19 Feb 2026
Submitted by Admin
15

Худованд ба сари мардуми кулфатзада ва даргириҳои замони ҷанги таҳмилӣ ҷавонеро пайдо намуд, ки аз замони ба тахт нишастан пайғамбарона рафтор намуда, халқу миллаташро дар паноҳ гирифт ва то имрӯз мардумонашро ба дараҷаҳои баланди зиндагӣ кашида, ҳифз ва ҳимоя карда меояд.

Ин марди шуҷоъ тоҷикони мусибатзадаи замони ҷангро ғунду гирд намуда, ҳазорҳо сол парешоншудаи рӯйи оламро ҳам муттаҳид сохт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари тоҷикаони ҷаҳон шинохта мешавад. Сарвари Тоҷикони ҷаҳон барои халқу миллати худ содиқона хизмат намуда, онҳоро ҳамеша дар пешрафт нигоҳ медорад.

Масъалаҳои имсол дар Паём гузоштаи сарвари давлат: соли байналмилалии пиряхҳо, маърифати ҳуқуқӣ, барномаи миёнамуҳлати рушд, барномаи сиёсати аграрӣ, ба кишвари транзистӣ табдил додани Тоҷикистон ва садҳо чунин масъалаҳои муҳимтарин шунавандагону хонандагонро пур аз ғановати маънавӣ гардонида, дар дилашон муҳаббату шафқат афзуда, афкору андешаашонро ба парвоз медарорад.

Халқи ҷангзадаашро аз мусибатҳои беамон ба майдони фарохи зиндагӣ дароварда, барои тамоми мардуми сайёра оид ба проблемаҳои муҳимтарини глобалӣ – сулҳу амнияти пойдор, пиряхҳо, шахсиятҳои нодири илму адаб ва фарҳанг, мероси маънавии ҷаҳонӣ аз минбари СММ гузоришҳо менамояд, чунин шахси муътабари ҷаҳониро мардум кам дидааст.

Китобҳои “Аз Ориён то Сомониён”, “Забони мо ҳастии мост”, сулҳи пойдор, мактабу маориф, даҳҳо чунин масъалаҳо эътибори тоҷиконро сипаси устодон Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзода дар рӯйи ҷаҳон баланд мебардорад. Имрӯз Аосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёдкор, созандаи воқеиятҳои нави таърихӣ, пешгоми масъалаҳои глобалии ҷаҳонӣ мебошад. Тоҷикон бо ин шахси таърихии ҷаҳониаш ифтихор менамоянд, ҳар гузориш ва мулоҳизаҳои ҷолибу нодири алломаи замони худро бо ифтихор ва сари баланд ба иҷро мерасонанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём гузаштаву ҳозираи ҷумҳуриро дар муқоиса санҷида, дар назди халқу миллат вазифаҳое гузоштаанд, ки пеш аз муҳлат иҷро шаванд. Аз рӯйи нақшаи сарвари давлат мактабу маориф дар ҷойи аввал меистад. Диққат додан ба ҷавонон, насли нави ояндасоз, кӯмаку ғамхорӣ зиёд дошта бошем. Онҳо ба халқу миллати худ содиқона хизмат кунанд.

Ба мулоҳизаи Ҷаноби Олӣ, дар муҳлати 25 соли оянда насли нави мактабхон 4 млн нафарро ташкил медиҳад. Онҳоро аз ҳозир дар пайи бо мактабу маориф таъмин намудан, аз ҷиҳати иқтисодиву маънавӣ тарбия кардан зарур мебошад. Президент мактабу маорифро асоси пешрафти ҷомеа дониста, ҳиссаи асосии буҷаи давлатиро дар соли 2026 14 млд сомонӣ барояшон сарф кардан гузоштааст. Барои ҷавонони мактабхон аз тамоми имкониятҳо сермаҳсул истифода карданро зарур мешуморад. Ба фазои ягонаи таҳсилоти байналмилалӣ (12-сола) гузаштан, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, русиву англисӣ, диққат додан ба илму техника ва технологияҳои муосир асоси фикри сарвари давлатро ташкил медиҳад.

Ҷаноби Олӣ асри 21-умро асри илмҳои технологӣ ба забон гирифта, мисли давлатҳои абарқудрати технологӣ пешрав шудану пешрав шудани тоҷиконро дар самти фанҳои дақиқ—табиатшиносиву риёзӣ шарти муҳим мепшуморад. Ва гуфтааст: мо ҳам аз Офтоб барқ ҳосил кардан тавонем, дар пайи омӯзиш ва ҷустуҷӯ шуда, худамонро ба комёбиҳо расонем.

Ҷаноби Олӣ ҳамчунин аз гузаштаи пурбору пурравнақи миллат, хусусан аз илму адаб ва фарҳангг ғановат бардоштани ҷаҳониёнро бо мамнуният иброз медоранд. Алҳол 11 ёдгории мероси фарҳангии Хуттали қадим, 1050-солагии Робиаи Балхӣ, Устувонаи Куруши Кабир –эъломияи аввалини ҳуқуқи башар, саҳми таърихии Борбади Марвазиро дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ ва ниҳоят Консепсияи Душанберо маркази байналмилалии Наврӯз эълон карданд.

Президенти кишвар аз насли ояндасози миллат ва ҳамаи мардуми шарифи Тоҷикистон хоҳиш менамояд, ки ба манфиати халқу миллат содиқона хизмат кунанд, илму адаб ва маърифати шашҳазорсолаи миллати худро ба пайвандон ва мардуми шарифи олам нишон диҳем, корҳое иҷро намоем, ки ин мардум обрӯю эътибори ҳамешагии худро дар миёни дигар халқу миллатҳо пос доранд.

Раҳбари муаззами миллат дар ҳамаи соҳаҳо, худшиносии миллӣ, қадр кардани ёдгориҳои таърихӣ, пос доштани азимати халқи тоҷик ва фарзандони барӯманди он ҳамеша ҳиссагузорӣ менамоянд, мо, шаҳрвандонро неру ва қуввати тоза мебахшад.

Шоҳзамон Раҳмон, д.и.ф., сарходими илмии шуъбаи адабиёти муосир, Бобоназари Бобохон, ходими калони шуъбаи забони тоҷикии Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0%

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО