04 May 2026
Submitted by Admin
4

Илтимос. Саломи толибагии маро қабул намо. Ман дар синфи 10-уми мактаби миёнаи ба номи Ушинский посёлкаи Комсомолобод таҳсил менамоям. Амакҷон! Ман ба шеърҳои Шумо чунон шавқу завқе дорам, ки мондан гиред. Фақат ман не ҳамаи аҳли оилаамон Шуморо ғоибона дӯст дошта ҳурмат мекунанд. Дирӯз аз бародарам Бегназар аз сафи Армияи советӣ мактуб гирифтам. Вай гуфтааст, ки «Хоҳарам аз китоби шоири дӯстдоштаам М.Турсунзода «Садои Осиё» ба ман фиристон», вай ин китобро борҳо хондааст вале мехоҳад дар куҷое набошад суханҳои пурҳарорати Шуморо хонад. Ё ин, ки падарам кадом китобе, ки Шумо навишта бошед дар вай мавҷуд аст. Вай ба ман фармуд, ки ба Шумо мактуб навишта, аз номи худ ва аҳли оилаамон барои шеърҳои нағзатон ташакури самимӣ гӯям. Ман гуфтаи падарамро иҷро намуда, ба Шумо мактуб навиштам.

Ман аз китобҳои Шумо «Садои Осиё», «Ҳасани аробакаш», сикли шеърҳои «Қиссаи Ҳиндустон», «Асарҳои мунтахаб» ва дигар шеър ва достонҳоятонро хондам. Рости гап, шеърҳои Шумо маро ба сӯи корҳои эҷодӣ бурда истодааст.

Мебахшед. Агар малол нашавед як шеъре, ки дар бораи Шумо навиштаам, дар ин мактуб иншо намоям. Гарчанде шеъри ман ба хондани Шумо намеарзад.

Туро, эй шоири номдори тоҷик,

Намоям аз самими қалб табрик.

Агарчанде бигашт 50 солат,

Дили софи ҷавонат нест торик.

Гашти машҳур дар байни ҷавонон,

Дар байни ҷумлаи барною пирон.

Садои шеърҳои дилнавозат

Расанд бар гуши аҳли ёру дӯстон.

Ана, акнун шудӣ 50-сола

Вале дилат ҷавону беғубор аст.

Барои равнақи ин халқу кишвар,

Дили софат дар ҷушу беқарор аст.

Қадам бар кори эҷодӣ ниҳода,

Зи шеърҳоят бишуд шеърхон Гулрухсор.

Қадамро ӯ ба сад азму ирода

Ниҳодаст: то нависад шеъри бисёр.

Вақте ки ман дар Москва дар слёти «бригадаҳои талабагӣ» будам як духтари украинӣ ба ман чунин савол дод: «Магар Мирзо Турсунзода шоири Тоҷикистон нест?» ва шеъри «Ба В.И.Ленин» навиштаи Шуморо хонда дод. Ман гуфтам, бале, аз Тоҷикистон аст. Ман бисёр мехоҳам маслиҳати падаронаи Шуморо шунавам. Ман шеъри бисёр навиштаам, вале дар натиҷаи бетаҷрибагиам каммаъно баромадаанд. Агар иҷозат диҳед дар мактуби дигарам фиристонам. Ман асоси шеърнависиро аз сини 14 солагиам сар кардаам. Имсол ба 16 даромадам.

Боз ҳам аз номи аҳли оилаамон ба Шумо саломи оташин расад.

Хайр, амакҷон!

Бо саломи самимӣ, хоҳаратон Гулрухсор Сафиева".

( соли 1961)

(Аз"Куллиёт"-и Мирзо Турсунзода, ҷилди VI мактубҳо, Душанбе 2025).

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0%

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО