06 Apr 2026
Submitted by Admin
27
Ҷашни Наврӯз ҳамчун яке аз қадимтарин анъанаҳои мардуми ориёинажод дар байни сокинони водии Ишкошим бо риояи суннату маросимҳои бостонӣ таҷлил мегардад. Оғози он ба муайян гардидани ҷойгиршавии Офтоб дар бурҷи Ҳамал рост меояд, ки ба 1-уми фарвардин ва 21-уми март мувофиқ аст. Дар гузашта мардум инчунин тавассути воридшавии нури офтоб аз равзанаи хона вақти фарорасии идро муайян мекарданд. Дар байни гурӯҳҳои этникии Бадахшон Наврӯз бо номҳои гуногун маъруф аст. Масалан, дар забони ишкошимӣ онро «šogun» меноманд, ки маънои «фоли нек» ва «хосияти хуб»-ро дорад. Ин вожа дар дигар забонҳои помирӣ низ бо маъниҳои монанд истифода мешавад ва ба тадриҷ ба маънои Соли нав табдил ёфтааст. Ҷашни «шогун» дар фарҳанги мардуми ишкошимизабон мақоми махсус дошта, бо орзуҳои неку муборак пайванд аст. Яке аз суннатҳои муҳими пешазнаврӯзӣ омода кардани суманак (smanək) мебошад. Барои ин донаҳои гандумро сабзонида, сипас хушконида ва аз он ғизоҳои махсус омода мекунанд. Ин анъана рамзи эҳё, фаровонӣ ва баракат ба ҳисоб меравад. Маросими асосии Наврӯз аз даргирондани оташ дар дегдон оғоз мешавад. Барои ин рустании махсус — «modrag» (ҳумо) истифода мегардад, ки ба бовари мардум қувваи поккунанда дошта, бадиҳоро дур мекунад. Ҳамчунин, пухтани нони махсус аз суманак ва тақсим кардани он байни аҳли оила аз расму оинҳои муҳими ид мебошад. Аз суннатҳои ҷолиб ордпошӣ аст, ки рамзи фаровонӣ ва покӣ ба ҳисоб меравад. Ҳангоми ворид шудан ба хона мардум бо гуфтани ибораи «Lot-lot šogun baor muborak» ҳамдигарро табрик намуда, ба китфи якдигар орд мепошанд. Ин амал нишонаи орзуи зиндагии пурфайзу баракат дар соли нав мебошад. Дар гузашта дар Ишкошим расме бо номи «Пəчəрəм» вуҷуд дошт, ки тибқи он дар рӯзҳои пеш аз Наврӯз ворид шудани шахсони бегона ба деҳа мамнӯъ буд. Ин амал барои ҳифзи баракат ва осудагии деҳа анҷом дода мешуд. Имрӯз ин анъана бештар дар шакли маҳдуд — манъи ворид шудан ба хона дар чанд рӯзи пеш аз ид — боқӣ мондааст. Субҳи рӯзи Наврӯз бо маросимҳои махсус оғоз мешавад. Сардори хона пӯстинро чаппа пӯшида, ҳамчун «марди шогунӣ» рамзи фаровонӣ ва баракат мегардад. Либосҳои сурх, ки рамзи некӣ ва муҳофизат аз балоҳо мебошанд, ба берун бароварда мешаванд. Пас аз он тозакунии хона (duda dõk) анҷом ёфта, ҷорӯб ва хокрӯба ҳамчун рамзи дур кардани бадиҳои соли гузашта партофта мешаванд. Баъд аз анҷоми тозакорӣ, девору фарши хона бо орд оро дода шуда, нақшҳои рамзӣ кашида мешаванд. Сипас, маросими «хонагаштак» баргузор мегардад, ки дар он хешу табор барои табрик ба хона меоянд. Меҳмонон бо дуоҳои нек истиқбол шуда, суманак мечашанд. Рӯзи дуввуми Наврӯз бештар ба ҷанбаҳои иҷтимоӣ ва варзишӣ бахшида мешавад. Мардум дар бозиҳои миллӣ, аз қабили гӯштингирӣ, аспдавонӣ, тухмҷанг ва дигар мусобиқаҳо иштирок мекунанд. Пас аз он маросими муҳими кишоварзӣ — «ҷуфтбаророн» баргузор мегардад, ки оғози корҳои саҳроиро нишон медиҳад. Дар ин маросим тухми аввал бо нияти нек ба замин пошида мешавад ва барои фаровонии ҳосил дуо мекунанд. Дар анҷоми рӯз оташ афрӯхта шуда, ҷавонон аз болои он ҷаҳида, рамзи покшавӣ ва нерӯмандиро таҷассум мекунанд. Духтарон бошанд, бо сурудхонӣ ва арғунчакбозӣ идро шод мегардонанд.
Ҳамин тариқ, Наврӯз дар Ишкошим на танҳо як ҷашни тақвимӣ, балки маҷмӯи расму ойинҳоест, ки ҷаҳонбинии мардум, орзуҳои онҳо барои зиндагии беҳтар ва эҳтиром ба табиатро инъикос менамояд. Ин анъанаҳо, ки аз замонҳои қадим то имрӯз расидаанд, арзиши баланди фарҳангӣ дошта, ҳувияти миллии мардуми маҳаллиро нигоҳ медоранд.
Латифзода Собир Зарифӣ, ходми илмии шуъбаи таърихи забон ва забоншиносии қиёсии
Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ
Баҳодиҳии муҳтаво : 
0%

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО