04 Jan 2023
Submitted by Admin
1234

Мусаллам аст, ки уламову удабову нухбагони Шарқи Араб ба осори зиёиёни форсу тоҷик бисёр мутаваҷҷеҳ шудаанд, зеро дар ин сарзамин бузургоне ба дунё омада, дар ҷодаҳои мухталифи илм на камтар аз арабҳо хидмат намудаанд, ки ба шарофати онҳо тамоми дунё миллати форсу тоҷикро шинохтааст. Бунёдгузорони илмҳои таърих, ҷуғрофиё, сарфу наҳв, тафсир, тасаввуф ва фиқҳу ҳадиси араб ба монанди Муҳаммад Ҷарири Табарӣ, Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибни Исмоил ал-Бухорӣ, Асокируддин Абулҳусейн Муслим Ҳаҷҷоҷ Найсабурӣ (Имом Муслим), Абӯ Исо Муҳаммад ибни Исо Тирмизӣ, Абӯ Исҳоқ Иброҳим ибни Муҳаммад ал-Истахрӣ, Абӯ Яҳё Закариё ибни Муҳаммад ал-Қазвинӣ, Абӯ Бишр Амр ибни Усмон ал-Басрӣ (Сибавайҳӣ), Абулқосим Маҳмуд ибни Умар Замахшарӣ, Боязид Тайфур Ибни Исо Бастомӣ (Боязиди Бастомӣ) ва дигарон эрониасл буданд ва таъриху тамаддуни арабӣ-исломиро наметавон бе онҳо тасаввур намуд.

Имрӯз низ, хушбахтона Шарқи Араб бо Тоҷикистон дӯстиву ошноӣ дорад ва робитаҳои фарҳангиву илмиву адабии ин ду қавми ҳамдину ҳамойин мутадовим ҳастанд. Адабпажӯҳони муосири форсу тоҷик адабиёти арабро меомӯзанд ва муҳаққиқони араб ҳам осори шоирони аҳди мозӣ ва давраи навини тоҷикро дар меҳвари таҳқиқоти худ қарор медиҳанд. То имрӯз адабиётшиносони араб асосан осори шоирони давраи мозиро мавриди таҳқиқ қарор додаанд. Масалан, доктор Носир Сайид Маҳмуд ал-Ҳиҷҷӣ рисолаи илмие таҳти унвони “Камоли Хуҷандӣ ва шеъри ӯ” [15] нигоштааст ва ё адабиётшиноси дигари араб Рифъат Сулаймон Абдуллоҳ Ҳусейн низ роҷеъ ба хусусиятҳои шеъри Камоли Хуҷандӣ ду мақолае бо номи “Нигоҳе ба шеъри Камоли Хуҷандӣ” [5] ва “Сафар ба сарзамини шеър” [6] таълиф намудааст [4]. Ҳамчунин, донишманди дигари араб Ҳусайн Алии Маҳфуз дар таҳқиқоташ “Ал-Мутанаббӣ ва Саъдӣ” [14] роҷеъ шабоҳиятҳои ашъори ин ду шоири нотакрори форсу араб баррасиҳо намудааст. Мавлоно Ҷалолиддини Румиро низ дар шарқи Араб пайваста меомӯзанд, ки дар ин бора рисолаи алоҳидаеро бояд нигошт. Бо ҳамин минвол, метавон чандин адабиётшиноси дигари арабро номбар намуд, ки адабиёти классикии тоҷикро дар меҳвари таҳқиқоти худ қарор додаанд, вале ҳадафи аслии нигорандаи мақолаи мазкур аз овардани матолиби марбут ин аст, ки бори дигар иброз созад: Воқеан, боиси ифтихор аст, ки имрӯз ҷаҳони араб ба шеъри муосири тоҷик руҷӯъ намудааст. Аз назари мо, таҳлилу таҳқиқи шеъри Шоири халқии Тоҷикистон устод Аскар Ҳаким, ки ҳамзамон доктори улуми филологӣ ҳам ҳаст, хеле актуалист, зеро дар ин шеърҳо ҷавониву муҳаббат, ватандӯстиву инсондӯстӣ ва ҳамчунин, мавзуъҳои доғи имрӯзаи ҷомеа таҷассум ёфтаанд. Ин ҳама хусусиятҳо ва муҳтавои баланди шеъри устод Аскар Ҳаким боис шудааст, ки муҳаққиқи араб доктор Ҳамдӣ Абдулрозӣ онро пажӯҳиш намояд.

Доктор Ҳамдӣ Абдулрозӣ, ки устоди забон ва адабиёти форсу тоҷик аст ва дар факултаи санъати донишгоҳи ал-Азҳари Миср фаъолият мекунад, дар мавзуи “Ритм ва сохтори матнӣ дар манзумаи Шоири халқии Тоҷикистон устод Аскар Ҳаким “Санги ман – алмос” [13] рисолаи илмии докторӣ нигоштааст. Муҳаққиқи мазкур дар рисолааш сараввал перомуни осор ва пайкори устод Аскар Ҳаким маълумоти мухтасар дода, сипас ба баррасии вижагиҳои ашъори шоир гузаштааст. Доктор Ҳамдӣ Абдулрозӣ ҳамчунин масъалаҳои поэтика ва матншиносии достони устод Аскар Ҳаким “Санги ман – алмос”-ро ба риштаи таҳқиқ кашида, роҷеъ ба тасвирҳои шоирона, сабку услубу нигориши шоир, авзону қофияи ашъори ӯ маълумоти кофӣ додааст. Илова бар ин, манзумаи “Санги ман – алмос”-ро ба забони арабӣ тарҷума намуда, бо матни асл мавриди муқоиса қарор додааст.

Барои намуна порчае аз тарҷумаи манзумаи “Санги ман – алмос”, ки аз ҷониби доктор Ҳамдӣ Абдулрозӣ ба забони арабӣ анҷом дода шудааст, оварда мешавад:

من کیم؟ من أنا ؟

آدمی انگار درخت انسان کما لو کان شجرة

ریشه م رفته در آب دل ده امتدت جذوری فی شریان القریه

شاخه م سبز شده در تن شهر اخضر فرعی فی جسد المدینه

که بدین حال نه شهری نه دهاتی باشم بحيث لم أكن لا قرویا ولا مدینیا

کندم از خویش چه سان با دیگری پیوندم ؟ انفصلت عن نفسی فكيف اتصل بالآخر؟

[13,5].

Ман киям?

Одаме ангори дарахт.

Решаам рафта дар оби дили деҳ,

Шохаам сабз шуда дар тани шаҳр,

Ки бад ин ҳол на шаҳрӣ, на деҳотӣ бошам,

Кандам аз хеш, чӣ сон бо дигаре пайвандам? [1,450].

Дар воқеъ, ба маҳорати тарҷумонии доктор Ҳамдӣ Абдулрозӣ метавон баҳои баланд дод, зеро ӯ мисраъҳои болоро бисёр хуб тарҷума кардааст. Тарҷумаи ӯ ҳарф ба ҳарф анҷом ёфта бошад ҳам, ритму оҳанг ва зарбҳо дар нусхаи арабии шеър низ таҷассум гашта, санъатҳои бадеӣ низ ба хубӣ ҷилва намудаанд.

Мисоли дигар:

چشم بد دور عين الشر بعيدة

زاغ اگر زمزمه پرداز شود لو يزمزم الغراب

چشم خفاش به خورشید شناسا گردد تدرك عين الخفاش الشمس [13,41].

Чашми бад дур,

Зоғ агар замзамапардоз шавад,

Чашми хаффош ба хуршед шиносо гардад...[1,454].

Бояд гуфт, ки тарҷумаи порчаи боло низ таҳтуллафзӣ анҷом ёфтааст. Масалан, мисраи “Чашми бад дур” ба забони арабӣ низ ҳарф ба ҳарф тарҷума шудааст: “عين الشر بعيدة”. Ҳатто нафаре, ки забони арабиро балад нест, дарк хоҳад кард, ки дар ин ҷо “чашм”-“ عين”(айн), “бад”- “الشر”(шарр) ва “дур”- “بعيدة”(баид) мебошад, чун мардуми тоҷик бо ин калимаҳо ошноӣ дорад ва вожаҳои зайлро пайваста ба кор мебарад.

چشم بد دور عين الشر بعيدة

شب ز ویرانه به آباد اگر آرد روی لو تحول الليل من الخراب نحو العمران

چغز ویرانه نشین بومة الخراب الجالسة

از حیا سنگ از ره فکند خودرا دور ترمي نفسها بعيدا بحجر من الحياء [13,42]

Чашми бад дур,

Шаб зи вайрона ба ободӣ агар орад рӯй

Чуғзи вайронанишин.

Аз ҳаё санги раҳ аз раҳ фиканад худро дур...[1,454].

Ин ҷо низ шоҳиди онем, ки тарҷума амиқу зебо ва саҳеҳ сурат гирифтааст, ки ин ҳама далели донандаи хуби забони форсиву тоҷикӣ будани доктор Ҳамдӣ Абдулрозӣ аст.

Дар сурати таҳтуллафзӣ тарҷума намудани матни шеър баъзан қоидаҳои сарфу наҳв коста, зарбу оҳанги арӯз низ маҳв мешаванд, вале дар ин маврид чунин нест, зеро ҳамаи ин вежагиҳо дар тарҷумаи арабӣ низ ҳифз шуда, мутарҷим кӯшидааст, ки тарҷума айни матни асл бошад.

Мавриди зикр аст, ки адабпажӯҳони зиёди ватаниву хориҷӣ ба манзумаи “Санги ман – алмос” бисёр мутаваҷҷеҳ шудаанд. Масалан, муҳаққиқи тоҷик Муҳриддин Сабурӣ дар мақолаи худ – “Дар қаламрави шеъри нав” [8], ки дар он вижагиҳои манзумаи мазкурро баррасӣ намудааст, ба ин маънӣ нигоштааст, ки “донишмандони зиёде аз Тоҷикистону Русияву Эрону Афғонистон дар мавриди ин манзума андешаҳои худро баён доштаанд”[8,102]. Муҳаққиқи араб доктор Ҳамдӣ Абдулрозӣ низ манзумаи устод Аскар Ҳакимро ба забони арабӣ ин гуна зебо тарҷума намуда, ҳамзамон роҷеъ ба эҷодиёти шоир пажӯҳиши густардаеро ба анҷом расонидааст. Дар рисолаи ӯ масъалаҳои гуногуни вазну қофия, сувари хаёл, муҳтавои манзумаи “Санги ман – алмос” ва ҳамчунин, рубоиҳои устод Аскар Ҳаким мабҳаси таҳлили илмӣ қарор гирифтаанд. Ин падида, таҳқиқи поэтикаи шеъри муосири тоҷик дар мисоли асарҳои Аскар Ҳаким дар адабиётшиносии муосири араб бори нахуст ба назар мерасад.

Сабки устод Аскар Ҳаким хеле шевову фаҳмо, равшану ҷаззоб ва омезаи вуқуъгароёнаву хаёлпардозона аст. Масалан, Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона роҷеъ ба сабк ва ҳолати шоиронаи устод Аскар Ҳаким чунин мегӯяд, ки қобили таваҷҷуҳ аст: “...ӯ дар мавриди шеър ба ҳеҷ кас намеандешад ва танҳо ба худ меандешад. Яъне ба тамасхур ва аҳсанти дигарон коре надорад ва дари бекаронаи ишқу муҳаббатро ба сӯи худ боз намудааст. Аскар Ҳаким шоирест, ки дар оғӯши шеъри худ гум мешавад” [9, 64].

Зикри ин нукта низ бамаврид аст, ки муҳаққиқи дигари Мисрӣ Асмо Аҳмад, ки низ устоди донишгоҳи ал-Азҳар мебошад, дар мавзуи “Зиндагинома ва осори Фарзона” пажӯҳиш мекунад, вале рисолаи ӯ ҳанӯз ба пуррагӣ анҷом наёфтааст. Дар ин радиф аз тарҷумаи рубоиҳои устод Аскар Ҳаким ба забони арабӣ, ки аз ҷониби тарҷумонҳои араб ва тоҷик анҷом дода шудааст, сухан гуфтан низ судманд хоҳад буд, зеро ин ҳам як шохаи пурмаҳсули иртиботи адабӣ ба шумор меравад.

Арабшиноси номвари тоҷик устод Назруллоҳи Назар низ якчанд рубоии устод Аскар Ҳакимро ба забони арабӣ тарҷума намудааст, ки намунае аз онҳо ин аст:

Аз ман ба ҷаҳониён ҷаҳон мемонад,

Як олами ишқу ормон мемонад.

Дар ишқи ту ҳарчанд шавам рӯзе пир,

Ман мераваму ишқ ҷавон мемонад [7,37].

Тарҷумаи устод Назруллоҳи Назар:

لن يترك غير حلمهم أشباهي

للعالميين بعد أن ارتحلوا

قد أهرمني هواك لكن هواك

ما زال على عهده شاباً يزهو.[7,91]

Баъди муқоисаи тарҷумаи рубоии боло бо нусхаи асл метавон гуфт, ки санъати бадеии тазод ва тавсиф (дар калимаҳои пир, ҷавон), ки дар байти охири ҳам матни арабӣ ва ҳам матни тоҷикӣ мавҷуданд, зебо баргардон шуда, матлабро хеле хотирнишин таҷассум намудаанд.

Дар ишқи ту ҳарчанд шавам рӯзе пир,

Ман мераваму ишқ ҷавон мемонад [7,37].

قد أهرمني هواك لكن هواك

ما زال على عهده شاباً يزهو . [7,91]

Яке аз қоидаҳои муҳимме, ки мутарҷим онро ҳатман бояд риоя кунад, тарҷумаи дақиқи маънои шеър мебошад, зеро маънои аслӣ амонате ба ҳисоб меравад, ки мутарҷим бояд ба хонанда расонад ва бидуни тардид, метавон иброз кард, ки дар тарҷумаи арабие, ки аз ҷониби устод Назруллоҳи Назар сурат гирифтааст, маънои шеъри устод Аскар Ҳаким ҳифз шудааст.

Рубоии дигаре аз устод Аскар Ҳаким меорем:

Ҳар рӯз ба ёди ту худ обод кунам,

Ёди ту кунам ҳар шабу дил шод кунам.

Чандин нафасам монда, надонам, аммо,

То як нафасам бувад, туро ёд кунам [7,45].

Дар рубоии мазкур санъати бадеии муболиға ба назар мерасад ва азбаски муболиға шеърҳои ошиқиро зеб мебахшад, мисраи “То як нафасам бувад, туро ёд кунам”, хаёлпардозонаву таъсирбахш эҷод шудааст.

Тарҷумаи устод Назруллоҳи Назар:

ذكراك تعمر الفؤاد بالأشواقِ

في الليل وفي النهار سكناك احداقي

كم هو عدد أنفاسي؟ لكن أدري

حتى آخره ذكرك فيه الباقي. [7,83]

Бо баробари муқоисаи матолиби боло бармеояд, ки тарҷумаи рубоии мазкур озод анҷом ёфтааст, на таҳтуллафзӣ, аммо маъно ба хубӣ ҳифз шудааст.

Дар илми тарҷума оид ба анвои гуногуни он андешаҳои мухталиф баён шудаанд, ки ҳар кадоме дар ҷойи худ аҳаммияти вежае доранд. Аз ҷумла, шарқшиноси тоҷик Насим Ҳамробоев дар монографияи худ таҳти унвони “Марҳалаҳои ташаккул ва таҳаввули ҳаракати тарҷума дар асрҳои VIII-XIV” [10] перомуни таърихи ҳаракати тарҷума ва анвои он маълумоти муфассал дода, роҷеъ ба тарҷумаи таҳтуллафзӣ аз Маркос Сисру чунин иқтибос овардааст: “Бунёдгузори назарияи тарҷума дар Ғарб – Маркос Сисру (106-43 п.м.) аз шеваи тарҷумаи маъноӣ ё худ тарҷумаи озоду равон истифода карда, тарҷумаи таҳтуллафзиро нодаркору беҳуда мехонд. Пас аз Сисру чанд нафар назарияпардозони дигари Ғарб ба дифои тарҷумаи маъноӣ баромада, даъво доштанд, ки мутарҷим наметавонад осори юнониро мӯ ба мӯ ва бидуни латма задан ба фасоҳат ва зебоии калом ба лотинӣ тарҷума кунад. Аз ин рӯ, ағлаби онҳо ақида доштанд, ки тарҷумаи таҳтуллафзӣ шеваи равону зебои матнро аз миён мебарад [10, 65]. Аммо дар мисолҳои фавқ дида шуд, ки ҳангоми аз тарҷумаи таҳтуллафз устодона истифода кардан низ метавон зебоиҳову назокатҳои нусхаи аслро ба забони дигар баргардон кард.

Гузашта аз ин, забони арабӣ яке аз забонҳои бисёр мураккаб аст ва на ба ҳар кас омӯхтани ин забон ба осонӣ муяссар мешавад. Бо забони арабӣ шеър нигоштан ва тарҷума намудани осори шоирони муосири тоҷик шоистаи таҳсину офарин мебошад. Воқеан, мутарҷим талош варзидааст, то сабки устод Аскар Ҳакимро дар тарҷумаи арабии рубоиҳои фавқ таҷассум намояд. Назруллоҳи Назар инчунин аз эҷодиёти шоир чанд рубоии дигари ӯро тарҷума намудааст, ки дар китоби “Рубоиёт”[7] дарҷ гардидаанд. Китоби мазкур соли 1992 дар нашриёти “Ирфон”-и шаҳри Душанбе ба табъ расида, рубоиёти чор шоири шуҳратманди тоҷик: устод Лоиқ Шералӣ, Гулрухсор, Гулназар ва Аскар Ҳакимро дар бар гирифтааст. Тарҷумаи матни русӣ ба қалами Виктор Полещук мансуб аст. Намунаи рубоиҳои тоҷикӣ аз сӯи устод Назруллоҳи Назар ҷамъоварӣ, баргардон ба хатти форсӣ ва ба забони арабӣ тарҷума шудааст.

Назруллоҳи Назар ашъори дигари Аскар Ҳакимро ҳам тарҷума кардааст, ки дар китоби “Зи рахшанда кавокиб ёздаҳ” [11], ки соли 1992 дар нашриёти “Шарқи Озод”-и шаҳри Душанбе ба табъ расидааст, ҷой дорад. Маҷмуаи мазкур тарҷумаи ашъори дигар шоирони муосири тоҷик, аз ҷумла устодон Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Муъмин Қаноат, Бозор Собир, Қутбӣ Кирром, Лоиқ Шералӣ, Гулрухсор, Гулназар, Раҳмат Назрӣ, Камол Насрулло ва шеърҳои арабии худи Нарзуллоҳи Назарро фарогир аст.

Дар воқеъ, хидмати устод Назруллоҳи Назар дар ҷодаи тавсиаи робитаҳои адабии тоҷику араб назаррас аст, зеро ӯ ба ҷуз аз ашъори устод Аскар Ҳаким шеърҳои 19 шоири муосири тоҷикро ба забони арабӣ тарҷума намудааст, ки аксари онҳо дар мамолики араб ба табъ расидаанд. Масалан, китоби “Авроқи мутафарриқа” [12], ки соли 2017 дар Қоҳира ба табъ расидааст, ҳамин гуна китоби тарҷума мебошад.

Роқими сутур талош варзид, то дар мақолаи мазкур роҷеъ ба тарҷумаҳои арабии ашъори устод Аскар Ҳаким, ки аз сӯи донишмандони араб ва тоҷик сурат гирифтаанд, иттилоъ орад ва ҳамчунин перомуни руҷӯи хонандаи араб ба шеъри ӯ чанд ҳарфе нигошта бошад.

Қиссаи ҷолибе, ки аз робитаҳои адабии тоҷику араб дарак медиҳад, боз ин аст, ки устод Аскар Ҳаким соли 1989 ба ҳамоиши ҷаҳонии шеър, ки дар Бағдод баргузор гардид, даъват шуда буд. Дар он ҳамоиш арӯси хонаводаи амири Кувайт малика Суод-ас-Сабоҳ низ ширкат дошта, шеър мехонад ва шеърҳояш ба устод Аскар Ҳаким хеле писанд меоянд. Устод Аскар Ҳаким аз Суод-ас-Сабоҳ хоҳиш менамояд, ки китоби худро ба ӯ ҳадя намояд, то ин китоб ба забони тоҷикӣ тарҷума шуда, хонандаи тоҷик низ аз шеъри зебои ӯ огаҳ гардад. Суод-ас-Сабоҳ китоби худро ба устод Аскар Ҳаким тақдим мекунад.

Ҳамин тариқ, маҷмӯаи ашъори шоири барҷастаи Кувайт Суод-ас-Сабоҳ таҳти унвони "Хаймаи қудсии сухан" дар тарҷумаи тоҷикии Назруллоҳи Назар ва шоир Гулназар Келдӣ ду маротиба нашр шуд – бори нахуст соли 1998 [2] дар Душанбе ва бори дуввум дар соли 1999 [3] дар Маскав. Хонандаи тоҷик китоби мазкурро хеле хуб пазируфт.

Дар ҳамоиши мазкур устод Аскар Ҳаким суханронӣ намуда, аз эҷодиёти худ боби оғозини “Достони Нону Имон”, ки онро шоири забардасти рус Владимир Солоухин ба забони русӣ тарҷума карда буд, бо забони тоҷикӣ ва русӣ мехонад. Баъди сухану шеърхонии ӯ профессорони донишгоҳи Бағдод, ки хатмкардаи Донишгоҳи давлатии ба номи Ломоносови Маскав буданд ва забони русиро хуб медонистанд, устод Аскар Ҳакимро ба донишгоҳи худ барои вохӯрӣ бо устодону донишҷӯён даъват менамоянд. Ӯ дар он вохӯрӣ бо хоҳиши устодон дар давоми як соат тамоми “Достони Нону Имон”-ро барои сабт мехонад, то устодон онро ҳангоми дарси забони русӣ ҳамчун мавод истифода карда тавонанд.

Хулоса, Шоири халқии Тоҷикистон устод Аскар Ҳаким воқеан як шахсияти муҳташамест, ки ӯро на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми дунё мешиносанд ва шарқи Араб низ бо ӯ пайвандҳои адабиву илмӣ ва фарҳангӣ дорад, ки ин масоил дар мақолаи мазкур ба таври мухтасар ироа шуд.

Адабиёти истифодашуда:

1. Аскар Ҳаким. Маҷмуаи осор. – Хуҷанд: Ношир, 2017.- 492саҳ.

2. Ас-сабоҳ Суод. Хаймаи қудсии сухан. (аз арабӣ ба тоҷикӣ тарҷумаи Гулназар К.ва Назар Н). –Душанбе: Сурушан, 1999.–73с.

3. Ас-сабоҳ Суод. Хаймаи қудсии сухан / Ас-сабоҳ Суод. Аз арабӣ тарҷумаи Гулназар К.ва Назар Н.).–Москва: Трансдорнаука, 1999.–62с.

4. Ғафорова, У.А. Камоли Хуҷандӣ дар оинаи пажӯҳиши арабшиносони тоҷик ва адабиётшиносони араб // Тоҷикистон дар масири таърих: истиқлолият, дастовард ва дурнамо: Маводи симпозиуми байналмиллалӣ (қисми 2).– Душанбе: Дониш, 2021. –745с.

5. Рифъат Абдуллоҳ Сулаймон Ҳусейн. Нигоҳе бар ашъори Камоли Хуҷандӣ//Маводи Конференсияи байналмиллалии Камоли Хуҷандӣ: Ташаккули адабиётшиносӣ ва равобити адабӣ”. (Хуҷанд, 28-29 октябри соли 2016).–Хуҷанд: Ношир, 2016. –600с.

6. Рифъат Абдуллоҳ Сулаймон Ҳусейн. Сафар ба сарзамини шеър. / Тарҷумаи тоҷикии Умеда Ғафорова/Оинаи пажӯҳишгоҳ.–Вежаномаи Камоли Хуҷандӣ: Фаслномаи илмӣ-адабӣ.–2020.–№3(3).–Хуҷанд:Нури маърифат, 2020. – 260с.

7. Рубоиёт / Баргузидаи рубоиёти Л.Шералӣ, Г.Сафиева, Г.Келдӣ ва А.Ҳаким, тарҷума аз тоҷикӣ ба арабӣ Н. Назар – Душанбе: Ирфон, 1992. – 125 с.

8. Сабурӣ Муҳриддин. Шоире дар қаламрави шеъри нав. Дар китоби “Шеър дар мизони ҳунар” (Маҷмуаи мақолаҳо). Душанбе: Балоғат, 2020. – с.160.

9. Хоҷаева, И. Нома ба устод Аскар Ҳаким / И. Хоҷаева / Дарёи сӯзон. –Душанбе:Адиб, 2014. – 240с.

10. Ҳамробоев, Н. Марҳалаҳои ташаккул ва таҳаввули ҳаракати тарҷума дар асрҳои VIII-XIV /Н. Ҳамробоев .– Хуҷанд: Нури маърифат, 2019.– 464с.

11. احد عشر كوكبا. مختارات من الشعر التاجيكي الحديث. ترجمها إلى العربية نذر الله نزار.- دوشانبه:"شرق ازاد"، ١٩٩٦-٨٠ ص.

12. نذر الله نزار. اوراق متفرقة.- قاهرة: "شمس للنشر و الاعلام"، ٢٠١٧م-٢٣٥ص

13. حمدي عبد الراضي علي. الايقاع و البنية النصية في شعر عسكر حكيم "سنگ من الماس". - القاهرة:"مدرسة اللغة والأدب الطاجيكي -كلية الاداب قنا"، -٥٠ص.

14. محفوظ حسين علي. متنبي و سعدي. مأخذ مضامين سعدي در ادب عربي.- تهران، ١٣٣٦ه.ش.-١٩٥٧م.- .٣٣٢ص.

15. ناصر سيد محمود الحجي. كمال خوجندي و شعره. -مصر: جامعة جنوب الوادي ،١٩٩٨

16. رفعت عبدالله سليمان حسین. زيارة إلي مدينة الشعر/ الاحرام المصرية. (٥. ١٢.٢٠١٦.(

Баҳодиҳии муҳтаво : 
5
Average: 5 (1 vote)

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО