04 Mar 2024
Submitted by Admin
976
Мақом ва мартабаи зан дар ҷомеа яке аз масъалаҳои муҳимтарини иҷтимоии ҳар давру замон буд, ки мавриди таваҷҷӯҳи аҳли фазлу дониш, илму адаб қарор дошт. Дар ин бора ҳар кас тибқи диду идрокаш ибрози назар мекард. Аз ҷумла, шоири насиҳатгар Саъдии Шерозӣ мазмуни бисёре аз қиссаву афсонаҳо, ки бозтоби тасаввуроти қадимии одамон доир ба ҳодисаҳои зиндагӣ ва баёнгари таҷрибаи рӯзгори чандин наслҳо будаанд, зери назар гирифта, гуфтааст:
 
Зани хубу фармонбари порсо,
Кунад марди дарвешро подшо.
 
Як зарбулмасал, ки он ҳам фарогири ҳикмати амиқи мардумӣ аст, ба ин шаклу мазмун омадааст: «Зани нек офияти зиндагӣ бувад». Аҷаб нест, ғазали шоири шаҳир ва Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ҳам дар пайравии ҳамин гуна гуфтори ҳикматомези мардумӣ офарида шуда бошад:
 
Зан агар оташ намешуд хом мемондем. мо,
Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо.
Зан агар моро намебахшид умри бардавом,
Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
 
Зиёда аз ин об, ки аз манбаъҳои асосии ҳаёти тамоми мавҷудоти олами зинда аст, фариштае бо номи Аноҳита дорад, ки аз ҷинси зан мебошад ва бештар аз ин, яке аз сураҳои аввалини китоби муқаддаси Қуръони Карим ҳам ба манзалати зан дар оила ва дар ҳаёти рӯҳонию моддии инсонҳо бахшида шудааст.
Зан нафақат сифату хислатҳои ҳамида ва шоистаи таҳсинро аз худ зоҳир мекунад, балки вай офаранда ва ҳифзкунандаи осори бузурги фарҳанги мардумӣ низ мебошад. Маҳз замоне дар яке аз кишварҳои мусулмонӣ, Шаҳризод ном духтари хирадманду ботадбири вазире бо афсонадонию қиссапардозии бемислаш тавонистааст подшоҳро, ки бар асари хиёнати занаш ҳар шаб ба духтаре издивоҷ мекард ва субҳи рӯзи дигар ӯро мекушт, аз ин кирдори зишту фоҷиабор боз дорад.
 
Дар адабиёти ҷаҳонӣ, низ симои барҷастаи занони диловару ҷасур ва зебову бошарофат хеле зиёд офарида шудааст. Дар тӯли таърихи беш аз ҳазорсола намояндагони адабиёти тоҷику форс дар бунёди образи зан дар адабиёти умумиҷаҳонӣ, таъсири муайян гузошта, вобаста ба ҷаҳонбинӣ ва муносибатҳои нисбат ба давраҳои мухталифи таърихӣ доштаи худ боигарии маънавӣ, симо ва хислати типиву миллии занони Шарқро дар достонҳои ишқию ғиноӣ, қаҳрамониву ривоӣ мавриди тасвир қарор додаанд. Классикони адабиёти форсу тоҷик занро аз авомили пешрафти маънавии инсон, сабабгори лабрез гаштани ҷоми илҳоми суханварон ва боиси саршории завқи баланду истеъдоди суханварӣ ҳисобидаанд.
 
Ҳаким Фирдавсӣ нақши занонро дар «Шоҳнома» бо дигар образҳои асар бахусус, образи мардон на танҳо дар як поя мегузорад, балки дар аксари мавридҳо онҳоро дар ақлу хирад афзал мешуморад. Ҳангоме ки шоир дар бораи инсон сухан меронад ва сарнавишти занро маҳаки асосии тасвири бадеӣ қарор медиҳад, дар маркази диққати шоир зан қарор гирифтааст. Шоир некутарин анъанаҳои мардумиро бо таври офаридани образи занону модарон равшан ва аниқ баён намуда, дар зарфи солҳои тӯлонӣ анъаноти неки гузаштагонро дар бахши офариниши образи зан-модар босамар идома дода, онҳоро аз ҳама ҷиҳат пурраву мукаммал сохт. Дар симои, қаҳрамони асотирӣ чун Фаронак равшан намудор мегардад, ки баҳри нигаҳдорӣ ва давом додани насли хеш шиканҷаҳои зиёдеро аз сар гузаронид, ба таҳдиду хатарҳо нигоҳ накарда, тамоми умри хешро ба муҳофизат ва нигаҳдории фарзанд сарф намуд.
 
Образи зан дар фолклори халқҳои ҷаҳон, низ бозтоби дурахшон пайдо кардааст. Дар ривояту асотири халқҳои эронинажод тимсоли зан бо тамоми ҷозиба тасвир ёфта, мақоми ӯ дар зиндагӣ хеле барҷаста ва пурмӯҳтаво инъикос гардидааст. Зарурати вуҷуди зан дар ҳаёти башар ва мавқеи муҳими ӯ дар осори ривоӣ-ғиноии ҳар як халқи олам ҳанӯз аз оғози ташаккули он мушоҳида мешавад, ки ин дар назму насри халқҳои эронинажод низ дида мешавад. Бинобар ривоятҳои маълуми сарчашмаҳои таърихӣ ва адабӣ нахустманшаъ ва аввалин таҳрикдиҳанда ба эҷоди шеър дар байни халқҳои эронинажод маҳз зан будааст ва аввалин гӯяндаи шеъри форсӣ Баҳроми Гӯр будааст ва сабаб он будааст, ки ӯро маҳбубае буда ва ӯро Дилороми Чангӣ мегуфтаанд.
 
Дар фалсафаи мазҳабии адёни мухталиф ба мақоми зан дар зиндагӣ баҳои баланд дода мешавад. Мутобиқи «Авасто» мақоми зан дар дини бостонии эрониён баробари мард будаааст. Ҳама ҷо ҳам номи ин ва ҳам номи он дар як радиф зикр шудааст. Синни булуғ барои зану мард яксон мебошад, то ҳар ду дар адо ва анҷоми вазоифи иҷтимоӣ дар як марҳилаи воҳиди синнӣ, эҳсоси мусовият кунанд. Ҳакими Тус ба давраи таърихӣ ишора мекунад, ки мақоми зан пас аз давраи модаршоҳӣ то андозае маҳдуд аст, лекин ҳоло ҳуқуқи ӯ дар ҳалли масоили мураккаби иҷтимоӣ ахлоқӣ бо мардон баробар аст. «Дар давраи модаршоҳӣ зан дар Эрон нисбат ба мард мақоми бартар дошт. Дар ин давра зан умури қабиларо идора мекард ва ба мақоми рӯҳоният мерасид. Силсилаи ансоби хонавода ба номи ӯ буд. Дар ин давра занон дар фаъолияти кишоварзӣ ва иқтисодӣ саҳми бештар доштанд. Бад-ин ҷиҳат мардон ба арзиш ва мақоми бузург доштанашон қоил буданд ва занонро мазҳари неъмат ва фаровонӣ медонистанд».
 
Муҳаққиқи эронӣ доктор Муҳаммад Дабири Сиёқӣ симои кулли занонро мавриди таҳлил қарор дода, симои зоҳирӣ ва олами ботинии онҳоро тасвир намудааст. Ба андешаи ӯ «симои зан як тасвире беш надорад ва сифати ӯ низ мутаолӣ аст. Ҳамеша зебост, камоли хилқат аст, ғунчалаб, нармандом аст, биҳиштӣ аст, пур аз рангу бӯй ва ҳам босафо, вафодор, меҳрубон, хештандор, хирадманд ва порсо аст ва бо покӣ сиришта».
Аз байни занон шахсиятҳои барҷаста мисли сипаҳсолорон, сиёсатмадорон, ҳунармандон баромадаанд, ки дар таърихи башарият мақоми абадӣ гузоштаанд.
 
Таваҷҷуҳи хоса нисбати зан, боварию эътимод ба дониш, истеъдод, қобилияти зан ва мақому эҳтироми ӯ аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ҳаёти имрӯза бозгуйи ин гуфтаҳост: «Мо дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми занонро дар ҷомеа марҳала ба марҳала баланд бардошта, барои онҳо шароити муносиби фаъолиятро фароҳам овардем. Имрӯз занону бонувони тоҷик ба хотири рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ содиқона хизмат карда истодаанд.
 
Ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёна ва олии касбӣ, аз ҷумла дар хориҷи кишвар ҳазорҳо нафар духтарони боистеъдоди мо ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Аз 41 ҳазору 232 нафар донишҷӯёни тоҷик, ки ҳоло дар давлатҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, беш аз 11 ҳазор нафарашон духтарон мебошанд. Танҳо дар даҳ соли охир 11 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд. Аз 3 ҳазору 300 нафар ҷавононе, ки соли ҷорӣ танҳо тавассути Маркази барномаҳои байналмилалии назди Вазорати маориф ва илм ба хориҷи кишвар барои таҳсил рафтаанд, 30 фоизашон духтарон мебошанд. Умуман, дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 256 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм кардаанд, яъне соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд. Тибқи маълумоти оморӣ соли 1989-ум ҳамагӣ 66 ҳазор нафар занону бонувон соҳиби маълумоти олӣ буданд. Имрӯз бонувони мо, дар баробари фаъолият дар низоми хизмати давлатӣ, корхонаҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ таъсис дода, ҳамчун соҳибкорони муваффақ соҳиби эътибору обрӯ гардидаанд. Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи зиёди занону бонувони лаёқатманду баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ ҷалб карда шудаанд ва ин раванд минбаъд низ идома дода мешавад. Нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст. Мову шумо нафақат дар як Рӯзи модар, яъне 8-уми март, балки бояд ҳамеша ва доимо нисбат ба модарону хоҳарону духтарони худ ғамхору меҳрубон бошем. Бовар дорам, ки занон ва модарону бонувону духтарони арҷманди мо минбаъд низ дар риояи муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ба ҳаёти мустақилона омода намудани фарзандон, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва беҳтар гардидани зиндагии ҳар як оилаи мамлакат нақши арзишманди худро мегузоранд. (28-уми декабри соли 2023).
 
Дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирӣ ва сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва ҷалби онҳо ба корҳои давлатӣ чандин санадҳои меъёрии ҳуқуқиро тасдиқ намудаанд, ки дар муддати на чандон зиёди таърихӣ бонувони тоҷик дар тамоми соҳаҳо ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд.
 
Раҳматуллоева Г., н.и.ф., ходими илмии
шуъбаи фолклори Институти забон ва
адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ
Баҳодиҳии муҳтаво : 
0
No votes yet

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО