15 Oct 2026
Submitted by Admin
24

Меҳргон – аз қадимтарин ва пурғановаттарин ҷашнҳои миллии тоҷикон аст, ки решааш ба умқи ҳазорсолаҳо мерасад. Мутаассифона, дар тӯли асрҳо бо сабабҳои гуногуни сиёсӣ ва иҷтимоӣ ин ҷашни бузург бо он шукуҳу шаҳомате, ки дар гузашта дошт, ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буд. Танҳо дар бархе минтақаҳои кишвар бо роҳу равиши гуногун ва оийнҳои мухталиф ин ҷашнро таҷлил менамуданд. Хушбахтона, бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои эҳёи дубораи он шароити мусоид фароҳам омад. Мехоҳам, дар бораи он омилҳое сухан ронам, ки Меҳргонро дубора зинда карданд ва имкониятҳоеро барои рушди минбаъдаи он фароҳам сохтанд.

• Аввалин омиле, ки Меҳргонро аз фаромӯшӣ наҷот дод ва ба эҳёи он замина гузошт ин намунаи осори адабиёти хаттӣ ва гуфтории мо аст. Агар “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсӣ, китоби “Осор-ул-боқия”-и Абурайҳони Берунӣ, шеърҳои шоирони классик, офаридаҳои эҷодкорони мардумӣ ва расму оинҳои миллӣ намешуданд, мо имрӯз намедонистем, ки Меҳргон чист. Навиштаҳои онҳо дар якҷоягӣ як ганҷинаи бузургест, ки барои шинохт ва эҳёи дубораи ин ҷашни ниёгон ба мо кӯмак карданд, то тавонем ин суннати аҷдодиро аз сари нав саҳифагардон намоем. Хушбахтона, дар даврони истиқлол раванди нави эҷодӣ ба вуҷуд омад ва садҳо асарҳои илмиву бадеӣ, публитсистӣ ва маҷмуаҳои шеърӣ дар васфи Меҳргон рӯйи чоп омаданд.

• Дигар омили муҳимтарин, ки барои эҳёи Меҳргон ва рушди он таъсири амиқ ва расмӣ гузошт, ин сиёсати фарҳангпарваронаи давлат ва истиқлолият мебошад. Баъди расидан ба истиқлоли давлатӣ, Тоҷикистон роҳи эҳёи ҳувияти миллии худро пеш гирифт. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки: “Бе хотираи таърихӣ ва фарҳангӣ миллате вуҷуд дошта наметавонад”. Маҳз бо Қарори Ҳукумат ҷашни Меҳргон ба қатори ҷашнҳои расмии кишвар ворид карда шуд. Ҳар сол бо намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар сатҳи давлатӣ баргузор шудани Меҳргон дар шаҳру ноҳияҳо, барномаҳои телевизионӣ, китобу мақолаҳо - ин ҳама иродаи сиёсии давлат ба шумор меравад. Ин омил метавонад пойдевори ҳама омилҳои дигар низ бошад. Агар давлату ҳукумат дастгирӣ накунад, ҳеҷ як ҷашн ба таври хосса баргузор карда намешавад. Маҳз ҳамин гуна ташаббусҳои дурандешона буданд, ки ба рушди Меҳргон такони бузург дод ва онро аз як иди маҳаллӣ ба ҷашни умумимиллӣ ва давлатӣ табдил дод.

• Пайванди Меҳргон бо кишоварзӣ ва иқтисодиёт аз омилҳое мебошад, ки ҳамбастагии дигар ҷашнҳои қадимиро бо Меҳргон ифода месозад. Агар Наврӯз ҷашни эҳёи табиат ва оғози кишту кор бошад, Меҳргон ҷашни ҳосилғундорӣ, шукргузорӣ, дӯстию бародарӣ ва адолат аст. Тибқи сарчашмаҳои таърихиву адабӣ Меҳргон аз рӯи тақвими қадимӣ 16-уми моҳи Меҳр, яъне аввали тирамоҳ – вақти ҷамъоварии ҳосил таҷлил мешуд. Меҳргон танҳо як ҷашни рӯи коғаз набуда, он бо замин ва меҳнати деҳқон пайванди ногусастанӣ дорад. То даме ки инсон кору меҳнат мекунад ва ҳосил мегирад, Меҳргон зинда аст, зеро сарчашмаи рушди ин ҷашн худи табиат ва тирамоҳи пурфайз мебошад. Аҷдодони мо медонистанд, ки маҳз дар ҳамин фасл (моҳи октябр) натиҷаи заҳмати яксола маълум мешавад. Ин эҳтиром ба нон ва неъматҳои замин боис шуд, ки руҳи Меҳргон дар байни мардуми деҳқон асрҳо боқӣ монад. Имрӯз вақте деҳқон ҳосили фаровон мегирад, ӯ ниёз дорад, ки шукр гӯяд. Меҳргон маҳз ҳамин ҳисси шукргузориро ифода мекунад. Аз ин рӯ, дар шаҳру навоҳии мухталифи кишвар Меҳргон ба як ҷашни ҳосил табдил ёфтааст. Ин омил Меҳргонро аз ҷашни танҳо фарҳангӣ ба ҷашни иқтисодӣ ва зиндагии фаровон низ табдил медиҳад.

• Яке аз омилҳои муҳими рушд ва далели эътирофи ҷаҳонии Меҳргон – ин ба Феҳристи ЮНЕСКО ворид шудани он дар соли 2024 мебошад. Ин нишон медиҳад, ки сиёсати фарҳангии Тоҷикистон дуруст буд ва Меҳргон дигар танҳо ҷашни миллӣ не, балки мероси ҷаҳонӣ аст. Муҳимтарин дастовард ва имконияти кунунӣ ин аст, ки Меҳргон аз доираи миллӣ баромада, ҷаҳонӣ шуд. Тавре дар тавсифи расмии ЮНЕСКО (2024, парвандаи № 02144) навишта шудааст: “Меҳргон ҳамбастагии иҷтимоиро таҳким бахшида, мардуми синну сол, ҷинс, қавм ва динҳои гуногунро муттаҳид месозад.” Имрӯз вазифаи мо ин аст, ки ин эътирофи ҷаҳониро барои рушди сайёҳӣ, тарбияи ҷавонон ва муаррифии Тоҷикистон ҳамчун кишвари фарҳангофар истифода барем.

• Омили дигаре, ки барои ояндаи ҷашни Меҳргон ва густариши он аҳаммияти муҳим дорад, ин ниёзи маънавии ҷомеа ба ҳувияти миллӣ аст. Ба ҳамаи мо маълум аст, ки имрӯзҳо раванди ҷаҳонишавӣ бисёр арзишҳоро ноаён ва ҳатто барои аз байн рафтани онҳо шароит месозад. Наслҳои ҷавони имрӯз тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ аз тамоми паҳлуҳои фарҳанги бегона бархӯр буда, хусусиятҳои мусбату манфии онҳоро хуб дарк мекунанд. Ин гуна арзишҳо онҳоро водор месозад, ки ба асли хеш баргарданд ва аз арзишҳои фарҳангиву миллии худ ҳифозат намоянд. Дар муқоиса бо арзишҳои фарҳангии дигар халқу миллатҳо Меҳргон аз ҷумлаи мероси қадимие мебошад, ки метавонад ба ин ҷиҳати масъала рӯшанӣ андозад. Зеро дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ омадааст: “Меҳргон рӯзест, ки Фаридун Заҳҳокро шикаст дод ва адолатро барқарор кард”. Пас маълум мешавад, ки Меҳргон – ҷашни адолат, ғалабаи рӯшноӣ бар торикӣ, дониш бар ҷаҳолат аст. Ин маънии амиқ барои ҷомеаи кунунӣ хеле зарур дониста мешавад. Одамон мехоҳанд ба решаи худ баргарданд, худро ҳамчун миллати тоҷик, вориси фарҳанги бузург эҳсос намоянд. Ин буд, ки Меҳргон аз ҷониби худи мардум пазируфта шуд.

Ба андешаи мо, инҳо аз омилҳои муҳимтарин ҷиҳати рушду эҳёи ҷашни Меҳргон ба ҳисоб мераванд. Илова бар ин, боз имкониятҳое мавҷуданд, ки барои рушди минбаъдаи ин ҷашн метавонанд мусоидат намоянд. Барои ин, пеш аз ҳама, имконияти расонаҳои муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ. Агар пештар дар бораи Меҳргон танҳо дар китобу маҷаллаҳо хонда мешуд, имрӯз қариб дар ҳама шабакаҳои интернетӣ мутолиаи матлабҳои гуногунро оид ба Меҳргон дастрас кардан мумкин аст. Барои ҳамин, мо метавонем тавассути техникаву технологияи муосир наворҳои кутоҳе аз оинҳои гуногуни Меҳргон сабт намуда, онро ба ҷаҳониён муаррифӣ кунем.

Воситаи дигаре, ки дар пешрафти Меҳргон ва ба наслҳои оянда интиқол ёфтани он асос шуда метавонад, ин ба забони ҷавонон – тавассути дизайни нав, наворҳо, челленҷ, филми кутоҳ муаррифӣ кардан аст. имконияти аз ҳама васеъе, ки барои боз ҳам баланд рафтани мақому манзалати ин ҷашн замина мегузорад, соҳаи сайёҳӣ мебошад. Мо метавонем, ба монанди Наврӯз вобаста ба Меҳргон ҳам як навъ бренди сайёҳӣ тартиб диҳем, то ҳар сайёҳи хориҷӣ ҳангоми ба Тоҷикистон омаданаш аз он дидан намояд. Гӯшаҳои махсусеро таъсис додан мумкин аст, ки ҳам фарҳанги мо ва анъанаҳои меҳргониро муаррифӣ карда тавонад ва ҳам манбаи даромад барои мардуми деҳот бошад.

Аз ҳама зарфияти муҳим барои рушди минбаъдаи Меҳргон ин аз маориф ва илм вобаста будани он аст. Бояд Меҳргон ҷашни якрӯза набошад, он метавонад тамоми моҳро фаро гирад. Илова бар ин, дар муассисаҳои томактабиву мактабӣ дарсҳои кушод ба роҳ монда шаванд. Яъне мақому манзалат ва арзиши баланд доштани ин ҷашни ниёгонро бояд аз кӯдакӣ донист. Қобили зикр аст, ки ҳамасола дар аксари донишкадаву донишгоҳҳо мизҳои гирд, конференсияҳо ва намоишҳои кишоварзӣ баргузор карда мешаванд.

Дар маҷмуъ, эҳёи Меҳргон танҳо эҳёи як ҷашн нест, балки таҷдиди хотираи таърихии миллат аст. Агар омили асосии он имрӯз Истиқлолият ва худшиносии миллӣ бошад, воситаи рушди он худи мо, бахусус ҷавонон ҳастем. Барои солҳои минбаъда ҳам Меҳргонро бояд тавре ҷашн гирем, ки гузаштагонамон аз он ифтихор кунанд ва фарзандонамон идомадиҳандаи анъанаҳои мо бошанд. Зеро Меҳргон мегӯяд: “Меҳр варзед, адолат кунед ва аз заҳмати кашидаатон шод бошед!”

Меҳргони ҳамагон муборак бошад!

Лайло Носирова, ходими илмии шуъбаи фолклори ИЗА АМИТ

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0%

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО