08 Jun 2026
Submitted by Admin
14

Чу дурпош гардад ба маънӣ забонам,

Расад марҳабо бар замину замонам.

Рӯдакӣ

Робиаи Балхӣ аз шоираҳои мумтози асри Сомониён аст, асре, ки Рӯдакӣ мезист ва эҷод менамуд. Агарчи соли таваллудаш маълум нест, аммо муҳаққиқон ӯро ҳамасри Рӯдакӣ медонанд ва мехонанд. Шиблии Нӯъмонӣ гӯяд: «Ин яке аз ихтисосоти асри Сомонӣ буда, ки завқи шеъру шоирӣ дар занон ҳам ривоҷ доштааст, аз ҷумла, Робиаи Балхӣ, ки муосири Рӯдакист, дорои табъи саршор будааст».1 Саид Нафисӣ, ӯро дар силки шоирони муосири Рӯдакӣ, пас аз Шаҳид, Фароловӣ, Муродӣ, Рабанҷонӣ, Абулмасали Бухороӣ, Абулҳасани Оғоҷӣ, Тахорӣ, Хаббозии Нишопурӣ, Абулҳасани Кисоӣ, Дақиқӣ, Абӯзироаи Гургонӣ, Абӯабдуллоҳи Ҷунайдӣ, Аммораи Марвазӣ зикр менамояд, аммо ба қавли ӯ, «ин шоираи маъруфи давраи Сомониёнро, ки нахустин занест, ки шеър ба забони дарӣ аз ӯ ба мо расидааст, тазкиранависон (Авфии Бухороӣ- Ҷ. С.) муосир бо Рӯдакӣ надонистаанд, аммо Фаридуддин Аттори Нишопурӣ – орифи бузург, дар «Илоҳинома» достони муфассали бисёр шӯрангезе дар бораи вай дорад ва дар он ишорае ба равобити ӯ бо Рӯдакӣ кардааст»2. Дар ҳақиқат, тибқи достони Аттор, Рӯдакӣ боре ба Балх меояд ва нафаре шеъри Робиаро ба ӯ нишон медиҳад ва ӯ шеъри ин шоираро аз шеъри худ гармтару ҷӯшонтару пурнафосаттар дармеёбад ва ба ин натиҷа мерасад, ки гӯяндааш каси ошиқ ва дардманд аст. Сипас, ӯ аз Балх ба Бухоро меояд ва дар базме, ки шоҳ ороста буд ва бародари Робиа – Ҳорис низ ҳузур дошт, шеърхонӣ менамояд ва ҳамагон ба ӯ аҳсант мехонанд, аммо ӯ иброз медорад, ки дар Балх шоираест, ки шеърҳояш аз шеърҳои ман волотаранд. Онҳо дархости он шеърҳоро менамоянд. Вақте ки ӯ шеърҳои Робиаро мехонад, амир аз ӯ кӣ будани шоираро мепурсад. Азбаски Рӯдакӣ аз ҳузури бародари Робиа – Ҳорис дар ин базм огоҳ набуд, ҳар чизе, ки оид ба моҷарои ишқи Робиа медонист, ба амир қисса менамояд. Ҳорис сир бой надода, гӯш мекунад ва пас аз бозгаштан ба Балх ба тафтиш ва тафаҳҳуси қазия мепардозад. Ӯ тавассути ғуломи дигараш мактубҳои Робиаро, ки ба Бактош навишта буд, пайдо менамояд ва мефаҳмад, ки гуфтаҳои Рӯдакӣ саҳеҳ будаанд. Аз ин рӯ, фармон медиҳад, ки Бактошро ба зиндон ва Робиаро ба ҳаммоми гарм андозанд ва раги хунашро бибуранд. Робиа дар ҳаммоми тафсон бо хуни худ шеърҳои сӯзон ва пуралам менависад ва охируламр ҷон медиҳад. Бактош аз зиндон мегурезад ва шабона ба қасри Ҳорис меояд ва ӯро ба қатл мерасонад. Баъди ин вай ба сари хоки Робиа меояд ва худро ҳалок месозад3:

Нишаста буд он духтар дилафрӯз,

Ба роҳу Рӯдакӣ мерафт як рӯз.

Агар байте чу оби зар бигуфтӣ,

Басе духтар аз он беҳтар бигуфтӣ.

Басе ашъор гуфт он рӯз устод,

Ки он духтар муҷоботаш фиристод.

Зи лутфи табъи он дилдода дамсоз,

Тааҷҷуб монд он ҷо Рӯдакӣ боз.

Зи ишқи он суманбар гашт огоҳ,

Ниҳод он гоҳ аз он ҷой пой дар роҳ.

Чу шуд бар Рӯдакӣ роз ошкоро,

Аз он ҷо рафт то шаҳри Бухоро.

Ба хидмат шуд равон то пеши он шоҳ,

Ки Ҳорисро мадад ӯ кард он гоҳ.

Расида буд пеши шоҳи олӣ,

Барои узри Ҳорис низ ҳолӣ.

Магар шоҳона ҷашне буд он рӯз,

Чӣ мегӯям, биҳиште буд, дилафрӯз.

Магар аз Рӯдакӣ шаҳ шеър дархост,

Забон бикшод он устоду бархост.

Чу будаш ёд шеъри духтари Каъб,

Ҳама бархонду маҷлис гарм шуд саъб.

Шаҳаш гуфто: «Бигӯ, то ин кӣ гуфтаст?

Ки марворидро монад, кӣ суфтаст?».

Зи Ҳорис Рӯдакӣ огоҳ кай буд?

Ки ӯ худ гарми шеъру масти май буд.

Зи сармастӣ забон бикшод он гоҳ,

Ки «шеъри духтари Каъб аст, эй шоҳ!

Ба сад дил ошиқ аст ӯ бар ғуломе,

Дарафтодаст чун мурғе ба доме.

Замоне хӯрдану хуфтан надорад,

Ба ҷуз байту ғазал гуфтан надорад.

Агар сад шеър гӯяд пурмаъонӣ,

Бари ӯ мефиристад дар ниҳонӣ.

Агар он ишқ чун оташ набудӣ,

Аз ӯ ин шеър гуфтан хуш набудӣ».

Чу Ҳорис ин сухан бишнуд, бишкаст,

Валекин сохт худро он замон маст,

Чу алқисса, ба шаҳри хеш шуд боз,

Зи хоҳар дар ниҳон медошт он роз.

Вале пайваста меҷӯшид ҷонаш,

Нигаҳ медошт пинҳон ҳар замонаш.

Ки то бар вай фурӯ гирад гуноҳе,

Бирезад хуни ӯ бар ҷойгоҳе…4

Агарчи бар сиҳатии ин қисса метавон шубҳа кард ва баҳс орост, аммо барои мавзӯи мо муҳим он аст, ки дар он аз иртиботи Рӯдакӣ сухан рафтааст. Ба ҳарфи дигар, ин маълумот агарчи ба ривоят такя менамояд, аммо аз ҳар лиҳоз қобили хондану шунидан ҳам мебошад, зеро дар он, илова бар иртиботи Рӯдакию Робиа, аз беҳуқуқии зан, манъи ишқварзӣ ба шахси дӯстдошта, таассубу сахтгирӣ ва доман густурдани ҷаҳлу нодонӣ ва дигар нуқсу камбудиҳои замони феодалӣ ҳам мусалламан хабар дода мешавад. Агарчи Аттор аз эҷоди ин қисса барои баёни ақидаҳои худ суд ҷустааст ва онро аз забони Абӯсаиди Абулхайр, шайх ва сӯфии машҳур, дар ҷомаи ишқи илоҳӣ баён намудааст, вале мазмуну мӯҳтавои ин қисса собит менамояд, ки Робиа дар асри Аттор низ дар паҳнаи адабиёт бо эҷодиёти худ маъруф ва машҳур будааст. Ва муҳимтар аз ҳама, ин қисса ҳанӯз ҳам арзиши худро аз даст надодааст, он барои нишон додани мақом ва тантанаи ишқ, ки миллату мазҳабу синфиятро намешиносад ва боиси ба вуҷуд омадани асарҳои зиёде дар замони гузашта ва имрӯз, ба шумули «Гулистони Ирам»-и Ризоқулихони Ҳидоят, намоишномаи «Робиаи Балхӣ» ва достони «Рӯҳи урён»-и Гулрухсор ва ғайра гардидааст, маводи хуб дода ва медиҳад.

Аммо аҳамияти муҳими қисса, барои мавзӯи мо ин аст, ки нахуст ҳамаср будани Робиаро бо Рӯдакӣ тасдиқ ва ақидаи ғалати Авфиро рад менамояд, баъдан, мақоми бузурги Рӯдакиро, ки дар арсаи шеъру адаби он рӯзгор, ҳамчун устоди бузурги сухан доштааст, бори дигар собит менамояд, ки ӯ гули сари сабади маҳфилу маҷлисҳои шоҳону амирон будааст ва аз мақоми бузурги устодӣ бархурдор. Дигар, аз фаҳвои қисса маълум мешавад, ки ӯ натанҳо шоири бузург, балки марди адолатпеша, шеършинос ҳам будааст, зеро ба шеъри Робиа баҳои баланд ва мунсифона медиҳад. Ниҳоят, ӯ ҳамчун шоири аз рамзу румузи ишқу ошиқӣ огоҳу хайрхоҳ низ пеши назари мо ҷилвагар мешавад ва симои дурахшони адабию иҷтимоию инсонию виҷдонии худро ба намоиш мегузорад. Албатта, дар замони Сомониён зистану ҳамасри Рӯдакӣ будани Робиаро нафақат ривояти Аттор, балки маълумоти китобҳои дигар низ таъкид менамоянд. Аз ҷумла, китобҳои «Таърихи адабиёт»5-и Холиқ Мирзозода, «Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик»6, «Донишномаи Рӯдакӣ»7, «Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ»8, «Таърихи адабиёт»-и Забеҳуллоҳи Сафо9 ва ғайра, ки дар онҳо оид ба Робиаи Балхӣ сухан гуфта шудааст, низ тасдиқ ва таъкид менамоянд.

Зимнан бояд гуфт, ки Робиа духтари ҳокими Балх-Каъб буда, ба форсию арабӣ шеър мегуфтааст. Мутаассифона, аз ӯ осори хеле кам то ба имрӯз расидааст, яъне 7 ғазал, 4 дубайтӣ ва ду фардбайт аз вай боқӣ мондааст»10. Лиҳозо, барои баррасии мавзӯъ, мӯҳтаво ва сабку шева ва соири вежагиҳои шеъри ӯ сухан гуфтан кори душвор аст, аммо аз ҳамин абёти боқимонда, ки бо эҳсоси баланди шоирона ва бо сӯзу гудози ошиқона эҷод шудаанд, мо маҳорати волои Робиаро бармало боздид менамоем:

Маро ба ишқ ҳаме муҳтамил кунӣ ба ҳиял,

Чӣ ҳуҷҷат орӣ пеши Худои азза ва ҷалл?

Ба ишқат андар осӣ ҳаменаёрам шуд,

Ба динам-андар тоғӣ ҳамешавӣ ба масал.

Наъим бе ту нахоҳам, ҷаҳим бо ту равост,

Ки бе ту шаккар заҳр асту бо ту заҳр асал…11

Воқеан, байти охири ин шеър фароёди мо ин байти машҳури Анвариро мерасонад, ки шояд аз байти болои Робиаи Балхӣ таъсир пазируфта бошад:

Эй бародар, ишқ савдое хуш аст,

Дӯзах андар ошиқӣ ҷое хуш аст.12

Робиа на фақат дар сурудани ашъори ошиқона, балки васф ва тасвири манзараи табиат низ чун устод Рӯдакӣ мумтоз будааст. Ба ин намуна мутаваҷҷеҳ мешавем:

Фишонд аз савсану гул симу зар бод,

Зиҳӣ боде, ки раҳмат бод бар бод!

Бидод аз нақши Озар сад нишон об,

Намуд аз сеҳри Монӣ сад асар бод.

Мисоли чашми Одам шуд магар абр,

Далели лутфи Исо шуд магар бод.

Ки дур борид ҳар дам дар чаман абр,

Ки ҷон афзуд хуш-хуш дар шаҷар бод.

Агар девона абр омад, чаро пас

Кунад арза сабӯҳӣ ҷоми зар бод?

Гули хушбӯй, тарсам оварад ранг,

Аз ин ғаммоз субҳи пардадар бод.

Барои чашми ҳар ноаҳл гӯӣ,

Арӯси боғро шуд ҷилвагар бод.

Аҷаб чун субҳ хуштар мебарад хоб,

Чаро афганд гулро дар саҳар бод?13

Мусаллам аст, ки дар бораи шоироне, ки дар як аср зиндагию эҷод кардаанд, аз ҷумла, Рӯдакӣ ва Робиа, ки соли таваллуду вафоташ маълум нест (агарчи бо Рӯдакӣ ҳамаср аст), сухан гуфтан хеле душвор аст. Агар соли таваллуди Робиа равшан мебуд ва дар осораш ишора ва зикре нис бат ба Рӯдакӣ ба назар мерасид ва ё шеърашро тазмин мекард, мо ба осонӣ медонистем, ки аз устод Рӯдакӣ мутаассир будааст. Дигар, дар шеъри Рӯдакӣ низ аз Робиа ва осори ӯ чизе гуфта нашудааст. Ӯ танҳо аз Шаҳиду Фароловӣ, Муродӣ, ки аз шоирони машҳури ҳамасри ӯянд, дар осори худ зикру ишора намудаасту бас. Аз ин рӯ, таъсирпазирии Робиа аз Рӯдакӣ равшан нест. Масалан, Калим ва Соиб дар як аср зистаанд, ҳарду аз шоирони машҳури сабки «ҳиндӣ» мебошанд ва робитаи танготанги эҷодӣ доранд, аммо баррасии таассури эҷодии онон мисли Рӯдакӣ ва Робиа мушкилӣ эҷод наменамояд, зеро, аввалан, таваллуду вафоти Калим пеш аз Соиб (1603-1677) воқеъ шудааст сониян, Соиб дар каломаш на танҳо аз Калим ёд мекунад, балки суханашро пайравию тазмин ҳам менамояд. Чунончи:

Ин ҷавоби он ғазал, Соиб, ки мегӯяд Калим:

«Ҳар чӣ ҷонкоҳ аст дар ин роҳ дилхоҳи ман аст»14.

Лиҳозо, баррасии робита ва таъсирпазирии ин шоирони ҳамаср чандон мушкилӣ эҷод наменамояд. Аммо таассури Рӯдакию Робиа аз ҳамдигар равшан нест. Бино бар ин, тадқиқи дақиқи он корест мушкил. Аммо ин мушкилӣ осонӣ ҳам дорад, зеро Рӯдакӣ ҳамчун шоири устоди замони худ ва ҳамаи замонҳо шинохта шудааст ва тамоми шоирон ӯро ба бузургию ҷалол сутудаанд ва аз ӯ пайравӣ кардаанд. Аз ин рӯ, Робиа низ, бегумон, чун соири шоирон ба шеъри Рӯдакӣ назар доштааст ва аз ӯ пайравӣ намудааст. Агарчи, камии осори эшон имкони моро маҳуд месозад, аммо, ба ҳар ҳол, ҳамсониҳо дар байни осори Рӯдакӣ ва Робиа ба чашм мерасад, ки метавон аз ҳузури мазмуну мавзӯю сабку андешаи Рӯдакӣ дар шеъри Робиа сухан гуфт ва ишора намуд. Чунончи, ташбеҳоти монанд ва андешаи ҳаётдӯстона, даъват ба шодию нишот, ба вежа шаробкашӣ дар ашъори харду гӯянда ба мушоҳида мерасад:

Рӯдакӣ чанг баргирифту навохт,

Бода андоз, к-ӯ суруд андохт.

В-он ақиқин майе, ки ҳар кӣ бидид,

Аз ақиқи гудохта нашнохт.19

Рӯдакӣ

Ҳамемонад андар ақиқин қадаҳ,

Сиришке, ки дар лола маъво гирифт.

Қадаҳ гир чандею дунё магир,

Ки бадбахт шуд, он ки дунё гирифт.16

Робиаи Балхӣ

Дигар, вожагони монанд ва ё ба ҳам наздикро низ дар осори эшон боздид менамоем. Мисол:

Дониши ӯ на хубу чеҳра-ш хуб,

Зишткирдору хубдидор аст17.

Рӯдакӣ

Зишт бояд диду ангорид хуб,

Заҳр бояд хӯрду ангорид қанд18.

Робиа

Боду абр аст ин ҷаҳон, афсӯс,

Бода пеш ор, ҳар чӣ бодо, бод19.

Рӯдакӣ

Кошк ман аз ту бирастаме ба саломат,

Ой, фусӯсо, куҷо тавонам растан?20

Робиа

Ҳар бод, ки аз сӯи Бухоро ба ман ояд,

Бо бӯи гулу мушку насими суман ояд.22

Рӯдакӣ

Фишонд аз савсану гул симу зар бод,

Зиҳӣ боде, ки раҳмат бод бар бод.23

Робиа

Гузашта аз ин, судҷӯӣ аз мазомини Рӯдакӣ низ дар шеъри Робиа ба мушоҳида мерасад:

Ҳам ба чанбар гузор хоҳад буд,

Ин расанро, агарчи ҳаст дароз.24

Рӯдакӣ

Мадор, эй бинти Каъб, андӯҳ, ки ёр аз ту ҷудо монад,

Расан гарчи дароз ояд, гузар дорад ба чанбар-бар.25

Зиман бояд гуфт, ки ин мазмуни шеъри Рӯдакиро баъд аз Робиа шоирони дигар низ бастаанд. Аз ҷумла Унсурӣ, Саноӣ, Қатарон, Муиззӣ, Ватвот, Заҳири Форёбӣ, Аттори Нишопурӣ, Хоҷуи Кирмонӣ, Авҳадии Мароғаӣ ва ғайра, ки овардани мисол суханро ба дарозо мекашад. Боз чанд мисоли дигар дар боби ҳамсониҳои ашъори онҳо:

Моҳи тамом аст рӯи дилбараки ман

В-аз ду гули сурх андар ӯ паргола.26

Рӯдакӣ

Ранги он лолаи рухони ту кард,

Ранги ёқути ман ба гунаи коҳ.27

Робиа

Рӯдакӣ:

Бихандад лола бар саҳро ба сони чеҳраи Лайло,

Бигиряд абр бар гардун ба сони дидаи Маҷнун.28

Робиа:

Магар чашми Маҷнун ба абр-андар аст,

Ки гул ранги рухсори Лайло гирифт.29

Рӯдакӣ дунёро ба дарё ташбеҳ мекунад:

Ҳамчу дарёст в-аз накӯкорӣ

Киштие соз, то бад-он гузарӣ.30

Робиа ишқро ба дарёи каронанопадид:

Ишқ дарёи каронанопадид,

Кай тавон кардан шино, эй ҳушманд!31

Робиа:

Зи бас гул, ки дар боғ маъво гирифт,

Чаман ранги «Ажранг»-и Моно гирифт.33

Рӯдакӣ:

Борони мушкбӯй биборид нав ба нав,

В-аз барф баркашид яке ҳуллаи қасиб.34

Робиа:

Сабо нофаи мушки Тиббат надошт,

Ҷаҳон бӯи мушк аз чӣ маъно гирифт?35

Рӯдакӣ:

Акнун хӯред бодаву акнун зийед шод,

К-акнун барад насиб ҳабиб аз бари ҳабиб.36

Робиа:

Қадаҳ гир чандею дунё магир,

Ки бадбахт шуд, он ки дунё гирифт.37

Рӯдакӣ:

Маро бисуду фурӯ рехт, ҳар чӣ дандон буд,

Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд.40

Робиа:

Сивуду дона лӯълӯи макнун,

Зери ду лолабарг дорӣ, оҳ,41

Маълум аст, ки қисмати аъзами ашъори шоирони асри X ба дасти тороҷ рафта ва аз эшон осори ночизе боқӣ мондааст. Он ҳам дар ҷунгҳо, сафинаҳо, тазкираҳо, китобҳои бадеъ ва луғатҳо барои мисол, ки гоҳе ба ҳамдигар махлуту омехта шудаанд ва ба кадом гӯянда тааллуқ доштани онҳо равшан нест, зеро кулли онҳо шоирони як асранд ва девонашон мавҷуд нест ва ососан дар як сабк эҷод кардаанд. Мутаассифона, дар байни осоре, ки ба Робиа нисбат дода шудааст, ашъоре ба чашм мерасад, ки ҳам ба Рӯдакӣ ва ҳам ба Робиа мансуб дониста шудаанд. Албатта, ба кадоме аз онҳо тааллуқ доштани онҳоро имрӯз равшан кардан имконнопазир аст. Чунончи, Саид Нафисӣ мегӯяд: дар «Лубобулалбоб», «Маҷмаъулфусаҳо» ашъоре аз ӯ ҳаст. Ғазали маъруферо, ки матлааш ин аст:

Зи бас гул, ки дар боғ маъво гирифт,

Чаман ранги «Ажранг»-и Моно гирифт.

Ва ба номи ӯ забт кардаанд, ба номи Рӯдакӣ ва Адиб Собир ҳам овардаанд, аммо дар «Мунисулаҳрор» ба номи Оишаи Самарқандӣ, маъруф ба Оишаи Муқрия-шоираи маъруфи қарни шашум омадааст.42

Хулоса, Рӯдакӣ ва Робиа шоирони ҳамаср, ҳамсабк маҳсуб меёбанд. Ҳар ду дар қаламрави адабиёти мо мақоми арҷманд доранд. Яке ҳамчун бунёдгузору падари шеъри форсии тоҷикӣ, нахустин шоири девондор ва дигаре, аввалин гӯяндаи маъруфи зан дар адабиёти форсии тоҷикӣ эътироф ва шинохта шудаанд. Воқеан, ашъори эшон аз ҳар лиҳоз ба ҳам монанд ва наздиканд, агар чи маҷоли зиёди таҳқиқ ва қиёс дар миён нест (ба сабаби камии ашъор, алалхусус аз Робиа), аммо боз ҳам иртибот ва алоқаи Робиа ба Рӯдакӣ ва шеъраш, тавре ки дидем дар ҳамин абёти боқимондаи Робиа ҳувайдо ва ошкор аст. Дар ҳақиқат, шеъри Робиа на фақат аз лиҳози вожагону мазмун, сувари хаёл ба шеъри Рӯдакӣ шабеҳ аст, балки аз лиҳози образ, корбурди талмеҳот ва зикри номҳою чеҳраҳои диниву таърихиву ривоятӣ (Кисро, Аржанг, Исо, Озар, Лайло, Тарсо, Ҳайдар…) низ ба шеъри Рӯдакӣ монандӣ дорад. Бад-ин маънӣ, метавон гуфт, ки шеъри боқимондаи Робиа аз кулли вежагиҳои сабки хуросонӣ, яъне Рӯдакӣ ва шеъри ӯ бархурдор аст, зеро, тавре ки гуфтем, Рӯдакӣ аввалин гӯяндаи соҳибдевону пуршеъру таъсиргузор ва Робиа нахустин гӯяндаи маъруфи зан дар шеър ва адаби форсии тоҷикӣ мебошад, ки ҳам худ ва ҳам шеърашон умри ҷовидонӣ доранд, агарчи аз эшон осори андаке ба ёдгор мондааст, аммо, ба қавли шоир:

Ҷаҳонгирони маъниро макун нисбат ба Искандар,

Ба як мисраъ ду оламро мусаххар метавон кардан.43

Пайнавишт:

1. Шиблии Нӯъмонӣ. Шеърулаҷам, ҷ. I, Теҳрон, 1368, с.25.

2. Саид Нафисӣ. Муҳити зиндагӣ ва аҳволу ашъори Рӯдакӣ. Душанбе, 2008, с.563-564.

3. Мирзозода. Таърихи адабиёти тоҷик, к. I (I), Душанбе, Маориф, 1987, с. 227.

4. Саид Нафисӣ. Муҳити зиндагӣ ва аҳволу ашъори Рӯдакӣ, с. 281-183.

5. Мирзозода Х. Таърихи адабиёти тоҷик, к. I (I), с. 226.

6. Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, ҷ. З, Душанбе, 2004, с. 61.

7. Донишномаи Рӯдакӣ, ҷ. 2., Душанбе, 2008, с. 382.

8. Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ. Душанбе, Адиб, 2007, с. 114.

9. Забеҳуллоҳ Сафо. Таърихи адабиёти Эрон, ҷ, I, Душанбе, 2001, с. 104.

10. Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ, с. 114.

11. Ҳамон ҷо, с. 119.

12. Фарҳанги забони тоҷикӣ Ҷ. 1, М., 1969, с. 518.

13. Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ. с. 116.

14. Соиб. Мунтахабот. Душанбе, Ирфон, 1980, с. 273.

15. Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Ашъор. Душанбе, 2007, с. 70.

16. Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ, с. 115.

17. Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Ашъор. с. 65.

18. Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Ашъор. с. 117.

19. Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Ашъор. с. 82.

20. Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ, с. 120.

21. Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Ашъор. с. 82.

22. Ҳамон ҷо, с. 108.

23. Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ, с. 116.

24. Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Ашъор. с. 120.

25. Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Ашъор. с. 118.

26. Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Ашъор. с. 308.

27. Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ, с. 121.

28. 1000 мисраи Рӯдакӣ. Душанбе, Ирфон, 1984, с. 46.

29. Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ, с. 28.

30. Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Ашъор. с. 176.

31. Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ, с. 117.

32 Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Ашъор. с. 68.

33. Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ, с. 114.

34. Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Ашъор. с. 61.

35. Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ, с. 114.

36. Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Ашъор. с. 62.

37. Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ, с. 115.

38. Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Ашъор. с. 63.

39. Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ, с. 121.

40. Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Ашъор. с. 76.

41. Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ, с. 121.

42. Саид Нафисӣ. Муҳити зиндагӣ ва аҳволу ашъори Рӯдакӣ, с. 587.

43. Нозими Ҳиротӣ. Ашъори мунтахаб. Душанбе, Ирфон, 1967, с. 79.

Ҷамолиддин Саидзода, н.и.п., ходими калони илмии шуъаби адабиёти муосири ИЗА АМИТ

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0%

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО