Error message

Notice: Undefined variable: layout_width in include() (line 18 of /var/www/izar.tj/html/sites/all/themes/iza/tpl/html.tpl.php).
25 Aug 2026
Submitted by Admin
13

Таҳаввул ва тағйироте, ки дар даврони Истиқлол забони модарии мо ба он дучор шудааст, хеле бунёдӣ ва сарнавиштсоз буда, аз давраи охири мавҷудияти Иттиҳоди Шуравӣ сарчашма мегирад. Вале танҳо баъди ба Истиқлол расидани Тоҷикистон дар ҳақиқат забони модарии мо дар ҷомеа мақоми давлатӣ касб намуд.

Забони муосири тоҷикӣ забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, забони миллати мустақил ва бостонии тоҷик мебошад. Асосҳои сохтори дастурӣ ва захираи вожагонии забони адабии классикиро, ки дар давраи оғози рушди забон дар замони Сомониён шакл гирифта буд, дар худ нигоҳ доштааст. Донишмандони бузурге ба монанди Абурайҳони Берунӣ, Ибни Сино, Закарёи Розӣ, Носири Хусрав, Умари Хайём ва садҳову ҳазорҳо муосирон ва пайравони онҳо осори ба олам машҳури худро ба ин забон навишта, шомили тамаддуни ҷаҳонӣ кардаанд.

Имрӯз мо ба мерос забонеро соҳиб ҳастем, ки бо ин забон аз давраи пайдоиши ислом матни Қуръон борҳо тарҷума шуда, тафсири он ба ин забон навишта шудаанд. Ин тарҷумаҳо ва тафсирҳо намунаҳои беҳтарини услуби динии забони мо мебошад. Ҳатто қадимтарин тарҷумаи Қуръон бо номи «Қуръони қудс» (асри VIII) ба яке аз лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ мансуб аст. Тавоноӣ ва имконияти забони мо ба гузаштагони мо дар муддатҳои тулонии садсолаҳои таърихии номусоид, гоҳҳо мудҳишу даҳшатбори хунин имкон дод, ки бо ин забон адабиёти пурбор, назми беҳамтои рангоранг ва тамаддуни бузурге биофаранд. Ба ғайр аз ин, дар давоми садсолаҳо забони тоҷикӣ воситаи муоширати байналмилалӣ, забони коргузории бисёре аз қавму миллиятҳо дар як минтақаи паҳновари тамаддуни ҷаҳонӣ аз Осиёи Шарқӣ ва Ҳимолой то соҳилҳои Баҳри Миёназамин гардида буд.

Дар даврони Истиқлол бо фаро расидани шароити мусоид барои инкишоф ва пешрафти забоншиносии миллӣ тамоми монеаҳои сунъии сиёсиву назариявӣ ва идеологӣ бардошта шуд. Дар ин давра бо дар амал пиёда шудани сиёсати воқеан миллии забонии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон нақши забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ ба маротиб афзуд.

Дар солҳои Истиқлол марҳилаи нави рушди забони тоҷикӣ бо мақоми давлатӣ гирифтани он оғоз меёбад. Дар робита бо рушду густариши забони давлатӣ аз тарафи Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони Истиқлол як силсила масъалаҳо гузошта шуд, ки рушди забони тоҷикиро ба дараҷаи сифатан нави таърихӣ мерасонад. Ин масъалаҳо чунинанд:

-танзими истилоҳот ва меъёрҳои забони давлатӣ бо истифода аз осори хаттии давраҳои таърихии он;

-таҳлилу танзим ва истифодаи дақиқи истилоҳоти забони муосир ва таъмини рушди забони адабӣ;

-таҳқиқ ва нашри грамматикаи илмии забони адабӣ дар асоси меъёрҳои нави забон;

-таҳия ва нашри грамматикаи таърихии забони тоҷикӣ;

-нашри маводди таълимӣ оид ба забони адабӣ;

-таҳия ва нашри фарҳангҳои тафсирӣ, дузабона, меъёрӣ ва фарҳанги имлои забони адабӣ.

Дар солҳои 2019-2022 боз ҳам масъалаҳои рушди забони давлатӣ мавриди таваҷҷуҳи Сарвари давлат қарор гирифта, дар робита бо таҳияи пайкараи забони тоҷикӣ, дастури илмии забони тоҷикӣ, ба сатҳи забони илмӣ баровардани забони тоҷикӣ, таҳияи истилоҳот ва ҳамгунсозии онҳо дар назди забоншиносон вазифаҳои нав гузошта шуд.

Тавре ки Президенти кишвар дар яке аз суханрониҳояшон мефармоянд: «Дар замони истиқлолият забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ пайдо карда, дар асоси меъёрҳои таърихӣ ва адабӣ ташаккул пайдо мекунад ва тадриҷан вазифаи забони муоширати байни намояндагони миллатҳои гуногуни сокини кишварро ба дӯш мегирад. Аз ин рӯ, истиқлоли давлатӣ ҳамчун омили воқеии эҳёи забони мо дониста мешавад». (7)

Дар муддати начандон тулонии Истиқлол инкишофи муназзаму ботадриҷи ҳама бахшҳои забоншиносии тоҷикро мушоҳида кардан мумкин аст. Дар даврони Истиқлол мактабҳои илмии забоншиносӣ ташаккул ёфтанд. Илми забоншиносӣ ҳамзамон бо пешрафти риштаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа ривоҷу равнақ пайдо менамуд. Метавон аз чанд корҳои бунёдии муҳаққиқон дар ҳавзаҳои илмии ҷумҳурӣ номбар кард: Дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ «Вожашиносии забони форсии миёна» 2001, -310 с., «Форсии бостон» 2007, -190 с., (Саймиддинов Д.), «Истилоҳоти забони тоҷикӣ: таърих, гаройиш ва дурнамо», 2014, -370 с., «Имло ва забони адабӣ» 2015, -320 с. (Назарзода С.), «Ташаккул ва такомули истилоҳоти илмии форсӣ- тоҷикӣ» 2000, «Истилоҳоти илмии «Китоб-ут-тафҳим»-и Абурайҳони Берунӣ» 2003, -168 с. (Султонов М.), дар макотиби олии кишвар асарҳои Маҷидов Ҳ. «Сеҳри сухани форсии тоҷикӣ», 2014. -352 с., «Забони адабии муосири тоҷик» -ҷ.1. Луғатшиносӣ. 2007. - 242 с.,

«Услубшиносӣ»-и Камолиддинов Б., «Таърихи забони адабии тоҷик», 2003, 290 с. (Қосимова М.Н), «Афкори забоншиносии тоҷик дар асрҳои Х-ХУ1» 2013, 341 с. (Хоҷаев Д.), «Масоили сохтмони забони тоҷикии адабӣ дар сОлҳои 20-90- и садаи XX» 2013, (Ваҳҳобов Т.), «Унсурҳои луғавӣ ва сарфию наҳвии осори садаҳои Х-ХН дар гӯйиши шимолӣ (бахши Фарғонаи ғарбӣ)», 2003. -289 с. (Ҳасанов А.) ва «Адиб, забон ва услуб», 2001. -175 с. (Т. Шокиров) чоп шудаанд.

Инчунин, дар давраи Истиқлол яке аз бахшҳои дигари илми забоншиносӣ топонимика рушду нуму кардааст. Яке аз марҳилаҳои мушкил дар таҳлил ва шинохти номвожаҳои ҷуғрофӣ, ба вижа номҳои таърихӣ, таҳқиқи этимологӣ ва ё решашиносии номҳо ба шумор меравад. Ин марҳила метавонад аз роҳи забоншиносии муқоисавӣ-таърихӣ бо истифода аз манобеи хаттии осори давраҳои гуногуни таърихӣ ва муқоисаи номвожаҳо бо забонҳо ва лаҳҷаҳои минтақаҳои гуногун ё сарзаминҳои таърихии будубоши мардумони эронинажод анҷом дода шавад. Дар таҳқиқи номҳои ҷуғрофӣ аз асарҳои “Топонимияи минтақаи Кӯлоб (тадқиқи таърихию забоншиносӣ)” 2015, - 448 с., (Алимӣ Ҷ.) “Топонимия ва микротопонимияи қисмати шимолии водии Ҳисор” 2010, - 228 с. (Маҳмадҷонов О.), “ Топонимияи водии Қаротегин” 1999, -411 с., (Исмоилов Ш.), “Топонимияи водии Кешруд (таҳқиқоти забоншиносӣ)” 2002, -104 с. (Ҳомидов Д.) -ро метавон ном бурд.

Дар даврони Истиқлол таҳияи фарҳангҳои гуногун густариш ёфт. Баъд аз соли 1991 аз рӯйи маълумотҳои оморӣ беш аз 150 фарҳанги гуногуни тафсирӣ, тарҷумавӣ ва махсус таҳия шуданд. Дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ «Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ» (Д. Саймиддинов, С. Холматова, С. Каримов, 2006, 75000 калимаву ибора), «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» (Назарзода С., Каримов С., Сангинов А., Султонов М., 2 ҷилд, 2008, 2010, 80000 калимаву ибора), «Фарҳанги гӯйишҳои ҷанубӣ», Ғ. Ҷӯраев, М. Маҳмудов, 2015), «Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ», Назарзода С., Каримов С., Файзиев С., ҷ. 1, ҳарфи «А», 2011, 12000 калимаву ибора, ҷ. 2, ҳарфи «Б», 13500 вожаву таркибҳо, 2022, ҷилди 3 (ҳарфҳои “В, Г, Ғ”) бо фарогирии 8000, ҷилди 4 (ҳарфи “Д”)бо фарогирии 7500) чоп шуданд. Фарҳангҳои тафсирии забони тоҷикӣ бо сабаби хусусияти умумӣ доштан, пояи таҳияи фарҳангҳои дигари дузабона, истилоҳӣ, соҳавӣ, махсус ва ғайра гардиданд. Дар таҳияи фарҳангҳои тарҷумавӣ низ муваффақиятҳои калон ба даст омад. «Фарҳанги тоҷикӣ ба англисӣ» (П. Ҷамшедов, 2008, 60000 калимаву ибора), «Фарҳанги англисӣ-тоҷикӣ» (А. Мамадназаров, 2015, 100 000 калимаву ибора), «Фарҳанги тоҷикӣ-арабӣ» (С. Сулаймонов, 2010, 100 000 калимаву ибора) чоп шуданд. Шумораи умумии фарҳангҳои истилоҳии соҳавӣ 110 номгӯйро ташкил дод. Дар даврони Истикдол се дафъа (1998, 2011, 2022) имлои забони тоҷикӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, таҷдиди назар шуд. Дар баррасии аввал ба имло тағйироти ҷиддӣ ворид гардида, ин тағйиротҳо аз тағйири ҷойи ҳарфҳо дар алифбо ва тағйири тарзи талаффузи онҳо, ихтисори ҳарфҳои алифбо аз 39 адад ба 35 адад аз ҳисоби хориҷ кардани ҳарфҳои махсуси русии «ц, щ, ы, ь» иборат буданд. Дар ин давра фарҳангҳои имло низ чоп шуданд, ки яке дар соли 1991 аз тарафи А. Маниёзов ва А. Мирзоев таҳия гардида, дигаре аз тарафи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2013 пешниҳод гардида буд. «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» соли 2025 дар асоси тағйироти имлои нав бо фарогирии 60 000 вожа чоп шуд.

Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тағйироти бунёдӣ дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии кишвар барои рушди ҳамаҷонибаи забони тоҷикӣ шароити мусоид фароҳам овард. Имрӯз вазифаҳои иҷтимоии забон тағйир ёфта, аҳаммияти сиёсиву миллӣ ба худ касб кардааст. Дар натиҷаи ворид шудани мафҳумҳои нави сиёсӣ ва иҷтимоию илмӣ дар забони тоҷикӣ вожаву истилоҳоти нав аз забонҳои гуногуни дунё пайдо мешаванд. Дар ҷараёни инкишофи иҷтимоию сиёсии тамаддунҳо бархе аз забонҳо вобаста ба истифодаи онҳо дар соҳаҳои гуногуни ҷомеа хусусиятҳои вижаеро касб мекунанд.

Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва як силсила чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди минбаъдаи забони давлатӣ шароит ва муҳити мусоиди сиёсиву иҷтимоӣ муҳайё шудааст. Манбаъ ва сарчашмаи муҳимми густариш ва инкишофи забони меъёри адабӣ расонаҳои гурӯҳӣ ва, махсусан, шабакаҳои радио ва телевизион мебошад. Забони матбуот оинаи забони адабии меъёрӣ буда, барои оммаи васеи мардум аз лиҳози овоӣ ва талаффуз радио ва телевизион маҳаки забони адабии гуфторӣ мебошад. Забони муосири тоҷикӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон истифода гардида, ба услуб ва рангорангии забони гуфтугӯӣ таъсир мерасонад. Ба забони тоҷикӣ адабиёти фаровон таҳия шуда, рӯзномаву маҷаллаҳои зиёде чоп мешаванд. Китобҳо ва воситаҳои таълимӣ дар тамоми соҳаҳои дониш таҳия шуда, дарсҳо дар муассисаҳои таълимии гуногун ба ин забон гузаронида мешавад. Забони адабӣ ба ғайр аз шакли навишторӣ ба шакли гуфторӣ ҳам дар шабакаҳои радио, телевизион ва театру кино вуҷуд дорад.

Дар шароити муосири рушди забони тоҷикӣ пажуҳиши ҷомеи гӯйишҳои гуногуни забони тоҷикӣ аҳаммияти хосса пайдо мекунад. Лаҳҷаву гӯйишҳо сарчашмаи муҳимтарини такмили забон ва ғанӣ гаштани соҳаи истилоҳсозии забон мебошад. Дар гӯйишу лаҳҷаҳо вожагони ноби қадимӣ нуҳуфтаанд. Муқоисаи онҳо бо вожагони забони тоҷикии давраи оғозин махсусан замони Сомониён ва асрҳои баъдӣ барои ташаккули меъёрҳои забонӣ ва нигоҳ доштани пайванди таърихӣ хеле муҳим аст. Гӯйишҳои муосири забони тоҷикӣ натиҷаи марҳилаҳои гуногуни рушди забони тоҷикӣ аз давраҳои бостон то имрӯз аст. Пажуҳиши лаҳҷаҳо аз нимаи дувуми асри XIX оғоз гардида, дар қарни XX хусусияти умумӣ гирифта, дар ин ҷода забоншиносони зиёде ба камол расида, бо баргузор намудани экспедитсияҳои забонӣ бисёре аз гӯйишҳо таҳқиқ гардида, муваффақияти зиёде ба даст омадааст. Асари бунёдии В. С. Расторгуева бо номи «Опыт сравнительного изучение таджикских говоров» (Таҷрибаи пажуҳиши муқоисавии шеваҳои тоҷикӣ) натиҷаи чунин тадқиқотҳо дар соҳаи гӯйишҳои забони тоҷикӣ мебошад. Мувофиқи пажуҳишҳои ахир гӯйишҳои забони тоҷикӣ ба чор гурӯҳи калон: шимолӣ, марказӣ, ҷанубӣ ва ҷануби шарқӣ ҷудо шудааст. Ба ин гурӯҳҳо боз гурӯҳҳои шеваҳои тоҷикони Афғонистон низ шомил шуда, баъзе пажуҳишҳо анҷом ёфтаанд. Забони гуфтугӯии адабӣ, ки дар солҳои ахир ташаккул ёфта истодааст, дар муқоиса бо забони адабии навишторӣ дорои хусусиятҳои хосси забонӣ мебошад. Дар солҳои охир бахши гуишшиносии забон бо як силсила пажуҳишҳои боарзиши илмӣ такмил гардид, ки дар ин дастовардҳо саҳми забоншиносони лаҳҷашинос Раҳматуллозода С., Ҷураев Ғ., Маҳмудов М. ва дигарон хеле арзанда аст. Бояд гуфт, ки зери роҳбарии узви вобастаи АМИТ, доктори илми филология Раҳматуллозода Сахидод «Фарҳанги лаҳҷаҳои ҷанубӣ-шарқии забони тоҷикӣ» (2024) ба нашр расид, ки дастовардҳои ахири бахши лаҳҷашиносии илми забоншиносиро ҷамъбаст менамояд. Месазад, ки шуъбаи лаҳҷашиносии ИЗА ба номи Рӯдакӣ, ки солҳои 90-уми садаи XX барҳам дода шуда буд, аз нав барқарор гардад.

Бояд гуфт, ки таҳаввулоте, ки дар заминаи дастури забони тоҷикӣ дар замони шуравӣ рӯй додааст, ҳарчанд ки дар дастгоҳҳои асосии забон таъсири манфӣ гузошта бошад ҳам, ба монанди марази «тарҷумазадагӣ» ва амсоли он, вале боз ҳам чеҳраи хоси онро ба ҳайси забони мустақил дигаргун насохтааст. Аммо агар ин раванд ба ҳамин шакл дар оянда низ идома пайдо мекард, пешгӯии оқибати он мушкил буд.

Пажуҳишҳо дар бораи ҷанбаҳои гуногуни забони тоҷикӣ дар даврони истиқлол хусусияти бунёдӣ пайдо карда, тамоми бахшҳои илми забоншиносиро фаро гирифтааст. Сабаби асосӣ аз як тараф мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ буда, аз тарафи дигар сиёсати давлатии Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба забони давлатии худ ва аз ҳама асосӣ таваҷҷуҳи доимии сарвари давлат ба масъалаҳои рушди забони давлатӣ мебошад. Махсусан, моҳи октябри соли 2019 дар ҷашни даҳсолагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷанбаҳои асосии рушди забони давлатӣ дар даврони Истиқлол пешниҳодҳои судманде иброз доштанд, ки аз густариши забони меъёр, ҳамгунсозии истилоҳоти забони тоҷикӣ, таҳияи дастури илмии забони тоҷикӣ, таҳияи пайкараи забони тоҷикӣ дар асоси дастовардҳои навини забоншиносии компютерӣ ва дигар масъалаҳои муҳимми рушди забони давлатӣ иборат буданд. Ду ҷилди китоби «Забони милат - ҳастии миллат» (2016-2022) бо фарогирии таърихи забони тоҷикӣ аз давраҳои бостон то ибтидои асри XX аз чоп баромад, ки намунаи равшани таваҷҷуҳи ҳамешагии Сарвари давлат ба масъалаҳои рушди забони модарии мост. Имрӯз, новобаста ба инкишофу рушди ҳамаҷонибаи забони тоҷикӣ дар мақоми забони давлатӣ дар таҳқиқу пажуҳиши масъалаҳои муҳимми забони тоҷикӣ душвориву мушкилоти зиёде вуҷуд дорад, ки барои рафъи онҳо тадбирҳои мушаххаси ҷиддии сатҳи давлатӣ лозим аст.

Таҳқиқи забони меъёр ё забони адабӣ ва проблемаҳои он яке аз масъалаҳои муҳимми илми забоншиносӣ мебошад. Бояд гуфт, ки дар замони Истиқлол бо забони давлатӣ гардидани забони тоҷикӣ таҳқиқи ҷанбаҳои гуногуни он аҳаммияти миллӣ ва давлатӣ касб мекунад. Мутаассифона, дар рушду инкишофи забони давлатӣ ҳанӯз мушкиливу монеаҳои зиёдеро бартараф кардан лозим меояд. Бо вуҷуди он ки барои инкишофи забони адабӣ аз лиҳози сиёсӣ ва давлатдорӣ тамоми шароит муҳайё аст, зарурати истифодаи он ба ҳайси забони давлатӣ, коргузорӣ, таълим, илмӣ ва ғайра аз тарафи тамоми қишрҳои ҷомеа дуруст дарк нашудааст. Инчунин барои таҳияи фарҳангҳои тафсирӣ, дузабона, чандзабона, истилоҳӣ ва луғатҳои махсуси забоншиносӣ (фарҳанги басомади вожаҳо, ҳаммаъноҳо, зидмаъноҳо ва ғ.), муддати зиёд ва заҳмати фаровон лозим аст. Доир ба забони адабии тоҷикӣ корҳои зиёди тадқиқотӣ ба анҷом расидааст. Аммо роҷеъ ба меъёри он ба таври мушаххас ҳанӯз тадқиқоти зиёде анҷом додан лозим меояд. Роҷеъ ба меъёрҳои забони адабии гуфтугӯӣ то кунун коре ба майдон наомадааст. Дар забоншиносии муосири тоҷик то кунун тадқиқоте, ки дар асоси меъёри забони адабии гуфтугӯӣ ба итмом расида бошад, арзи вуҷуд накардааст. Бинобар ин меъёрҳои забони адабӣ ва забони адабии гуфтугӯиро дар асоси маводди муътамад мавриди тадқиқ қарор додан аз вазифаҳои бетаъхири забоншиносон ба шумор меравад.

Сарчашма ва маводди муътамад барои ташаккули минбаъдаи забони адабӣ истифодаи ҳадди аксари сарватҳои вожагонии забони адабии ҳозира ва ҷалби маводди вожагонии барои аксарияти мардум фаҳмо аз лаҳҷаҳо, истилоҳоти касбӣ ва ҳатто унсурҳои алоҳидаи забони гуфтугӯӣ мебошад. Аз тарафи дигар, таҳқиқи бунёдиву муфассали забони осори боқимонда аз оғози шаклгирии забони тоҷикӣ аз дидгоҳи нав, аз нуқтаи назари ҷамъоварии тамоми калимаву таркиб ва ибораҳо дар чорчубаи таҳияи пайкараи забони тоҷикӣ бисёр муҳим аст. Яқин аст, ки дар он ганҷина вожаҳои ноб ва усулҳои нодири вожасозӣ нуҳуфта ва ё ноёфта ҳануз бисёр аст. Забони тоҷикӣ дар он давра ҳанӯз беолоиш ва дар ҷушу хурӯши ҷавонӣ ва зояндагӣ буд. Ин таҳқиқот бояд забони девони шоирони бузурги он давра ва баъди он мисли Рӯдакӣ ва ҳамзабононаш, Фирдавсӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Камол, Саъдӣ, Ҳофиз, Бедил ва чанд тани дигар, ки осорашон яке аз манбаи асосии вожаҳо ва истилоҳоти забон ва шеваҳои калимасозии меросӣ ва шоиронаи ғайричашмдошт мебошанд, бояд дарбар гирад. Инчунин, мутолиа ва баррасии таркиби луғавии забони осори достонҳои оммиёна, таърихномаҳо, аҷоибномаҳо, сафарномаҳо ва умуман осори насрии даври гузашта низ аз аҳаммият холӣ нест. Дар ин гуна осор бисёр вожа ва истилоҳоти манотиқи гуногун ва ҷорӣ дар байни мардумонро, ки нависандагони «забонсози» расмии асрҳои миёна онҳоро ҳамчун вожаҳои омиёна дар таълифоти хеш ҷой намедоданд, дар китобҳои худ дарҷ кардаанд ва бисёр имкон дорад аз байни онҳо ва ё усулҳои калимасозии онҳо баъзе луғатҳои мавриди ниёзи замони мо пайдо ва ё сохта шавад. Таҳқиқ ва таҳлили тамоми фарҳангҳо, махсусан луғатномаҳои давраи оғози фарҳангсозии забони тоҷикӣ аз нигоҳи вожасозӣ ва истилоҳшиносӣ ва бо роҳи истифодаи дастовардҳои техникӣ ба вуҷуд овардани ганҷинаи вожагони забон аз асоситарин масъалаҳои пажуҳишӣ барои таҳияи пайкараи забони тоҷикӣ мебошад.

Зеро дар баробари вожагони серистеъмол қарор додан ва зинда кардани вожаҳои маҳҷур ва камошнои тоҷикӣ барои забони мо манфиати бештар хоҳад дошт, аз он ки барои онҳо аз калимаҳои ноошно, ғайримаъмул ва душворфаҳми забони арабӣ ва ё забонҳои бостонӣ муодил баргузинем.

Истифода аз забонҳои бостонӣ, миёна ва нави эронӣ, инчунин истифода аз захираи вожаву истилоҳоти навсохти ҳамзабонон низ аз аҳаммият холӣ нест. Азбаски нуфуз ва истифодаи «наввожаҳо»-и форсиву дарӣ имрӯзҳо дар ҳоли густариш аст, бинобар ин забони тоҷикӣ бояд муносибати худро ба ин вожаву таркибҳо ба таври кулли муайян намояд. Имрӯз барои забоншиносони тоҷик шароит фароҳам аст, ки таҷрибаву бозёфтҳо ва захираҳои истилоҳоти забони тоҷикӣ, форсӣ ва дариро олимона таҳлилу баррасӣ карда, муносибтарин ва озмудатарини онҳоро баргузинанд.

Барои таъмини истиқлоли фарҳангии миллӣ пеш аз ҳама пояҳои забони миллиро мустаҳкам намудан зарур аст. Забони тоҷикӣ фақат ҳамон вақт забони илму фарҳанг мегардад, ки бо ин забон истилоҳоти илмӣ ба вуҷуд оварда шавад. Махсусан, пажуҳиши масъалаҳои истилоҳоти забони тоҷикӣ, стандартсозӣ ва ҳамгунсозии онҳо хеле муҳим мебошад. Махсусан, имрӯз, ки як марҳилаи муҳимми инкишофи забони тоҷикӣ, яъне дар коргузории идораҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ ҷорӣ шудани забони давлатӣ анҷом ёфтааст, масъалаи истилоҳот, стандартсози ва ҳамгунсозии он ба мадди аввал мебарояд. Он харҷу марҷе, ки имрӯз дар истифодаи истилоҳот дар коргузории расмӣ, ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ, забони таҳсил ва матбуот вомехурад, ба ҳамагон маълум аст. Бинобар ин зарурати соҳа ба соҳа стандарт ва ҳамгун сохтани истилоҳоти забони тоҷикӣ ва ба меъёри муайян дарвардани меъёрҳои забони адабӣ ва махсусан бахши вожагони он сахт эҳсос мешавад. Барои дар амал пиёда кардани он таҳияи фарҳанги тафсирии забони тоҷики ва инчунин фарҳангҳои истилоҳии соҳави бисёр зарур аст.

Яке аз масъалаҳои муҳимми дигари инкишофи забон барномарезии таҳияи истилоҳоти илмӣ барои риштаҳои гуногуни ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар аст. Ин масъала бояд якҷоя бо муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва илмии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои педагогӣ баррасӣ гардида, роҳҳои татбиқи он муайян гардад. Зеро таҳия, ҳамгунсозӣ ва стандарт намудани истилоҳоти илмӣ яке аз пояҳои асосии ба вуҷуд овардани забони илм аст.

Масъалаи дигари бисёр муҳим барои сарнавишти забони тоҷикӣ имрӯз таҳияи дуруст ва ба тартиб овардани имлои забони тоҷикӣ мебошад.

Бино бар ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дуруст мефармояд, ки «Яке аз муҳимтарин масъалаҳое, ки бояд мавриди таҳқиқи ҷиддии донишмандон, махсусан забоншиносон қарор гирад, масъалаи муқаррар намудани меъёрҳои забони адабӣ мебошад. Забони давлатиро бояд бар пояи меъёрҳои адабӣ устувор сохта, онро аз ҳама гуна қолабҳои сунъии бегона ва унсурҳои лаҳҷавӣ озод кардан лозим аст. Дар робита ба ин, таъкид месозам, ки инкишофи устувори забонро танҳо дар асоси риояи қоидаҳо ва қонуниятҳои меъёр ва таърихии он таъмин кардан мумкин аст». [7,3]

Забони адабӣ шакли олии мавҷудияти забон буда, хусусиятҳои асосии зеринро доро мебошад:

1. Вуҷуд доштани меъёрҳои муайяншудаи собит, ки бошуурона нигаҳдорӣ ва риоя мешаванд ва дар фарҳангу луғатнома ва дастурҳои забон инъикос меёбанд, ки онро дар забоншиносии муосир кодификатсия ё меъёргузорӣ ва ё рамзгузории меъёрӣ меноманд.

2. Дорои хат будани забон, ки хатти он таърихан ташаккулёфта ва ба меъёрҳои забони соҳиби хат мувофиқшуда бошад.

3. Хусусияти фаролаҳҷавӣ доштан. Забони адабӣ ё забони меъёр бояд барои тамоми соҳибони забон умумӣ ва фаҳмо бошад.

4. Сервазифа будани забони адабӣ. Он дар тамоми соҳаҳои фаъолияти соҳибони забон вазифаи воситаи алоқаи умумӣ будани худро иҷро намояд, ҳам ҳангоми суханрониҳо, ҳам ҳангоми суҳбати байни одамон ва ҳам дар дигар ҳолатҳо. [3,13]

Ин хусусиятҳои асосии забони адабӣ аз вазифаҳои умдаи забон ҳамчун низоми мураккаби қонунан ташаккулёбандаи аломатҳо, бахши андешаву тафаккур, низоми дониш, ки дар шакли фарҳангу дастурҳо ташаккул меёбад ва таъмини интиқоли маълумоту иттилоот аз шакли тафаккурӣ ё андешавӣ ба шакли моддӣ, ки дар шакли суханҳои комили матнӣ ба вуҷуд меояд, бармеояд. Яъне хусусиятҳои хоси забон, ки вазифаи робитаву алоқа, табиати рамзӣ, низом ё тартиботи дохилӣ ва ғайримушоҳидавиро дорост, дар забони адабӣ ба таври барҷаста инъикос мешавад. Аз ин нуқтаи назар, донишманди забоншиноси тоҷик Қосимова М.Н. панҷ хусусияти хоси забони адабиро муайян карда менависад: «Забони адабӣ соҳиби чунин хосиятҳост:

А) аз тарафи ҷамъият эътирофшуда;

Б) барои ҷамъият умумибуда (ягона);

В) суфтаву сайқалёфта;

Г) услуби муайяндошта ;

Ғ) меъёри ягонадошта (дар талаффуз, корбурди калима, калимасозӣ, ибораороӣ, ҷумлабандӣ)». [5,4]

Аз ин нуктаи назар Абуалӣ ибни Сино дар «Махориҷ-ул-ҳуруф» ҳам низоми садонокҳои забони тоҷикиро шаш садоноки ҷуфт муайян карда, дар бораи ин овоз маълумот надодааст. Ӯ дар бораи садонокҳои устувору ноустувор (дарозу кутоҳ) ё ба қавли худи Сино «мусаввит»-ҳо дар рисолаи худ бо номи «Махориҷ-ул-ҳуруф» чунин менависад:

«Аммо «алиф»-и мусаввит (садоноки «о») ва хоҳари ӯ «забар» (яъне фатҳа «а»), ба гумони ман махраҷи ин ду раҳо кардани ҳавост ба равонӣ ва бе музоҳамат (бемамониат).

«Вов»-и мусаввит ва хоҳараш «пеш» («у»-и ноустувор), ба гумони ман, аз раҳо кардани ҳаво бо каме танг кардани махраҷ ва андак майле ба боло падид меояд.

«Ё»-и мусаввит ва хоҳараш «зер» («и»-и ноустувор) аз раҳо кардани ҳаво бо андак тангии махраҷ ва каме майл ба поин ҳосил мешавад». (Мураттибон: д.и.ф. проф. Хоҷаев Д. ва диг. Муаллифи сарсухан ва тавзеҳот Хоҷаев Д.-Душанбе, 2020).

Ин гуфтаҳои Абуалӣ ибни Сино яке аз поягузорони илми забоншиносии тоҷик бояд сармашқи фаъолияти комиссияи имло қарор гирад. Бар уҳдаи Комиссияи имло, ки имрӯз дар кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад, вазифаи басе пурмасъулият гузошта шудааст. Пеш аз ҳама дар таҳияи имлои нави забони тоҷикӣ хусусиятҳои таърихии рушди онро аз давраи пешин то имрӯз ба назар гирифта, хатову иштибоҳҳоеро, ки дар солҳои пешин зери таъсири омилҳои сиёсии даврони Иттиҳоди Шуравӣ (иловаҳои ҳарфҳои хосси забони русӣ, ки ҳанӯз ҳам бо номи сунъии- «ётбарсарҳо» боқист, таъсири ақидаҳои барғалати дар асоси талаффузи лаҳҷавӣ таҳия кардани имло ва махсусан бесарумонӣ дар истифодаи садонокҳои у, ӯ ва и, ӣ ва ғайра) таҳиягарони имлои забон роҳ дода буданд, бояд дар асоси пажуҳишҳои дақиқи илмӣ бартараф карда шаванд. Имрӯз, ки боз баҳсҳо дар атрофи ин масъала идома доранд бояд зикр намуд, ки дар истифодаи садонокҳои «у»-и устувор ва «у»-и ноустувор, «и»-и устувор ва «и»-и ноустувор иштибоҳҳои ҷойдошта дар имлои забони тоҷикӣ ислоҳнашуда боқӣ монданд. Иштибоҳ дар он аст, ки дар имлои имрӯза ҳам «у»-и ноустувор ва ҳам «у»-и устувор ба таври омехта истифода гардида, ҷойи мушаххаси онҳо нишон дода нашудааст. Ба таври мисол, овози «ӯ», яъне «у»-и ноустувор ҳам барои калимаҳои дорои «у»-и ноустувор (бун, бунафш, буз, бурд, дузд...) ва ҳам барои «у»- и устувор (дуд, дур, ду, душ...) ва бо «ӯ»-и дароз ифода шудани ҳам овози «у» (устувор ва ҳам вови маҷҳул) (шӯра, гурӯҳ, шукӯҳ, чӯпон, кӯча, чӯҷа, бӯй, гӯш, чӯб...) дида мешавад. Аслан, низоми овоии забони тоҷикӣ аз шаш садоноки устувору ноустувор (а-о, у-ӯ, и-ӣ) ва ду садоноки дароз ӯ ва э, иборат аст, ки аз солҳои панҷоҳуми асри XX ду садоноки дароз ба инобат гирифта намешавад. Вале устувориву ноустувории овозҳои забон меъёрест, ки халал овардан ба он низоми забонро вайрон мекунад. Акнун дар даврони Истиқлол вақти он расидааст, ки ақидаи Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ дар бораи имло тадбиқ карда шавад, ки дар мақолаи худ бо номи «Оид ба вазъияти забоншиносии тоҷик» (1952) гуфта буд: «Агар дар имло талаффуз асос гирифта шавад, дар забон анархия пайдо мешавад, чунки талаффуз дар ҳар замон ва дар ҳар район дигаргуншаванда аст, ҳатто басо дида шудааст, ки талаффузи шахсҳои ҷудогона ҳам аз якдигар фарқ мекунад. Сабаб ҳамин аст, ки то ҳол дар имлои забони тоҷикӣ анархия ҳукмфармост». Ин пешниҳодҳо бештар хусусияти амалӣ дошта, барои иҷрои амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бисёр муҳим мебошанд. Масъалаҳои таҳким ва пажуҳиши илмии ҷанбаҳои гуногуни рушди забони модарӣ (таҳияи дастурҳои илмӣ ва академикӣ, фарҳангҳои гуногуни забоншиносӣ, таҳқиқи таърих, сарфу наҳв, вожагон ва дигар бахшҳои забон) тарафи дигар ва бисёр муҳими рушду густариши забони мо мебошад, ки он мавриди баҳси мақолаҳои алоҳидаи дигар мебошад.

Баъд аз эъломи Истиқлол зери таъсири вазъияти нави ҷаҳонӣ барои таҳқиқи таърихи забон аз диди нав, аз нав эҳё кардани суннатҳои бостонии ҷомеа, истифодаи таҷрибаи таърихии забони тоҷикӣ ва забоншиносони ватанӣ шароити мусоид муҳайё гардид. Доир ба таърихи забон асарҳои зиёде таҳия шуданд.

Асарҳои Президенти кишвар (5), суханрониҳои ӯ дар маҳфилу чорабиниҳои гуногун (6) дар пайрезии сиёсати забонии давлат, муайян кардани самтҳои асосии инкишофи забон ва забоншиносии тоҷик нақши бунёдӣ ва раҳнамоӣ доштанд. Бояд гуфт, ки ақидаҳо ва пешниҳодҳои Президенти кишвар дар ин бобат на танҳо хусусияти назариявӣ, балки хусусиятҳои амалӣ ҳам доранд, ки дар ин бора бояд ба таври алоҳида сухан ронд.

Махсусан, барои густариши забони тоҷикӣ дар оянда асару мақолаҳои Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аҳаммияти махсус дорад. Роҳҳои асосии густариши забони тоҷикӣ дар асарҳои ӯ ба монанди «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Аз Ориён то Сомониён» (1999, 2002, 2006, 2009), «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» (2006), «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ» (2006) инъикос ёфтаанд. Аз ҷумла, китоби ӯ «Забони миллат - ҳастии миллат», (ҷилди 1, чопи аввал 2016, чопи дувум 2018, ҷилди 2, 2020), ки дастовардҳои охири забоншиносии тоҷикро дар бобати таърихи густариши забони тоҷикӣ таҷассум карда, ба таври илмӣ ва бо истифода аз сарчашмаҳои гуногуни илмиву адабӣ таҳия шудааст.

Назарзода Сайфиддин, д.и.ф., узви вобастаи АМИТ, мудири шуъбаи фархангнигори ва истилохоти Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ

Адабиёт

1. Айнӣ С. Оид ба вазъияти забоншиносии тоҷик//Мунтахаби асарҳои илмӣ. - Душанбе, Дониш, 2008.

2. Дузабонӣ талаби ҷомеа аст// Мақолаи дастҷамъонаи устодони Институти педагогии шаҳри Хуҷанд. Ҳоло Донишгоҳи давлатии ба номи Бобоҷон Ғафуров// Газетаи «Муаллимон», 19 майи соли 1987.

3. Князев С.В., Пожарицкая С.К. Современный русский литературный язык: Фонетика. Орфоэпия, графика и орфография: Учебное пособие для вузов. – 2-е изд., перераб. И доп. – М.: Академический Проект; Гаудеаму, 2012. – 430 с. – (Gfudeamus).

4. Қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани Рӯзи забон» // Ҷумҳурият, 16 июли соли 1994.

5. М. Н. Қосимова. Таърихи забони адабии тоҷик (асрҳои IX-X). Қисми 1. – Душанбе, 2003.

6. Маҷидов Ҳ. Забони адабии муосири тоҷик. -Душанбе, 2007;

7. Назарзода С. Ташаккули истилоҳоти иҷтимоиву сиёсии забони тоҷикӣ дар садаи XX. Душанбе, 2004.

8. М.Ҳ.Султон. Ташаккул ва такомули истилоҳоти илмии форсӣ-тоҷикӣ. Душанбе, 2000.

9. Қосимова М.Н. Таърихи забони адабии тоҷик. Душанбе, 2003.

10.Назарзода С. Имло ва забони адабӣ. – Душанбе, «Андалеб-Р», 2015.

11.Номаи табрикии Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забон // Ҷумҳурият, 24 июли соли 2003

12.Основы иранского языкознания. Новоиранские языки. - М., 1982.

13.Раҳмон Э. Забони миллат - ҳастии миллат. Китоби 1, Ба сӯйи пояндагӣ. Душанбе, Нашри якум 2016. Нашри дувум 2018.

14.Раҳмон Э. Забон яке аз сарчашмаҳои асосии истиқлолияти миллӣ ва омили муҳимми ташаккули миллат мебошад. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати рӯзи Забон, 21 июли соли 2007.

15.Раҳмон Э. Забони миллат - ҳастии миллат. Китоби 2, Замон ва забон. Душанбе, 2018.

16.Раҳмон Э. Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ. Душанбе, Ирфон, 2006.

17.Раҳмон Э. Тоҷикон дар оинаи таърих. Китоби сеюм. Аз Ориён то Сомониён, Душанбе, Ирфон, 2006.

18.Раҳмон Э. Тоҷикон дар оинаи таърих. Китоби якум. Аз Ориён то Сомониён, Душанбе, 2002.

19.Эмомалӣ Раҳмон. Тоҷикон дар оинаи таърих. Китоби дуюм. Аз Ориён то Сомониён, Душанбе, 2002.

20.Раҳмон Э. Ҷавонон ояндаи миллат (Суханронӣ дар мулоқот бо ҷавонони лаёқатманд) //Ҷумҳурият, 23 майи соди 1998.

21.Эмомалӣ Раҳмон. Забон ва бедории миллӣ// Садои мардум, 24 марти с. 2001.

22.Эмомалӣ Раҳмон. Фарҳанг ҳастии миллат аст// Ҷумҳурият, 24 марти соли 2001.

23.Саймиддинов Д. Вожашиносии забони форсии миёна. Душанбе, 2001; Саймиддинов Д. Вожаномаи феълҳои паҳлавӣ. Душанбе, Дониш, 1992.

24.Саймиддинов Д. Фарҳанги ҳузворишҳои паҳлавӣ. Душанбе, 2008.

25.Суханронии Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат. // Ҷумҳурият, 25 марти соли 2004.

26.Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ ҷ.1, зери таҳрири С.Д. Холматова, С.Солеҳов, С.Каримов. -Душанбе, 2004; ҷ.2, зери таҳрири Д.Саймиддинов, С.Д. Холматова, С.Каримов.. -Душанбе, 2005; нашри дувум бо илова, такмил ва ислоҳ, зери таҳрири Д.Саймиддинов, С.Д. Холматова, С. Каримов. -Душанбе, 2006.

27.Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ, зери таҳрири Назарзода С., Сангинов А., Каримов С., Султонов М. М, иборат аз ду ҷилд. Душанбе-Машҳад, 2008.

28.Донишномаи Рӯдакӣ, иборат аз ду ҷилд. Душанбе-Димишқ, 2008.

29.Ҷомеа ва рисолати зиёӣ. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо зиёиёни кишвар// Ҷумҳурият, 21 марти соли 2009.

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0%

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО