03 May 2023
Submitted by Admin
2610

Мирзо Турсунзода (1911-1977) аз фарзандони баном ва фарзонаи тоҷик аст, ки наздик ба панҷоҳ сол (1930-1977) дар майдони адабиёти тоҷик эҷодкорӣ карда, ба сифати ҷамоатчии машҳур дар тамомии Иттиҳоди шӯравии собиқ маълуму маъруф гардидааст. Ҳарчанд аз маргаш зиёда аз чиҳил панҷ сол мегузарад, вале шеъру номи ӯ дар миёни мардуми тоҷик шуҳрати тамом дорад ва аз аҳаммияти эҷодиёташ чизе кам нашудааст. Ба ҳамин сабаб аст, дар миёни шаш фарзанди арҷманди халқи тоҷик ӯ низ комилан ҳаққонӣ бо фармони Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони олии Тоҷикистони соҳибистиқлол Қаҳрамонони Тоҷикистон (7 майи 2001) сазовор дониста шудааст.

Аз ҳама муҳимтар вай як ватандӯсти ҳассосе буд, ки парвозҳои баланду дур, авҷи шуҳрат ва обрӯю эътиборашро пайваста ба обу хоки поки Тоҷикистони азиз ва мардуми он медонист, инсоне буд, ки аз он сӯи уқёнусҳо садои меҳан ва овои рӯдҳои диёраш гӯшашро навозиш мекарданд ва ба дилаш қувва мебахшиданд; шахсияте буд, ки мисли гӯшту нохун ҷисму ҷонаш бо кишвараш пайванд хӯрдаву ҳамеша, дар ҳама ҳолат, дар ҳама ҷо бо ёду номи Ватан мезист. Шахсияти Турсунзода ва шеъри Турсунзода ӯро ҳамсафу ҳамрадиф бо устодон Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ гардонидааст.

Бамаврид аст ёдовар шавем, ки устод Турсунзода аз мо зиёдтар дар хусуси оқибати кораш андеша мекард ва аз нияти ба таърих даромадан ӯро бештар фикри чӣ тавр аз таърих берун омадан ба худ машғул медошт (Дар ин хусус нигар ба мақолаи Борис Панкин «Мирзо которого я узнал» // Лит. газета, 1 февраля 1984 г, стр., 6). Яъне худи шоир на навназариҳои эҳсосотии мо, балки зиёдтар ба ҳукми таърих эътимод дошт ва вазифаи мо аҳли тадқиқ он аст, ки ба эҷодиёти ӯ чун ба адабиёти тоҷикии замони шӯравӣ баҳои беғаразона диҳем…

Мирзо Турсунзода 2 майи соли 1911 дар деҳаи Қаратоғи ноҳияи Ҳисор (имрӯз дар ҳудуди ноҳияи Шаҳринав) таваллуд ёфтааст. Ба қавли худаш, ки аз забони падараш нақл мекунад, пас аз чор соли заминларзаи Қаратоғ ба дунё меояд. Тибқи ахбор зилзилаи мазкур соли 1907 ба амал омада, хеле харобӣ ба бор оварда буд. Аз ин ҷо маълум аст, ки таваллуди шоир соли 1911 аст, аммо рӯзи мавлудаш шояд тахминӣ бошад. Баъзеҳо рӯзи 2 майро рамзӣ ва интихоби худи шоир днистаанд ва рӯзи воқеии таваллуди ӯро 28 октябр медонанд. Ҳар чӣ бошад зодрӯзи шоир ба таври расмӣ 2 май қайд шудааст ва имрӯз ба сифати далели ибтидои зиндагиномаи шоир шинохта мешавад.

Падари Мирзо – усто Турсун марди дуредгари ҳунарманде будааст. Вай се бор хонадор шудааст. Ҳамсари аввал бо фарзандонаш ҳама соли 1907 дар фоҷиаи зилзилаи Қаратоғ фавтидаанд. Баъд, бори дувум ба модари Мирзо хонадор мешавад, ки Холбибӣ ном дошта, аз гузари Чармгарони Қаратоғ будааст ва дар дӯхтани тоқӣ (сарпӯш) ҳунари расо доштааст. Аз Холбибӣ се фарзанд: Турсуной, Султон ва Мирзо ба дунё омадаанд, вале дуи аввал дар айёми тифлӣ фавтидаанд. Модари Мирзо низ дар вабои соли 1920, ки водии Ҳисорро фаро гирифта буд, дунёро тарк мегӯяд. Дар ин замон падари Мирзо иҷборан ба Душанбе барои бунёди нишастгоҳи амири Бухоро дар хидмат буд. Мирзои хурдсол аз марги модари дар пеши чашмонаш фавтида хеле мутассир мегардад. Ин марг барои усто Турсун низ хеле ногаҳонӣ ва гарон афтод, зеро ҳам хонааш бесаробон монд ва ҳам тарбияи фарзанди хурдсоли нӯҳсола ба уҳдаи ӯ афтод. Падар ниҳоят маҷбур мешавад, ки барои вайрон нашудан аз низоми хонавода ва сахтӣ накашидани фарзанди ягонааш бори севум хонадор шавад. Мирзо Турсунзода баъдҳо ин ҳодисаро ба хотир оварда мегӯяд, ки ҳамон вақт аз кӯтаҳбинии бачагона моҳияти ин амали падарро нафаҳмида буд ва шояд як сабаби баъдтар аз деҳа ба Душанбе гурехтанаш низ ҳамин ҳодиса шуда бошад… Ҳар чӣ бошад, бо вуҷуди пасту баланди муносибат ба модарандар то соли 1925/1926 вай зери тарбияи хонавода буд.

Падари Мирзо ҳунарманди чирадасте будааст ва ба ҳамин сабаб ӯро бо номи Турсуни Ғолиб мешинохтаанд. Осори ҳунари вай дар аксари хонаҳои қаратоғиён ва хонаи худи ӯ, дар гузари Тошқурғон, то ба ҳол боқӣ мондааст ва намунае чанд аз онҳо дар музейи деҳаи мазкур нигоҳ дошта мешавад. Ҳарчанд усто Турсун марди бесавод буд, вале таваҷҷуҳи хосае ба илму адабиёт доштааст. Вай бисёр мехост, ки фарзандаш савод дошта бошад. Шояд ба ҳамин далел фарзанди аз ҳама хурдашро Мирзо ном мениҳад. «Ин ном, - навиштааст Мирзо Турсунзода, - маънии рамзӣ дошта, аксаран ба умеди соҳиби илму дониш шудан ба фарзандон гузошта мешуд. Зоҳиран падарам бисёр мехост, ки ман ҳам босавод ва донишманд шавам» (М. Турсунзода. Дар бораи худам. – Дар кит.: Осори мунтахаб, ҷ.1, Душанбе: Ирфон, 1981, саҳ. 7).

Ҳамин тавр бо ниятҳои нек Мирзо дар сини 6-солагӣ ба мактаб дода мешавад ва падар нисфи бозёфти устоияшро сарфи таъмини хониши фарзандаш мекунад. Аслан, Мирзо худ дар кӯдакӣ тезҳуш буда, зеҳни хубе доштааст, ки устоди мадрасааш аз таҳсили хуб ва ояндаи неки вай бо некбинӣ изҳори ақида кардааст. Бо файзи баракати ин таҳсил, ки шояд шаш-ҳафт сол тӯл кашидааст, Мирзои хурдсол аз асосҳои аҳкоми дин, тиловати Қуръон баҳравар мешавад ва бо осори классикони адабиёти тоҷику форс ошно мегардад. Аз ҷумла, вай хеле баъдтар (соли 1969) аз эъҷози сухан, арзиши бадеӣ ва ҳунарии баёни масоили ахлоқӣ дар Қуръон бо мафтунӣ ёдовар шуда, вале комилан табиӣ аз он норозист, ки ин китоби муқаддас ва пандҳои ҳаётии он аз ҷониби баъзе афрод ба сифати дастури зӯроварӣ ва шиканҷа истифода мешавад (ниг.: Мирзо Турсунзода. Куллиёт, ҷ. 3, саҳ. 408). Ҳамин тавр бо баровардани савод Мирзои хурдсол ба олами китоб пайваст ва ӯ сухани адабӣ ва ҳунари суханвариро бевосита дарку ташхис мекард.

Дар тарбияи завқи бадеии устод Турсунзода падари ҳунармандаш саҳм доштааст. Маълум мешавад, ки падару писар дар вақти фароғат, бахусус шабонгоҳ, аз хусуси ҳаводиси олам, табиат ва зиндагӣ суҳбатҳои судманде ба амал меовардаанд ва падар ба саволу пурсишҳои кунҷковонаи Мирзо посухҳои шоирона, ҷавобҳои ба диди адабии мардум хос медодааст, ки ин ҳама ба тарбияи завқи бадеии вай таъсири босамар доштааст. Турсунзода ба ёд меоварад: «Падарам савод надошт, вале шеъри бисёреро аз ёд медонист ва ҳар гоҳ барои ман мехонд. Аз ҳамон вақтҳо дар дилам нисбат ба шеър муҳаббат пайдо шуд» (Осори мунтахаб, ҷ. 1, саҳ. 5). Ҳамчунин модари вай Холбибӣ низ ҳангми тоқидӯзӣ, дар сӯҳбати занони ҳамсоя бо гуфтани афсона ва хондани шеър машғул мешудааст ва онҳо ба Мирзои кунҷков бесар набудаанд. Зиёда аз он, амакаш Қорӣ Абдурозиқ, хатмкардаи мадрасаи Бухоро, ҳунари шеъргӯӣ дошта, кӯшиш мекардааст, то бародарзодаи худро вориди дунёи пурасрори шеър кунуд. Ҳамин тариқ то Инқилоби Бухоро Мирзои хурдсол аз афсонаҳо, шеъри халқӣ ва осори Саъдию Ҳофиз, Ҷомию Бедил, Рӯдакию Фирдавсӣ хеле немунаҳоро аз бар карда буд.

Турсунзода баъдҳо ин тазодҳои зиндагӣ – нодорию камбуди иқтисодӣ ва ҳамзамон таваҷҷуҳ ба сухани бадеиро борҳо махсусан таъкид мекунад: «Халқи ман дар ҳолатҳои тоқатфарсои рӯзгор дили шеъриятпарвар ва муҳаббат ба забонро аз даст надода буд. Одамон барои дар рӯзҳои бозор аз шоирони бузурги гузашта дар чойхона шеър гуфтанам ба ман подош медоданд» ), - навиштааст вай (М. Турсуз-заде. Всё это было // Огонёк, 1967, № 14, стр. 19).

Аммо дар хотири Мирзои хурдсол ҳамчунин марги бемаҳалли модар, сахтиҳои рӯзгори падар, азобу шиканҷаҳои одамони одӣ ва нодорию беҳуқуқӣ, ноилоиҷиву дармондагии мардуми деҳааш нақши амиқе гузоштааст. Бино бар ин, баъди ба Қаротоғ омадани «ҳокимияти советӣ» падарашу вай ва мардуми мисли онҳо, яъне аксари аҳолии камбағали деҳа, онро хуш қабуд кардаанд. Бахусус, ки замони нав ва Инқилоби Октябр ба бечорагону нодорон замину об ва озодиву баробарии иҷтимоиро ваъда медод ва ҳар рӯз чизи наве ба рӯзгори мардум ворид мегашт. Ҳатто дар деҳоти кӯҳистон пайдо шудани командири отряди сурху зани рус ба ҷуз аз ҳодисаи ба куллӣ тоза ва гӯшношунид будан, боз андешаи тараҳҳуму шафқатро ҳамроҳ доштааст. Турсунзода яке аз ин гуна лаҳзаҳои муассирро чунин ёдовар мешавад: «Ман номи фарзандони отряд (даста – А.Н.)-ро фаромӯш кардам, вале зани ҷавони рус, чашмони вай, мӯҳояш, дастҳояш дар хотирам мондааст. Вай маро пеши худ хонд ва бо муҳаббат сарамро молид (ин ягона меҳрубонии занона буд, ки ман дар умри бачагиву бекасии худ ба ёд гирифтаам), баъд ба ман пораи ноне дод. Бӯй ва маззаи ин пораи нонро тамоми умр фаромӯш карда наметавонам» (М. Турсун-заде. Всё это было, стр. 19). Маълум аст, ки минбаъд низ вайро чизҳои тоза ва меҳрубониву марҳаматҳои зиндагонии нав ҳамеша ҳамқадам будаанд ва бино бар ин, вай ба тасвиру тавсифи он қалам фарсудааст.

Ҳамин тавр соли 1924 дар Қаротоғ мактаби нав кушода мешавад ва Мирзои хурдсол дар он ҷо ворид ба таҳсил мешавад. Сипас аз боз шудани интернат барои бачагони камбағалу ятим дар пойтахти ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе, огоҳ мегардад ва ҳамроҳ бо дӯстони наздикаш Абдураҳиму Муҳаммадӣ пинҳонӣ масофаи чиҳил километрро тай карда, ба Душанбе меояд (М. Сатторов. Ошёни меҳр // Пионерии Тоҷикистон, 1981, 27 сентябр). Дар Комиссариати Халқии Маорифи Ҷумҳурии Худмухтори Тоҷикистон онҳоро хуш қабул мекунанд ва барои таҳсил ба интернат роҳхат медиҳанд. Маҳз дар ҳамин ҷо шоири оянда бо «одами наҷиб ва шоири мумтоз», бо «яке аз нахустин устодон ва парасторонаш» Абулқосим Лоҳутӣ шинос мешавад. Соли 1926 дар заминаи ҳамон интернат аввалин Омӯзишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон таъсиси меёбад ва Мирзо Турсунзода ба он ворид шуда, баъд аз хатми он барои идомаи таҳсил ба Дорулмуаллимини тоҷикӣ дар шаҳри Тошканд (1927) фиристода мешавад.

Дорулмуаллимини мазкур нахустин таълимгоҳе буд, ки пас аз инқилоб барои фарзандони тоҷик боз гардид ва дар он устодоне чун Собит Манофзода, Нарзуллоҳи Бектош, Шароф Ҷабборӣ ва дигарон аз забону адабиёт тадрис мекарданд. Турсунзода ҳамроҳ бо ҳамсабақҳои худ Сотим Улуғзода, Файзулло Абдуллозода, Баҳодур Искандаров, Бобоҷон Ниёзмуҳаммадов, Мулло Эркаев, Мастибек Тошмуҳаммадов ва дигарон аз забону адабиёт таълим мегирад. Дар ин таҳсилгоҳ ба ҷуз аз андӯхтани илму дониш нахустин ба иншои шеър машғул мегардад ва бо устод Айнӣ ва осори ӯ ошно мешавад.

Мирзо Турсунзода, ки бо аспу ароба аз Душанбе барои таҳсил баромада буд, соли 1930 пас аз хатми Дорулмуаллимини тоҷикии Тошканд бо қатора ба Душанбе бармегардад. Ҳамин тавр фаъолияти кории вай дар идораи рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон» - А.Н.) оғоз гардид. Аввал ба сифати мудири шуъбаи оммавӣ ва баъд котиби масъули рӯзномаи мазкур фаъолият намуд. Аз ҳамон айём сар карда очерку ҳикоя ва шеърҳои вай дар саҳифаҳои матбуот ба табъ мерасанд ва фаъолияти адабии Мирзо Турсунзода оғоз меёбад. Барои шаклгирии ҳунари адабии шоири ҷавон ашъори Рӯдакӣ, Ҳофиз, Бедил ва умуман назми классикии форсии тоҷикӣ «муттако» гардидаанд. «Дар айни замон, - иқрор кардааст вай, - таҷрибаи муосирони бузурги худ – устод Лоҳутӣ ва асосгузори адабиёти советии тоҷик устод Айниро, ки офаридаҳояшон ба ман таъсири бузург гузоштаанд, бо иштиёқи тамом меомӯхтам. Тадриҷан бо асарҳои адибони рус ошно шудам» (Мирзо Турсунзода. Осори мунтахаб, саҳ. 15).

Табиист, ки диққати адиби ҷавонро, пеш аз ҳама, тасвири ҳаёти нав, мубориза бо аксулинқилобиён ва босмачиҳо, васфи кор ва заҳматкашон, мазаммати душманони синфӣ ташкил мекард. Аз ин қабил навиштаҳои нахустини вай дар маҷмӯаи «Байрақи зафар» (1932) гирд омдаанд, ки дар таҳрири Сотим Улуғзода ва пешгуфтори Шарифҷон Ҳусейнзода ба табъ мерасад. Аз ин маҷмӯа равшан буд, ки дар аввали кор таваҷҷуҳи Турсунзода ба эҷоди назму наср баробар будааст. Аммо насраш ҳам равону шоирона ва омехта ба намунаҳои шеъри худашу дигарон мебошад. Баъдҳо шеърнависӣ дар эҷодиёти вай ба ҷои аввал гузарад ҳам, вале эҳсоси замон, баёни гоҳномаӣ (публитистӣ) ҳеч вақт шеъри ӯро тарк накардааст, балки мақолаҳои гоҳномаӣ, гузоришҳои илмиву интиқодӣ як риштаи муҳимми фаъолияти адабии вайро ташкил медиҳанд…

Солҳои 1934 Турсунзода ба баъзе сабабҳо ба Хуҷанд рафта, он ҷо ба сифати мудири қисми адабии Театри мусиқии драмавии Ленинобод (ҳоло ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд) ва котиби масъули рӯзномаи «Пролетори Хуҷанд» ифои вазифа менамояд. Намоишномаи вай бо номи «Ҳукм» , ки соли 1933 таълиф шуда буд, дар театри Хуҷанд ба саҳна гузошта мешавад. Ҳамон ҷо бо ҳунарпеша Сабоҳат Низомиддинова хонадор мешавад. Сипас соли соли 1936 ба Душанбе баргашта, дар рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» ба кор сар мекунад ва баъдтар дар Иттифоқи нависандагон мудирии бахши ташкилӣ ва шӯрои драмнависонро ба уҳда доштааст. Аз соли 1939 ба Кумитаи ташкилии Иттифоқи нависандагон роҳбар интихоб мегардад.

Дар ин давра Турсунзода ба сифати шоир шинохта мешавад. Вай як силсила шеър ва достону манзумаҳо эҷод нумуд. Шеърҳои ӯ асосан дар мавзӯъҳои ватандӯстӣ, васфи кори дастаҷамъона, дӯстии халқҳо, танқиди ғосибони хориҷӣ бахшида таълиф шудаанд, ки намунаҳои хубашон «Суруди ҷавонӣ», «Мамлакати тиллоӣ», «Оҳанрабо», «Аз оташ ҳазар кун!», «Халқи далер», «Ба духтари Астурия», «Водии Ҳисор», «Ба кӯҳсори тоҷик», «Хаёли хом», «Гул мекунад», «Омад канал» ба шумор меояд. Ашъори дар ин давра навиштаи вай дар маҷмӯаи «Шеърҳо» (1939) гирд омадаанд.

Манзумаҳои «Манзараҳои Ҳуҷанд» (1935), «Офтоби мамлакат» (1935) ва «Хазон ва баҳор» (1937) ва достони «Оби ҳаёт» (бо ҳамқаламии Садриддин Айнӣ, Ҳабиб Юусуфӣ ва Абдусалом Деҳотӣ) низ мавзӯъҳои ҳаёти занони озоди тоҷик, сарнавишти талхи онҳо дар замони гузашта, муборизаи мардуми тоҷик барои ҳимояи сохти сотсиалистӣ ва ғайраро дар бар гирифтааст. Шеърҳои ин давраи Турсунзода бештар хусусияти тавсифӣ доштанд ва шоир асосан мутаваҷҷеҳи хушиҳои зиндагӣ шудааст. Аҳли нақду таҳқиқ навиштаанд ва худи устод низ эътироф карда буд, ки дар шеъру манзумаҳои дар ин солҳо навиштаи ӯ нисбат ба умқи бадеии воқеаҳо тавсиф бештар мавқеъ дорад, нисбат ба навангезии моҳиятӣ дар қолабҳои санъату воситаҳои суннатӣ баён кардани мақсад ба ҷойи аввал гузаштааст, яъне баёни шӯру шавқи зоҳирӣ аз нигориши умқи масъалаҳо боло мегирад (М. Турсунзода. Барои назми пешқадам // Шарқи сурх, 1954, № 12, саҳ 105).

Дар ин давра Турсунзода ба таълифи осори драмавӣ низ машғул шуда, аз рӯи манзумаи Низомии Ганҷавӣ (ҳамроҳ бо шоир Абдусалом Деҳотӣ) матни аввалин либреттои операи тоҷикӣ «Хусрав ва Ширин» ва матни либреттои операи «Шӯриши Восеъ»-ро (ҳамроҳ бо А. Баласанян) таълиф намуд. Ҳамчунин ба таълифи мақолаҳо дар бораи намояндагони адабиёти гузашта ва гирдоварии фарҳанги мардумӣ низ (фолклор) машғул шудааст.

Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо тақозои замон ва боло рафтани эҳсоси меҳанпарастӣ васфи ғояҳои ватанпарварӣ ва дӯстии халқҳо дар эҷодиёти Турсунзода мавқеи муҳим пайдо мекунад. Дар оғоз ӯ шеърҳое навишт, ки рӯҳияи мардуми тоҷикро нисбат ба ҳимояи Ватан ва душмани ғаддор – фашизм ифода мекунанд. Аз ҳама муҳим шоир шакли умумихалқӣ гирифтани мубориза ва бовари мардумро ба ғалабаи шӯравӣ ба тасвир мегирад. Ҳамчунин ҷоннисориву қаҳрамониҳо дар сангарҳои ҷанг аз мавзӯъҳои муҳимми шеъри Турсунзода будааст. Аз ҷумла, шеърҳои «Хайр, модари азиз!», «Хотираи капитан», «Ҳамшираҳо» (1941), «Сарчашмаи мардонагӣ», «Ҳаргиз», «Ба ҷанг» (1942), «Баҳодури тоҷик» (1943), «Фарзанди ту меояд» (1944) рӯҳияи умумиии мардумро аз оғоз то наздик омадани ғалаба фаро гирифтаанд.

Ин ҳама мавзӯъу масъалаҳо дар достонҳои «Писари Ватан» (1942), «Барои Ватан» (1941) ва «Арӯс аз Маскав» (1945) ба таври барҷаста ифода ёфтааст. Достони «Писари Ватан» яке аз аввалин асарҳои ҳамосӣ дар мавзӯи муборизаи мардуми шӯравӣ ва хосса фарзандони мардуми тоҷик бар муқобили фашистони Олмон мебошад. Шоир дар канори корномаҳои ҷангии қаҳрамонони асосӣ - тоҷикписар Қодир ва фарзанди мардуми украин Микола, ҳамчунин аз суннатҳои қаҳрамононаи халқ ва муҳаббати онҳо ба Ватан сухан ба миён меоварад.

Ба ин маънӣ, Турсунзода дар солҳои ҷанг, мисли дигар аҳли адаби тоҷик ва шӯравии собиқ, бештар мутаваҷҷеҳи асли миллӣ ва таърихи халқаш гардид. Вай аз гузашта, аз аҷдодон ёд мекунад, ҷавонписарони тоҷикро ба идомаи рӯҳия ва кори қаҳрамононаи ниёгонашон даъват менамуд ва худ дар равияи осори меҳанпарваронаи шоирони гузашта асарҳо таълиф кард. Достони «Писари Ватан» (1942) ҳамин гуна як асарест, ки дар пайгирии «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ бо оҳанги ҳамосӣ эҷод шуда, саршор аз рӯҳи миллӣ мебошад:

Падар мезад нишаста пеши фарзанд

Варақ заррин китоби панду ҳикмат.

Ба ӯ мехонд дарси навҷавонӣ,

Саросар достони қаҳрамонӣ.

Дар ҳамин айём буд, ки вай аз ашъори ҳамосасарои тавоно Фирдавсии ватанпарвар чунин байтҳоро ба ҳамватанонаш ёдовар мешавад:

Нахоҳам тани зинда бе ному нанг,

Битозам чу боди дамон сӯйи ҷанг,

Кунам рӯйи кишвар ҳама бесипоҳ,

Синонам гузар гирад аз чарху моҳ.

Ҳама роҳу расми паланг оварам,

Сари саркашон зери санг оварам!

Аз ин қабил андешаҳои бузургони гузашта дар замони ҷанг барои барои аз ғосибони фашистӣ муҳофизат кардани кишвар ва парвариш додани рӯҳи ватандӯстӣ дар мардум хидмат менамуд ва ин усул аз хусусиятҳои барҷаста дар осори адабию бадеии замони ҷанг ба шумор меомад (Ниг. А. Набавӣ. Ҷанги ватанӣ ва афкори адабии тоҷикӣ, - Д.: Маориф ва фарҳанг, 2010).

Дар ин маврид аз либреттои операи «Тоҳир ва Зуҳро» (1944) ёдовар шудан ба маврид мебошад. Аввалан, он як намуна аз муроҷиати шоир ба адабиёти мардум аст, ки боиси таровати халқӣ касб кардани эҷодиёти вай гардид. Сониян, сужаи фолклор сабаби аз нақли воқеа ва баёноти публитсистӣ сарфи назар карда, ба тасвирҳои рамзӣ ва умумиинсонии неку бад, адлу зулм, покиву зиштӣ рӯй овардани шоир мешавад. Дар натиҷа тасаввуроти халқ ва диди эстетикии он ба масоили ҳассоси даврони ҷанг пайванд мехӯрад; сониян, либреттои мазкур ва дигар асарҳои дар мавзӯи гузашта ва дар рӯҳи осори ниёгон навиштаи шоир диди таърихии ӯро таҳким бахшид, назарашро ба масоили зиндагӣ вусъат мебахшад, муносибаташро ба мушкилаҳои давру замон ва сарнавишти инсон ҳассостар менамояд.

Дар иртибот ба «Тоҳир ва Зуҳро» ин нуктаро низ гуфтан лозим аст, ки устод Турсунзода чи дар ҳунари драманависӣ ва чи нақди намоишнома, то ин замон ва баъд низ саҳми чашмгире гирифтааст ва ин аз баъзе ҷиҳатҳо ба рушди ҳунару фарҳанг, мусиқии нави тоҷикӣ мусоидат намуд. Дар солҳои ҷанг вай як муддат сензори ҷумҳурӣ (главлит) низ буд ва аз соли 1943 сардории Управленияи санъати назди Шӯрои вазиронро ба уҳда доштааст. Турсунзода чунон ба ин вазифа гирфтор шуд, ки ба сабаби серкорӣ 31 июли соли 1944 бо хоҳиши худ аз вазифаи раиси Иттифоқи нависандагон озод гардид.

Маҳз дар солҳои ҷанг нахустин сафари хориҷии ӯ ба амал омад. Вай дар охир соли 1941 ҳамроҳи аҳли ҳунари тоҷик, овозхонҳову навозандагон ба Эрон сафар дошт ва натиҷаи онро ба воситаи мақолае зери унвони «Муваффақиятҳои артистони тоҷик дар Эрон» (рӯзномаи «Тоҷикистони сурх», 1941, 14 декабр) манзури хонандагон ва аҳли ҷомеа гардонид. Ин гуна сафари ҳунарӣ соли 1942 такрор мешавад, ки гумон меравад, ки дар ин кор низ бояд Мирзо Турсунзода саҳм гирифта бошад.

Ба ҳамин тариқ, эҷодиёти Турсунзода пайваста дар роҳи ифодаи масъалаҳои зиндагӣ ва замон, асосан дар шаклу қолаб ва воситаҳои суннатӣ ҷараён дошт, фаъолияти вай аз роҳбари ташкилоти адабӣ ба раҳбарии ҳунару фарҳани кишвар вусъат гирифта, бо робитаҳои хориҷӣ пайванд мехӯрад. Ҳамин тавр, иштирки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои адабиву ҳунариро дар канори эҷодкорӣ аз хусусияти фарқкунандаи фаъолияти вай дар ин давра ба шумор овардан мумкин аст.

Дар солҳои баъдиҷангӣ (1946-1954) Турсунзода ба сӯи камолоти ҳунарӣ қадам мебардорад ва дар фаъолияти ҷамъиятӣ низ мартабаҳои баланд мерасад. Дар ин давра доираи мавзӯъу масъалаҳо ва назари ӯ паҳно пайдо карданд: вай на танҳо дар мавзӯи ҳаёти мардуми тоҷику шӯравӣ, заҳмату кори онҳо, аз нав барқарор кардани оқибатҳои ҷанги зиддифошистӣ, дӯстии мардумони шӯравӣ асарҳо эҷод намуд, балки доираи андеша ва тасвири шоиронаи ӯ мавзӯъҳои муҳимми хориҷӣ, бахусус мубориза бар зидди истеъморон ва ба талоши барои озодӣ бархостани мардумони Шарқ, хоса Ҳинду Покистонро фаро гирифт.

Албатта, пеш аз ҳама мавзӯи дӯстии халқҳои шӯравӣ дар осори солҳои аввали баъдиҷангии Турсунзода мақоми асосӣ доранд. Дар достону шеърҳои «Уқоб» (1946), «Пиёлаи мо» (1949), «Қонуни бародарӣ» (1951), «Лиму» (1952), «Ду соҳил» (1952) ва дигарҳо шоир бародарию дӯстии халқҳо тавсиф менамояд. Ҳамчунини ӯ дар мавзӯи заҳмати мардуми тоҷик барои барқарор кардани харбиҳои ҷанг ва ривоҷ додани иқтисоди кишвар низ як силсила шеърҳо эҷод мекунад. Шеърҳои «Салламно» (1945), «Ба депутат» (1945), «Аз Бадахшон то Кремл» (1946), «Саҳаргоҳон» (1946), «Шаби котиби райком» (1949), «Дар бо¬раи одаме, ки гоҳ ҳазлро мебардорад, гоҳ намебардорад» (1952), «Муҳоҷир» (1952) аз ҳамин навъ осори вай мебошанд.

Соли 1947 дар ҳаёти Турсунзода воқеаҳои муҳимме ба вуқӯъ пайвастанд, ки барои ба марҳалаи нав расидани дарунмоя ва ҳунари шоирии ӯ сабаб гардиданд: вай намояндаи (депутати) Шӯроии Совета Олии СССР интихоб шуд. Дар ҳамин сол ӯ дар ҳайати намояндагони шӯравӣ ба Ҳиндустон сафар намуда, дар Конфоронси якуми мамлакатҳои Осиё иштирок намуд. Аз ҳамон замон ба баъд, ба қавли худаш, «мавзӯи Шарқи бедоршаванда моҳияти асосии эҷодиёт»-и ӯро ташкил медиҳад. Баъди сафари мазкур ва иштирок дар Конфе¬ренсияи нависандагони мамолики Осиё ва Африқо (Деҳлӣ, марти 1947) дар эҷодиёти вай дигаргуниҳои назарраси ғоявию ҳунарӣ ба амал омадаанд. Вай силсилаи шеърҳои «Қиссаи Ҳиндустон»-ро таълиф намуд, ки ҳам дар адабиёти тоҷикӣ ва ҳам адабиёти шӯравӣ ҳодисаи тозае шуморида шудааст. Силсилаи шеърҳои мазкур, ки ба Турсунзода шуҳрати эҷодӣ овард, самараи ҳамин сафари якмоҳаи ӯ ба Ҳиндустон буд. Чунонки қаблан таъкид кардем, Турсунзода пеш аз ин ҳам ба мавзӯи хориҷӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда буд. Ин мавзӯъ дар назми тоҷикии замони шӯравӣ аз навиштаҳои Абулқосим Лоҳутӣ ва Пайрав Сулаймонӣ ибтидо мегирад. Вале дар силсилаи шеърҳои мазкур Турсунзода чи дастоварди пешиниён ва чи таҷрибаи инфиродии худро дар мавзӯи хориҷӣ ба таври назаррас такмил дод ва ба пояи боло расонид.

Силсилаи «Қиссаи Ҳиндустон» аз назари сохтор асари ба куллӣ навоварона буд, зеро ҳам мавзӯъ нав ва ҳам назари шоир тоза аст. Вай мавзӯи хориҷаро аз дидгоҳи кишвари шӯроҳо ба тозагӣ дид. Зиндагии мардуми ҳинду барои озодии худ аз истеъмори ингилисҳо ба талошу мубориза ворид шудани онҳоро бо ҳарорати публитистӣ ба тасвир гирифт. Чизи бисёр муҳим дар ин силсила мушаххасбаёнист. Шоир фикри марказии достонро бо лавҳаву лаҳзаҳо аз зиндагии имрӯза ва таърихи ғании мардуми Ҳинд назаррабову боасос манзури хонанда мекунад. Ин кӯшиши Турсунзода навъе аз қолабшиканӣ буд, ки дар ҷараёни таҳаввули шеъри нави тоҷикӣ сурат мегирифт ва ба масоили тағйири шакл (сурат) аз пайи мӯҳтавои тоза иртибот дошт.

«Қисссаи Ҳиндустон» аз ду қисм иборат буда, фарогири 13 шеър мебошад. Бахши аввали он соли 1947 таълиф мешавад, ки аз 6 шеър - «Бозгашт», «Қиссаи Ҳиндустон», «Меҳмони мағрибӣ», «Рӯди Ганг», «Боғи муаллақ», «Тара-Чандрӣ» иборат аст. Бахши дувум соли 1948 таълиф шудааст ва иборат аз 7 шеър - «Дар ёди кас», «Сайёҳи Ҳинд», «Тоҷмаҳал», «Дар орзуи ошён», «Қадаҳи ман», «Кулоҳи профессор Ахвледиани», «Ду роҳ» мебошад.

Аз таърих маълум аст, ки мардуми Ҳинд зиёда аз дусад сол дар зери зулми ғарбиён, хосса ангилисҳо, мавриди талаву тороҷ қарор доштанд. Ба қавли шоир Ғарб «Омаду бар гардани ҳинду нишаст». Бинобар ин Ҳиндустон бо он ҳама табиати зебо, сарвати зиёд ва таърихи ғанӣ соҳибихтиёр набуд ва мардуми кишвар аз одитарин ҳуқуқҳо маҳрум буданд, ки шоир бо алам онро ёдовар мешавад:

Дида рӯйи сиёҳи ҳиндуро,

Сӯхтам ман ниҳон зи сар то по…

Зикри ин зидунақизҳоро дар тамоми силсила ба мушоҳида гирифтан мумкин аст. Ба қавли З.Г. Усмонова «Маҳорати Тара-Чандрӣ сеҳрангез аст, вале ӯ духтари сарсахтест ва тақдирии талхе дорад. Ӯ ҳам малика аст ва ҳам канизи зархарид. Боғи муаллақ дар Бомбай ба дараҷае олист, ки қалам дар тавсифи он оҷиз аст, вале ногаҳон аз Ғарб киштии бегонае меояд ва акси боғи сабзро, ки ба об афтода буд, вайрон мекунад ва акнун бахор аз зинда кардани ин боғи афсурда очиз аст. Ҳиндустон мамлакати муъҷизаҳост, табиати зебое дорад, вале эҳтиёҷ афғонписареро аз ватанаш дарбадар карда, ба он ҷо оварда, водор намудааст, ки мӯзаҳои «бахтдуздон»-ро аз гарду хок пок намояд» (З.Г. Усмонова. Шоири мубориз // Шарқи сурх, 1960, № 6, саҳ. 129). Бино бар ин Мирзо Турсунзода ба фошу танқид кардани мустамликадорон пардохта, «меҳмони нохонда будани мағрибиён»-ро махсус таъкид менамояд. Зиёда аз он вай ҳангоми сафар ба мушоҳида гирифтааст, ки мардуми Ҳинд дар садади бедорӣ ва озодии кишвар аз истеъморгарон ҳастанд: «Пайкари он гарчи чу хокистар аст, Лек ниҳон дар дили ӯ ахгар аст», - навиштааст ӯ.

Бино бар ин, шоир ин нияти мардуми Ҳиндустонро ҷонибдорӣ мекунад ва дар мисоли рӯди муқаддаси Ганг дар шеъри «Рӯди Ганг» онҳоро ба роҳи озодию истиқлол даъват менамояд. Дар ин маврид байни мардуми Ҳинд ва рӯди Ганг таносуби хосе пайдо мешавад, ки ҳар ду ҳам таърихи дурударозу пурранге доранд ва дар ин маврид мақсади шоир таъкиди ба зиндагии шоиста ҳуқуқи комил доштани як миллати соҳибэҳтиром мебошад:

Ҳар чӣ бошад, бузург рӯдастӣ,

Ҳиссаи баҳри беҳудудастӣ.

Рӯдворона зиндагӣ кун!

Ҷӯш зан,

ҷӯш зан,

ҷавонӣ кун!

Силсилаи «Қиссаи Ҳиндустон» на танҳо аз ҷиҳати мундариҷаву мазмун, балки аз ҳайси шаклу ҳунари шоирӣ навоварона мебошад, зеро он дар заминаи адабиёти нави асри ХХ ба миён омадааст. Дар воқеъ дар ин асар банду баст (силсила шеърҳо), вазну оҳанг (бо вазнҳои гуногун навишта шудани ҳар шеъри силсила), лаҳни нақлу ривоят (оҳанги равшани публитсистӣ) дар адабиёти тоҷикӣ собиқа надоштааст. Аммо асари мазкур ҷанбаи пурқуввати миллӣ низ дорад, ки онро чи дар интихоби вазнҳои хоси достонҳои классикӣ ва дубайтӣ, истифода аз шакли қиссаву ривоят (унвони асар ба ин гувоҳ аст), руҷуъ ба услуби классикон ва ба истифода гирифтан аз тарзи нигориши онҳо (Низомӣ, Ҳофиз ва Бедил) ба мушоҳида гирифтан мумкин аст. Бино бар ҳамин ибтикороти ғоявию ҳунарӣ соли 1948 Мирзо Турсунзода барои асари мазкур сазовор ба дарёфти унвони лауреати Мукофоти давлатии СССР гардид.

  Абдухолиқи НАБАВӢ, ходими пешбари илмии шуъбаи адабиёти муосри ИЗАба номи Рӯдакии АМИТ

(Идома дорад)

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0
No votes yet

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО