16 Apr 2026
Submitted by Admin
16

Устод Садриддин Айнӣ бар ҳақ дар баробари асосгузори адабиёти навини тоҷикӣ, муассис ва бунёдгузори илми адабиётшиносии тоҷик низ мебошад, ки ин амр аз фаъолияти серсоҳа, табаҳҳур ва дониши ӯ дар тамоми улуми мутадовили замонаш маншаъ мегирад. Дар бораи дигар соҳаҳои фаъолияти устод ин ҷо ҷои сухан нест, вале дар бораи осори адабиётшиносии эшон бояд гуфт, ки нахустин асарҳои ин бахши илми ватании мо маҳсули қалами устод буда, “Намунаи адабиёти тоҷикӣ” (Москва, 1926) оғози он мебошад. Тадриҷан таҳқиқу нашри мероси адабии гузаштагони мо ба самти асоси кори эҷодии устод табдил меёбад, ки ин ҳам аз вазъи илмӣ, сиёсӣ ва талаботи ҳамон давраи ҳаёти иҷтимоии замони муаллиф бармеояд. Устод дар он давраи барои миллати хеш ҳассос бо дарки масъулият дар роҳи исботи саҳм ва ҳаққи меросбарӣ ба осори бегазанди гузаштагон ба навиштани як силсила асарҳои таҳқиқотӣ оид ба зиндагӣ ва осори шахсиятҳои адабӣ пардохта, ба муносибати 1000-солагии Абулқосими Фирдавсӣ “Дар бораи Фирдавсӣ ва “Шоҳнома”-и ӯ” (1934), «Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино», «Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ», «Устод Рӯдакӣ», «Камоли Хуҷандӣ», «Алишер Навоӣ», «Зайниддин Маҳмуди Восифӣ» ва монанди инҳоро ба табъ мерасонанд, ки дар ин асарҳо бисёр масъалаҳои муҳими рӯзгору осори ин нобиғагони адабу фарҳанги тоҷик баррасӣ ва ҳал карда мешаванд. Чопу нашри ин осор ҳам дар алоҳидагӣ ва ҳам дар дохили Куллиёти устод сурат гирифтааст. Мулоҳизаҳои худро роҷеъ ба асари “Алишер Навоӣ”-и устод пешниҳоди хонандагони гиромӣ карданиям, ки таҳия, баргардони як қисмат ва тавзеҳи ин асар барои нашри тозаи Куллиёти Айнӣ ба зиммаи ин ҷониб буд. Ҳангоми иҷрои ин кор бисёр паҳлуҳои тарзи кори устод маълум гардиданд, ки онҳо дар мушаххас ва муайян кардани дидгоҳи ӯ ба осори гузаштагон ва арзиши адабӣ, бадеӣ, таълимӣ ва таърихии он хеле муҳим мебошанд.

Бино бар ин мо бори дигар бо боварии қатъӣ аз тамоми муҳаққиқони осори устод таманнои онро дорем, ки ҳангоми баррасии афкору оро ва ақидаҳои устод дар ягон маврид, бевосита ба дастхати ӯ мурооҷиат ва ба он истинод кунанд (то ба вуҷуд омадани матни илмӣ-интиқодии ин осор), зеро мутолиа ва ҷараёни таҳияи матни асари устод “Алишер Навоӣ” маълум менамояд, ки дар матни чопии ин асар тағйирот, таҳрифот ва афтодагиҳо ба назар мерасанд, ки бо чанд омил вобаста мебошанд.

Омили нахустини ин падида идеологӣ буда, ба вазъи замони муаллиф марбут аст, ки аз ирода ё хости устод берун мебошад.

Аввалан дар бораи номи ин китоб бояд гуфт, ки он як навъ бо хости касе ё идорае бидуни иродаи муаллиф иваз шудааст. Инро аз ишораҳои муаллиф ва мутолиаи мактубҳои А.Деҳотӣ ва устод Айнӣ ба ҳамдигар бо хубӣ метавон пай бурд.

Бори нахуст номи Навоӣ дар як мактуби устод ба Деҳотӣ омадааст, ки аз он маълум мешавад, ки устод ба таълифи чунин китоб солҳо пеш аз чопи он (соли 1948) омодагӣ гирифта, мавод ҷамъ мекардааст. Дар мактуби устод ба таърихи зер чунин омадааст:

25/IX соли 38, Самарқанд

Рафиқ Деҳотӣ!

Шояд шумо дар матбуоти Ӯзбекистон қарори Совети Олии Ӯзбекистонро дар бораи юбилеи панҷсадсолагии таваллуди Навоӣ хонда бошед. Совети Олии Ӯзбекистон дар он қарор зимнан дар тамоми СССР умумӣ шудани юбилеи Навоиро хоҳиш мекунад. Тоҷикистон, ки ҳамсояи наздики Ӯзбекистон аст ва Навоӣ бо асарҳои худ дар байни ҳамаи халқҳои Тоҷикистон (хоҳ тоҷик бошад, хоҳ ӯзбек) зинда аст, бояд дар ин юбилей нисбат ба дигар республикаҳои бародарӣ аҳаммияти зиёдтар диҳанд. Дар ин сурат, бояд «Тоҷикистони Сурх» (рӯзномаи Ҳукумати Тоҷикистон –Ш.М.) ба тарзи тайёрӣ дар ин юбилей саҳифае барорад.

Ман бо хоҳиши «Литгазет» як мақола навишта, тарҷума кунонда ба Маскав фиристодам, ҳозир ба навиштани мақолаи ӯзбекӣ машғул мебошам. Шумо аз идораи «Тоҷикистони Сурх» фаҳмед, агар саҳифае бароварданӣ бошад ва дар он саҳифа мақолаи маро ҳам чоп кардан хоҳад, ба ман нависад ё нависед, ман як мақолаи тоҷикӣ навишта хоҳам фиристод.

Бо саломи рафиқона: Айнӣ

Ҷавоби ин номаи устод аз тарафи Деҳотӣ ба 29 октябри соли 1938 дар Куллиёти А.Деҳотӣ, ҷилди 5, саҳ. 408 чоп шудааст:

Муҳтарам домулло

Дар бораи ташкил кардани саҳифаи бахшида ба Навоӣ бо муҳаррири “Тоҷикистони Сурх” р. Почоҷонов гуфтугӯ кардам. Маъқул шуд. Ба Раҳим Ҷалил супурда шуд, ки як сармақола нависад.

Аз шумо илтимос ҳамин, ки дар баробари фиристодани мақолаатон нависед, ки ба саҳифаи ташкил мешудагӣ кадом шеърҳояш (тоҷикиаш бошад хубтар аст, мегӯянд) ва аз кадом маҷмуа ва ё тазкира гирифта шавад....

Бо салом Деҳотӣ. 29 октябри соли 1938

Бори дигар дар мактуби Деҳотӣ ба устод Айнӣ аз ин асар ёд мешавад, ки ба таърихи 08 октябри соли 1940 аст .

Вале дар бораи номи аслии ин китоб як ишораи муаллиф дар дастхатти ин асар моро ба андеша кардан дар ин маврид водошт. Он ҷо сухан аз Мир Бобоалӣ ном навкари Мир Алишер меравад, ки устод дар ҳамин ҷо баъд аз сархат дар варақи алоҳида қайде кардаанд, ки дар тавзеҳоти чопҳои ин асар наомадааст ва мутолиаи ин қайди устод ба чанд масъала равшанӣ меандозад, ки чаро дар матни дастхат қариб дар ҳама ҷо аз номи “Мир Алишер” қисмати “Мир” хат зада шудааст. Маълум мешавад, ки калимаи “Мир” дар матни асл дар ҳама ҷо бо ин ном вуҷуд доштааст ва баъдан бо хулосаҳои иҷборӣ хат зада шудааст. Инак он далели устод, ки дар дохили қавсайн алоҳида омадааст:

“Хонанда мебинад, ки номи навкари Мир Алишер ҳам бо калимаи “Мир” сар мешавад (Мир Бобоалӣ) дар ин сурат аз ҳамроҳ шудани калимаи “Мир” ба номи Алишер тарсидан лозим нест.

Ном ҳам таърихест. Ба фаҳми ман, тағйир додани таърих дуруст нест. Баъзе одамҳо барои “сурх” карда нишон додани Алишер номи ӯро бе “Мир” мегӯянд. Ба фаҳми ман ин нодуруст аст. Охир, Навоӣ одами асри XV аст ”. Дар матнҳои чопӣ (чопи соли 1948, саҳ. 40 ва соли 1963) номи ин навкар дар шакли Мирбобо Алӣ омадааст, ки мо дар чопи нави Куллиёт онро ислоҳ намудем. Ва мутолиаи матни дастхат нишон дод, ки ин ном аз унвони китоб сар карда то охири он ба ҷои “Мир Алишери Навоӣ”, ҳама ҷо ба шакли “Алишер Навоӣ” омадааст, ки мутобиқи дастхат ислоҳ карда шуд ба ҷуз дар номи китоб, ки дар дастхат дар ду сатр пура хат зада шудааст, ки хонда намешавад ва ба ин шакл навишта шудааст: С. Айнӣ. Алишер Навоӣ. Бо хати худи устод навишта шудани ин унвон дақиқ ва равшан аст, ки ба фикри ман он ҳам бо дастур сурат гирифтааст.

Дар бораи номи аслии китоб мо аз мактуби Абдусалом Деҳотӣ ба устод Айнӣ, ки дақиқан бо зикри ҷой, рӯз, моҳ, сол ва ҳатто соати он омадааст, маълумоти саҳеҳро пайдо мекунем:

Устоди муҳтарам!

Пас аз сафари Грузия чандин рӯз аст, ки ба “таҳрири” (мутолиаи) китоби тартибдодаи шумо –“Мир Алишер Навоӣ” машғул ҳастам. Имрӯз дар ҳамин соат ба қисми ғазалиёти китоб расида мондам....

Бо салом ва эҳтиром Деҳотӣ.

Сталинобод, 26 марти соли 1941, соати яки шаб.

Чунонки маълум мешавад, оғози тартиби китоб, баъди қарори Совети Олии Ӯзбекистон аз моҳи сентяри 1938 буда, анҷоми он моҳи марти 1941 будааст, агар ба ҳисоб гирем, ки рӯзу моҳу соли таваллуди Навоӣ: 17 рамазони 844/17 феврали 1441 аст, ба 500-солагии шоир мутобиқат мекунад.

Ростӣ, ман аз пайдо шудани ин далелҳо хеле дар аҷабам, ки муаллифони тавзеҳоти Куллиёти Деҳотӣ (ҷилди 5, мақолаҳо, Душанбе: Ирфон, 1966, -472 саҳ.) бидуни муроҷиат ба номи китоби устод, ки бори аввал соли 1948 (С.Айнӣ. Алишер Навоӣ. Сталинобод, 1948, -268 саҳ.) бо “Манбаъҳои истифода кардашуда”, “Эзоҳот ва қайдҳои ҷудогона”, ки аз тарафи худи нависанда навишта ва тартиб дода шудааст ва дар охири китоб:Муҳаррир А. Деҳотӣ омадааст, ҳамин тартиб ва навиштаҳо бе тағйирот айнан дар чопи дувуми китоб, ки баъдан дар соли 1963 дар ҷилди 11 (китоби якум) бо иловаи “ба чоп тайёркунандагон К. Айнӣ, Р. Ҳодизода” ба нашр расидааст, дар тавзеҳи ин ишораи Деҳотӣ “ба мутолиаи “Мир Алишер Навоӣ” машғул ҳастам” – навиштаанд: “соли 1948 устод Айнӣ бо ҳамин ном асаре навиштаааст, ки муҳаррири он А. Деҳотӣ буд. Ниг. С.Айнӣ. “Мир Алишер Навоӣ”. Нашриёти Давлатии Тоҷикистон, 1948” . Шояд барои мо нанавиштани “Мир” пеш аз номи ин шоиру мутафаккири асри XV, ки ба забони тоҷикӣ ҳам осори мондагор навиштааст, ҳодисаи ҷузъӣ ва одӣ намояд, вале ин танҳо иштибоҳи матнӣ , тасодуфӣ ё надониста набуда, нақши сиёсати замон дар осори устод мебошад, ки афтодагиҳо ва тағйироти матнии воридшуда ба он фикри болоро тасдиқ менамоянд. Мураттибон ҳангоми партофтани баъзе порчаҳо фикр накардаанд, ки дар ин ҷо фикри муаллиф идома дорад ва ҳатто аломати дунуқта гузошта шудааст, мисли ин порчаи иқтибосӣ, ки дар ҳар ду матни чопии асар наовардаанд. “Иборати таърихи «Равзат-ус-сафо» дар ин хусус айнан ба тарзи зерин аст:” то ин ҷо ҳаст, баъди дунуқта ин порчаи иқтибосӣ партофта шудааст: «...Баъд аз таҳқиқи воқеаи султон Саид ва истилои хоқони мансури музаффарливо (яъне, Ҳусайн Бойқаро –шарҳи устод Айнӣ) бар балдаи фохираи Ҳирот Мир Алишер аз амир Аҳмад Ҳоҷӣ рухсат талабида, иҷозат ҳосил намуда, рӯй ба Ҳирот овард», саҳ. 28, чопи компютерӣ).

Ҳамин гуна дар ҳашт маврид аз матни китоб ҳазф шудааст, ки мутобиқи дастхат барқарор карда шуданд. (саҳ.28, 35, 50, 85, 106, 119, 135, 164 чопи компютерӣ).

Ҳамчунин аз ашъори Навоӣ, ки устод интихоб карда дар дастхат сабт намудаанд, ҳудудан 146 байт афтодааст, ки барқарор ва дар баъзе мавридҳо аз “Девони Фонӣ” чопи нашриёти “Дониш” такмил карда шуд. Дар ин ҷо ҳам бештари ашъор маҳз ба сабаби мазмуни тасаввуфии он партофта шудааст, ки дар ин бора як ишораи худи устод гувоҳӣ медиҳад. Устод баъд аз тавзеҳи калимаи “диро(й)” менависанд:

Диро (дирой) –зангӯлаи шутур. (Ба фаҳми ман ин ғазал истад. Агар ҷое монеи калимаи “ҳаст Худое” бошад, албатта Навоӣ ба Худо иқрор буд. Матлаъи ин байт ҳасби ҳоли Навоӣ аст дар муносибати Ҳусайн Бойқаро, ки ҳарчанд ӯ чандин бор ба ин ҷафо кард, аммо ин монанди дигар аҳли дарбор бевафоӣ нанамуд. “Рақиб” ҳам иборат аз “Маҷдуддин” ва “Низомулмулк” аст, ки бо вуҷуди онҳо ба Навоӣ зулм кардан, Ҳусайн Бойқаро онҳоро ҷазо надод ва ҳатто ба хотири онҳо Навоиро ... ки Ҳусайн Байқаро охир онҳоро маҳв кард, лекин ин кор ба хотири Навоӣ набуда бошад, муаммое дигар буд) , ки мутаассифона партофта шудааст.

Бо ҳамин метавонистам, вақти шуморо зоеъ накарда, дар бораи он ҳама ислоҳи тағйироти хурду резаи матни асар наистам, ки дар поварақи ҳар саҳифа бо ҳифзи навиштаҳои қаламии устод оварда шудаанд, вале матни мактуби дигари Абдусалом Деҳотиро бароятон агарчи дароз аст бо арзи пӯзиш меоварам, ки бисёр фикрҳои моро дар бораи муносибат ба осори гузаштагонамон тағйир медиҳад, ки худ дар ҷараёни кори таҳияи он дар муқоиса бо дастхат шоҳиди он будаам ва ин омили дигари ин тағйиру табдили матни асари устод мебошад. Ин нома 6 апрели соли 1948 навишта шудааст. Дар он омадааст:

“Ба фикрам шароити моддии китоби “Алишер Навоӣ” акнун хеле беҳтар шуд ва барои ин ки фиристодани пул ба таъхир наафтад, бо хоҳиши маъмурияти Нашриёт ба шартнома аз ҷониби шумо ман имзо кардам. Дар ин хусус мактуби идораи Нашриёт ба шумо расидагист.

Имрӯзҳо аҳволи саломатиам хуб нест: ангинаи лаънатӣ боз чанг ба гулӯям зада маҷбур ба хонанишинӣ кардааст. Бо вуҷуди ин, ба сабаби тангии вақти то юбилей боқимонда, шабу рӯз чопи машинкагии “Навоӣ”-ро аз нав хонда истодаам. Шахси аз арабӣ диктакунанда, ки аслан на ҳама калимаҳоро пухта хонда метавонистааст (хусусан дар шеърҳо) дар вақти дар назди машинистка хондан бисёр нос мекашидааст ва машинистка ҳам бе ҳеҷ муҳокима аз рӯи шуниди талаффузи носкашонаи ӯ чоп кардан гирифтааст. Дар натиҷа чунон ғалатҳои бисёр рафтаанд, ки ҳуш аз сари кас мепарад ва агар кас қасд кунад ҳам ин қадар ғалатҳои аҷибу ғариб карда наметавонад. Ноинсофҳо ҳатто суханҳои бо зеру забар навишташударо ҳам хато чоп кардаанд. Афсӯс, ки аз дароз шудани сухан ибо мекунам вагарна чанде аз онҳоро ба ин ҷо мекӯчондам.

Ҳоло ислоҳ мекунам ва асабам ба ҷӯш омада “хитой” мешавам. Гоҳо ба хотирам фикре ба монанди даъвои “омад ба сарам аз он чӣ метарсидам” мегузарад ва худ ба худ мегӯям: “агар аҳволи аз арабӣ чопкунӣ ҳамин бошад, баъд аз сари ман чӣ кор мекунетон!...”. Аз ин шаф-шафи ғайри ҷиддӣ мақсад ҳамин аст, ки Нашриёти мо бояд монанди Муҳаммадҷонови марҳум як мошинисти босаводи аз арабӣ чопкунанда ҳам дошта бошад, вагарна мушкилии ба сари ман омада, ба сари ҳар каси ба арабӣ кораш афтода низ меояд.

Ба иловаи ин як мушкилии дигар –имлои (ба ҳарфҳои калон ё хурд, ҷудо ё якҷоя навиштани) ном ва лақабҳои се-чорқабатаи султонҳо, мирзоҳо, амирҳо, мавлоноҳо ва дигар ашхоси таърихӣ аст. Бо маслиҳати рафиқон навъе карда истодаам, намедонам ба Шумо маъқул мешавад ё не.

Аз ҷумла Абулқосимро диктакунанда “Бобир” хонда будааст. Аммо ман ба имлои русӣ ва талаффузи тоҷикии ин ном (чунончи “ин чиз аз Бобурхон мондагӣ” мегӯянд) такя карда дар ҳама ҷо “Абулқосим Бобур” кардам. Вақте ки дар шарҳи як муаммои ба номи Бобир равшан ва гӯё бо зер “Бобир” навиштани Шуморо дидам, ҳайрон шудам, ки оё кадоми ин вариантҳо дуруст аст: Бобир ё Бобур? Дар ин хусус мунтазири ҷавоби шумо ҳастам.

Калимаи “Мир”-ро дар баъзе ҷойҳои китоб ба номи Алишер илова кардам. Дар бораи ду таърих муаммое, ки аз они Ҳайрат ва худатон буда, дар китоб мондан ва намонданашонро ба ман ҳавола карда будед, ба ҳамин қарор омадам, ки истанд, чунки будани онҳо тавсифи муамморо пурратар мекунад. Зотан ин услуб ба таълими шумо хос аст, ки дар вақти тасвири як воқеа як қатор воқеаҳои дигарро ҳам қайд мекунед ва ман борҳо аз аҳли адабиёт шунидаам, ки мегӯянд: “Дар асарҳои домулло баъзе эпизодҳои аз мавзуъ берун бошанд ҳам, ҳамчун материал хеле пурқиматанд”....

Ба саҳифаи титули “Алишер Навоӣ” дар зери номи китоб аз худам ду ҷумла гап илова кардам ва азбаски масъалаи муҳим буд, як нусхаи онро барои тасдиқ ба шумо фиристодам” .

Дар охир ҳаминро мехоҳам, зикр намоям, ки ҳар асар шоистагии як маротиба хонданро дорад, вале асари устод Айнӣ дар бораи Мир Алишер Навоӣ дорои бисёр далелу санадҳои дар он замон муҳим буда ва бо як лаёқати нависандагӣ ва мулоҳизаву мушоҳидаи мантиқии айнивор эҷод шудааст, ки иттифоқан ин тарафи масъала ҳам аз диди жарфнигари Деҳотӣ барин донандаи масъалаҳои адабу фарҳангу забону баёни миллии мо берун намондааст ва бо ҳамон эҳсосу хулосае, ки пас аз анҷоми таҳияи ин асар маро ҳам фаро гирифта буд, аз арзиши адабӣ, таърихӣ, таълимии ин асар ва маҳорати нигорандагии устод самимона ҳарф мезанад, ки ба ҷои ҳусни мақтаъи ин навишта беҳтар аз он сухане наметавон ёфт. Дар мактуби дар боло ёдшуда навишта буд:

“Дар тобистони соли гузашта ҳамроҳи Улуғзода муқаддимаи “Бӯстон”-и Саъдиро хонда ба маҳорати тадқиқотчигии шумо дар байни худ таҳсин карда будем. Аммо мутолиаи ин китоб ( “Алишер Навоӣ” –Ш.М.) чунон шавқ бахшид, ки маҷбур ҳастам асари онро ба рӯи коғаз қайд карда, изҳор кунам. Беғараз ва бе ҳеҷ гуна риёкорӣ арз мекунам, ки фақат шумо метавонистед ба хонандагони тоҷик симои Алишер ва замони вайро бо чунин тасвирҳои дурахшон нишон диҳед. Ҳарчанд ки дар вақтҳои кори шумо амалан воқиф набудам, лекин бо вуҷуди ҳамин тасаввур кардан мумкин аст, ки он ҳама замони пурхараҷу мараҷ, ҳодисаҳои печ дар печ, даъвою ҳуҷҷатҳои бешумори гуногунро ба як риштаи тартиб кашидан, ниҳоят ғазалҳои парешон ва бенишон шуда рафтаро ғундошта ба хонанда тақдим кардан ва ғайра ва ҳоказо... чӣ қадар мушкил ва оворакунанда аст. Чӣ андоза тафтишоти суботкорона, ҳавсала ва қувваи бузурги мантиқро талаб мекунад. Ба рафиқон тавсия кардам, ки албатта хонанд. Қисмҳои дар журнал баромадаашро хонда, баъзе рафиқон баҳои нағз доданд. Давомашро дарҷ мекунем” .

Китобнома

1. Амир Низомиддин Алишери Навоӣ (Фонӣ). Девони Фонӣ. Таҳияву тадвини матн бо муқаддима, луғот ва тавзеҳоти Алии Муҳаммадии Хуросонӣ. –Душанбе: МН “Дониш”, 2018. -1194 саҳ., саҳ. 12-709.

2. Дастхат аз Бойгонии Институт. Ф. №5, ном. 1, воҳ. маҳ. №62 (ҳуруфи форсӣ, забони тоҷикӣ).

3. Деҳотӣ, Абдусалом. Куллиёт, ҷилди 5, мақолаҳо, Душанбе: Ирфон, 1966, саҳ. 461. Тартибдиҳандагон: Ф.Деҳотӣ, К.Юсуфов ва Ҷ. Бақозода. Ҳайати таҳририя: К.Айнӣ, Ҳ.Аҳрорӣ, Ф.Деҳотӣ, Раҳим Ҳошим, М.Шукуров.

4. Деҳотӣ, Абдусалом. Куллиёт. Иборат аз панҷ ҷилд. Ҷилди V. Мақолаҳо. –Душанбе: Ирфон, 1966. -472саҳ., саҳ.420-421.

5. Садриддин Айнӣ. Алишери Навоӣ. Замони зиндагӣ, тарҷумаи ҳол, фаъолияти сиёсӣ - ҷамъиятӣ ва эҷодиёти адабии ӯ бо иловаи шеърҳои мунтахаби форсӣ - тоҷикияш. Ба чоп тайёркунандагон К. Айнӣ, Р. Ҳодизода. Муқоиса, муқобала, тасҳеҳ ва такмили Шамсиддин Муҳаммадӣ./ Садриддин Айнӣ. Куллиёт. Ҷилди 18. –Саҳ. 220-221.

Шамсиддин Муҳаммадӣ, муовини директори Институти

Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0%

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО