21 May 2026
Submitted by Admin
21

Рӯзи бозгашти мушти хоки фарзандони фарзонаи миллат — Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шотемур ва чеҳраи маъруфи фарҳангиву таърихӣ Нисор Муҳаммад ба Тоҷикистони азиз, аз ҷумлаи рӯйдодҳои муҳими таърихиву маънавие гардид, ки дар саҳифаҳои давлатдории навини тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд.

Ин рӯйдоди пурифтихор танҳо маросими истиқболи мушти хок набуд. Он рамзи эҳёи хотираи таърихӣ, арҷгузорӣ ба хизматҳои фарзандони барӯманди миллат ва эҳтиром ба гузаштаи пурғановати тоҷикон буд. Зеро миллате, ки фарзандони ҷоннисори худро пос медорад, решаҳои давлатдории худро низ устувор нигоҳ медорад.

Боиси ифтихори бузурги ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки ин иқдоми таърихӣ бо ташаббус ва талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид. Истиқболи мушти хоки ин фарзандони фарзонаи миллат аз ҷониби Пешвои миллат дар фурудгоҳ бо эҳтирому самимияти хос бори дигар нишон дод, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ қадршиносӣ аз таърих, ҳифзи хотираи миллӣ ва арҷгузорӣ ба хизматҳои шахсиятҳои бузург ба сиёсати муҳими давлатӣ табдил ёфтааст.

Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шотемур аз ҷумлаи он абармардоне буданд, ки дар солҳои бисёр ҳассоси таърихӣ барои ҳастии миллати тоҷик, таъсиси давлати миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои мардум мубориза бурданд. Онҳо бо ҷасорат ва иродаи қавӣ барои эҳёи номи тоҷик ва таҳкими давлатдории миллӣ талош варзиданд.

Дар баробари онҳо, Нисор Муҳаммад ҳамчун чеҳраи барҷастаи фарҳангиву маърифатӣ дар рушди илму фарҳанг ва бедории шуури миллӣ саҳми арзишманд гузоштааст. Ин шахсиятҳо бо фаъолияти худ барои наслҳои оянда роҳи худшиносӣ ва ватандӯстиро боз намуданд.

Имрӯз, вақте мушти хоки ин фарзандони фарзона ба Ватан баргашт, дар асл таърих ба оғӯши миллат бозгашт. Ин рӯйдод дар қалби мардум эҳсоси ифтихори миллӣ, эҳтиром ба гузашта ва садоқат ба арзишҳои давлатдориро тақвият бахшид.

Ҷавонони Тоҷикистон бояд аз зиндагӣ ва фаъолияти чунин шахсиятҳо сабақи ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва хизмат ба миллат омӯзанд. Зеро истиқлол, ваҳдат ва оромии имрӯзаи кишвар маҳз бар пояи заҳмату ҷоннисории чунин фарзандони содиқи Ватан устувор гардидааст.

Ин иқдоми наҷибу таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар собит намуд, ки Тоҷикистон имрӯз давлати посдорандаи таърих, гиромидорандаи фарзандони миллат ва эҳёгари хотираи миллӣ мебошад.

Бозгашти мушти хок — ин бозгашти ном, бозгашти шараф ва бозгашти ҳақиқати таърихӣ ба қалби миллат аст.

Латифзода Собир Зарифӣ, ходими илмӣ шуъбаи таърихи забон ва забоншиносии қиёсии Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0%

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО