19 Dec 2025
Submitted by Admin
22

Пас аз суқути давлати фарҳангхези Сомониён барои миллати деринсоли тоҷик қариб ҳазор сол лозим шуд, ки дар порае аз сарзамини таърихии аҷдодиаш давлати худро бунёд гузорад ва ба оламиён аз истиқлоли комили сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиаш паём бифиристад. Боиси хушнудист, ки паёми мазкур ба зудӣ ба гӯши оламиён бирасид ва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ бо қаноатмандӣ эътироф гардид. Ниёгони хирадпешаи мо ҳамвора дар орзуи расидан ба ин рӯзи хуррамиву фирӯзӣ чӣ қадар аламҳоеро ба қалам наовардаанд! Вале гузашти айём собит намуд, ки истиқлол неъмате нест, ки танҳо дар орзуяш бошӣ, онро ба даст овардану зери парчами он зиндагӣ кардан ҳам аз ҷумлаи мумкинот будааст.

Баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон дар фосилаи кӯтоҳи замонӣ дар ҳаёти халқи тоҷик ва тамоми тоҷикистониён ҳодисаву воқеаҳои муҳими сиёсӣ, фарҳангӣ ва маърифатие арзи вуҷуд намуданд, ки ҳам аз назари фалсафаи зиндагӣ, ҳам аз ихтилофоти фикрӣ ва ҳам аз талошу такопӯ ба сӯи ваҳдату иттиҳод ва созандагӣ иборатанд. Шубҳае нест, ки низоми амалии ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ танҳо бо хиради инсонӣ марбут аст. Маҳз ҳамин ҷараён на фақат кормандони сохторҳои гуногуни ҷомеа, балки сиёсатмадоронро низ водор месозад, ки дар низоми ҳадафҳои давлатӣ ба илму маориф ва фарҳангу маънавият чун соҳаи афзалиятнок муносибат намоянд. Аз ҷониби дигар, рушду такомули ҷомеа ва осудаҳолии раияти онро бе инкишофи бемайлони илму маориф ва адабиёту фарҳанг тасаввур намудан ғайриимкон аст, зеро ҳеч як зуҳуроти дигаре мисли онҳо ба инкишофи бемайлони ҷомеа таъсир надорад. Ҳалли мақсадноки вазифаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа низ ба ҳамин таъсир вобаста аст.

Таърих шаҳодат медиҳад, ки тоҷикон дар ягон давру замон миллати пешипоуфтода набуданд, тӯфони ҳаводису сарнавишт эшонро ҳар куҷо, ки бурда бошад, хираду дониш зевар ва созандагиву бунёдкорӣ шиорашон буд, аз илми оламиён баҳравар мешуданд, вале бо ақлу шууру дидгоҳи хеш аз он кор мегирифтанд, хуб медонистанд, ки ақли ёддода ақл нест, бояд ҷавҳари асл аз худи мо бошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургии миллати тоҷикро дар он мебинад, ки “дар тӯли ҳазорсолаҳо ҷабру ҷафои аҷнабиёнро бо сабру таҳаммул ва бурдбории мардонавор паси сар намуда, тамаддуни халқиятҳои бегонаро бо дастовардҳои безаволи фарҳангиаш ҳазм намуд ва беҳтарин бозёфтҳои маънавии фотеҳони сарзамини хешро аз бар кард” [1, 5]. Аз ҳамин лиҳоз мо бояд аз таҷрибаи маънавиятгароии гузаштагони худ пурсамар истифода барем, дар ниҳоди аҳли ҷомеа парваридани бовариву эътимод нисбат ба инсон ва эҳсоси баланди одамият ҳадафи аслӣ ва дурнамои аҳли илму адабро ташкил диҳад.

Бад-ин манзур Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсатро ҷузъи таркибии маънивият меҳисобад ва ҳар гоҳ фурсату имконе барояш даст дод, ба омӯзиши сарнавишти миллат, шебу фарози он дар тӯли таърих, зиндагинома ва осори шахсиятҳои бузурги милливу маънавӣ машғул мешавад. Таърихро барҳақ хотираи инсоният меноманд ва омӯхтани он танҳо ба хотири донистани гузашта нест, балки дурнамоест, ки роҳи ояндаи миллат ва пешомадҳои давлатдориро равшан намуда, барои худогоҳии миллӣ, ваҳдату ягонагӣ ва рушди тафаккури таърихии наслҳои оянда хизмат мекунад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо ба ин нукта ишора карда мегӯяд, ки миллат агар шахсиятҳои бузург надошта бошад, худшиносии дуруст ҳам дошта наметавонад. Ҳамчунин агар миллат тафаккури солим надошта бошад, ба гирдоби ҷаҳолат ғӯтавар гашта, аз аслу решаи хеш канда мешавад. Ба қавли ӯ, “мо ба гузашта ба хотири парастиши содалавҳонаи ниёгон не, балки барои тақвияти рӯҳи созандагӣ, бузургдошти хотираи нахустаҷдоди роҳкушоямон, ки дар дарозои таърих ба иқдоми нав камар баста, ба дастовардҳои бузург ноил гаштаанд, рӯй меоварем. Зеро сарчашмаи воқеии худшиносии миллӣ, қабл аз ҳама, бунёди давлати соҳибистиқлол, ваҳдати миллӣ, рӯ овардан ба гузаштаи пурифтихор, ҳифзи тамаддун ва мероси фарҳангии ниёгон, поси хотири шахсиятҳои тавонову фарзандони бузурги миллат мебошад. Сабақҳои ибратомӯзи таърих роҳи гузаштаву имрӯзу ояндаро пешорӯи мо қарор дода, чун ҳаками одил гиреҳи бурду бохтҳои силсилаи давлату давлатдориҳои тоҷиконро бароямон мекушояд” [1, 3]. Қобили тазаккур аст, ки аз воқеот ва зиндагиномаи ашхоси таърихӣ ҷустани решаҳои фарҳанги бунёдӣ ва онҳоро дар муқоиса бо фарҳангҳои бузурги ҷаҳонӣ дар меҳвари таҳқиқу баррасии густурда қарор додан ҳикмати нави таърих ва таърихнигории давлатдории давраи нави тоҷиконро падид овард, ки меҳвари аслии он дарку шинохти амиқу саҳеҳи тамаддуни деринсоли аҷдодӣ ва аз он ба ҳайси дастури роҳнамои муҳими ахлоқӣ кор гирифтан мебошад. Воқеан ҳам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти волои таърихсоз аст. Асарҳои “Тоҷикон дар ойинаи таърих” (иборат аз чор китоб), “Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ”, «Имоми Аъзам. Рӯзгор, осор ва афкор», “Мавлонои Балхӣ ва тамаддуни башарӣ”, “Забони миллат - ҳастии миллат” (дар ду китоб), «Чеҳраҳои мондагор» ва амсоли инҳо аз ҷумлаи пажуҳишҳои пурвусъату бунёдие ҳастанд, ки ба қалами Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мутааллиқ мебошанд. Ба як сухан, имрӯз исми Эмомалӣ Раҳмон ва кишвари азизамон Тоҷикистонро ҷудо аз ҳам тасаввур намудан ғайриимкон аст ва ҳамаи комёбиҳое, ки мардуми тоҷик дар давраи истиқлоли кишвар ба онҳо даст ёфтаанд, бевосита ё бавосита ба ному фаъолияти шахси ӯ вобаста мебошанд.

Моҳи сентябри соли 1994, дар замоне ки ҳанӯз оташи ҷанги шаҳрвандӣ ба сурати комил дар кишвар хомӯш нагардида буд, бо ибтикори Сарвари давлати тоҷикон ба ифтихори ҳазорумин соли таълифи «Шоҳнома» дар шаҳри Душанбе симпозиуми байналмилалӣ баргузор гардид. Ба ин шоҳасари безаволи ҷаҳонӣ, ки онро муҳаққиқон ҳампоя ва ё бартар аз аз таълифоти ҷовидонии банӣ башар, амсоли «Одиссея»-ву «Илиада»-и Ҳомер (Юнон), «Энеид»-и Вергилий (Рим), «Маҳзакаи илоҳӣ»-и Данте (Итолиё), «Биҳишти гумшуда»-и Ҷон Милтон (Англия), «Мессиада»-и Клопшток ва «Суруди Нибелунгҳо» (Олмон), «Маҳабҳарата»-и Виаса (Ҳиндустон), «Сирати Антара» (Арабистон) шумурдаанд, муроҷиат кардани эшон бесабаб набуд. Зеро ба қавли Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, Фирдавсӣ “яке аз тавонотарин донандагони таърихи аҳди куҳан” буда, «Шоҳнома» бузургтарин достони асотирию адабӣ ва таърихист, ки сарнавишти талху ширин ва таърихи подшоҳии беш аз 50 шоҳаншоҳи ориёинажодро дар бар гирифтааст» [1, 67]. Он танҳо “достони ҳазорсолаи фаромӯшгашта нест, балки акси садои ниёгони мост, ки дар дилу дидаи халқи шоирпарвару шеърдӯсти тоҷик зинда аст. Гуфтори ноб, лафзи поку бегазанд, ҳусни калом ва нафосати сухани ин шоҳасари безаволро мардуми мо асрҳо пос доштаву пос медоранд. Баъзан дар дурдасттарин гӯшаҳои Тоҷикистон, алалхусус, дар шеваи гуфтору кирдори сокинони баландкӯҳи Бадахшону Яғноб, Зарафшону Хатлон, Хуҷанду Истаравшан, Ҳисору Раштонзамин нишонаҳоеро мебинем, ки ба рӯҳу равон ва асолати тоҷиконаи мо басо созгор аст ва аз он бӯи «Шоҳнома»-и безавол меояд» [1, 19]. Қобили зикр аст, ки Пешвои миллат зимни таълифи рисолаҳои пурмояи “Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ” ва “Тоҷикон дар ойинаи таърих” борҳо ба «Шоҳнома»-и Донои Тӯс муроҷиат намуда, барои тақвияти андешаҳояш аз ин шоҳкори азим ба ҳайси санаду сарчашмаи ҳаққониву ростин далелҳо овардааст.

Пешвои миллат дар китоби «Чеҳраҳои мондагор» Абулқосим Фирдавсиро “ситоишгари адлу ростӣ ва нуру хирад” номида, таъкид мекунад, ки «Шоҳнома» танҳо китоби базму разм, диловарию қаҳрамонӣ, ривояту афсона нест. Ин асар пандномаи беназир, ахлоқнома ва дастури омӯзандаи хулқу атвори ҳасана, хислат ва хусусиёти неки инсонист. Аз достонҳои ҷангӣ, ишқӣ ва нақлу ривоёти «Шоҳнома» мо таърихи пурифтихори халқҳои ориёинажод, суннат ва анъанаҳои мардум, одоби зисту зиндагӣ, оини мамлакатдорӣ, раиятпарварӣ, ватандӯстӣ, таъмини истиқлоли кишвар, озодӣ ва озодагӣ, маънои ҷангу сулҳ ва шинохтани ҳаққу ботил, пирӯзии нур бар зулмот, мардумшиносӣ, ҳаллу фасли мушкилоти байни давлатҳо, бемаъно будани ихтилофоти динию мазҳабӣ, эҳтиром гузоштан ба ҳаққу ҳуқуқи дигарон ва дӯстию рафоқатро меомӯзем.” (2, 242) Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ҳаким Фирдавсиро инсони покнажоду покгуҳар, султони шеъру адаби форсигӯёни ҷаҳон, ҳамосасарои нобиға ва бузургтарин донандаи таърих ва зиндагиномаи гузаштагон меҳисобад, ки таърихи чандинҳазорсоларо дар дилу дидаи оламиён аз нав эҳё карда, аз қисмату сарнавишти мардони бузурги таърихи мо ва рӯйдодҳои зиндагӣ натиҷаҳо бардошт ва ҳосили ин бардошт панду андарз ва хулосаҳои саршор аз ҳикмат аст, ки моро ба роҳи ростӣ ҳидоят мекунад.

Ба таъкиди Сарвари давлат, ҳазор сол боз мардуми мо аз шеъри Фирдавсӣ ғизои рӯҳу ҷон, панду ҳикмат, ахлоқи ҳамида мебардоранд, ба ҳар дардашон даво, ба тани ранҷурашон шифо меёбанд, тавассути шеъри ӯ мушкилоташонро осон мекунанд. Вале мутаассифона, мардуми тоҷик дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба дасисаи аҳриманӣ гирифтор шуда, панду андарз ва даъватҳои шуълавари шоири бузурги хешро аз ёд бурданд, даст ба домони якдигар заданд, иддае ҳам ба харобкориву хунрезӣ даст заданд. Барҳақ, “фардои дурахшон ва хушбахтию некномии миллати мо танҳо аз ваҳдат, ягонагию якзабонӣ ва мусолиҳаи миллӣ вобаста аст ва агар мо ин корро накунем, рӯҳу арвоҳи бузургонамон, бахусус, рӯҳи Фирдавсӣ, ҷовидон аз мо домангир хоҳад буд.” (2, 245)

Дар даврони истиқлол ба хотири гиромидошти Ҳаким Фирдавсӣ ва ташвиқу тарғиби осори ӯ иқдомоти басо судманд сурат гирифтанд. Пеш аз ҳама “Шоҳнома”-и безаволи шоир аз силсилаи “Ахтарони адаб” дар даҳ ҷилд бо сифати баланд чоп шуда, дар хидмати ҳаводорони осораш қарор гирифт. Як ноҳияи пойтахти кишвар номи ин шоири оламшумулро дорад ва муҷассамаи бузурги Абулқосим Фирдавсӣ пештоқи боғи калонтарини истироҳатии ҳамномашро ороиш медиҳад ва ин қадрдониҳо бо пешниҳоди Пешвои миллат амалӣ гардидаанд.

Маҳз бо ибтикори Сарвари давлат баргузор гардидани ҷашнҳои бузурги умумимиллӣ, бахусус, 1100-солагии давлати маънавибунёди Сомониён, Соли тамаддуни ориёӣ, 2500-солагии шаҳри Истаравшан, 2700-солагии Кӯлоб, 3000-солагии тамаддуни Ҳисор, 2700-солагии қадимтарин намунаи осори катбии ориёиҳо – “Авасто”, 5500-солагии тамаддуни Саразм, бузургдошти шахсиятҳои сарсупурдаи илмиву адабӣ ва сиёсиву таърихӣ Имоми Аъзам, Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ибни Сино, Носири Хусрав, Умари Хайём, Закариёи Розӣ, Ҳаким Тирмизӣ, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Мирсайид Алии Ҳамадонӣ, Сайфиддини Исфарангӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Сайидои Насафӣ, Нақибхон Туғрал, Мирзо Турсунзода, Бобоҷон Ғафуров, Шириншо Шотемур, Нусратулло Махсум ва силсилаи тадбирҳое, ки ба ин муносибат амалӣ гардиданд, дар солномаи даврони истиқлолияти кишвар бо ҳарфҳои зарин сабт шуда, аз таъриху фарҳанги миллат ганҷҳо ва ҳикматҳое берун овард, ки бо моҳият ва арзишмандии ҷаҳонии хеш худҷӯӣ ва худшиносии тоҷиконро дар вусъати ҷаҳон таҳким бахшид. Ҳамчунин ин чорабиниҳо дар тарғиби мафкураи миллӣ ва ғояҳои ватандӯстӣ, ҳифзи анъанаҳои фарҳангӣ ва пойдории забони давлатӣ ҳамчун бақои миллат нақши шоиста гузоштанд.

Яке аз донишмандони ғарбӣ Карл Форлендер бар ин назар аст, ки «халқҳои Шарқ қобилияти тафаккури илмӣ надоранд, тафаккури онҳо сахт ранги динӣ дорад ва ҷаҳонбинии онҳоро таҳқиқ намудан зарурате надорад» [3, 6]. Воқеан ҳам шакли ҷаҳонбинии ақвоми Машриқзамин, минҷумла, тоҷикон аз давроне ки таърих эшонро қайду забт намудааст, ба дину эътиқод асос ёфта, тибқи дастуру ҳидоятҳои китобҳои муқаддас амал мекарданд. Ҳамакнун андаке беш аз 14 садсола аст, ки аксари ақвоми Машриқзамин бо дини мубини ислом пайванди ногусастанӣ дошта, дар ташаккулу такомули кохи азими тамаддуни башар нақше беназир гузоштаанд. Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояш аз минбари созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳамеша таъкид мекунад, ки дини мубини ислом аслан ва моҳиятан дини сулҳпарвар буда, ҳама гуна нифоқу хусумат, куштору ваҳшоният ва ҷабру зулмро маҳкум мекунад. Мардуми тоҷик ба дини ислом чун сарчашмаи асосии маънавӣ ва рӯҳониву ахлоқӣ эҳтиром мегузоранд, зеро ислом ба яке аз рукнҳои муҳимми ҷаҳонбинӣ, маънавият ва ахлоқи ҷомеаи мо табдил ёфтааст. Вале, мутаассифона, доираҳои муайян дар ҷаҳон онро ба василаи тарс додани башарият табдил додаанд. Бинобар ин кӯшиши бо ҳар роҳу восита бадном кардани ислом ва мардуми мусулмон, инчунин ба ҳар гуна мухолифоту низоъ иҷборан хислати исломӣ додан аз рӯйи адлу инсоф нест. Аз ин рӯ, мо тарафдори ақидаи солими динӣ ва тарғибу мафкураи сулҳпарваронаи ислом мебошем: «Дини мубини ислом чун ҳама динҳои дигар инсониятро ба таҳаммул, тараҳҳум ва тавозуъ ҳидоят намуда, ҳар гуна зӯроварӣ ва кушторро маҳкум месозад. Мо исломро аз сиёсати ифротии исломгароӣ фарқ мекунем, озодии эътиқоду имонро эҳтиром дорем ва дар ин ақида устуворем, ки фишору зӯроварӣ, таҷовуз ва истибдоду таассуб ба асолати дини мубини ислом бегона аст ва моҳиятан чунин падидаҳоро маҳкум мекунад. Бинобар ин терроризм ва экстремизмро бо ислом пайванд додан хатои маҳз аст. Терроризм ба ягон дин, мазҳаб ва миллат хос нест” [4, 162-179]. Бо ибтикори Пешвои миллат ба хотири арҷ гузоштан ба ҳувийяти диниву мазҳабӣ, шинохти саҳеҳи исломи суннатӣ ва бо назардошти хизматҳои таърихии фарзанди барӯманди халқи тоҷик Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит (Имоми Аъзам) дар рушди фарҳанг ва тамаддуни исломӣ ва аҳамияти калон доштани мероси диниву ҳуқуқии ӯ дар ташаккул ва инкишофи худшиносии миллӣ бори нахуст дар таърихи дини мубини ислом соли 2009 бузургдошти 1310-солагии асосгузор ва пешвои мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ Имоми Аъзам дар сатҳи баланд ва миқёси васеъ таҷлил гардид. Дар воқеъ мазҳаби Абуҳанифа «дар тӯли таърих ва ҳам дар рӯзгори имрӯзаи иҷтимоии мардум ба омили муҳими ваҳдати миллӣ ва башарӣ, мусолиҳа ва таҳкими суботу оромии ҷамъият табдил ёфтааст» [2, 180]. Имоми Аъзам (699-767) мувофиқи тақозои замон ва макон амал карданро яке аз фаризаҳои асосии ислом дониста, дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ғайр аз дастури китоби муқаддас, суннатҳо боз ба фикру андешаи мардум (иҷмоъ), назариёти шахсони фозилу барӯманд, қиёс, далел ва мантиқ ва қазовати солим такя мекард. Ба ин васила ислом барои мардуми форсу тоҷикзабон мувофиқ ва созгор гардонда шуда, дар байни онҳо интишор ёфт ва аз пуштибонии васеъ бархӯрдор гардид. Имоми Аъзам дар замони пуршиддати таассуботи қавмиву забонии арабҳо аз худ ҷасорат, мардонагӣ ва фидокорӣ нишон дода,аз забони модарии худ - форсӣ-тоҷикӣ пуштибонӣ намуд ва онро забони дину оин, таъбиру тафсир ҳукм намуд. Ӯ бо ин иқдоми худ на танҳо миллати тоҷикро аз маҳвшавӣ наҷот дод, балки мардумони Қафқоз, канораҳои Волга, туркҳо, ҳиндуҳо, чиниҳо, индонезиҳо, малазиягиҳоро, ки баъдан ба ислом гаравиданд, аз сарнавишти талхи мусулмонони қисмати ғарбии хилофати араб раҳоӣ бахшид.

(Идома дорад)

Шокирзода Шодӣ Нуъмонпур, номзади илмҳои филологӣ, ходими илмии шуъбаи таърихи адабиёти

Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдаки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0%

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО