14 Oct 2024
Submitted by Admin
123

Дар ганҷинаи пурғановати забони модарии мо чун гавҳари хушоб ва дурри ҷаҳонтоб вожаҳои асилу сараи ба истилоҳ «аҳуроӣ» маҳфузанд, ки реша дар умқи таърих дошта, ба суннат ва расму ойинҳои қадими мардуми мо иртиботи қавӣ доранд ва гузаштаи дури пурифтихори моро ба имрӯз ва имрӯзи моро ба фардои дурахшони он пайванд медиҳанд. Меҳргон ҳам аз чунин вожаҳост.

Ин вожа аз назари сохтмони дастурӣ сохта буда, аз вожаи меҳр бо афзудани пасванди -гон таркиб ёфтааст.

Вожаи меҳр (mihr) (дар авастоӣ: mitra ё miθra; дар порсии бостон: miθ(r)a; дар паҳлавӣ: mitr, miθr) дар фарҳангҳои муътамад, аз ҷумла “Фарҳанги форсӣ”-и Муҳаммади Муин чунин маънишиносӣ шудааст: 1. муҳаббат дӯстӣ; 2. рабуннавъи ориёӣ; 3. хуршед, офтоб; 4. моҳи ҳафтуми ҳар соли шамсӣ; 5. рӯзи шонздаҳуми ҳар моҳи шамсӣ.

Устоди зиндаёд Додихудо Саймиддин маънои нахусти вожаи «меҳр»-ро номи эзад дониста, ба ин назар буд, ки «номи дигари хуршед дар паҳлавӣ mihr «меҳр» ба номи изади Mihr (ав. Miθra-) иртибот дорад. Дар забони форсии миёна ин вожа ба ҳайси вожаи кайҳонӣ бори нахуст истифода гардида, ин маъно махсуси забони авастоӣ нест. Маънои нахусти он, яъне номи изад низ дар паҳлавӣ мустаъмал мебошад: Mihr yazēd ud xwar(x)šed. Меҳр ва хуршедро бипарастед».

Дар иртибот ба ин вожа, бояд таъкид намуд, ки ниёгони мо моҳро аз сӣ рӯз иборат дониста, ба ҳар кадом рӯзи моҳ номе ниҳода буданд, ки ба гуфтаи Абурайҳони Берунӣ дар «Китоб-ут-тафҳим» «ин номҳои эзад ва фариштагонанд». Ин суханони донишманди маъруфи Хоразм воқеият дорад, зеро рӯзи аввали моҳ Ҳурмузд (Аҳурамаздо) ва шаш рӯзи баъди он номи фариштагони вай: Баҳман, Урдибиҳишт, Шаҳривар, Исфандормуз, Хурдод ва Мурдод аст. Рӯзҳои Хур (Офтоб), Моҳ, Тир (Уторид), Баҳром (Миррих) аз номи ситораву сайёрагон гирифта шудаанд. Номи рӯзи шонздаҳуми моҳ, яъне Меҳр низ бегумон ба номи эзад алоқаманд аст.

Ба назар чунин мерасад, ки ҷузъи меҳр дар вожаи меҳргон ба эҳтимоли қавӣ ба маънои яке аз эзадони ориёӣ, яъне эзади офтобу нур вобаста буда, ба маънии мутлақи Офтоб нест, зеро дар тақвими ниёгони мо рӯзи ёздаҳуми моҳ рӯзи Хур ном ниҳода шудааст, ки ба ситораи Хуршед ё Офтоб алоқаманд мебошад.

Абурайҳони Берунӣ дар «Китоб-ут-тафҳим» дар робита ба яке аз ҷашнҳои дигари гузаштагони мо – ҷашни Тиргон ёдовар мешавад, ки «Сездаҳум рӯз аст аз тирмоҳ. Ва номаш тир аст ҳамноми моҳи хеш ва ҳамчунин аст ба ҳар моҳе он рӯз, ки ҳамномаш бошад, ӯро ҷашн доранд. Ва бад-ин тиргон гуфтанд, ки Ораш тир андохт аз баҳри сулҳи Манучеҳр..., бар тирпартобе аз мамлакат. Ва он тири кифти ӯ аз кӯҳҳои Табаристон бикашид то ба сӯйи Тахористон».

Аз ин суханони Абурайҳони Берунӣ метавон чунин натиҷагирӣ кард, ки гузаштагони мо ҳар гоҳ номи моҳ бо номи рӯз мувофиқ ояд, он рӯзро ҷашн мегирифтаанд ва ба номи ҳамон рӯзу моҳ пасванди -гон, ки дар забони модарии мо аломати ҷамъ аст, илова мекардаанд. Аз ҳамин хотир ниёгонамон бо номи моҳҳои дувоздаҳгонаи сол дувоздаҳ ҷашн доштанд: Фарвардингон, Урдибиҳиштгон, Хурдодгон, Мурдодгон Шаҳриваргон, Меҳргон ва ғ.

Бинобар ин, ҷашни Меҳргон (паҳлавӣ mitrakāna) рӯзи шонздаҳум, яъне рӯзи меҳр ва моҳи ҳафтуми солшумории шамсӣ, яъне моҳи меҳр ё меҳрмоҳ таҷлил мегардид. Воқеияти ин суханони Абурайҳони Берунӣ аз байти зерини Масъуди Саъди Салмон низ ба назар мерасад:

Рӯзи меҳру моҳи меҳру ҷашни фаррух Меҳргон,

Меҳр бифзой, эй нигори моҳчеҳри меҳрбон.

Ин нукта ҳам шоистаи зикр аст, ки агар ҷашни Наврӯз дар рӯзи эътидоли баҳорӣ (21 март) мутобиқ ояд, ҷашни Меҳргон ғолибан дар рӯзи эътидоли тирамоҳӣ (22 сентябр) мувофиқ меомад ва ин аз дониши баланди нуҷумии ниёгони мо шаҳодат медиҳад.

Абулқосими Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» бунёд ниҳодани ҷашни Меҳргонро ба Фаридун ва ба тахти шоҳӣ нишастани вай нисбат дода, ҷашни мазкурро ёдгор аз ин шоҳи додгустари Пешдодӣ медонад:

Фаридун чу шуд дар ҷаҳон комгор,

Надонист ҷуз хештан шаҳриёр.

Ба расми каён тоҷу тахти меҳӣ,

Биёрост бо номи шоҳаншаҳӣ.

Ба рӯзи хуҷаста сари меҳру моҳ,

Ба сар барниҳод аз каёнӣ кулоҳ.

Замона беандӯҳ гашт аз бадӣ,

Гирифтанд ҳар як раҳи эзадӣ.

Дил аз довариҳо бипардохтанд,

Ба оини кай ҷашни нав сохтанд.

Нишастанд фарзонагон шодком,

Гирифтанд ҳар як зи ёқут ҷом.

Майи равшану чеҳраи шоҳи нав,

Ҷаҳон гашт равшан сари моҳи нав.

Бифармуд то оташ афрӯхтанд,

Ҳама анбару заъфарон сӯхтанд.

Парастидани Меҳргон дини ӯст,

Таносоию хӯрдан оини ӯст.

Кунун ёдгор аст аз ӯ моҳи Меҳр,

Бикӯшу бар ранҷ эч манмой чеҳр.

Дақиқии Самарқандӣ (ё Тӯсӣ), ки пештар аз Фирдавсӣ бо ҳидояти амирони сомонӣ ба таълифи «Шоҳнома» камар баста буд, Меҳргонро ҷашни Фаридун ба қалам овардааст:

Меҳргон омад, ҷашни малик Афридуно,

Он куҷо гови наку будаш Бармоюно.

Абурайҳони Берунӣ низ дар «Китоб-ут-тафҳим» оғози ин ҷашнро ба Фаридун ва ба дасти ӯ дар банд кардани Заҳҳок дар кӯҳи Дамованд нисбат дода, дар иртибот ба ҷашни Меҳргон чунин изҳори назар кардааст: «Шонздаҳум рӯз аст аз меҳрмоҳ ва номаш меҳр. Ва андар ин рӯз Афридун зафар ёфт бар Беварасби ҷоду, он-к маъруф аст ба Заҳҳок. Ва ба кӯҳи Дамованд боз дошт. Ва рӯзҳо, ки сипаси Меҳргон аст, ҳама ҷашнанд, бар кирдори он-ч аз паси Наврӯз бувад. Ва шашуми он Меҳргони бузург бувад. Ва Ромрӯз ном аст ва бадин донандаш».

Ба гуфтаи Берунӣ ин ҷашн ба мисли Наврӯз шаш рӯз будааст ва рӯзи охири онро Меҳргони бузург ё Ромрӯз мегуфтаанд.

Муаллифи «Луғати вожаҳои нуҷумӣ» Абулфазли Мусаффо низ Меҳргонро, ки шонздаҳуми моҳи меҳр таҷлил мегардад, аз идҳои куҳани мардуми мо медонад ва ҳамин гуфтаҳои Беруниро дар бобати ба банд кашидани Заҳҳок ба дасти Фаридун тақвият дода, ҳамчунин ин ҷашнро бо таваҷҷуҳ ба тақвими ориёиёни қадим оғози фасли зимистони бузург донистааст: «Чун дар ин рӯз Заҳҳоки Мордӯш ба дасти Фаридуни Обтин аз сулолаи Ҷамшед барафтод ва низ сари фасли зимистони бузург ва интиҳои фасли тобистони бузург ва бароварди маҳсул будааст, ба қиёси Наврӯз, ки сари фасли баҳор ва тобистони бузург ва поёни фасли зимистон ва зимистони бузург низ будааст».

Муаллифи «Гоҳшуморӣ» Саид Ҳасани Тақизода ба ин назар аст, ки «ин рӯз зоҳиран иди Митро-Меҳр (худои нуру Офтоб) буда, ва чун рӯзи мазбур дар ғолиби солҳо дар моҳи боғёдиш (bagyadish аз моҳҳои порсии бостон) воқеъ мешуда лизо исми он моҳ аз ҳамин ид иқтибос шуда, ки моҳи иди бағ (муқоиса шавад, ба вожаи русии «бог» - Ҳ.С), яъне Митро бошад (бағ дар порсии бостон агарчи аслан ба маънии мутлақи худоён буда, лекин баъдҳо батадриҷ… ба Митро итлоқ шуда) чунонки моҳи бобилии муодили он, яъне тишрӣ, моҳи шамс (худои Офтоб) буд ва моҳи зардуштии муодили он дар адвори баъд ҳамон меҳрмоҳ будааст. Ва ҳамчунин дар моҳҳои арманӣ исми моҳе, ки муодили ин моҳ аст, маҳкон ном дорад, ки зоҳиран аз исми иди меҳргон ахз шуда, чунонки исми моҳи суғдии муодили он фағконбо исми иди бағ (дар суғдӣ фағ) зоҳиран асаре аз исми қадими моҳи боғёдиш аст».

Донишманд ва фарҳангнигори шинохта Муҳаммади Муин ақида дорад, ки эрониён дар аҳди бисёр қадим фақат ду фасл доштаанд: аввал тобистон (hama), дувум зимистон (zayana). Наврӯз ҷашни оғози тобистон аст ва Меҳргон ҷашни оғози зимистон. Ҷашни Меҳргон бисёр сурурангез ва бо нишот буд. Катаёзес менависад, ки подшоҳони Ҳахоманишӣ ҳаргиз намебоист маст шаванд, магар дар рӯзи ҷашни Меҳргон, ки либоси арғавонӣ мепӯшиданд ва дар бодапаймоӣ бо майхорагон ширкат мекарданд. Муаррихи дигар Дурис (асри 5 то милод) менависад, ки дар ҷашн подшоҳ мерақсид. Ба қавли Страбон (64-63 то милод - 23-24) шаҳрбони Арманистон дар ҷашни Меҳргон 20 000 курраи асп ба расми армуғон ба дарбори ҳахоманишӣ мефиристод. Ардашери Бобакон ва Хусрави Анӯшервон дар ин рӯз ҷомаи нав ба мардум мебахшиданд. Ҷашни Меҳргон дар тамоми Осиёи Сағир низ маъмул буд ва аз он ҷо бо оини меҳр (меҳрпарастӣ) ба Урупо сироят кард.

Донишманди маъруфи Белгия – Франс Валери Мари Кюмон (1868-1947) дар китоби «Ойини Митра» таҷлили соли нави масеҳиро марбут ба ҳамин ҷашни Меҳргони ниёгони мо медонад. Ба андешаи ӯ: «бидуни шак ҷашни Меҳргон, ки дар мамолики Руми қадим рӯзи зуҳури Хуршед тасаввур мешавад ва онро sol natalis invietil (яъне, рӯзи вилодати Хуршеди номағлуб) мегуфтаанд, ба 25 декабр кашида шуда ва баъд бо сабаби нуфузи дини Исо дар Аврупо рӯзи вилодати Масеҳ қарор дода шудааст».

Дар «Бундаҳишн» омадааст, ки Машо ва Машёна, ки нахустин зану мард, яъне Одаму Ҳаввои ориёиҳои қадим ба ҳисоб мераванд, дар ҳамин рӯз ба дунё омадаанд.

Муҳаммадҷаъфари Ёҳақӣ дар «Фарҳанги асотир ва достонвораҳо дар адабиёти форсӣ» овардааст, ки «ҳамчунин дар ин рӯз Худованд заминро бигустаронид ва колбадҳоро пазирои арвоҳ сохт. Аз Салмони Форсӣ нақл кардаанд, ки Худованд ёқутро дар Наврӯз ва забарҷадро дар Меҳргон берун овард ва чун Офтоб (Меҳр) дар ин рӯз пайдо шуд онро «Митроконо» (мутааллиқ ба Меҳр) мегуфтанд, ки баъдҳо Меҳргон шуд ва муарраби он «Меҳрҷон» аст. Дар ин рӯз буд, ки Фаридунро аз шир гирифтанд ва ӯ бар гов савор шуд ва дар осмон гове аз нур падид омад, ки шохҳояш аз тило ва поҳояш аз нуқра буд ва чархи қамарро мекашид. Ин гов соате ошкор мешавад ва сипас ғойиб мегардад. Ҳар кас, ки муваффақ ба дидори ӯ шавад, дар соате, ки назар ба ӯ меафканад, дуояш мустаҷоб мегардад».

Ба андешаи ин донишманд «дар Эрони бостон шодию пирӯзӣ мавҳибате (бахшишу эҳсоне) худоӣ буд. Аз ин рӯ ҳар гоҳ пирӯзие барои мардум пеш меомад, ба хусус вақте ситамгареро аз худ меронданд ва адолатро мустақар (пойдор) мекарданд, ба ёдгори он фатҳ аз раҳоӣ аз бедод ҷашне бузург барпо мекарданд. Бинобар ин ин ҷашнро метавон ҷашни боз ёфтани озодӣ ва раҳоӣ аз ситами бегонагон ё ҷашни пирӯзии некӣ бар бадӣ донист».

Меҳргон ба мисли Наврӯз маросиме дошт ва мардум дар ин рӯз барои якдигар ҳадя мефиристоданд. Масъуди Саъди Салмон низ дар ин рӯз зар додан ва бодагусорӣ карданро расми падару бобоёни мо медонад:

Ба хӯйу одати обо ба ҷамъи зоирон зар деҳ,

Ба расми сирати аҷдод ҷашни Меҳргон май хӯр.

Ҷашни Меҳргон баъд аз густариши дини ислом ҳам аз байн нарафт ва дар дарбори подшоҳон ва миёни мардуми ом таҷлил мегардид. Сомониён ба ҷашни Меҳргон арҷ мениҳоданд ва устод Рӯдакӣ ба амири сомонӣ аз расидани ин ҷашни аҷдодии шоҳону хусравони Аҷам мужда расонидааст:

Малико, ҷашни Меҳргон омад,

Ҷашни шоҳону хусравон омад.

Манучеҳрии Домғонӣ ба муносибати истиқболи ин ҷашн дар аҳди султон Масъуди Ғазнавӣ чунин суруда буд:

Шод бошед, ки ҷашни Меҳргон омад,

Бонгу овои дарои корвон омад.

Корвони Меҳргон аз Хаззарон омад,

Ё зи ақсои билоди Чинситон омад.

Вожаи меҳргон ба шакли меҳраҷон ба забони арабӣ низ ворид шуда, дар шеъри араб истифода шудааст. Шоири маъруфи араб Ҷоҳиз дар «Китоб-ул-маҳосин ва-л-аздод» дар фасле бо номи «Маҳосин-ун-найруз ва-л-миҳраҷон» (Некуиҳои Наврӯзу Меҳргон) байти арабии зеринро зикр кардааст:

ал-Миҳраҷону лано йавму насрин биҳи

Йавмун йуъаззимуҳу-л-ашрафу ва-л-муъҷаму

Меҳргон дар луғатҳо ҳамчунин ба дигар маъниҳо, аз ҷумла бинобар таснифи Абунасри Форобӣ ва Сайфии Урмавӣ ба маънии номи мақоми ёздаҳуми дувоздаҳмақом, моҳи аввали пойиз, хазон ва фасли тирамоҳ омадааст: «меҳргон дер кашид ва сармо қувват накард… чун амир Наср ибни Аҳмад Меҳргон ва самароти ӯ бидид, азимаш хуш омад» (аз «Чаҳор мақола»).

Дар забони модарии мо ҳамчунин калима ва ибораҳои марбут ба ин ҷашн: Меҳргони Бузург, Меҳргони Хосса, Меҳргони Омма ва Меҳргонӣ мавҷуданд.

Меҳргони Хосса ё Меҳргони Бузург рӯзи бистуякуми меҳрмоҳ буд, ки ҳамчун Наврӯзи Хосса бо шукӯҳ таҷлил мегардид.

Меҳргони Омма номи ҷашни рӯзи нахустини Меҳргон ва ҳамчунин номи навое дар мусиқиро ифода мекард.

Меҳргонӣ – номи лаҳне буд аз сӣ лаҳни Борбад, чунонки Низомӣ мегӯяд:

Чу нав кардӣ навои Меҳргонӣ,

Бибурдӣ ҳуши халқ аз меҳрбонӣ.

Дар маҷмуъ, вожаи меҳргон дар баробари вожаҳои наврӯз, тиргон ва сада дар забони модарии мо аз вожаҳои зебову сара ва қадиму асили аҳуроист, ки аз ғановати забону фарҳанги дерини мо - тоҷикон гувоҳӣ медиҳад.

Ҳасани СУЛТОН, узви вобастаи АМИТ

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0
No votes yet

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО