ин, масъалаи забон маҳз дар ҳамин рӯзнома бори аввал дар таърихи илму адаби мардуми мо мавриди гуфтугӯи мушаххас қарор мегирад.

Тасаввур кунед, ки аҳли зиё ба забони меъёри аз таҷрибаи рӯзгори ҳазорсола гузаштаву зери қалами адибони забардаст пӯхтаву равон ва ба сурати сабки нигориш ташаккулёфта одат кардаанд, ки метавон онро забони аҳли савод ва нухбагон номид. Аз ҷониби дигар дар ҳар гӯшаву канори сарзамини тоҷикнишин шеваю лаҳҷа ва услуби гуфтори хос роиҷ буда, бештар ба он мардуми авом гуфтугӯ мекарданд.

Ва дар ин миён рӯзнома бо забони хоси худ, ки фарогири тамоми риштаҳои ҳаёт ва қишри мардум аст, ба майдон медарояд. Аз як ҷониб, аҳли зиё аз шикастани қолабҳо ва сода шудани сухани воло ва, аз ҷониби дигар, мардуми одӣ аз фаҳмо набудан ва риояи сабки хоси шеваи худ сухан ба миён меоваранд… Пас, роҳи ҳалли масъала кадом аст? Ба фикри банда, роҳи миёна, яъне истифоди забони рӯз (на ба он баландии баланд – суханпироии маснуъу пуртумтароқ ва на ба он пастии паст – гуфтори одии омиёна) аст, ки ба ҳамаи қишрҳои аҳолӣ фаҳмо ва дастрас бошад. Интихоби рӯзнома дар ҳамин равиш аст ва ба ин маънӣ метавон гуфт, ки дар маҷмуъ рӯзнома ва рӯзноминигорӣ дар ташаккул ва роиҷ шудани забони адабии рӯз, дар амали ѓанӣ ва табиӣ гаштани он нақши муҳиме бозида метавонад. Албатта, ин амали содаву бемушкил набудааст.

Дар нисбат ба забони рӯзномаи «Бухорои шариф» низ чунин ҳолат рух дод. Аҳли рӯзнома аз нахустин шумораҳо иброз дошта буданд, ки: «… асли рӯзнома бояд нафъаш ом ва фоидааш том бошад… Мо бояд муносиби ҳоли оммаи мардум сухан гӯем. Салоҳи амри умумро дар назар дошта бошем.

Лиҳозо, рӯзномаи мо, аввалан, ҳарчӣ мумкин бошад, ба забони порсии сода навишта мешавад» (Бухорои шариф, № 2, 13 марти 1912).

Аммо маълум мешавад, ки ин содагӣ на онқадар ба хонандагони маҳаллӣ фаҳмо будааст ва эшон ба идораи рӯзнома омада изҳор доштаанд, ки: «Ин ҷо забони умумитоҷикӣ аст, рӯзнома ҳам ба забони тоҷикӣ бошад беҳтар» (БШ, № 3, 14 марти 1912). Воқеан, шояд ки ин нахустин мавридест, ки таркиби забони тоҷикӣ ба истифода рафтааст ва мардум аз тоҷикӣ будани забони худ даъво пеш ниҳодаанд. Фитрат низ асарҳояшро ба «шеваи Бухоро», яъне лаҷаи тоҷикии Бухоро менавишт, вале бо вуҷуди ба савияи гӯяндагони ин шева такя карданаш, забони ӯ аз ҷиҳати таърихӣ ва илмӣ ҷолиби диққат мебошад. Маълум мешавад, ки дар ибтидои аср мафҳуме чун забони тоҷикӣ ва мавҷудияти қавми тоҷик мушаххасан эҳсос карда мешудааст. Муҳим он аст, ки қазияи мазкур шояд дар шакли одӣ, аммо ба миён гузошта шудааст…

Аммо муҳаррири рӯзнома Мирзо Ҷалол масъаларо ба ранги дигар – умумияти забони фосӣ ба миён мегузорад. Вай изҳор медорад, ки аз аввал, халқҳо, масалан туркҳо, бо як забон ҳарф мезаданд ва бо мурури замон ва ба сабаби ҷудоиҳо ҳоло яке аз ин қавм забони қавми дигареро намефаҳмад. «Ҳамин тавр, - менависад Мирзо Ҷалол, - форсӣ миллати махсусе буда, дар атрофи олам порча-порча шуда, ба соири ақвом махлут гардидаанд. Бо ин ки ҳама як қавманд, мебинӣ, ки бухороӣ забони самарқандӣ, ҳар ду забони хуросонӣ, ҳар се забони кошонӣ, ҳар чаҳор забони барбарӣ ва… намедонанд ва намефаҳманд». Ва барҳақ меафзояд, ки «Ба ин восита ҳам риштаи қавмияти ҳама гусехта шуда, яке ба исми дарӣ, дигаре ба исми порсӣ, дигаре бо номи тоҷикӣ аз ҳам ҷудо шудаанд».

Мирзо Ҷалол изҳор доштааст, ки «Агар аз ибтидо ҳар мамлакате забони одӣ ва маъмули вилояти худро ба кор барад, боз рӯ ба тараққӣ нашуда, фоида ва манфиат аз нашриёт нахоҳад шуд».

Сипас, бо такя ба суханони «аҳли адаби комил ва моҳир» дуруст изҳор медорад, ки «тараққии ҳар қавм бо ин мешавад, ки ҳарф задан ва сухан гуфтани худашро тобеъи навиштан ва китобат намоянд, на ин ки навиштаҳои худро тобеи ҳарф задани авомуннос намоянд!». Ин андеша дар таърихи қариб якасри охир мардуми тоҷик, ки ба забони мардумӣ такя мекард ва дар рӯзгори кунии ҷомеи Тоҷикистон аз масъалаҳои доѓ ба шумор меояд ва ҳамоно доѓ мемонад.

Ба зудӣ дар саҳифаҳои рӯзнома атрофи ин масъала баҳс авҷ мегирад ва баъд идома меёбад. Пас аз нашри мақола дар бораи маҷмӯлӣ дар забони навишт ва гуфтугӯ, аз номи хонандагон мактубҳо меоянд ва Мирзо Ҷалол зарур медонад, ки ба онҳо ҷавоб гардонад. Ин ҷавобҳо дар мақолаи «Фелятун дар хусуси забон» (Бухорои шариф, № 7, 19 марти 1912 оѓоз шуда, инчунин дар шумораҳои дигари рӯзнома (№№11, 13, 14) идома ёфтаанд.

Муҳим он аст, ки дар рӯзнома масъалаи се шохаи як забон будани форсӣ, тоҷикӣ ва дарӣ аз ноҳамвориҳо дар забони гуфтугӯи мардуми маҳаллӣ сухан ба миён оварда, кӯшиш барои тозагӣ ва ислоҳи сабки гуфторро аз вазифаҳои муҳим шуморидаанд (дар ин бора ниг.: О. Салимзода, Публистистикаи Мирзо Ҷалол Юсуфзода, с.66-70)

Бо зудӣ дар саҳифаҳои рӯзнома мақолаи доманандоре таҳти унвони «Фелятон дар бораи забон» ба нашр мерасад, ки мантиқан идомаи ҳамон баҳс дар бораи муҷмалӣ дар бахши забон (№ 7) аст, ки ба натиҷаи зарурати ислоҳ дар забони форсӣ, умуман, ва тоҷикӣ, хусусан, расида буд.

«Фелятун» натиҷаи баррасии чанд мақола-мактуби «бародарони бухороӣ» будааст, ки ба идораи рӯзнома расидааст ва муҳаррир онҳоро айнан чоп намуда, мавриди таҳлилу таҷзия қарор медиҳад ва ҳам ба ин васила он мақолот ва андешаи муаллифонашро манзури хонандагон ва аҳли фаҳм менамояд. Мақсад ин будааст, ки бо қавли бузургони илми таҳрир «аз мусодамаи афкор барқаи ҳақиқат зоҳир мешавад». Дар ин маврид низ масъалаи асоӣ муҳокамаи чигунагии ҳолату авзои имрӯзии (яъне онзамонии) забони умумифорсӣ ва тоҷикист ва пешорӯи аҳли андеша ва арбоби диққату сухан гузошта мешавал.

Муҳтавои фелятунро се мақолаи ханандагон, як таҳрири Бақохоҷа ибни Ҳодихоҷа Самарқандӣ ва мулоҳизаҳои Мирзо Ҷалол ташкил медиҳанд. Сухан дар бораи он аст, ки гӯё забони аҳли Бухоро тоҷикист, вале забони рӯзнома форсист, ки ба аксар фаҳмо нест. Пас табиӣ масъала ба миён меояд, ки бо хонандагон бо кадом лаҳҷа (шева) бояд иртибот барқарор намуд. Фикри соҳибони мактуб дар ин маврид гуногун ва гоҳо бар хилофи дастури кори муҳаррир мебошанд.

Мактуби аввал аз Мим. Син (م.س) аст (БШ, № 7), ки мақолаи «Муҷмалӣ дар хусуси забон»-ро ҷонибдорӣ намудааст. Ӯ низ эътироф мекунад, ки забони адабии тоҷикии форсӣ забони такаллуми маҳалле нест ва забони тоҷикӣ «ҳазорон луѓати аҷнабиро» дохили худ кардааст ва «мо миллати ба кулиӣ забони асли ва таҳрироти қаламии худро фаромӯш карда, аз қувваи таҳриру таълиф афтодаем». Муаллиф як омили ин касолатро дар савияи пасти таълиму тадрис дар мактаб медонад ва ислоҳи онро зарур мешуморад, хусусан, ки ба қавли ӯ «ҷаноби олӣ… амр ба ислоҳи макотиб ва мадорис» фармуда будаанд. Сипас, зарурати омӯзиши илмҳои табиӣ ва тиҷорӣ, лисон ва забонҳои хориҷиро, ки воситаи иртибот бо ҳамсоягон ва умуман муомила аст, зарур мешуморад.

Мактуби дувум аз Мим. По (م.پ) аст (БШ, №  ва ӯ бо андешаи хонандагон, ки забони рӯзнома шеваи эронии олия аст, на бухороӣ (тоҷикӣ), мувофиқ будани худро изҳор медорад. Ба фикри вай ин забон пурарабист ва мисли ҳамон аст, ки дар замонаш худ удабои Эрон ба забони «Ҳаблулматии» маҳз аз ҳамин ҷиҳат эътироз карда будаанд. Ба андешаи ӯ бо ҳамин сабаб аст, ки дар асарҳои ХI-ХII (ҳиҷрӣ) забони ноби Низомӣ, Аттор, Ҳофизро ба ин махлутӣ расониданд ва тоҷикон, ки «дар мамолики Туркистон ва Мовароуннаҳр ва Фарѓона маскунанд ва забони аслии модарии онҳо форсӣ аст», аммо китобҳоро намефаҳманд. Ба ҳамин сабаб аст, ки «ба туркихонии китобҳои омиёнаи бефоида ва ё тарҷумаи китобҳои қисаси форсӣ машѓуланд». Зиёда аз он ӯ бар ин ақида аст, ки мардуми Мовароуннаҳру Афѓонистон забоне доранд, ки ба ҳама форсизабонон фаҳмост ва бо чанд луѓоти ѓайр ин хусусияташро аз даст нахоҳад дод. Ниҳоят, ба мудири рӯзнома пешниҳод мекунад, ки пеш аз он ки мақолаҳои «эшон ба нашр мерасанд, ба онҳо луѓоти ба ин мардум фаҳмо ворид намоянд ва вожаҳои фаронсавию русиро дар қавс тавзеҳ диҳанд, «то он ки хонандагони газит хуб аз матлаб ва сухан воқиф гарданд ва бифаҳманд».

Муаллифи мактуби сеюум (БШ, № 9) Син. Ъайн (س.ع) хостааст дар бораи мақолаи мавриди мубоҳиса андешаи худро иброз дошта бошад. Вай масъалаи баҳсро ба ду фиқра ҷудо мекунад: яке, сода ва дигаре адабӣ будани забон. Дар мавриди аввал, ӯ осон кардани роҳи истифодаро муҳим мешуморад. Аммо дар фиқраи дувум риояи қоидаи тадриҷиро муҳим медонад. Ӯ машаққати хонандагонро дар мутолиаи рӯзнома эътироф менамояд, бинобар ин «омма аз мутолиа маҳрум мемонанд» гуфтааст. Бинобар ин, пешниҳод менамояд, ки «барои авомро дар сафи аҳли адаб кашидан ва ба қатори оммаи форсизабонон бурдан, қадре ба омма наздик шудан лозим аст: «Ҳар гоҳ авом оҳиста-оҳиста ба мутолиа ром ва аз маънӣ баҳраманд шуданд, ба ҳар шева, ки таҳрир шавад, мефаҳманд». Сипас, ӯ таклиф мекунад, ки дар рӯзнома калимаҳои нофаҳм дар қавс шарҳ дода шаванд ва ба ин васила ҳам мафҳуми мақолаҳо равшан мешавад ва ҳам хонандагон аз забони умумии адабӣ» воқиф мегарданд. Хусусан, тавзеҳи истилоҳоти бегона зиёда зарур дониста мешавад.

Муҳим будани масъалаи мазкур барои рӯзнома аз он ҷо низ равшан аст, ки дар анҷоми баҳси атрофии забон як матне бо шеваи бухороӣ дар таҳрири Бақохоҷа ибни Ҳодихоҷа оварда мешавад. Гӯё бо ин идораи рӯзнома ҳам таҳрири дурусти ахборро бо шеваи бухороӣ пешниҳод мекунад ва ҳам дар ҳамин сабк навиштани мақолотро талқин менамояд.

Ҳамин ҷо як нуктаро ба хотир овардан бомаврид аст, ки ҳамзамон бо мубоҳисаҳои мазкур дар шумораҳои 9 ва 10 рӯзнома навиштаи Бо.то.дол (بتد) таҳти унвони «Фелятуни кучак. Забони маҳаллӣ. Мусоҳибаҳои қориюн» ба табъ мерасад. Муҳтавои онро суҳбати миёни Қорӣ, Мутаваллӣ ва Амак ташкил медиҳад. Нуктаи муҳим аз паёми ин мақола ин аст, ки дар баробари таъкиди мавриди таваҷҷуҳ будани баҳсҳои рӯзномаи «Бухорои шариф», дар он сабк ва шеваи муколимаи маҳаллӣ риоя шудааст ва он то дараҷае оҳанги танзро низ ба худ гирифтааст, аммо на танзе, ки оҳанги истеҳзо касб намояд. Гумон меравад, ки идора мехост дар заминаи ин баҳс чигунагии лаҳҷа ва тарзи баёни маҳаллӣ ва ҳусну қубҳи онро хубтар намудор карда бошад.

Баъди чопи «Фелятун»-и мазкур ба идораи рӯзнома ду адад нома ворид мешавад, ки муаллифон аз он эътироз намудаанд, ки рӯзнома нияташро исломӣ ҳисобида, вале «бо унвони забони маҳаллӣ забони моро истеҳзо карда, моро масхара менамояд» ва боз «агар ба расми мутояба навиштаед, ин ҷо ҳаҷв мепиндоранд, боиси нафрати аҳолӣ мешавад аз рӯзнома» ва «забони мо бухороиҳоро истеҳзо кардан хуб нест».

Дар ин маврид муҳаррир тавзеҳ медиҳад, ки ин мақоларо яке аз аъён ва бузургони Бухоро навишта ва онро Бақохоҷа, мудири аввали рӯзнома хонда, мақбул ҳисобида ба чоп тавсия шудааст. Ва дар ҳайрат аст, ки гурӯҳе мегӯянд, ки «бояд ба забони моён нависед. Баъзе дигар интур навиштанро ҳаҷв мепиндоранд. Пас таклифи мо чист?»

Ин зиду нақизҳо дар қазовоти масъала нишони касолати забон будааст, ки ин худ тақозои ислоҳи забон ва адабӣ намудани онро пешорӯ мегузорад.

Аммо баргардем бар сари мубоҳиса ва таҳлилу таҷзия ва натиҷагариҳои муҳаррири рӯзнома Мирзо Ҷалол Юсуфзода, ки дар шумораҳои 11, 13, 14 омадааст.

Аввалин масъалае, ки ӯ матраҳ намудааст «то як дараҷа забонро аз олоиши ҳарфҳои бегона пок намудан» будааст, зери аз ин омехташавӣ «албатта руҳи забон мурда ва матрук мегардад. Аммо чӣ метавон кард, ки забонҳо ба ҳам омехтаанд, бахусус забонҳои арабӣ, форсӣ ва туркӣ. Ба қавле ҳатто Фирдавсӣ, ки огоҳона барои амалӣ кардани қазияи покизамин забон талош намуд, ба куллӣ аз ин полоиш эман намонд. Пас ин масъала дар асрҳои ахир ба садҳо маротиб мураккабтар гашта ва як бахши аҳолӣ ба забони омехта ҳарф мезананд. Дар чунин шароит, ба қавли муҳаррир, масъалаи ҳифзи забони ҳар қавм ба миён меояд. Албатта, сухан сари сирф ва холис кардани забон намеравад, ки ин ѓайриимкон аст. Аммо масъалаи ҳифзи забонро ба миён гузоштани идора кори бомаврид ва муҳиме буд.

Ҳамин тавр максади рӯзнома ин будааст, ки аз он ҷо ки қавмҳои гуногун дар манотиқи мухталиф парешон ва забонашон ва забонҳои дигар маҳлут гардидааст, пас дар ваҳлаи аввал бо шевае ҳарф бизананд, ки ѓолиби қавм ба он шева ҳарф мезананд, то аз фикру андешаи якдигар бохабар бошанд. Баъд аз он метавонанд ба софу холис кардани забони худ бипардозанд ва онро ба истеъмол бигиранд. Ин ақида як нуқтаи муҳимме дорад: муҳаррир андешаеро пеш рондааст, ки забони қавме, ки ба инҳироф рӯ ба рӯст, фақат дар заминаи забони қавме, ки он забонро солим нигаҳдорӣ кардааст, метавонад аз нав эҳё шавад. Ин андеша, ба фикри банда ҷолиб ва барои замони мо низ муҳим ба назар мерасад.

Юсуфзода андешаи муаллифони мактубҳои аввал ва сеюмро, ки якдигарро фаҳмдаанд ҷонибдорӣ ва таклифи онҳоро дар бораи он ки «бояд ҳоли ҷамоатро мулоҳиза намуда, баъзе лафзҳои бегонаро, ки аҳолии мо намедонанд, шарҳ дод гуфтаанд», маъқул мешуморад. Аммо дар нисбат ба мактуби дувум ва муаллифи он хеле тунд ба мубоҳиса рафтааст, зеро ин муаллиф ба қавли муҳаррир «хеле оташ гирифта ҳар чӣ аз асабияти ҷоҳилият дар ботин дошта, хостааст ҳамон рӯзи аввал изҳор намуда, сафои дили дардноки худро ҳосил фармояд». Сипас, таъкид мешавад, ки муаллифи мактуб нисбат ба дигар қавми форсизабон адоват дорад ва ҳам ин таассубҳои омиёна боиси балоҳо дар гузашта шудааст ва пасту маҳв кардани бародар ҳеч гоҳ ба касе султа ва истиқлол наовардааст. Зимнан ёдовар мешавад, ки ӯ раъияти аълоҳазрат импературӣ буда, аз аҳли Қафқоз аст … (БШ, № 11).

Аммо дар бораи масъалаҳои баҳсноки мақолаи мазкур сухан ба миён оварда қайд мешавад, ки ҳарчанд муаллиф Мим. По. дар бораи бо шеваи хоси Бухоро навиштан даъво мекунад, магар худ «бо шеваи ҳолияи Эрон навиштаанд?» ва чаро сабки таълифаш саропо шабеҳи шеваи «Бухорои шариф» нест? Ё ин эъхтироз ба мақолаи дувум: «Аз сар то по маѓруқи лаффозӣ ва арабиҳои ѓайрулфаҳм ва аз се ҳиссаи он яке забони форсӣ аст» (БШ, № 13), «душвортар аст ё ибороти рузномаи мо». Ва мисли ҳамин хеле аз норӯшаниҳои ин мақолаи «даъвогари соданависӣ» ошкор карда мешавад.

Пас дар бораи чораҳое сухан рафтааст, ки аз ҷониби рӯзнома барои ислоҳи забон ба амал бароварда мешавад: масалан, дар рӯзнома боз кардани як бобе ба ҷиҳати таълими қавоид ва сарфи форсӣ, ки дар он ба ислоҳи забони форсӣ низ ишора хоҳад шуд.

Ниҳоят «Фелятун» мактуби аз Ишқобод омадаро дарҷ мекунад, ки дар бораи мақолаи дувум ва севум мулоҳиза худро иброз медошт. Вай навиштаҳои Син. Ъайн-ро писандида, вале аз навиштаи Мим. По. (мактуби дувум) нороҳати изҳор кардааст, ки забони чи мардуми кулли Мовароуннаҳр ва чи Эрон форсист. Дар анҷом таълифе бо қалами ё таҳрири корманди рӯзнома Бақохоҷа дар мавриди мубоҳисаи мазкур, омадааст. Ӯ навиштааст:

«Аҳолии аслии ин хитаи Мовароуннаҳр аз канори Ҷайҳун (Омударё) то ҳудуди Хуҷанд ва Сайҳун (Сирдарё) ва мулки Фарѓона форс буданд. Ва забони модарии эшон ҳам форсӣ буд. Чунончи китоби торих ва қомусҳои фаннӣ нишон медиҳанд, ки ватани аслии умами ория Байнуннаҳарайн, яъне миёни рӯзи Ҷайҳун ва Сайҳун будааст. Бояд аз ин ҷо ба атроф ва акнофи олам мунташир ва парешон шуд. Забон эронӣ ҳафт шева дорад, аз он ҷумла яке суѓдӣ аст». Муаллиф як қисми Эрон будани Мовароуннаҳрро низ ёдрас мешавад ва дар ин маврид ба мусташриқин такя мекунад, ки ин хитаро «Восточный Иран» (Иронии шарқӣ) номзад кардаанд.

Бақохоҷа забони қадими ин сарзаминро форсӣ ҳисобида, замони хароб шудани онро бар тасаллути муѓул вобаста медонад, ки форсҳо (тоҷикон) ба аҷониб махлут шуданд ва ин боиси харобии забон шудааст. Гӯё ба ҳамин сабаби махлутӣ ва тафовут додан аз форсӣ онро тоҷикӣ номидаанд. Ин забон, ба ақидаи ӯ, аз фасоҳат дур ва аз қоида берун наст. Аммо таъкид мекунад, ки «забони тоҷикони Кӯҳистони Мовароуннаҳр хеле холис ва форси қадими беѓаш аст». Ва Бақозода низ ба натиҷа мерасад, ки: «ба ҳар ҳол ислоҳи забон лозим аст» (БШ, 1912, № 14, 27 март),зеро, «забони тоҷикӣ ҳам билокалом бисёр ѓайриодӣ ва аз фасоҳат дур аст, вале форсии Эрон, ки он ҳам махлут бо иборатҳои арабӣ аст, низ писандида нест». Бинобар ин, ба натиҷаи ҷолиб мерасад, ки «забонро ислоҳ намуда, як навъ забони форси содаи холӣ аз такаллуф ба ҳам расонидан зарур ва даркор аст».

Ва ин мубоҳиса атрофии забон бо ҳамин анҷом меёбад, ки метавонем аз он натиҷагирӣ намоем: аввалан, сухан дар бораи ягона будани забони тоҷикӣ ва форсии эронӣ меравад, сониян; аз тафовутхои таърихии байни онҳо сухан ба миён омадааст; ислоҳи камбуди ин забонҳо лозим шумурда мешавад ва ниҳоят, ба як забони содаи ҳамафаҳми форсӣ ниёз доштан пеш гузошта мешавад. Аз ин масоил ва мушаххасоти мубоҳиса маълум аст, ки мушкилоти имрӯзаи забони тоҷикӣ ҳодисан наве набуда, реша дар таърихи чандасра дошта, он имрӯз ҳам ба сифати як масъалаи доѓе боқӣ мондааст.

Дар иртибот бо ин мубоҳисаҳо ду масъалаи дигар оид ба забони форсӣ (тоҷикӣ) ба миён омадааст: яке, ягонагии таърихии забонҳои эронӣ ва умуман таърихи онҳо ва дигаре, қавоиди дастурии забони форсӣ, ки огоҳ будан ва омӯзиши он барои ислоҳи он, ба фкри ҳайати таҳрири рӯзнома, кӯмак мерасонад. Дар ин мавзӯъҳо низ рӯзнома мақолаву маводи ҷолибе ба нашр расонидааст.

Аз ҷумла, мақолаи Мунир таҳти унвони «Забони ироӣ ё орян» ба ин мавзӯъ бахшида шудааст. Муаллиф дар заминаи кӯшишҳои шақршиноси машҳури олмонӣ дуктур Ишпигел дар заминаи мутолиаи сарфу наҳви хутути мехӣ, ки дар ҳаволии Истохр ё (Персополис), феълан бар Тахти Ҷамшед маъруф ва наздики шаҳри Шероз ҷойгир аст, дар соли 1767 муваффақ гардида бюудааст, дар бораи таърихи қадимаи забони ориёӣ ва забони умумии ҳама форсизабонони имрӯз будани он ва ҳамчунин аз он ки аксари забонҳои бузурги олам аз он ибтидо мегиранд, маълумот медиҳад. Таъкид мешавад, ки ин мутолиа дар заминаи меҳнати тоқатфасо ва ва манобеъи зиёде дар тамоми кишварҳои ориёитабор даст додаст. Ҳамчунин омадааст, ки ибтидои ин забон дар навоҳии кӯҳи «Помир» аст ва сипас ба тамоми олами мутамаддин паҳн шудаву шоху барги (забонҳои) зиёде рондааст. Воқеан, ин ҳама иттилоъ дар он замон нав ва барои хонандаи тоҷик бисёр муҳим буданд.

Муаллиф дар ин асос ба хонандагони рӯзнома як тасвири шаҷараи (дарахти) забони ориёиро ба гурӯҳҳо (шохаҳо)-яш пешкаш менамояд. Аслан муаллиф гуфтааст, ки ин таълифотро барои рӯзномаи «Бухорои шариф» муҳтармона тақдим медорад. Инро шояд сабаб он бошад, ки болотар ӯ аз ақабмондагии эрониён ва бухороиҳо нисбати дигар аз ҳамқавиҳои ориёинашон сухан ба миён оварда буд ва ба василаи ин мақола онҳоро ба худшинохтагӣ, ифтихор ва созандагию ҷадали ояида даъват намудан мехоҳад.

Сипас, барои он ки ягонагии таърихии забонҳои ориёи собит шавад, аз забонҳои сонсирит, лотин, форсӣ, русӣ, ингилисӣ, банголи намунаи вожаҳои ҳамреша паҳлуи ҳам гузошта мешаванд.

Аммо интишори ин мақола баёнгари ду хақиқат аст: аввалан, он аҳаммияти бузурги амалӣ ва маърифатӣ дошта, бо хонандагони рӯзнома аз таърихи забони умумифорсӣ иттилоъ медихад. Сониян, он аз ҳассосияти ҳайати таҳрири рӯзномаи «Бухорои шариф» ба масъалаи забон, шинохти таърихи худ, забони хеш ва умумияти қаёмиву забонӣ гувоҳ мебошад, ки дар он айём хеле гусаста ва пуртафрика гардида буд.

Ба фикри бнда, ин ду масъалаест, ки имрӯз ҳам муҳим боқӣ мемонад.

Дигар аз нуктае, ки дар рӯзномаи «Бухорои шариф» мавриди диққат будааст, пешниҳоди қоидаҳои сарфу наҳви форсӣ мебошад, ки бо мақсади омӯзиши забони форсӣ, эҳсоси умумияти ҳамнажодон ва эҷоди забони умумифорсӣ ба амал бароварда шудааст. Ин кор тавассути рисолаи (мақолаи) илмии Мирзо Ҷалол Юсуфзода таҳти унвони «Қавоиди форсия» амалӣ шуда, дар шумораҳои 58, 59, 61 … 75, 77, 84, 85, 92 рӯзнома манзури хонандагон гардидааст, ки аз сарфу наҳви забони форсӣ барои хонандагон масъалаҳои илмиро бозгӯ менамоя ва бояд мавриди гуфтугӯйи мутахассисон қарор бигирад… Ниҳоят, метавон гуфт, ки забони навиштаҳои рӯзнома дар кулл ифодагару намунаи забони сода, равон, ва ҳамафаҳми умумифорсӣ ба шумор меояд.

Ҳамин тавр, аз он чӣ гуфта шуд метавон ба ин натиҷа расид, ки масъалаҳои амалӣ ва назарии забон дар рӯзномаи "Бухорои шариф" мақоми бузурге дошта, сазовор бар он аст, ки ба таври алоҳида ва муфассал мавриди баррасӣ ва пажӯҳиш қарор бигирад. Забоншиносонии мо метавонанд аз мақолоти бахшида ба забон ва баҳсу муколамаҳое, ки дар саҳифаҳои «Бухорои шариф» ба табъ расидаанд, аз дониши шнохти забон дар ибтидои асри гузашта огоҳ шаванд ва маводи хеле аҷибу нодир ва таърихиеро дар бораи роҳу марҳалаҳои таҳаввули забони адабии форсии тоҷикӣ, холсса дар ибтиджои асиХХ ва иртиботи он бо дигар аз шохаву шеваҳои забони форсӣ ба даст оварда, ба натиҷаҳои ҷолиби илмӣ бирасанд.

Абдухолиқи Набавӣ, н.и.ф., ходими пешбари илмии шуъбаи адабиёти муосири ИЗА АМИТ

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0%

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО