24 Apr 2026
Submitted by Admin
17

Истиқлоли давлатӣ яке аз муҳимтарин падидаҳои таърихии асри XX ба шумор рафта, барои миллати тоҷик имконияти эҳёи давлатдории миллӣ, рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро фароҳам овард. Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди соҳибистиқлол гардидани худ дар соли 1991 ба марҳилаи нави таърихӣ — марҳилаи бунёди давлати миллӣ ворид гардид, ки он бо мушкилот ва ҳамзамон имкониятҳои нав тавъам буд. Дар ин замина Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд:

«Истиқлолият барои мо неъмати бебаҳо буда, ҳифзу таҳкими он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад».

Дар ҳақиқат, истиқлол на танҳо озодии сиёсӣ, балки заминаи асосии худшиносии миллӣ, эҳёи арзишҳои таърихию фарҳангӣ ва рушди устувори ҷомеа мебошад.

Солҳои аввали истиқлол барои Тоҷикистон давраи бисёр ҳассосу мураккаб буданд. Ҷанги шаҳрвандӣ (1992–1997) ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таъсири манфӣ расонда, рушди иқтисодӣ ва иҷтимоиро ба ақиб кашонд.

Бо вуҷуди ин, иродаи сиёсӣ ва хиради миллӣ имкон дод, ки сулҳу субот барқарор гардад. Пешвои миллат дар ин маврид зикр намудааст:

«Сулҳу ваҳдати миллӣ бузургтарин дастоварди таърихии мо мебошад, ки он асоси субот ва рушди минбаъдаи давлатро таъмин намуд».

Имзои Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ дар соли 1997 нуқтаи гардиш дар таърихи навини Тоҷикистон гардид. Аз ҳамин марҳила раванди барқарорсозии иқтисод, таҳкими сохторҳои давлатӣ ва рушди иҷтимоӣ оғоз ёфт. Дар ин давра Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон такмил дода шуда, низоми ҳуқуқии давлатдорӣ устувор гардид. Ин раванд барои ташаккули давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд замина гузошт.

Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ҳамчун омили асосии субот ва пешрафти ҷомеа нақши ҳалкунанда дорад. Ба андешаи Пешвои муаззами миллат:

«Ваҳдати миллӣ сарчашмаи асосии ҳамаи дастовардҳои мост ва бе он рушди устувори давлат ғайриимкон аст».

Маҳз ваҳдат имкон дод, ки Тоҷикистон аз буҳрони сиёсӣ раҳо ёфта, ба роҳи рушди устувор ворид гардад. Имрӯз ҳамгироӣ ва ҳамбастагии ҷомеа яке аз шартҳои муҳимми пешрафти давлат ба ҳисоб меравад. Таҳкими ваҳдати миллӣ на танҳо вазифаи давлат, балки масъулияти ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.

Дар давраи истиқлол Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас дар соҳаи иқтисод ноил гардид. Ислоҳоти иқтисодӣ, рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоягузорӣ ба пешрафти иқтисоди миллӣ мусоидат намуданд. Ҳадафҳои стратегии давлат чунин муайян гардиданд:

- таъмини истиқлолияти энергетикӣ;

- таъмини амнияти озуқаворӣ;

- раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ;

- саноатикунонии босуръати кишвар.

Ба андешаи Пешвои миллат:

«Ҳадафи асосии сиёсати иқтисодии мо таъмини зиндагии шоистаи мардум мебошад».

Дар натиҷаи татбиқи ин сиёсати ҳадафманд, инфрасохтори кишвар рушд ёфта, сатҳи зиндагии аҳолӣ тадриҷан беҳтар гардид. Илова бар ин, татбиқи лоиҳаҳои бузурги энергетикӣ ва коммуникатсионӣ Тоҷикистонро ба як кишвари рӯ ба рушд табдил дод. Маориф ва илм ҳамчун асоси рушди ҷомеа дар маркази сиёсати давлатӣ қарор доранд. Пешвои миллатба ин нукта ишора кардааст, ки «Маориф калиди пешрафти давлат ва ояндаи миллат мебошад».

Дар давраи истиқлол шумораи муассисаҳои таълимӣ афзоиш ёфта, сатҳи саводнокии аҳолӣ баланд гардид. Дар баробари ин, рушди фарҳанги миллӣ, эҳёи анъанаҳои таърихӣ ва ҳифзи мероси фарҳангӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад. Тоҷикистон имрӯз ҳамчун меросбари тамаддуни қадима дар сатҳи байналмилалӣ эътироф шудааст.

Тавре пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ аз 26 декабри соли 2019 таъкид намудаанд:

«Илм ва маориф омили асосии пешрафти ҷомеа ва кафили рушди устувори давлат мебошанд»

Дар ҳақиқат, бе рушди илму фарҳанг пешрафти устувори давлат имконнопазир аст. Рушди илму фарҳангро дар Тоҷикистон метавон ба се марҳилаи асосӣ ҷудо намуд:

1.1. Марҳилаи буҳрон (1991–1997)

Ин давра бо ноустувории сиёсӣ ва иқтисодӣ тавсиф мешавад. Бо вуҷуди ин, пояҳои асосии илм ва фарҳанг ҳифз гардиданд.

1.2. Марҳилаи барқарорсозӣ (1997–2010)

Баъди имзои Созишномаи сулҳ (27 июни 1997), шароит барои рушди илму фарҳанг фароҳам гардид.

1.3. Марҳилаи рушди устувор (2010–то имрӯз)

Дар ин давра илму фарҳанг ба самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтанд.

2. Марҳилаи таъмиқу густариши сиёсати давлатӣ дар рушди илм

сиёсати илмии давлат ба таҳкими заминаҳои моддӣ ва кадрии илм равона шудааст. Ба таъкиди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон:

«Мо бояд рушди илми ватаниро дастгирӣ намуда, барои олимон шароити мусоид фароҳам орем» (Паём ба Маҷлиси Олӣ, 22.12.2017).

2.1. Рушду инкишофи инфрасохтори илмӣ, рушди Академияи миллии илмҳо, таъсиси марказҳои таҳқиқотӣ, татбиқи барномаҳои давлатӣ

2.2. Омодасозии кадрҳои илмӣ, рушди таҳсилоти олӣ, барномаҳои таҳсил дар хориҷ, дастгирии ҷавонони боистеъдод. Илм дар давраи истиқлол ба воситаи муҳими таҳкими худшиносии миллӣ табдил ёфт. Ин андеша дар суханони зерини Асосгузори сулҳу ваҳдати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври возеҳ баён гардидааст:

«Омӯзиши таърихи миллат ва ҳифзи арзишҳои миллӣ вазифаи муқаддаси олимон мебошад» (Суханронӣ дар мулоқот бо зиёиён, 20.03.2020).

Таҳқиқи мероси адабӣ ва таърихӣ дар ин замина аҳамияти махсус пайдо кардааст. Фарҳанг ҳамчун пояи ҳувияти миллӣ дар маркази таваҷҷуҳи давлат қарор дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Фарҳанг ҳастии миллат ва оинаи таърихи он мебошад»

(Суханронӣ ба муносибати Рӯзи фарҳанг, 09.10.2018).

1. Эҳёи мероси фарҳангӣ, таҷдиди ёдгориҳо, нашри осори классикон, рушди ҳунарҳои мардумӣ. 2. Муассисаҳои фарҳангӣ, театрҳо, осорхонаҳо, китобхонаҳо. Илм ва фарҳанг дар таҳкими ваҳдати миллӣ нақши муҳим доранд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд:

«Ваҳдати миллӣ бидуни худшиносӣ ва фарҳанги баланд имконнопазир аст»

(Паём ба Маҷлиси Олӣ, 26.12.2018).

Дар давраи истиқлол Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои фарҳанги ғанӣ дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ гардид. Наврӯз ба рӯйхати мероси ҷаҳонӣ ворид гардид ҳамкориҳои фарҳангӣ густариш ёфтанд. Дар ин раванд дурнамои рушди илму фарҳанг дар шароити ҷаҳонишавӣ аҳамияти стратегӣ дорад. Ба таъкиди пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Мо бояд илму фарҳангро ба сатҳи байналмилалӣ бардорем» (Паём ба Маҷлиси Олӣ, 23.12.2022).

Дар давоми 35 соли истиқлол Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илму фарҳанг ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.

«Истиқлолият барои мо имконият фароҳам овард, ки арзишҳои миллии худро эҳё намоем» (Паём ба Маҷлиси Олӣ, 26.12.2019).

Имрӯз илму фарҳанг ба пояҳои асосии рушди устувори давлат табдил ёфта, дурнамои мусбати рушд доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ҳамчун давлати сулҳпарвар ва ташаббускор дар арсаи байналмилалӣ мавқеи устувор дорад. Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун самти муҳими фаъолияти давлат ба танзими муносибатҳо бо кишварҳои дигар ва ташкилотҳои байналмилалӣ равона гардида, бар асоси принсипҳои сулҳҷӯёна, эҳтироми соҳибихтиёрии давлатҳо, дахлнопазирии ҳудудӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд ташаккул меёбад. Дар ин замина, таъмини суботи минтақавӣ, пешгирии низоъҳо ва густариши ҳамгироии иқтисодию сиёсӣ аз ҳадафҳои калидии он ба шумор меравад. Чунин равиш имконият фароҳам меорад, ки кишвар мавқеи устувори худро дар низоми байналмилалӣ таҳким бахшида, шароити мусоид барои рушди дохилиро таъмин намояд. Пешвои миллат таъкид менамоянд: «Сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба таҳкими сулҳ, субот ва ҳамкории созанда бо кишварҳои ҷаҳон равона шудааст». Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон, махсусан дар соҳаи об, аз ҷумла даҳсолаҳои байналмилалӣ, мавқеи кишварро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ баланд бардоштанд.

Бояд тазаккур дод, ки ҷавонон ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа дар сиёсати давлатӣ мавқеи муҳим доранд. Бо таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат: «Ҷавонон нерӯи бузурги созандаи ҷомеа буда, ояндаи давлат ба фаъолияти онҳо вобаста аст».

Барномаҳои давлатӣ барои дастгирии ҷавонон, рушди қобилияти онҳо ва баланд бардоштани сатҳи донишандӯзӣ равона шудаанд. Имрӯз ҷавонони тоҷик дар рушди илм, иқтисод ва технология саҳми назаррас мегузоранд. Дурнамои Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои имкониятҳои васеъ барои рушди устувор мебошад, ки самтҳои асосии пешрафти ояндаи кишвар ба рушди иқтисоди рақамӣ, саноатикунонии кишвар, рушди сармояи инсонӣ, ҳифзи муҳити зист нигаронидашудааст:

Пешвои муаззами миллат таъкид мекунанд:«Мо бояд бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда рушди устувори иқтисоди миллӣ ва зиндагии шоистаи мардумро таъмин намоем». Ин нишон медиҳад, ки сиёсати давлатӣ ба рушди дарозмуддат нигаронида шудааст. Аз таҳлили шохисҳои рушди кишвар бармеояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи 35 соли истиқлол ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст, ки ба гуфтаи Пешвои муаззами миллат: «Истиқлолият неъмати бузургест, ки мо бояд онро ҳифз карда, барои рушди Ватан содиқона хизмат намоем».

Ҳамин тавр, Тоҷикистон роҳи устувори рушдро интихоб намуда, ба сӯи ояндаи дурахшон қадам мегузорад.

АДАБИЁТ

Эмомалӣ Раҳмон. Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ. Душанбе.

Эмомалӣ Раҳмон. Истиқлолият

ва эҳёи миллат. Душанбе.

Эмомалӣ Раҳмон. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ. 26 декабри 2019.

Эмомалӣ Раҳмон. Паём ба Маҷлиси Олӣ. 22 декабри 2017.

Эмомалӣ Раҳмон. Паём ба Маҷлиси Олӣ. 26 декабри 2018.

Эмомалӣ Раҳмон. Паём ба Маҷлиси Олӣ. 23 декабри 2022.

Эмомалӣ Раҳмон. Суханронӣ дар мулоқот бо зиёиён. 20 марти 2020.

Эмомалӣ Раҳмон. Суханронӣ ба муносибати Рӯзи фарҳанг. 9 октябри 2018.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи илм ва фарҳанг.

Латифзода Собир Зарифӣ, ходими илмии шуъбаи таърихи забон ва забоншиносии қиёсии ИЗА АМИТ

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0%

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО