15 Apr 2026
Submitted by Admin
19

Устод Садриддин Айнӣ ҳамчун бунёдгузори адабиёти навини тоҷик як силсила осори мондагори илмию адабӣ офаридааст, ки “Ёддоштҳо” қуллаи баланди эҷодиёти ӯ ба шумор меояд. Ва ҳамчунин он як навъ ҷамъбасти тамоми паҳлӯҳои зиндагии шахсӣ ва ҳунарии муаллифи хеш мебошад.

Доир ба мавзуи ҷойгоҳи “Ёддоштҳо” дар эҷодиёти Устод Айнӣ ва мавқеи он дар адабиёти навини тоҷик пажӯҳишгарону адабиётшиносони ватаниву хориҷӣ чун Брагинский, Бартолд, Расул Ҳодизода, Муҳаммадҷони Шакурӣ, Раҳим Ҳошим, А. Набавӣ, А. Маниёзов ва дигарон дар мақолаву рисолаҳои илмӣ ибрози андеша кардаанд ва вежагиҳои ин асари арзишмандро муайян намудаанд. Аммо воқеитарин баҳо дар бораи “Ёддоштҳо” аз тарафи худи Устод Айнӣ додашудааст.

Арзишдоварии муаллифи “Ёддоштҳо” дар бораи асари ба қавли худи Устод “Куни халтагӣ”-и ӯ муътамад ва дурусту воқеист. Чун Устод Айнӣ қаҳрамони асосии ҳодисаву воқеаҳои он буда, дар меҳвари тасвири лаҳзаҳои он “ман”-и ӯ намоён мешавад. Воқеаву ҳодисаҳои аз саргузарондаи худ ва ҳамнаслону ҳамзамононашро дар шарҳу тафсири “ман”-и бадеии худ дубора зинда намудаву ба ҳофизаи бойгонии таърих месупорад. Нахустин доварие, ки Устод Айнӣ дар оғози қисми аввали “Ёддоштҳо” чун эпиграф дар бораи ин асари мемуарии худ додааст, ин рубоӣ пора мебошад:

Ин хона зи хишти кӯҳна андохтаам,

Дар вай ҷашне зирафтагон сохтаам.

То аҳли замони мо бидонанд, ки ман,

Як умри ҷавонӣ ба чӣ роҳ бохтаам.

Дар ин рубоӣ Устод Айнии закӣ шарҳи “ман”-и воқеӣ ва бадеии худро гунҷонида ва мазмуну муҳтавои чор қисми “Ёддоштҳо”-ро дар ин чор мисраъ нуктасанҷона таҷассум намудааст. Ва инъикоскунандаи сарнавишт ва роҳи ноҳамвори тайнамудаи худ будани асари хотиротияш дар ин рубоӣ ифода шудааст.

Устод Айнӣ китоби хотироти худро ба хонае ташбеҳ додааст, ки онро бо хишти кӯҳна, яъне хотироти мағшуши даврони тираву тори амирӣ ва дар замону шароити душвори он хондану савод баровардан, бархӯрди худро бо ҳамзамонону муаллимони аввалини худ, муносибат бо ҳаммаслакону ҳамроҳонро “ҷашне зи рафтагон сохтаам” гуфтааст, ки воқеӣ ва дурусту рост мебошад.

Пас аз ин Устод Айнӣ дар сарсухани мухтасаре, ки ба “Ёддоштҳо” зери унвони “Як ду сухан ба ҷои сарсухан” нигоштааст, дар бораи нияти хотиротнависии худ ба таври хеле фишурда чунин баён кардааст: “Аз бозе, ки ман ба даст қалам гирифта, ба қатори нависандагони советӣ даромадаам, ният доштам, ки хотирот ва ёддоштҳои худро таҳрир намуда, ба хонандагон хусусан ба бачагон ва ҷавонон пешкаш намоям...

Чун ба фикри ман ёддоштнависӣ аз роман ва ҳикоянависӣ душвортар менамуд, ман ин корро ба бисёртар таҷриба пайдо кардани худ мавқуф гузошта будам...”

Манбаи асосие, ки ӯ дар он аз “Ёддоштҳо” мунтазам ёд мекунад, мактубҳои ӯ мебошанд. Муаллифи “Ёддоштҳо” дар номаҳои зиёде, ки ба шахсиятҳои машҳури илму адаб ва мансабдорони замонаш навиштааст, дар зимни баррасии мавзуъҳои дигар ҳатман аз “Ёддоштҳо”чун фарзанди нозпарвард ва баркамоли худ бо меҳри хосса ёд кардааст. Масалан, дар як номае, ки ба шогирди вафодораш Ҷалол Икромӣ навиштааст, дар бораи “Ёддоштҳо” чунин андеша рондааст: “... Маълум аст, ки асари ҳар кас монанди фарзандаш ба худаш хуш менамояд. Мувофиқи ҳамин қоида “Ёддоштҳо” ба назари худам ҳам дар қатори фарзандони хубам мегузарад. Бо ҳамаи ин таассуроти шумо нисбат ба ин асари ман аз он ақидае, ки худ нисбат ба ин доштам, чанд-чанд болотар рафтааст...”

Аз мазмуни ин навиштаҳо бармеояд, ки Ҷалол Икромӣ пас аз мутолиаи “Ёддоштҳо” (Ин асар пора-пора дар маҷаллаи “Шарқи Сурх” чоп мешуд ва Ҷ. Икромӣ низ корманди он буд), андешаҳояшро ба муаллифи он навишта, китоби хотироти ӯро таърифу ситоиш кардааст:

“...Натиҷаи амалие, ки ман аз баҳои бебаҳои шумо баровардам, ин аст, ки дар бораи ба оммаи хонандагон “мақбул” шудани ин асари “куни халтагӣ”-и худ пешакӣ боварӣ пайдо кардам. Ин боварӣ дар вақти пирӣ ба ман на танҳо қувваи рӯҳӣ ҳатто қувваи ҷисмонӣ ҳам дод”. (Аз нома ба Ҷалол Икромӣ, 3/х-48, саҳ. 409)

Фикру мулоҳизаҳои хонандаву ношир дар бораи “Ёддоштҳо” ба муаллиф дар лаҳзаҳои пирӣ ба ӯ нерӯ мебахшиданд ва ӯ бо дилгармӣ ба кори таҳриру таълифи ин асари дӯстдоштанӣ идома додааст: “Чунонки шумо умед кардаед, худам ҳам ният дорам, ки агар умр ва сиҳҳат мусоидат кунад, қисми дувумашро ҳамин зимистон нависам. Поёни ин асар боз чанд қисми дигар мешавад, ки ояндаҳояш дар солҳои оянда мавқуф аст. Хулосаи калом қариб ҳамаи маториёлҳои асарҳои аз ин пеш навиштаи маро дар қисмҳои ин “Ёддоштҳо” хоҳед ёфт”. (Аз нома ба Ҷ. Икромӣ, 3/х-48, саҳ. 409)

Ҳамон гуна, ки аён аст, дар ин номаи муфассал андешаҳои Устод Айнӣ дар бораи ҷараёни навишта шудани “Ёддоштҳо” баён шудааст, ки барои хонанда ҷолиб аст. Дар ин нома ношири “Ёддоштҳо” Ҷалол Икромӣ дар маҷаллаи “Шарқи Сурх” фикру мулоҳизаҳояшро дар бораи ин асари мондагори устодаш навишта ирсол менамояд ва андешаҳои Устодро низ доир ба кайфияти нашри он шумора интизор мешавад.

Дар номаи дигаре, ки Устод Айнӣ ба Ҷалол Икромӣ навиштааст, дар бораи ислоҳи “Ёддоштҳо” ба ӯ хабар додааст: “Ёддоштҳо”-ро мувофиқи фикри баъзе рафиқон ислоҳ кардам. Агар дар журнал давом кунондан хоҳед, аз ҳамон нусхаи ислоҳёфта бардоред.

Таҳрири якуми қисми дувуми “Ёддоштҳо” тамом шуд, акнун дубора кор карда истодаам. Қисми дувум назар ба фикри худам, нисбат ба қисми якум дурусттар мебарояд. А. (Айнӣ)”.

(Аз нома ба Ҷалол Икромӣ, 12/XII-48, саҳ. 420)

Дар мактуби муфассале, ки Устод Айнӣ ба Мирзо Турсунзода менависад, асосан дар бораи “Ёддоштҳо” ва бо кадом мақсад овардани баъзе қаҳрамонҳои асосии он, ки бо аксарашон ошнову ҳамсуҳбат ва ҳамнишин буда аст, андеша баён менамояд. Бинобар сабаби он ки ин мактуб дар шинохти “Ёддоштҳо” аз аҳаммияти вежа бархӯрдор аст ва Устод Айнӣ дар ин нома ба таври муфассал баёни андеша намудааст, зарур медонем, ки онро ба шакли комил инҷо биёварем:

“Рафиқ Мирзо Турсунзода!

Ба телеграмаи табрикиатон дуюмбора ташаккур менамоям!

Дар ин рӯзҳо рафиқ Деҳотӣ дастнависи «Ёддоштҳо»-ро пеши ман оварда, фикрҳои баъзе рафиқонро ба ман нақл карда, ислоҳашро талаб намуд. Лекин аз нақли рафиқ Деҳотӣ маълум шуд, ки рафиқон ба тарзи читка коллективона нахондаанд ва ҳар кадом ҷудогона-ҷудогона хонда бошанд ҳам, ғайр аз Ҷалол Икромӣ ҳеҷ касе пурра нахондааст. Ва ҳол он ки дар ҳар асар баъд аз тамоман хондан, фикр баён намудан мумкин аст, вагарна монанди мунозараи мулло бо Машраб мешавад, ки «Худо»-ро шунида «берди»-ашро ҳанӯз нашунида, Машраби бечораро кофир карда буд.

Эътирозҳои асосии рафиқон дар бораи Қозӣ Абдулвоҳиди Садри Сарир ва рӯди нави Шофиркомро баровардани ӯ, баъд аз зулму толону тороҷи қозӣ ва амлокдори дигар будааст. Охир, модом, ки ман зулму тороҷи қозӣ ва амлокдори дигарро, ки пеш аз вай дар кандани ҳамон рӯд карда буданд, нақл кардам, кори Садри Сарир ягона шуда мемонд, на типи қозиҳои замони амир.

Қозӣ Абдулвоҳиди Садри Сарир аз ҳамфикрони Аҳмади Калла буд, ки ман инро дар маҷмуаи «Бедил» қайд кардам. Фақат фарқ дар ин ҷо буд, ки Аҳмади Дониш фаъол буда, Сарир пассив буд. Аммо қозӣ будан ба Сарир айб намешавад. Зеро Аҳмади Калла ҳам аввал дар Хузор, дуюм дар Наҳрпай (Зиёуддин), сеюм дар Вобканд қозӣ шудааст (ба тазкираи Садри Зиё нигоҳ карда шавад).

Аз муллоҳои калони замони Аҳмади Калла 4 нафар ҳамфикрони ӯ буданд: 1) Шариф Маҳмуди Муътасам буд, ки аз Бухоро гуреза шуда дар Истамбул истиқомат кард; 2) Исо Махдуми Исо буд, ки дар замони амир Музаффар аз Бухоро гуреза шуда, дар замони Абдулаҳад омад. Аммо ӯро на танҳо дар ягон мадраса мударрис накарданд, балки барои дар хонаи худ дарсгӯӣ карданаш роҳ надоданд ва ӯ маҷбур шуд, ки бо китобат – бо нусханависии китобҳо таъмини маишат намояд; 3) Қозӣ Абдулвоҳиди Сарир буд, ки дар айёми қозигиаш то метавонист фуқаропарварӣ кард ва дар охир (ба сабабе, ки дар «Ёддоштҳо» нақл кардаам) бе ариза кардан ба амир, қозигиро партофта омад ва баъд аз чанд рӯз вафот кард (Аҳмад Махдум бо Сарир ва Исо базми махсуси танбӯр мекарданд. Аҳмад Махдум менавохт, Исо месуруд ва Сарир адвор (нота)-и ҳар ҳаво ва мақомро дар вақти иҷро менавишт); 4) Абулфазли Сират, ки ӯ ҳам аввал қозӣ буд, аммо аз қозигӣ истеъфо дода, ба дарсгӯӣ даромад ва дар соли 1316 ҳиҷрӣ (1899) вафот кард.

Мо бояд дар ҳар маврид номи инҳоро зинда дорем.

Ман Шариф Махдуми Муътасамро надидаам, аммо Сарир, Исо ва Сиратро ки дидаам, ҳар вақт инҳоро бо некӣ ёд мекунам. Муътасам гуреза шуд, Исо гуреза ва хонанишин шуд, аммо Сарир ва Сират аз тарси оқибат пассив шуда монданд. Аҳмад Махдумро як толеи нағз ба сафар дар Русия муваффақ карда буд, амири хурофотпарасти тарсончак ӯро «коҳин ва ошнои императори рус» гумон карда, ба вай даст расонда натавонист. Вагарна ӯ ҳам дар аввалҳои фаъолияти худ ё кушта мешуд ё гуреза.

Бо ҳамаи ин ҳуҷҷатҳо, ман барои ба ҳеҷ шубҳа роҳ нагузоштан, дар паси боби «Рӯди Шофирком» як боб илова карда, оқибати он районро баъд аз ҷорӣ шудани рӯди нав ва оқибати қозӣ Абдулвоҳидро дар он боб даровардам. Вагарна аз рӯи планам мазмуни ин боби иловагӣ дар қисми дуюм дар мавриде, ки ба Чӯли Қизил саёҳат кардам, медаромад. Дар ин сурат, ҳеҷ эътирози мафкуравӣ намонд.

Акнун омадем ба эътирозҳои майда-чуйда: баъзе рафиқон баъзе корҳои майда ва хусусии худамро, ки дар «Ёддоштҳо» ёд кардам, номуносиб ва «бефоида» шумурдаанд. Лекин пеш аз ин гуна эътироз сарсухани «Ёддоштҳо»-ро диққат карда хондан даркор буд: ман дар он ҷо яке аз мақсадҳои асосии худ дар навиштани «Ёддоштҳо» фоида расондан ба ҷавонони ҳаваскори нависандагӣ ва қайд кардани материалҳои асосии роман, ҳикоя ва очеркҳоямро шумурдаам.

Ана он чизҳои майда-чуйдае, ки имрӯз маҳалли эътирозҳои рафиқон шудаанд, дар ҳаёти адабии гузаштаам – дар навиштани «Одина», «Дохунда», «Ғуломон» ва дигарҳо, материалҳои асосӣ шудаанд. Чунончи як эътирози рафиқон дар бораи ёд кардани «Хайбар» ном сагам ва баёни характерҳои ӯ шудааст. Ва ҳол он ки ҳамон «Хайбар» бо номи худ дар «Ғуломон» роли бисёр калонеро бозӣ мекунад, аз ғайри шуур, лекин бо хоҳиши характери одии худ дар гурехтани яке аз қаҳрамононам аз ҳабси бои чорводор ва миршаби Ғиҷдувон сабаб мешавад.

Агар ман дар хурдӣ сагбозӣ намекардам ва характери «Хайбар»-и худро намеомӯхтам ё ин ки ба характери ӯ диққати махсус намедодам, ҳеҷ гоҳ ман он «Хайбар»-и романиамро бо он тарзи реалӣ тасвир карда наметавонистам: ё ин ки дар бораи «худро фош кардани» қорӣ Маҳмуд ном эшони шӯтқарӣ (шӯх) эътироз кардаанд. Ва ҳол он ки ҳамон мусоҳабае, ки дар байни ман ва қорӣ Маҳмуд дар «Ёддоштҳо» қайд шудааст, дар романи «Дохунда» айнан ва бо талаффузи қорӣ Маҳмуд, дар мусоҳабаи байни Ёқуббой ва эшон Султони босмачии Дарвозӣ гузаронидаам. Инчунин характери имоми деҳаи худамон, ки ӯ ҳам дарвозӣ буд ва характери Муллонабот ном кафшбардори ӯ, ки вай ҳам дарвозӣ буд, дар «Дохунда» айнан ба эшон Султони дарвозӣ ва кафшбардори ӯ Муллонабот гузаштааст.

Ман дар «Ёддоштҳо» дар паси ҳамин гуна воқеаҳои майда-чуйда дар миёнаи қавсайн (скобка) дар куҷои кадом асари худам акс кардани он воқеаҳои «майда-чуйда»-ро қайд кардам.

Хулоса, «Ёддоштҳо»-ям, умуман ва он воқеаҳои майда-чуйда, хусусан ҳам ба ҷавонони ҳаваскори нависандагӣ ва ҳам ба тадқиқотчиёни асарҳои ман фоидаи калон мерасонанд. Фоидаи ин ба ҷавонон ин аст, ки онҳо вақте ки «Ёддоштҳо»-ро хонданд ва дар кадом асари ман чи навъ акс кардани вайро омӯхтанд, мефаҳманд, ки барои нависанда шудан, ба воқеаҳои «майда-чуйда»-и зиндагӣ чӣ гуна аҳаммият додан ва он воқеаҳои «майда-чуйда»-ро бо ҳикояҳои хос (типичный) чӣ навъ умумӣ карда гузарондан, даркор будааст ва роҳи фоида бурдан аз зиндагӣ дар эҷоди асари калон чи гуна мешудааст.

Бисёр рафиқон, ҳам аз русҳо, ҳам аз маҳаллиҳо, ки ҳаваси тадқиқи асарҳои маро доранд, материалҳои ҳар воқеаи дар асарҳои ман акскардаро «аз куҷо ва аз кадом китоб гирифтед» гуфта аз ман мепурсанд.

Ин гуна тадқиқотчиён ва танқидчиён, вақте ки «Ёддоштҳо»-ро хонанд ва асарҳоямро ба ҷойҳои дахлдори вай андоза карда бошанд, ман ҳам аз ин гуна пурсишҳои дардисаркунанда ва назар ба ақидаи худам хандаовар халос мешавам ва танқидчиҳо ҳам безаҳмати ин ки дар майнаи худ дар бораи шарҳи асарҳои ман хаёлот бофанд, аз «Ёддоштҳо» омӯхта бо осонӣ танқид, таҳлил ва тадқиқ кардан мегиранд.

Ман аз танқид намегурезам ва наметарсам ҳам, рӯҳам ҳам аз танқид, агарчи ноҳақ бошад ҳам, намешиканад. Бинобар он, ягон шубҳаи мафкуравӣ бошад, дарҳол ислоҳ мекунам (чунончи дар «Ёддоштҳо» кардам). Аммо дар бораи танқиди чизҳои «майда-чуйда» афсӯс мехӯрам. Ин афсӯс хӯрданам на барои он аст, ки маро танқид кардаанд, балки аз он ҷиҳат аст, ки ҷавонони мо ҳанӯз аз чизҳои «майда-чуйда» чи навъ омӯхтанро наомӯхтаанд.

Ин мактуби муфассалро ба ду мақсад ба шумо навиштам: мақсади аввалам ин аст, ки шумо ҷавонед ва қобилияти калон доред, ҳанӯз ҳамаи қобилияти шумо инкишоф наёфтааст. Аз ман, ки пир шудаам ва дароз дар дунё монданам маълум нест, як ёдгорӣ монад: дуюм, ин мактубро ба ҷавонон хонда диҳед, то ки роҳи фоида бурданашон аз «Ёддоштҳо» ба татбиқ кардани инҳо ба асарҳои дигарам – ба онҳо осон шавад.

Ба саломи рафиқона: Айнӣ С.”

Мулоҳиза фармоед, ки Устод Айнӣ бо ҳавсала ва шавқи тамом дар синни камолоти умри худ низ дар бораи “Ёддоштҳо” мӯшикофонаву нуктасанҷона ҳодисаву воқеаҳои дар ҷавонӣ аз саргузаронидаи худ ва ҳамзамононашро бо хурдтарин ҷузъиёт шарҳу тафсир менамояд, ки врқеитарин нақддар бораи ин асари мондагори ӯст.

Дар мактуби дигаре, ки ба Мирзо Турсунзода менависад, боз ҳам дар бораи “Ёддоштҳо” ва чанд қисм шудани он андеша меронад, ки он номаро низ инҷо зикр менамоем:

“Рафиқ Турсунзода!

Рафти кор ба ман ҳаминро нишон дод, ки «Ёддоштҳо» назар ба тахмини пештараам васеътар ва қисмҳояш ба 4-5 мерасад, ки ин бисёр вақтро талаб мекунад. Баъзе рафиқон орзу мекардаанд, ки ман ёддоштҳои худамро дар бораи Кремл ва маҷлиси қабул дар охири «Ёддоштҳо» илова намоям. Аммо ба амал омадани ин орзу бо тартибе, ки ман дар «Ёддоштҳо» гирифтаам, хеле дер мемонад ва намедонам, то он вақт умр мусоадат мекунад ё не.

Ҳозир ман таҳрири якуми қисми дувуми «Ёддоштҳо»-ро тамом карда, ҳамин қисмро дубора кор карда истодам (дар охири қисми дувум ман ба чордаҳ медароям).

Ман фикр кардам, ки агар дар бораи қабули Кремл чизе нависам, на ба тартиби рафти таърихии «Ёддоштҳо», балки ба тарзи аз навбат берун, масалан бо унвони «Аз (?) ба Кремл» чизе нависам. Агар зинда монам, ин материалҳо васеътар шуда, дар навбати худ ба «Ёддоштҳо» ҳам медароянд.

Аммо намедонам, барои ба хубӣ бароварда тавонистани ин кори аз навбат берун комёб мешавам ё не? Инро оянда ва саломатиам нишон медиҳад.

Бо салом С. Айнӣ.”

Устод Садриддин Айнӣ ба аҳаммияти фавқулода бузурги “Ёддоштҳо”-и худ қоил буда, ин асари мондагори хотиротиро бо ҳадафҳои оливу муайяне таълиф кардаанд. Дар бораи аҳаммияти таърихии он дар мактуби дигаре, ки баМирзо Турсунзода навиштаанд, чунин ишорат менамоянд:

“... Яке аз ин корҳои зарур тамом кардани “Ёддоштҳо” аст. “Ёддоштҳо” ғайр аз он фоидаҳое, ки ман дар мактуби пештараам навиштаам, боз як фоида дорад, ки камбудии таърихи адабиёти моро пур мекунад. Маълум аст, ки нависандагони ҷаҳоншумули халқи рус дар асри XIX чунон асарҳои пурра доданд, ки баъд аз инқилоб ба гардани нависандагони советии рус фақат вазифаи равшан кардани зиндагонии советӣ монд. Аммо дар мо дар асри XIX ва то револютсия чизе ба майдон наёмад. Танҳо дар майдон асарҳои Аҳмад Махдум ҳаст, ки онҳо аз як тараф ба танқиди дарбор маҳдуд буда, аз тарафи дигар то ҳолчоп нашудаанд ва ба сабаби услуби таҳрирашон дар замони мо айнан чоп кардани онҳо ҳам мумкин нест...

“Ёддоштҳо” нима-нима ҳамин камбудии таърихи адабиёти моро қисман пур хоҳад кард. Кори дувуми ман, ки дар дили худ зарур шуморида, иҷрои онро вазифаи ногузири худ мешуморам, ки кор кардан дар болои вазни шеъри тоҷикист”. (Аз нома ба Мирзо Турсунзода, 27/ХII-48, саҳ. 439-440; “214)

Бо материалҳои ҷолибу хонданӣ пуркардани халои таърихи адабиёти асри XIX-и тоҷик ба василаи таълифи “Ёддоштҳо” орзуи деринаи Устод Айнӣ буд, ки хушбахтона, ҷомаи амал ба бар намуд, аммо умр вафо накард, ки Устоди бузургвор дар бораи вазни шеъри тоҷикӣ тадқиқоти судманде анҷом диҳад ва ин ормонро абадӣ бо худ бурд.

Устод Айнӣ дар мактуби дигаре, ки ба Ҷалол Икромӣ менависад, “Ёддоштҳо”-ро чун равоншиноси моҳир аз назари синну сол барои хонанда тасниф менамояд, ки хеле ҷолиб аст:

Рафиқ Ҷалол Икромӣ!

Қисми дувуми “Ёддоштҳо”-ро дар мошинка чоп кунонида, имрӯз 9-феврол ба нашриёт фиристодам.

Ба фаҳми ман қисми дувум аз қисми якум беҳтар баромад.

Албатт ин табиист, чунки қисми якум таассуроти як бачаи 3-12 сола, аммо қисми дувум таассуроти як бачаи 13-14 сола аст, албатта ин ду таассурот фарқ мекунад, агар як бачаи 3-12 сола тамоман дар даруни ҳаёт даромада мерафт, ғайри табиӣ мешуд. Аммо бачаи 13-14 сола метавонад як дараҷа васеътар фикр кунад”.

(Аз мактуб ба Ҷалол Икромӣ, 9/II-49, Самарқанд, саҳ. 456)

Дар аксари номаҳое, ки Устод Айнӣ ба Ҷалол Икромӣ навишта аст, дар бораи хатоҳои зиёди имлоиву техникие, ки ҳангоми чопи “Ёддоштҳо” дар маҷаллаи “Шарқи Сурх” роҳ ёфтаанд, ба тафсил сухан ронда, ғалатҳоро бо тааннӣ таъйин кардаанд, ки ҳамаи ин дилбастагӣ ва шавқи ботинии муаллифи “Ёддоштҳо”-ро дар таълифи он нишон медиҳад.

Хулласи калом Устод Садриддин Айнӣ дар бештар аз 50 номаи муфассале, ки ба шахсиятҳои маъруфи замон ва фарзандону пайвандонаш навишта аст, дар бораи ёддоштҳо фикру мулоҳиза баён намуда аст, ки дар шинохту аҳаммияти ин асари мондагор аз аҳаммияти вежа бархурдор аст.

Анзурати Маликзод, н.и.ф., ходими пешбари илмии шуъбаи таърихи адабиёти ИЗА АМИТ

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0%

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО