Error message

Notice: Undefined variable: layout_width in include() (line 18 of /var/www/izar.tj/html/sites/all/themes/iza/tpl/html.tpl.php).
21 Sep 2026
Submitted by Admin
45

Ба рухи соқии парипайкар

Ҳамчу Ҳофиз бинӯш бодаи ноб!

Ҳофиз

Маълум аст, ки Ҳофиз шоири пурмутолиа, алоқаманди китоб, ошно ба таърихи гузаштаи миллат ва рамзу рози шоирӣ буда, дар баҳраҷӯӣ, ҷавобгӯӣ, ахзи маънӣ, бозсозии ашъори аз шуарои пешин яди байзо дорад. Аммо аксари пайравиҳояш ошкор нестанд, чун аз гӯяндагонашон ном намебарад, ба мушкилӣ метавон бисёре аз сарчашмаҳои эҷоди ӯро пайдо кард. Аз ин рӯ, ба сарчашмаҳои афкори орои Ҳофиз касе метавонад ба дурустӣ пай бибарад, ки аз ашъори Рӯдакӣ сар карда, то шоирони ҳамзамони Ҳофизро мавриди мутолиа қарор дода бошад, зеро Ҳофиз, тавре ки маълум аст, ба ҷуз аз Қуръон, тамҳидот ва номаҳои Айнулқузот, «Мирсод-ул-ибод»-и Наҷмуддини Розӣ, «Мисбоҳ-ул-ҳидоя»-и Маҳмуди Кошонӣ, «Савонеъ»-и Аҳмади Ғазолӣ, «Ламаъот»-и Ироқӣ, осори Ибни Арабӣ, девони шоирони араб ва ғайра, пеш аз ҳама, аз осори адибони қабл аз худ ва ҳамзамонаш пайравӣ намуда, аз каломашон илҳом гирифтааст, аммо таассури ӯ муҳаққиқона аст, яъне бартар аз ашъоре ки ба онҳо пайравӣ кардаву назира гуфтааст. Бино бар ин, суханаш хосу омро мақбул афтода. Аммо аз шоирони пешинамон, ки Ҳофиз бо сухани онҳо назар доштаву аз осорашон суд ҷустааст, бештар аз ҳама ба устод Рӯдакӣ назар доштааст, зеро бисмиллоҳи раҳмони раҳими шеъри мо аз осори Рӯдакӣ сар мешавад. Беҳуда устод Рӯдакиро сари шоирон нахондаанд. Бино бар ин, ҳар шоире, ки дар шеъру адаби мо рӯ ба сухан меорад, аз рӯи мантиқ ва одобу эҳтиром, пеш аз ҳама, рӯ ба каломи устод Рӯдакӣ меорад ва ба пайравию тазмини осор ва ҳамду санояш мепардозад. Ҳофиз яке аз онҳост, зеро, ба қавли шоир:

Гар сарӣ ёбад ба олам кас ба некӯшоирӣ,

Рӯдакиро бар сари он шоирон зебад сарӣ.

Шеъри ӯро баршумурдам сездаҳ раҳ сад ҳазор,

Ҳам фузун ояд, агар чунонки бояд бишмарӣ. 1

Донишмандон яке аз вижагии шеъри Ҳофиз ва яке аз мавзуъҳои муҳими осори ӯро дар тарсими бесуботии олам медонанд, ки аз Хоҷу ба ирс гирифтааст ва он ҳусни ашъори ӯро ба намоиш мегузорад. Аммо ин мавзӯъ маҳз аз Хоҷу шурӯъ нашуда, балки суннати дерина дошта, ба осори устод Рӯдакӣ рафта мерасад, ки қабл аз Хоҷу дар ин маънӣ сухан гуфтааст. Таълимоти эпикурӣ ва хайёмиро, ки Ҳофиз ба авҷ мерасонад, барои аввалин бор дар адабиёти мо устод Рӯдакӣ тадбиқ ва истифода намудааст. Хурофотшиканиро ҳам Ҳофиз аз устод Рӯдакӣ ахз кардаву ба авҷ расондааст. Бад-ин маънӣ, Шиблии Нӯъмонӣ чунин менависад: «Дар бесуботии дунё гуфта:

Зиндагонӣ, чи кутаҳу дароз,

На ба охир бимурд бояд боз?

Ҳам ба чанбар гузор хоҳӣ буд

Ин расанро, агарчи ҳаст дароз.

Хоҳӣ, андар анову меҳнат зӣ,

Хоҳӣ, андар нишоту неъмату ноз.

Хоҳӣ андактар аз ҷаҳон бипзир

Хоҳӣ, аз Рай бибар то Ҳиҷоз.

Ин ҳама буду боди ту хоб аст,

Хобро ҳукм не, магар ба маҷоз.

Ин ҳама рӯзи марг агар бинӣ,

Нашиносӣ зи якдигаршон боз.

Фалсафаи Эпикур ва Умари Хайёмиро занни қавӣ он аст, ки ӯ аввал аз ҳама дар форсӣ ба мо гӯшзад намуда, чунон ки гӯяд:

Шод зи бо сиёҳчашмон, шод,

Ки ҷаҳон нест ҷуз фасонаву бод.

З-омада шодмон набояд буд

В-аз гузашта накард бояд ёд.

Некбахт он касе, ки доду бихӯрд,

Шӯрбахт он ки ӯ нахӯрду надод.

Боду абр аст ин ҷаҳони фусун,

Бода пеш ор, ҳар чӣ бодо, бод!

Тамоми девони Хоҷа Ҳофиз шарҳи матни зайл мебошад:

Рӯй ба меҳроб ниҳодан чӣ суд,

Дил ба Бухорову бутони Тароз,

Эзади мо васвасаи ошиқӣ

Аз ту пазирад, напазирад намоз!» 2

Агарчи ин гуфтори донишманд зоҳиран муболиғаомез ба назар мерасад, аммо ҳақиқат ин аст, ки Ҳофиз аз осори устод Рӯдакӣ зиёд мутаассир будааст. Лиҳозо, мо ҳамсониҳои маъноӣ, суварӣ, ғоявӣ, забонӣ, баёнӣ, ҳунарӣ ва ғайраро дар байни осори Ҳофиз ва устод Рӯдакӣ фаровон мушоҳида менамоем, ки ин ҳама аз вусъати андеша ва иҳотаи васеи ӯ аз адабиёти гузаштаамон дарак медиҳад. Муҳаммадризо Тоҷдинӣ гуяд: «Ҳофиз таърихдону таъриххон будааст ва давраҳои таърихиро таҷзия ва таҳлил намудааст ва медонист, ки Рӯдакиро ба ҷурми озодандешӣ ва ё қарматӣ будан нобино карданд. Ба Сино туҳмати кофирӣ заданд ва вазирони фозил ва донишманди Сомонӣ, аз ҷумла хонадони Балъамӣ, Ҷайҳонӣ ва Утбиро бо тавтиаи туркони мазҳабӣ ва мутаассиб ба тарзи машкуке ба қатл расонданд… Агар таърихи Эронро баррасӣ кунем, махсусан баъд аз ислом, ҳукуматҳо ҳамин гуна буданд ва иттиҳоде номуқаддас ва зиддимардумӣ ва зидди адолтау зиддиозодихоҳӣ байни дину ҳукуматҳо вуҷуд доштааст, аммо дар ин миён танҳо ҳукумат ва давлати Сомониёни тоҷик буд, ки дар тули таърих як истисно ҳастанд ва амирону шоҳони онҳо, ба вижа Амир Исмоили Сомонӣ ва Наср ибни Аҳмад, бо кумаки вазирони донишманд ва фозили худ тавонист ҷомае ва ҳукумате ба нисбат донишпарвар, шеърпарвар, одилона ва мардумгароёна бо андешаҳои гуногуни мазҳабӣ ва фалсафӣ, аз ҷумла зардуштӣ, манавӣ, маздакӣ, бароҳмоӣ, будоӣ, яҳудӣ, масеҳӣ ва исломи ва андешаҳои ҳокимон ва файласуфони Юнон, эҷод кунад, чунонки бисёре аз китобҳои файласуфони Юнон, аз ҷумла Арасту ва Афлотун, зери назари Форобӣ, ба номи «Ат-таълим-ус-сонӣ» тарҷума шуд. Ба ҳар ҳол, таърихи гузаштаи Эрон, ғайр аз Сомониён, ки аз нажоди асили ориёӣ буданд, ҳамвора зери тасаллути туркон буда ва бо таассуботи мазҳабӣ бедод мекард ва аз ин рӯ, Ҳофиз дар ашъораш оинаи таърихро пеши рӯ мегузорад ва саъй мекунад гузашта чароғи роҳи оянда бошад ва ҳамчунон ки Рӯдакӣ мегӯяд:

Ҳар кӣ н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,

Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.

Дар воқеъ, Рӯдакӣ қабл аз Ҳофиз, дар давраи ренесони фарҳангӣ ва илмии Сомониён, мезист ва дар ашъораш саъй мекард адолату инсофу додро ба шоҳону ҳокимон гушзад кунад, чунонки мегуфт:

Ин теғ на аз баҳри ситамкорон карданд

Ангушт на аз баҳри набиз аст ба чархушт.

Янгушт макун ранҷа ба дар кӯфтани кас,

То кас накунад ранҷа ба дар кӯфтанат мушт.

Ва ё дар ҷои дигар мегӯяд:

Асари мир нахоҳам, ки бимонад ба ҷаҳон,

Мир хоҳам, ки бимонад ба ҷаҳон-дар асаре.

Дар ҳақиқат, Рӯдакӣ мегӯяд, ин аъмоли шоиста ва неки шоҳон аст, ки бояд дар ҷаҳон ба ёдгор бимонад ва на танҳо номашон. Ва Ҳофиз ба пайравӣ аз Рӯдакӣ мегӯяд:

Бад-ин равоқи забрҷад навиштаанд ба зар,

Ки ҷуз накӯии аҳли карам нахоҳад монд.

Ва, ҳамчунин, Рӯдакӣ мегӯяд, ки умр мегузарад, чи шоҳ бошию чи гадо. Пас, бино бар ин, шоҳон бояд раъиятпарвар ва одилу додгустар бошанд ва маргро ҳамвора ба онҳо ҳушдор медиҳад:

Меҳтарони ҷаҳон ҳама мурданд,

Маргро сар ҳама фуру карданд.

Зери хок андарун шуданд онон,

Ки ҳама кӯшкҳо бароварданд.

Аз ҳазорон ҳазор неъмату ноз

На ба охир ба ҷуз кафан бурданд.

Ва Ҳофиз низ гузарон будани умр ва бевафоии ҷахонро бад-ин гуна ба шоҳону ҳокимон ҳушдор медиҳад ва оинаи умри Кайхусраву Кайқубоду Кайковусу ғайраро дар муқобили шоҳони рӯзгори хеш мегузорад:

Маҷу дурустии аҳд аз ҷаҳони сустниҳод,

Ки ин аҷуза арӯси ҳазор домод аст.

ХХХ

Сипеҳри баршуда парвезанест хунафшон,

Ки резааш сари Кисрову тоҷи Парвиз аст,

ХХХ

Суруди маҷлиси Ҷамшед, гуфтаанд, ин буд,

Ки ҷоми бода биёвар, Ҷам нахоҳад монд…». 3

Хидмати устод Рӯдакӣ дар поягузории адабиёти классикии тоҷик-форс барои ҳамагон ошкор аст. Коре ки Сомониён ба шамшер анҷом доданд, ӯ ба қалам иҷро кард.Ӯ роҳро барои пасиниён ҳамвор намуд. Ба ҳамин маънӣ, Ғуломризо Риёзӣ чунин изҳори андеша менамояд: «Ва аз некбахтиҳои мо-ин кишвари ранҷкашида дар он ҳангом мардеро парвариш дод, ки бозори адабу фарҳанг аз овардани чунин колои гаронбаҳое нотавону модари рӯзгор аз додани чунин фарзанде сутурван мондааст. Ин корвонсолори майдони балоғати порсӣ, ҳамоно Абӯабудуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммади Рӯдакӣ (фавт 941) буд, ки забони дарӣ ва шеъри порсиро бар тахт нишонида ҷовидон сохт. Ва роҳеро, ки бузургони он рӯз дар бозгашти озодии кишвар бо шамшер анҷом доданд, ин суханвари доно ба неруи забон паймудан гирифт ва тавоноӣ бахшида, шеъри навини порсиро пайрезӣ намуд. Ашъори нағзу пурмағзи вай чунон дар дилҳо ҷой гирифта, ки зеби ҳар анҷумане шуд ва Рӯдакӣ, аз ин рӯ, дар майдони сухан пояи роҳбарӣ ёфт ва роҳро барои ояндагон кушуду ҳамвор кард. Пас аз вай устодоне, ки дар фанни шеъру адаби порсӣ падид омаданд, ҳама бар он ҷодаи рости ҳамвор роҳ рафтанду гом заданд ва ӯро ба устодӣ шинохтанд. Сарояндагон равиши он ҳазордастони бустони суханро намунаву сармашқи гуфтори хеш қарор доданд». 4 – Оре, Ҳофиз яке аз устодоне буд, ки дар кори шеъру шоирӣ аз пайи ӯ рафт, осори ӯро на танҳо намунаву сармашқ қарор дод, балки ба авҷи камол расонид. Лиҳозо, мо таассури Ҳофизро аз устод Рӯдакӣ дар лобалои осораш бармало мушоҳида менамоем. Ба ин намунаҳо мутаваҷҷеҳ шавед:

Рӯдакӣ:

Он гаҳ агар ними шаб дараш бикушоӣ,

Чашмаи хуршедро бубинӣ тобон. 5

Ҳофиз:

Ба нимишаб агарат офтоб мебояд,

Зи рӯи духтари чулчеҳри раз ниқоб андоз. 6

Рӯдакӣ:

Ногоҳ шунидам зи фалак пайғоме,

К-аз хумми фароқ нӯш бодат ҷоме. 7

Ҳофиз:

Саҳар зи ҳотифи ғайбам расид мужда ба гӯш,

Ки даври Шоҳ Шуҷоъ аст, май далер бинӯш! 8

Рӯдакӣ:

Шуд рӯзаву тасбеҳу таровеҳ ба як ҷой,

Ид омаду омад маю маъшуқи малоҳӣ. 9

Ҳофиз:

Соқӣ, биёр бода, ки моҳи сиём рафт,

Дардеҳ қадаҳ, ки мавсими номусу ном рафт. 10

Рӯдакӣ:

Омад ин навбаҳори тавбашикан,

Парниён гашт боғу барзану кӯй. 11

Ҳофиз:

Ба азми тавба саҳар гуфтам истихора кунам,

Баҳори тавбашикан мерасад, чӣ чора кунам, 12

Рӯдакӣ:

Май орад шарафи мард мепадид,

Озоданажод аз дирамхарид.

Май озода падид орад аз бадасл,

Фаровон ҳунар аст андар ин набид. 13

Ҳофиз:

Суфӣ аз партави май рози ниҳонӣ донист,

Гавҳари ҳар кас аз ин лаъл тавонӣ донист. 14

Рӯдакӣ:

З-он май, ки гар сиришке аз он дарчакад бо Нил,

Сад сол маст бошад аз бӯи ӯ наҳанг.

Оҳу ба дашт гар бихурад қатрае аз он

Ғурандашер гардаду н-андешад аз паланг. 15

Ҳофиз:

Бидеҳ, соқӣ, он оби андешасӯз,

Ки гар шер нӯшад, шавад бешасӯз. 16

Рӯдакӣ:

Омад баҳори хуррам бо рангу бӯи тиб,

Бо сад ҳазор нузҳату оройиши аҷиб. 17

Ҳофиз:

Расид мужда, ки омад баҳору сабза дамид,

Вазифа гар бирасад, масрифаш гул асту наёбид. 18

Рӯдакӣ:

Боду абр аст ин ҷаҳон, афсӯс,

Бода пеш ор, ҳар чӣ бодо, бод! 19

Ҳофиз:

Гуфтам; «Ба бод медиҳадам бода ному нанг»,

Гуфто: «Қабул кун сухану ҳар чи бодо, бод!» 20

Рӯдакӣ:

Меҳтарони ҷаҳон ҳама мурданд,

Маргро сар ҳама фурӯ бурданд.

Зери хок-андарун шуданд онон,

Ки ҳама кушкҳо бароварданд. 21

Ҳофиз:

Ҳар киро хобгаҳи охир муште хок аст,

Гӯ, чӣ ҳоҷат, ки ба афлок кашӣ айвонро? 22

Рӯдакӣ:

То бишканӣ сипоҳи ғамон бар дил,

Он беҳ, ки майи биёрию бигсорӣ. 23

Ҳофиз:

Агар ғам лашкар ангезад, ки хуни ошиқон резад.

Ману соқӣ ба ҳам созему бунёдаш барандозем. 24

Рӯдакӣ:

Розе, ки дилам зи ҷон ҳамедошт нахуст,

Ашкам ба забони ҳол бо халқ бигуфт. 25

Ҳофиз:

Тарсам, ки ман бимираму ғам бепадар шавад,

В-ин рози сарбамуҳр ба олам самар шавад. 26

Рӯдакӣ:

Сад нек ба як бад натавон кард фаромӯш,

Гар хор барандешӣ, хурмонатавон хурд. 27

Ҳофиз:

Кас асал бе неш аз ин дуккон нахӯрд.

Кас рутаб бе хор аз ин бустон начид. 28

Ҳофиз дар бархе аз шеърҳояш на танҳо аз забону баён, балки санъатҳои бадеии осори Рӯдакӣ низ фоида ҷустааст. Масалан, дар ин байт:

Дар хами зулфи ту он хом сияҳ донӣ чист?

Нуқтаи дуд, ки дар ҳалқаи ҷим афтодаст, 29

аз ин ташбеҳи ҳуруфии устод Рӯдакӣ суд ҷустааст:

Зулфи туро ҷим кӣ кард, он ки ӯ

Холи туро нуктаи он ҷим кард. 30

Мусаллам аст, ки Ҳофиз дар осораш аз устод Рӯдакӣ зикре ба амал наовардааст, аз ӯ ва шеъраш ситоиш нанамудааст, аммо мутолиаи дақиқу мукаррари ашъори ӯ ва қиёси шеъраш бо шеърҳои бозмондаи устод Рӯдакӣ нишон медиҳад, ки ӯ шоире рудакигарост, сахт алоқаманди шеъри ӯст ва дар осораш аз орову афкору сувари хаёлу ороишоти адабию вожагону таркиботу ғоя, бо як калом, забону баёни вай суд меҷӯяд ва ҳатто дар ҷое сухани ӯро тазмин ҳам менамояд. Чунончи, дар ин байт:

Хез то хотир то бад-он турки самарқандӣ диҳем,

К-аз насимаш «бӯи ҷӯи Мулиён ояд ҳаме», 31

ӯ мисраи аввали байти зери устод Рӯдакиро мавриди тазмин қарор додааст:

Бӯи ҷӯи Мулиён ояд ҳаме,

Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме». 32

Дар бораи таъсири ин шеър ба Наср ибни Аҳмад Низомии Арӯзӣ дар «Чаҳор мақола» 33 изҳори назар кардааст. Яке аз беҳтарин мақолаҳо дар мавриди ин қасида мақолаи «Қасидаи Рӯдакӣ ва истиқболи гӯяндагон»-и 34 дуктур Муҳаммади Муин мебошад, ки хонандагон метавонанд аз он роҷеъ ба сабаби эҷоди ин қасида, шуҳрати он ва бархе ҷавобияҳое, ки ба он навиштаанд, маълумоти кофӣ пайдо бинамоянд.

Хулоса, Ҳофиз ба осори устод Рӯдакӣ ошноии зиёд дошта, аз орову афкораш суд ҷустааст. Мо инро аз намунаҳои андак, ки дар нигоршоти хеш овардем, бармало боздид менамоем. Албатта, ин мавзуъ, яъне таассури Ҳофиз аз Рӯдакӣ тадқиқи муфасалро талаб менамояд, аммо мо ин гуна имкониятро алъон дар даст надорем. Лиҳозо, онро ба вақти дигар мавкул мегузорем. Ба қавли шоир:

Ин масал дар замона маъруф аст,

Ки амалҳо ба вақт мавқуф аст. 35

АДАБИЁТ

1.Рӯдакӣ бояд, ки ояд бори дигар бар ҷаҳон… Панҷакент, 1996. – С. 23.

2.Шиблии Нуъмонӣ. Шеър-ул-Аҷам. – Ҷ.1 ва 2. – Душанбе, 2016. – С. 53-54.

3.Муҳаммадризо Тоҷдинӣ. Мусоҳиба бо Ҳофиз. – Душанбе: Адиб, 2015. – С. 15-17.

4.Саид Нафисӣ. Муҳити зиндагӣ ва аҳволу ашъори Рӯдакӣ. – Душанбе, 2008. – С.449-450.

5.Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Ашъор. – Душанбе: Адиб, 2007. – С. 142.

6.Ҳофизи Шерозӣ. Девон. – Душанбе: Адиб, 2015. – С. 261.

7.Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Ашъор. – С. 221.

8.Ҳофизи Шерозӣ. Девон. – С. 261.

9.Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Ашъор. – С. 184.

10.Ҳофизи Шерозӣ. Девон. – С. 106.

11.Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Ашъор. 321.

12.Ҳофизи Шерозӣ. Девон. – С. 314.

13.Абӯабдуллоҳи Рӯдаки. Ашъор, - С. 94.

14.Ҳофизи Шерозӣ. Девон. – С. 77.

15.Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Ашъор. – С. 129.

16.Ҳофизи Шерозӣ. Девон. – С. 446.

17.Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Ашъор. – С. 61.

18.Ҳофизи Шерозӣ. Девон. – С. 226.

19.Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Ашъор. – С. 226.

20.Ҳофизи Шерозӣ. Девон. – С. 119.

21.Абӯабудллоҳи Рӯдакӣ. Ашъор. – С. 87.

22.Ҳофизи Шерозӣ. Девон. – С. 47.

23.Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Ашъор. – С.175.

24.Ҳофизи Шерозӣ. Девон. – С. 333.

25.Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Ашъор. – С. 191.

26.Ҳофизи Шерозӣ. Девон. – С. 214.

27.Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Ашъор. – С. 84.

28.Ҳофизи Шерозӣ. Девон. – С. 454.

29.Ҳофизи Шерозӣ. Девон. – С. 64.

30.Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Ашъор. – С. 89.

31.Ҳофизи Шерозӣ. Девон. – С. 408.

32.Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Ашъор. – С. 175.

33.Низомии Арӯзии Самарқандӣ.

34.Муҳамади Муин. Маҷмуаи мақолот. – Теҳрон, 1364. – С. 103-118.

35.Муллоҷон Фозилов. Фарҳанги зармулмасал, мақол ва афоризмҳои тоҷикию форсӣ. – Ҷ. 1. – Душанбе: Ирфон, 1975. – С. 223.

Ҷамолиддин Саидзода, н.и.п., ходими калони илмии шуъбаи адабиёти муосири Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0%

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО