28 Oct 2025
Submitted by Admin
65
“Дар ёддоштҳо дар бораи падари мо, на танҳо симои он кас, балки замони ӯ ва он чи ки моро ташаккул додааст, инъикос ёфтааст” (Ҷ.М.)
Дар ин мақола ман кӯшиши ошкор намудани сарчашмаҳои ташаккули Садриддин Айнӣ ва Сотим Улуғзода – ду падидаи бузурги фарҳанги моро - на аз нигоҳи муаллифони ҷилдҳои ғафси илмӣ дар бораи адабиёт, фалсафа, равоншиносӣ ё зебоишиносӣ, балки дар асоси як ҳикояи ба назар содда, вале пур аз ҳикмати “Падар” карданиям. Ин ҳикоя бо ҳамин ном ҳам дар “Ёддоштҳо”-и Айнӣ ва ҳам дар повести Улуғзода “Субҳи ҷавонии мо” ба мисли кундаи сокит, вале қавӣ оварда шудааст, ки аз он нубуғи онҳо манбаъ гирифтааст. Маҳз дар ҳамин ҳикояи содда – калиди дарки бузургӣ : чӣ тавр обутоб ёфтани рӯҳ, ташаккули шахсият ва хирадмандии асл мавҷуд аст.
Дар паси ҳар инсон шахсест, ки қадамҳои ӯро бо тамкину солорӣ роҳбаладӣ менамояд, матонатро меомӯзонад ва ба қудраташ бовар дорад ва вай падар аст, офаридгори ҳастии шахсият ва бунёдгузори таҳкурсии мустаҳкам барои зиндагии он. Симои падар дар ҳаёти инсон на танҳо хотираи фардӣ, балки раҳнамои маънавӣ, меҳвари ботинӣ аст, ки муносибатро нисбат ба ҷаҳон, одамон ва худи инсон ташаккул медиҳад. Аксари вақт адибони бузург рӯ ба симои падар меоваранд, ки дар он сарчашмаҳои ташаккули маънавии онҳост, манбаи ахлоқие, ки андеша, мавқеъ ва табъи адабии онҳоро мепарварад.
Дар асарҳои Садриддин Айнӣ ва Сотим Улуғзода хотираҳо дар бораи падар ҷойгоҳи хоса дорад. Тавассути симои падар онҳо на танҳо таассуроти шахсии худро баён мекунанд, балки муҳити замони худро низ барқарор месозанд, ахлоқи мардум, зиддиятҳои дохилии ҷамъият ва муҳимтараш - роҳи хешро дар дарки ҳақиқат ва адолат нишон медиҳанд.
Барои ҳар як инсон хотираи падар бо эҳсосоти хоса – эҳтиром, дард, сипосгузорӣ, адои қарзи фарзандӣ алоқаманд аст. Барои нависанда симои мазкур аз доираи шахсӣ берун мебарояд: бадеӣ ва рамзӣ мегардад.
Чеҳраи падар дар насри шарҳиҳолии Айнӣ ва Улуғзода танҳо симои фардӣ нест, балки рамзи бадеист, ки дар он хотира, таърих ва маънавият бо ҳам мепайвандад. Ҳар яки онҳо шахсияти падарро ба таври худ маънидод мекунанд, вале дар ҳар ду маврид ин далели робитаи амиқи наслҳо, ирсияти маънавӣ ва майли нигоҳ доштани чизҳои асосӣ: покиӣ ботин, такягоҳи фарҳангӣ, эҳтиром нисбат ба инсон мебошад.
Нависандагон ба воситаи симои падаронашон гӯё на танҳо бо гузашта, балки бо оянда низ бо хонанда суҳбат мекунанд, ки ба ӯ на танҳо таърихи хонадон, балки таҷрибаи инсони комил буданро меомӯзонанд.
Китоби шарҳиҳолии “Ёддоштҳо”-и Садриддин Айнӣ танҳо воқеаномаи даврони кӯдакиву ҷавонии муаллиф нест, балки достонест, ки бо маҳорати баланд тарҳрезӣ шудааст ва дар он ҳар саҳнааш пурмазмун аст. Воқеаҳои аз назари аввал рӯзмарра дар он ба манзараҳои пуртаъсир ва амиқи зиндагӣ мубаддал мегарданд. Тавоноии нависанда дар ҳунари баёни ботаҳаммули истеҳзо, мушоҳидаҳои дақиқ, ҷузъиёти зинда мебошад. Ба шарофати ин хонанда на танҳо бо далелҳо шинос мешавад, балки худро дар дохили олами тасвиршуда мебинад ва эҳсоси нафас, дард ва нури онро мекунад.
Дар саросари китоб падари нависанда чеҳраи нотакрор ва бартаридошта боқӣ мемонад - як марди сахтгир, хирадманд ва содиқ аст. Ӯ барои қаҳрамон на танҳо намунаи ахлоқӣ, балки як навъ нумоди виҷдони даврони хеш гаштааст. Худи Айнӣ маънои онро ба таври зайл ифода намудааст:
“Ман дар бораи аҳвол ва характери падарам, ки бо вуҷуди дар хурдсолӣ аз ӯ ҷудо шуданам, дар ҳаёти ман таъсири бузург гузоштааст, боз қадре истодан мехоҳам...”.
Ин ибора калиди дарки тамоми китоб аст: хотираҳо танҳо дар бораи овони кӯдакӣ нест, балки дар бораи он аст, ки чӣ тавр шахсият дар бархӯрд бо воқеият ташаккул меёбад, чӣ гуна дар паси гуфтор ва кирдори одии падар як ҷаҳони комили маънавӣ ба вуҷуд меояд.
Дар Айнӣ симои падар на танҳо рамзи маънавият, балки симои марказӣ низ мегардад, ки дар атрофи он танқиди рӯҳониён сурат мегирад. Нависанда ошкоро менависад:
“...Падарам муллоҳои расмиро — имомҳо, қозиҳо ва раисҳоро бисёр бад медид ва онҳоро ҳар вақт ба нодонӣ ва ноинсофӣ нисбат дода айб мекард”.
Ӯ зидди худи дин мубориза намебурд, балки бо намояндагони таҳрифкори он — бо онҳое, ки динро истифода бурда ҷаҳолат ва беадолатии иҷтимоиро пардапӯш мекарданд. Ҳамин тавр, симои падар дар насри Айнӣ якбора чанд нақши асосиро бо ҳам мепайвандад: дорандаи ҳикмати халқ, намунаи маънавӣ ва устоде, ки ба ташаккули шахсияти нависанда таъсирбахш аст.
Яке аз лавҳаҳои гӯёе, ки ин таъсирро баён месозад, ҳикоя дар бораи ростқавлӣ, бодиққат будан ва барои гуфтаи хеш масъулият доштан аст. Рӯзе падараш Айнии ҷавонро барои намак ба бозор фиристодаст. Дар роҳи бозгашт ӯ бо шиноси падараш вохӯрд, ки барои ӯ пайғоме додааст. Аммо дар роҳ Айнӣ на танҳо суханҳояш, балки худи он шахсро низ аз хотир баровардаааст. Вақте падараш аз ӯ пурсон мешавад, ки бо кӣ вохӯрдааст ва чӣ пайғоме барояш дорад, Айнӣ ба фаромӯшхотирии худ қоил нашуда, дар ҷавоб чанд даҳан гапи аз худ сохтаву бофтаро гуфтааст. Пас аз чанд рӯз ҳамон мард ба хона меояду дурӯғаш фош мегардад. Вокуниши падар қатъӣ, аммо бераҳмона набуд: ӯ писарашро ҷазо ва танбеҳ дода, шарманда сохт ва ба ӯ дарси равшани ахлоқӣ дод:
“Баъд аз ин ҳар чизеро, ки бинӣ, бо диққат зеҳн монда нигоҳ кун, ҳар гапро, ки шунавӣ, бо диққат гӯш андоз ва агар касе ба ту чизе гӯяд, ё коре фармояд, фаҳмида бошӣ ҳам, дубора пурсида ба ёд гир. Ва эҳтиёт кун, ки гап аз ёдат набарояд. Аммо ҳеч гоҳ дурӯғ нагӯй, ки ҳам шарманда мешавӣ, ҳам бадном. Ҳоло ту ду гуноҳ дорӣ – якум он, ки ба ҷои он гапҳо аз худ дурӯғ бофта гуфтӣ. Агар ҳамон вақт ту “гапҳои таъинкардаашонро фаромӯш кардаам” мугуфтӣ, ман туро ба пеши ин кас шарманда намекардам.”
Ҳолати мазкур дар зиндагии Айнии ҷавон таъсири бузурге гузошт: ӯ дарк кард, ки бепарвоӣ нисбат ба сухан ва фаромӯшхотирӣ ба пастӣ ва беэҳтиромӣ меоварад. Ин буд, ки ӯ ба машқи диққат ва хотира пардохт:
“Ман шеърҳоро ҳарчанд махсусан ёд кунам ҳам, зуд аз ёд мебарорам, ҳатто шеърҳои худамро ҳам дар рӯзи дуйуми гуфта шудани онҳо фаромӯш мекунам. Аммо гапҳо, ҳодисаҳо ва хотираҳое, ки ба ман каму беш таъсир карда бошанд, аз ёд набаровардаам... Ин натиҷаи ҳамон танбеҳи падар аст, ки ман дар паси вай ба идмони хотира ва ҳофиза машғулӣ намудам.”
Ҳамин тариқ, дастури падар барои ташаккули хотираи фавқулодаи Айнӣ асос гузошт. Ӯ ба писараш мушоҳидакорӣ, дақиқ ва поквиҷдон буданро омӯзонд, ки ин ҳама барои пешаи дар оянда интихобкардааш таҳкурсӣ шуд. Айнӣ ба шарофати ин гуна сабақҳои дар айёми хурдсолӣ гирифтааш на танҳо воқеаҳоро дар ёд мегирифт, балки барои нигоҳ доштани маънӣ, умқ ва мазмуни маънавии он низ қудрат дошт. Пас аз сипарӣ шудани солҳои зиёд, дар як номаи худ ба яке аз адибони тоҷик навиштааст: “Ҳар як нависанда, бештар аз ҳама ниёз ба хотираи қавӣ дорад. Агар хотира заиф бошад, онро бояд бо машқ ва машғулиятҳо мустаҳкам намуд, то даме хотира қавӣ гардад; ҳамаро бояд танҳо дар асоси қайдҳои дақиқ ва мушаххас (на тахминӣ) навишт. Агар нависанда фаромӯшхотир бошаду илова бар ин такя ба хотираи хеш кунад, он гаҳ ӯ ба хатогиҳои калон роҳ медиҳад, ки якеаш – зиддият дар навиштаҷоташ мебошад... Нависанда бояд дар навишти асараш чунон бодиққат бошад, ки дар хотир (албатта айнан не, балки мазмунан), дошта бошад, ки дар кадом саҳифа чӣ навиштааст... Сарчашмаи хатогиҳои зиёди адибони ҷавон дар шитобкорӣ, фаромӯшхотирӣ, бедиққатӣ аст”. (Улуг-зода, С.Единение, 1963, С. 91).
Дар яке аз асарҳояш нависанда меорад, ки ба шарофати “хотираи қавиаш, соли 1917, аз марги ногузир раҳо ёфтааст; замоне, ки ҷаллодони амир баъд аз лату кӯб, ӯро ғарқи хун ба обхонаи даҳшатнок – зиндони зери аспхонаи қаср партофтанд. Маҳбус ҳис кард, ки ӯ ногаҳон нафасгир шуда истодааст. Дар он ҳолат, ногаҳон дар ёдаш навиштаҳои Ибни Сино бошад ва ё каси дигар, ки ҳангоми қатъи нафас дасту пойҳоро соиш додан лозим аст. Айнӣ аз маҳбусон, ки дар торикии зиндон чеҳраҳояшонро дида наметавонист, хоҳиш кард, ки дасту пояшро бимоланд ва ба зудӣ ҳис кард, ки нафасаш беҳтар шуд”. (Улуг-зода, С. Единение, С. 92).
Падар ба Айнии ҷавон қобилияти фарқ кардани дуруғро аз ҳақиқат ва дарки масъулият барои гуфтаи хешро, ки ҷузъи фарҳанги ботинии инсон мебошад, омӯзонидааст. Ин маҳорат, алалхусус дар заминаи фаъолияти адабӣ ва иҷтимоии Айнӣ, пурарзиш гардид: ақли қобили таҳлил ва мушоҳида, хотираи қавӣ ба ӯ имкон дод, ки муҳимтарин ҳодисаҳои фарҳангӣ ва таърихии ҳаёти тоҷиконро ҷамъоварӣ, ҳифз ва нашр намояд.
Ҳамин тариқ, тарбияи падар на танҳо барои ташаккули шахсият, балки барои равиши эҷодии нависанда заминаи мустаҳкам гаштааст. Хотира танҳо истеъдод нест, балки натиҷаи заҳмати ҳаррӯзаи инсон аст, ки дар ин роҳ нақши падари ӯ аввалин ва асосӣ буд. Ба шарофати таъсири падар Айнӣ на танҳо нависандаи барҷаста, балки дар самти эҳёи фарҳанги халқи тоҷик иштироккунандаи фаъол гардид.
Ҳар як ҳикояи Садриддин Айнӣ танҳо ёддоштҳо нестанд, балки ривояти серҷабҳаест, ки дар он ҳақиқати таърихӣ зинда мегардад, масъалаҳои маънавӣ ва мубориза барои ҳувияти фардӣ ва миллӣ баррасӣ мешаванд. Тавассути тасвирҳои оддии рӯзмарра нависанда мавзӯъҳои ҷиддии фалсафӣ ва иҷтимоиро ба миён гузошта, дар ҷустуҷӯйҳои маънавӣ хонандаро шарики худ мегардонад.
Падар симоест, ки тавассути ӯ Айнӣ дар “Ёддоштҳо” самтҳои ахлоқӣ ва ҳисси баланди адолатпарварии хешро баён мекунад. Он чеҳраи муҷаррад нест, балки одами зинда, тез, ҷидиест, ки ҷаҳонбинии ӯ дар зиддият бо риёкорӣ, зулму ситам ва ҷаҳолати динӣ ташаккул ёфтааст. Падари Садриддин Айнӣ нисбат ба рӯҳониёни расмӣ – имом, қозӣ ва раисҳо як нафрати зиёд ва огоҳона дошт. Танқиди ӯ исёни эҳсосотӣ набуд, балки ифодаи эътирози мардум алайҳи дурӯғҳои онҳо буд, ки бо каломи муқаддас пинҳон медоштанд. Вай дар симои имом ва қозиҳо на мураббӣ, балки миёнаравони бадӣ байни амир ва халқ медид. Онҳо шахсоне буданд, ки аз ҳаёти воқеӣ дур буда, на барои халқ, на барои ҳақиқат ва на баҳри Худо хизмат намекарданд. Чунин мавқеи падари Айнӣ инъикосгари нобоварии қатъии мардум ба амалдорони рӯҳониест, ки имонро ба тобеият ва тақворо ба ғараз ва тарс мубаддал гардонида буданд.
Як зуҳуроти хоси ақидаи устувор доштани ӯ баҳсу мунозираҳои тезу тунд, гоҳо бо хашму ғазабаш бо намояндагони рӯҳониён мебошад. Аммо дар ҳамаи ин задухӯрдҳо ӯ ғолибияти маънавиро — на танҳо ба шарофати зеҳни тезу донишаш, балки, пеш аз ҳама, ба туфайли покии ботиниаш ба даст меовард. Муборизаи вай алайҳи дин набуд, ӯ баҳри пок нигаҳ доштани дин аз дурӯғ кӯшиш менамуд. Ин аст, ки эҳтироми падар нисбат ба Қозӣ Абдулвоҳиди Садри Сарир – ягона шахсест, ки вай ӯро ҳақиқатҷӯй ва сазовор медонист, – хеле муҳим аст. Ин нишонаи он аст, ки танқиди ӯ мухотаб дошта, одилона будааст: падар ҳақиқатро новобаста аз гӯяндааш эътироф мекунад, зеро ки мухолифи дин нест, ӯ зидди табдили мафҳумҳост ва ҳолате, ки пушти пардаи мартабаи динӣ манфиати шахсӣ пинҳон дошта мешавад.
Ин мавқеъ махсусан дар лавҳаи бо бародари Айнӣ таалуқдошта хеле равшан ифода ёфтааст. Дар Бухоро одате будааст: толибони камбизоати мадрасаҳо дар моҳи Рамазон метавонистанд ба қозиҳо муроҷиат кунанд, то онҳоро ба деҳот ба ҳайси муаллим фиристанд. Бародари калонии Айнӣро, ки бо писари қозӣ шарикдарс буд, ба деҳае таъйин намуданд. Аммо падар ин хабарро шунида ба хашм омад. Ӯ талаб кард, ки писараш фавран ба хона баргардад. Ин аксуламали ӯ на танҳо сабаби оилавӣ, балки заминаи амиқи идеологӣ низ дошт.
“- Қозиҳо хук мебошанд, - гуфт ӯ,- онҳо аз ҳар куҷо мурдориҳо ёфта мехӯранд ва мехӯронанд ва ҳар муллобачае, ки ба хонаи онҳо равад, хукбача мешавад. Агар одам шудан хоҳӣ, ба як порча нони қоқе, ки ман ёфта мефиристонам ва ба як коса об, ки аз ҳар ҷо ёфтани вай мумкин аст, қаноат кун, агар хук шуданро хоҳӣ, дар миёнаи ману ту алоқаи падариву фарзандӣ намемонад.”
Шояд ин истиора дағал намояд, аммо дар он мавқеи равшан ифода ёфтааст. Барои падар аз ҳама муҳим покии маънавӣ, соҳибихтиёрӣ ва поквиҷдонӣ аст. Таълими падар ин аст, ки агар барои манфиатҳои шахсӣ мебоист виҷдонро фурӯхт, инсон аз ин амал бояд даст кашад. Инсон дар фақирӣ низ метавонад шаъну шарафашро аз даст надиҳад, аммо дар муносибат бо ҳокимони мунофиқ, шаъну шарафро нигоҳ доштан амри муҳол аст.
Қобили таваҷҷуҳ аст, ки дар охири ин лавҳа бародари Айнӣ тавба карда ваъда медиҳад, ки дигар ба қозиҳо муроҷиат нахоҳад кард. Ин маънои онро надорад, ки ӯ аз падар ҳаросидааст, балки ба он маънист, ки падараш тавонистааст ба андозае ақидаи хешро возеҳ баён бикунад ва бо ин васила асоси маънавияти фарзандонашро шакл диҳад.
Ҳамин тариқ, Айнӣ на танҳо симои падарро тасвир мекунад, балки зиддиятҳои зиёди давру замонашро байни маънавияти халқ ва ҳукумати расмии динӣ, байни тақводории асил ва парҳезгории зоҳирӣ, байни поквиҷдонӣ ва мунофиқиро ошкор менамояд. Нависанда тавассути симои падар тавоноии шуури мардум, садоқат ба виҷдон ва эътиқод ба он, ки ҳатто сухани содаи инсони поквиҷдон қавитар аз мӯҳри қозиву қудрати амир аст.
Айнӣ дар тавсифи худ аз воситаҳои бадеӣ устодона истифода кардааст, ки ба матн на танҳо эҳсосоти зиёде, балки қудрати ифодаи пурмаъноро низ мебахшанд, ки хонандаро ба ҳайрат меандозад. Муаллиф тавассути истиораҳои тунду тез, вале дақиқ, тобишҳои ғании эҳсосотӣ ва таркибҳои андешашудаи лафзӣ на танҳо вокуниши падар, балки мавқеи ғоявӣ – манифести ахлоқии ӯро ошкор мекунад.
Пеш аз ҳама, истиораи пуртаъсире, ки дар он падар қозиҳоро бо “хукҳо” қиёс кардааст, рамзи таҳқири шадид ва маҳкуми ахлоқ мегардад. Вале ин таҳқири сирф нест, балки ифодаи эътиқоди устувор аст ба ин ки намояндагони рӯҳониён дар ботлоқи риёкорӣ ва нопокии маънавӣ ғӯтидаанд. Баъдан ин истиора дар ҷумлаи зерин қудрати бештаре пайдо мекунад:
“... Ва ҳар муллобачае, ки ба хонаи онҳо равад, хукбача мешавад.”
Ин дигар танқид холӣ нест, огоҳӣ аст: дар муносибат бо соҳибқудратони риёкор, одам симои инсонии худро гум мекунад. Бо ин васила Айнӣ нишон медиҳад, ки чӣ тавр падараш покии ботинро ба таназзули маънавият шадидан муқобил гузошта, онро бо чеҳраҳои қозиҳо алоқаманд месозад. Дар ин ҷо ҳар як сухан чун зарбаест ба беэътиноӣ, мисли даъватест ба ҳар касе, ки баҳри тамаъ ҳозир аст виҷдонашро қурбонӣ кунад.
Дар ин ҷо нақши бузургро обуранги эҳсосотии сухан мебозад: калимаҳои “дар хашм фурӯ рафта”, “мурдориҳо” ва “хукбача” на танҳо оҳанги суханро шиддат мебахшанд, балки чаҳорчӯби эҳсосии қотеъонаро низ муқаррар мекунанд. Онҳо изтироби падар, дарди ӯро нисбат ба писар ва насли ҷавононе, ки метавонанд зери таъсири шахсоне бимонанд, ки аз дин суистифода карда, ба моҳияти аслии он хиёнат мекунанд, баён мекунанд.
Суханҳо одӣ, вале ботасвири падар низ қудрати рамзӣ доранд:
“...Ба як порча нони қоқе, ки ман ёфта мефиристонам ва ба як коса об, ки аз ҳар ҷо ёфтани вай мумкин аст, қаноат кун...”
Суханҳои мазкур дорои фалсафаи фурӯтанӣ ва худдорӣ, эҳтиром ба меҳнату поквиҷдонӣ ҳастанд. Ин даъват ба устувории маънавӣ, қобилияти инсон будан дар сахтиҳои зиндагӣ аст. Чунин симоҳо решаи амиқ дар фарҳанги мардумӣ, дар дарки деҳқонии шаъну шараф доранд.
Таркибҳои риторикӣ ва сиғаи амр ба сухан фасоҳати махсус мебахшанд — онҳо ба гуфтори падар на танҳо босалоҳиятӣ мебахшанд, балки таъкид ба ногузир будани интихоби маънавиро низ мекунанд. Тазоди “инсон будан” ва “ба хук табдил ёфтан” – танҳо воситаҳои баёни бадеӣ нестанд, балки низои драматургие мебошанд, ки дар он ду қувва ба ҳам бармехӯранд: қудрати виҷдон ва қудрати васваса.
Аз як тараф, Айнӣ фоҷиаи ботинии қаҳрамони ҷавонеро, ки дар дуроҳа қарор дорад, тасвир кунад, аз тарафи дигар, як хатти сужети қавии публитсистӣ месозад, ки таназзули маънавии қозиҳоро, ки динро ба василаи расидан ба қудрат табдил додаанд, фош менамояд. Маҳз ҳамин воситаҳои бадеӣ лавҳаи мазкурро на танҳо ба як бахши ҷолиби зиндагинома, балки сирф рамзӣ мегардонанд, ки дар он меъёрҳои ахлоқии замон, ҷомеа ва худи нависанда намоён шудааст.
Дар натиҷа, пеши назари хонанда на танҳо саҳнаи оилавӣ, балки фоҷиаи ахлоқӣ падидор мегардад, ки ҳар як тасвири он, ҳар як истиора ва ҳар луқма даъват ба поквиҷдонӣ, ҷасорат ва садоқат ба худ аст.
Ба гуфтаи Айнӣ, падараш дониши комил ва маҳорати истифодаи онро дар баҳсҳои шифоҳӣ ва дар таълиму тарбияро дошт. Ӯ чистонҳо, муаммоҳо, ва ҳисоби абҷадро медонист ва маънии таърихии шеърро дарк мекард — яъне бартарии зеҳнӣ дошт, ки вайро аз бисьёр муллоҳои деҳот, ки аксаран бесавод ва бидуни тафаккури танқидӣ буданд, фарқ мекард. Падар дониши худро на фақат барои баҳсу мунозираҳои лафзӣ истифода мекард, балки мардумро аз зулми маънавӣ эмин медошт, нодонону мунофиқонро моҳирона фош менамуд.
Ин бартарии ақлонӣ низ асоси равиши таълиму тарбияи ӯ гардид. Ӯ ба писараш, бо такя ба мисолҳои муайяни зиндагӣ, бодиққат будан, хотираи қавӣ доштан ва поквиҷдониро меомӯхт. Яке аз ин лавҳаҳои ҷолиб қисса дар бораи харест, ки ҷойи исташро дар ёд дошт, ки худ рамзи муҳим будани хотираи қавӣ доштан ва зарурати қадр кардани дониш шуд:
“Падарам як сол пеш аз вафоташ хост, ки маро Бухоро бурда шаҳрро тамошо диҳад ва ман чанд рӯз дар пеши акаам монда ба истиқомати мадраса омӯхта шавам, то ки соли оянда барои хондан аз аввали таҳсил ба шаҳр равам. Бо ин ният ӯ дар яке аз рӯзҳои зимистон ба хар савор шуда, маро ба қафои худ савор карда ба роҳ даромад.
Чун мо аз Ялангӣ ном манзил, ки дар байни Вобканд ва шаҳри Бухорост, гузаштем, хар ба канори роҳ баромада, дар зери як дарахти бед истод. Падар харро бо чӯбзании бисёр аз он ҷо ҳаракат дода ба роҳ даровард ва ба ман гуфт:
- Соли гузашта баҳораш вақте ки ба шаҳр мерафтам, ба сари бозори Ялангӣ нафуромада, ба зери ҳамин дарахти бед фуромада худ нон хӯрда ва харро ҳам дам дода будам. Аз миёна қариб як сол гузашта бошад ҳам, хар ҳанӯз он воқеаро аз ёд набаровардааст ва мехоҳад, ки боз дар ҳамон ҷо вайро дам диҳам. Бинобар ин аз он ҷо гузаштан нахост.
Падар баъд аз дақиқае хомӯш мондан боз ба гап даромад:
- Хар аз одаме, ки чизҳои дида ва шунидаашро аз ёд мебарорад, беҳтар аст. Диққат кун, ки ҳеч чизро аз ёд фаромӯш накунӣ!”
Ин ҳикоя танҳо як хотираи кӯдакӣ нест, балки як лавҳаи пурмаъно ва ибратбахш аст, ки дар он ҷузъиёти дар назари аввал хурд аҳамияти бузург пайдо менамояд. Айнӣ тавассути як саҳнаи одии сафари харакӣ ва дар зери дарахт истодан як паёми муҳимро баён мекунад: аҳамияти хотира, мушоҳидакорӣ ва қобилияти омӯхтан аз зиндагӣ.
Насиҳати падар ҳамчун насиҳате садо медиҳад, ки рамзи тамоми умри Айнӣ, рисолати ӯ – ҳифз ва муаррифии хотира, фарҳанг ва таърихи мардум мегардад. Маҳорати хоси муаллиф дар он аст, ки вай ин воқеаро бе тантана, бо андаке киноя нақл мекунад, ки сабаби самимӣ ва осонфаҳм шудани он мегардад. Ин танҳо дарс нест, балки тамсил аз зиндагӣ, ки саршор аз самимият ва содагӣ аст.
Чунин равиши тарбияи шахсият махсусан пурарзиш аст, ки бидуни таҳмил ва такаббур дар асоси таҷрибаи шахсӣ, тасвирҳои зинда ва эҳсосоти асил сурат мегирад. Маҳз ҳамин аст, ки чунин ҳикояҳо дар хотираҳо боқӣ монда, раҳнамои ботинӣ мешаванд, ки хусусан барои насли наврас муҳим аст.
Таълиму тарбияи падар, бо вуҷуди тундмиҷоз буданашон, дар асоси эҳтиром ва талқин буд, на зулму ситам. Танбеҳҳо бештар ба сабақҳои ҳаётӣ шабоҳат доштанд, ки даъват ба бодиққат, ростқавл ва масъулиятшинос буданро мекарданд. Мақсади асосӣ маҳз ҳамин аст, ки таълиму тарбия ҳукм ва тарс нест, балки ошноӣ бо арзишҳои ҳаёт тавассути дарк кардан, сабр ва таҷрибаи шахсӣ аст.
Лавҳаи осеб дидани даст ва табобати баъдинааш ғамхории падарро равшан нишон медиҳад ва ҳамзамон чӣ гуна тавассути дард ва хатоиҳо тарбияи ҳақиқӣ сурат мегирад. Рӯзе падари Садриддин Айнӣ хари бадамале харид, ки агар касе ба ёлаш даст мерасонд, сахт лагад мезад. Аз тарси он, ки ҳайвон писарбачаро зери пой накунад, ба писараш саворӣ карданро қатъиян манъ кард. Аммо Айнӣ бо сабаби кунҷков буданаш аз гапи падар баромад: харро ба ҷӯйча дароварда аз баландии канори ҷӯй ба пушти хар ҷаҳид. Дар вақти аз пастӣ ба баланди баромадан пушти хар якбора хам шуд ва писарча лағжида ба замин афтод ва дасташ сахт осеб дид.
Аммо зиёдтар аз дарди ҷисмонӣ, ӯро тарси ғазаби падараш фаро гирифт: ӯ аз гапи падар баромад, ӯро ноумед кард ва интизори ҷазо буд. Аммо вокуниши падар ғайричашмдошт буд. Ба ҷои сарзаниш кардан ё ҷазо додан, ӯ хомӯшона дасташро аз назар гузаронда ба изтироб наафтода гуфт:
“ – Аз гапи ман баромада аз даст ҷудо шудӣ. Азбаски ин дасти рост аст, барои ту боз ҳам сахт аст, чунки акнун хат навишта наметавонӣ.”
Ин суханони ором аз ҳар гуна ҷазо таъсири зиёдтар доштанд. Худдорӣ ва вокуниши пурэҳсоси падар дар дили писарбача асари фаромӯшнашаванда гузошт: ӯ бори аввал сахтии итоат накардан ва бузургии меҳри падариро дарк намуд. Тавассути ғамхорӣ ва афсурдагиаш падар ба писараш дарси ахлоқ омӯзонд - бидуни таҳдид, вале бо қудрати бузурги ботинӣ.
Дар як лавҳаи дигаре танбеҳ додан барои дурӯғгӯӣ ва беэътиноӣ на танҳо ифодагари сахтгирии ӯ буд, балки амали тарбиявӣ низ гардид. Ин дар қаҳрамон ҳисси масъулиятшиносӣ, поквиҷдонӣ ва қобилияти ба хатоиҳои худ иқрор шуданро тарбия кард. Ин ҳолат таъсири ғайрирасмӣ, вале бузурги ахлоқии падарро нишон медиҳад.
Тамоми таълимоти падар саршор аз қонуни ахлоқи ботинӣ аст. Он устуворӣ ва меҳрубонӣ, сахтгирӣ ва сабрро дар бар мегирад. Таълиму тарбияи ӯ дар асоси кирдори хеш, ҳикмати зиндагӣ ва меъёрҳои маънавӣ аст. Ӯ ба Худованд имон овардааст, намозашро тарк намекунад, ба дӯзаху биҳишт бовар дорад, аммо дар баробари ин рӯҳониёнро, бахусус онҳоеро, ки динро ба василаи қудрат ва тамаъҷуйӣ табдил медиҳанд, сарзаниш мекунад.
Боз як лавҳаи қобили таваҷҷуҳ – баҳси падар бо имоми деҳа – мавқеи мазкурро хусусан равшан нишон медиҳад. Боре дар бозор имом бо “ғазаби зоҳидона” се чилими поякиҳои (чилимфурӯшон) бечораро шикаста, бовар дошт, ки бо ин амал зидди тамокукашӣ мубориза мебарад. Вай аз ин кори худ дар назди деҳқонон фахр карда, онро як амали порсоӣ медонист.
Падари Айнӣ ин суханонро шунида, эътироз баён намуда, шарҳ дод, ки дар шариат тамоку бевосита манъ нашудааст ва нобуд кардани моли каси дигар беадолатӣ ва гуноҳ аст. Имом ӯро ба такаббурӣ аз саводаш муттаҳам карда ва гӯиё аз “амр кардан ба корҳои нек” бозмедорад. Пас аз ин падар хомӯшона ба хонааш рафт, вале баъди се рӯз бо санади расмӣ барои муфтии шаҳр баргашт, ки дар он гуфта мешавад:
“Талаф кардани мол, хоҳ моли худи талафкунанда бошад ва хоҳ аз они каси дигар, дуруст нест ва агар талафгор моли каси дигарро талаф карда бошад, ба замми ин, ки ӯ бо ин кораш гунаҳгор ба шумор меравад, маҷбур аст, ки мисли моли талафкардаашро, ё арзишашро ба соҳиби он мол гардонад”.
Ҳамин тариқ, падар ҳақ будани худро на бо хашм, балки бо донишу истодагӣ исбот намуд. Ӯ имомро дар назди мардум шарманда кард, вале аз ҳама муҳимаш ба писараш нишон дод, ки расидан ба доди ҳақ кӯшиш, ирода ва покии ботиниро талаб мекунад.
Дар ин саҳнаҳо падар ҳамчун мураббии асил - на танҳо дар масъалаҳои динӣ ва зиндагии рӯзмарра, балки дар ташаккули тафаккури маънавии писараш низ зоҳир мешавад. Ӯ таълим медиҳад, ки ҷавҳарро аз шакл, имонро аз мунофиқӣ, адолатро аз тақводории зоҳирӣ фарқ кунем. Дар асоси кирдору гуфтору вокунишҳои падар Айнӣ устувории маънавиеро дар худ ташаккул медиҳад, ки баъдан дар кулли осораш ва мавқеи шаҳрвандиаш зоҳир мегардад.
Айнӣ хирадмандӣ ва шарофатмандии падарашро нишон медиҳад ва онро бо ҷоҳилии мутаассибони динӣ муқобил мегузорад. Ҳикояи ӯ зоҳирпарастӣ ва якравии муллоҳои деҳотро масхара карда, арзиши ақлу хирад, адолат ва посдории ҳақиқатро, алорағми гӯяндааш, таъкид мекунад. Падар дар ин ёддоштҳо на танҳо падар, балки қутбнамои маънавӣ, рамзи поквиҷдонӣ ва озодии ботинӣ мебошад.
Ҳикоя дорои сифатҳои хуби забонӣ аст, ки онро зинда, хотирмон ва аз лиҳози бадеӣ муассир менамояд. Айнӣ забони оммафаҳм ва гуфтугӯиро ба кор мебарад, ки барои доираи васеи хонандагон фаҳмост. Ӯ ривоятро бо истилоҳоти илмӣ ё мураккаботи забони китобӣ вазнин намекунад - баръакс, мутолиа ва дарки матн осон ва табиист.
Истифода аз зарбулмасалу мақол ва ибораҳои халқӣ ба ҳикоя мазмуни хос мебахшад:
“Мангар, ки кӣ мегӯяд, бингар, ки чӣ мегӯяд”;
“Гӯшти хар, дандони саг”
Ин ибораҳо сухани қаҳрамононро на танҳо зинда мегардонанд, балки ба ривоят хусусиятҳои хоси миллӣ, ҳикмат ва саҳеҳӣ мебахшанд. Онҳо ҳамчун садои мардум — беғараз, фасеҳ ва яқин садо медиҳанд.
Алалхусус дар тасвири кирдори муллоҳо Айнӣ истеҳзоро моҳирона ба кор мебарад:
“Даҳони инҳоро бо мӯҳри муфтӣ мӯҳр кардан (бастан) даркор аст...”
Ин гуфтаҳо ягон кинаю таҳқирро дар назар надоранд, балки бемаънӣ будани таассуб ва зоҳирпарастии маънавиро бо дақиқӣ ва ҳазлу шӯхӣ ошкор менамоянд. Айнӣ ба онҳо ҳамла намекунад — зиддиятҳоро ошкор намуда, даъват ба андешаронӣ мекунад.
Асолати забон тавассути муколамаи зинда ва дақиқ такмил меёбад. Сухани ҳар як шахсияти бадеӣ — хоҳ падар, хоҳ имому хоҳ деҳқон — ба хислат, дараҷаи маълумот ва сатҳи ҷаҳонбинии ӯ комилан мувофиқ аст. Падар бо тамкин, бо мантиқ, бо эътимоду шаъну шараф сухан мегӯяд. Имом бо тундӣ ва ҷаҳди бардурӯғ ҳарф мезанад. Чунин лаҳзаҳо тақрибан ба таъсири лавҳаҳои театрӣ монанд мешаванд, ки дар онҳо баҳс на танҳо байни инсонҳо, балки байни ақидаҳо, фарҳангҳо ва давру замонҳо меравад.
Сохтори ҳикоя тобеъ ба драматургияи ботинӣ аст: аввал – шиддат гирифтани баҳс, баъдан – хомӯшона рафтани падар ва ниҳоят саранҷом – баргаштани ӯ бо далелҳо барои муфтӣ. Ҳамаи ин бо эҳсосот, вале бо худдорӣ тасвир шудааст, ки ҳикояро боз ҳам пурқувват ва воқеӣ мегардонад.
Забони Айнӣ оммафаҳм, тасвирӣ, саршор аз ҳикмати халқӣ ва кинояҳои зариф аст. Маҳз ҳамин аст, ки насри ӯро аз ҷиҳати бадеӣ таъсирбахш, зинда, пурмаънову хотирмон мегардонад.
Симои падар дар “Ёддоштҳои”-и Айнӣ танҳо як шахсияти шарҳиҳолӣ нест, балки симои дастаҷамъии як ҳакими мардумист. Ӯ таҷассумгари поквиҷдонӣ, адолат ва ақли солим аст. Ӯ алайҳи риёкорӣ ва беадолатӣ мубориза бурда, мардуми одиро ҳифз мекунад ва ба писараш поквиҷдон, бодиққат ва масъулиятшинос буданро меомӯзонад. Қудрати зеҳнӣ ва матонати маънавии ӯ таҳкурсиест барои на танҳо шахсияти қаҳрамон, балки барои ҷаҳонбинии ӯ ва дар ниҳоят барои тамоми эҷодиёти Айнӣ.
Ҳамин тавр, симои падар дар “Ёддоштҳо” дар ташаккули меъёрҳои ахлоқӣ ва зеҳнии қаҳрамон нақши асосӣ дорад. Тавассути кирдор, дидгоҳ ва панду насиҳати мушаххас на танҳо хонаводаи нависанда, балки заминаи мураккаби иҷтимоию динии замон низ тасвир шудааст. Падар ҳамчун интишоргари ҳикмати мардумӣ, соҳиби маънавияти баланд ва мураббӣ дар зиндагӣ амал мекунад.
Айнӣ нишон медиҳад, ки чӣ тавр таҷрибаи шахсӣ ва муносибатҳои оилавӣ на танҳо ҷузъи хотираи фард, балки воситаи дарки равандҳои амиқи фарҳангӣ, ахлоқӣ ва таърихӣ мегарданд. Ҳикояи ӯ ҳамзамон ҳам рози дил, ҳам тамсил ва ҳам санади даврони худ аст.
***
Дар “Ёддоштҳо”-и Садриддин Айнӣ симои падар танҳо арзиши хонаводагӣ надорад, балки ба рамз мубадал мешавад. Айнӣ нишон медиҳад, ки чӣ тавр поквиҷдонӣ, хоксорӣ, эҳтиром ба меҳнат ва адолатхоҳӣ аз насл ба насл - на бо зӯрӣ, балки бо сухан, ибрати хеш ва муносибат ба ҳаёт мегузарад.
Симои падари ба ҳамин монанд ва аз ҷиҳати рӯҳия наздикро дар повести Сотим Улуғзода “Субҳи ҷавонии мо” мушоҳида мекунем. Дар ин ҷо низ падар на танҳо ҳамчун сарвари хонавода, балки ҳамчун рамзи мардонагӣ, нерӯи ботинӣ ва манзалати боифтихор, ки аз анъанаҳои мардумӣ сарчашма гирифтааст, зоҳир мегардад.
“Вай то синни чиҳилсолагиаш полвон (паҳлавон) будааст. Қадбаланд, қоматаш рост, ришаш сип-сиёҳ, пӯсти рӯяш сиёҳтоб, нигоҳи чашмонаш тези андак қаҳролуд буд... Ва ҳар даъфа дар охири ҳикояташ бо ифтихор: - Пушти падаратон ба замин расидагӣ не! – гуфта мемонд.”
Дар ҳикояи Улуғзода падар марди амал буда, дорандаи мабдаи қаҳрамонии миллӣ мебошад. Нақли ӯ дар бораи гӯштингирӣ бо паҳлавони машҳур Амон на танҳо хотираи муҳорибаи ҷисмонӣ, балки достони матонати рӯҳӣ ва бартарии ахлоқӣ мебошад. Вақте ки қаҳрамон худро дар майдон танҳо, бе дастгирӣ ҳис мекунад, маҳз садои падараш, яъне падарбузурги ровӣ, ба ӯ қувва мебахшад:
“Писарам, ман дар ҳамин ҷо! Натарс, ту аз Амон зӯртарӣ. “Ё пирам!” гуфта, бардошта зан!”...
Лавҳаи мазкур авҷи аълои бадеӣ аст, ки дар он маънои амиқи дастгирии насли калонсолро ошкор менамояд. Ба монанди ҳикояи Айнӣ, каломи падар дар худ имони комилро дорад, ки аз ҳар нерӯи ҷисмонӣ қавитар аст. Ғалабаи қаҳрамон натиҷаи на фақат зӯри бозувон, балки, пеш аз ҳама, боварӣ ба худ мебошад, ки дар оила ба воя расидааст.
Ҳам дар “Ёддоштҳо”-и Айнӣ ва ҳам дар “Субҳи ҷавонии мо”-и Улуғзода, падар на танҳо волидайн аст, балки манбаи шуҷоат, шаъну шараф ва истодагирии маънавист. Дар баробари ин, ҳарду нависанда таъкид мекунанд, ки қудрати аслӣ на дар қувваи ҷисмонӣ аст, балки дар матонати рӯҳӣ, дар қобилияти дилшикаста нашудан гарчанде, ки ҳама муқобили туи танҳо мебошанд.
“Бобоятон пуштамро молида гуфтанд: “Қуввати тан кифоя не, писарам, дилро бақувват доштан лозим!”
Ин ибора авҷи маънавияти ҳикоя буда, моҳияти дарки марди ҳақиқиро аз нигоҳи халқ ифода мекунад. Он бо арзишҳое, ки падари Айнӣ тарғиб мекард: ростқавлӣ, матонат ва муросо накардан бо дурӯғ ҳамсадо мебошад.
Дар ҳар ду асар симои падар аз сарнавишти халқ ҷудонашаванда аст. Ин падарон аз халқ баромадаанд, бо халқ ҳастанд ва барои халқ хизмат мекунанд. Онҳо соҳибмансаб нестанд, аз минбарҳо суханронӣ намекунанд, вале кирдорашон дар зиндагӣ қонуни маънавӣ гардида, саргузаштҳои фардиашон ба як ҷузъи хотираи омма табдил меёбанд. Каломашон қадр дорад, нигоҳашон қувват ва сукуташон пурмаъно аст.
Ҳамин тариқ, Садриддин Айнӣ ва Сотим Улуғзода, ҳар яке бо равиши хоси худ дар асарҳояшон симои амиқ, гуногунҷанба ва зиндаи падарро офаридаанд, ки ӯ ҳамчун нигаҳдорандаи шаъну шарафи инсонӣ, намояндаи анъанаҳои ахлоқӣ ва фарҳангӣ тасвир шудааст. Мавқеи ӯ дар зиндагӣ дар қалби наслҳои оянда то ҳол садо медиҳад – ҳамчун ибрат, ҳамчун васият, ҳамчун хотира.
***
Маҳз тарбияи ахлоқӣ ва хирадмандонае, ки дар асоси ибрати шахсии падарон заминаи маънавие гардидааст, ки дар он Садриддин Айнӣ ва Сотим Улуғзода барин шахсиятҳои барҷаста ба камол расидаанд. Сарнавишти онҳо фақат саргузашти ташаккули шахсият нест, балки тасдиқи равшани қудрати сухани волидайн, нигоҳи падар ва дарси ҳаётиест, ки бе ҳангома ва бо имон ба инсон будан гуфта шудааст. Бесабаб нест, ки қаҳрамонҳои ҳар ду муаллиф падаронро ба ёд оварда, на аз тарсу ваҳм, балки аз эҳтироми бепоён, ифтихор ва дилбастагии рӯҳӣ сухан мекунанд.
Падарони бузургон барои он ки суханашон шунида шаванд, садо баланд накардаанд – хомӯшии онҳо сухани гӯётар аст. Онҳо адабро на аз рӯйи китоб, балки бо намунаи кирдор, баёни андеша, талоши ҳаррӯза барои зиндагии поки хеш сабақ медоданд. Маҳз дар зери чунин таъсир адибони ояндае ташаккул ёфтанд, ки баъдтар каломашон садои халқ гардид.
Маҳз ҳамин таъсири муносибати боэҳтиром, боматонатеро, ки дар муҳити адолатпарастии мардум ба вуҷуд омадааст, мо дар робитаи Сотим Улуғзода бо устодаш ва раҳнамояш Садриддин Айнӣ эҳсос мекунем. Ин эҳтироми бепоён на танҳо дар гуфтор, балки дар таваҷҷуҳи дақиқ ба ҷузъиёт, ки барои дарк ва тасвири мукаммали шахсияти устод истифода шудааст, дида мешавад. Улуғзода аз Айнӣ ҳамчун шахси фавқулода дақиқ ва дурандеш — хислатҳое, ки бо интизоми ботинӣ ва эҳтиром ба меҳнату инсон пайваста алоқаманд мебошад, ёдовар мешавад. “Домулло бениҳоят дақиқкоранд, ҳато гуфтан мумкин аст, ки хурдагиранд. Хурдагирии он кас бо дили кушод ва суботкориашон мувофиқат мекард. Масалан, Айнӣ ҳангоми сафар бо худ сӯзану ришта гирифтанро фаромӯш намекунад. “Агар тугмаам канда шавад, ман ҳамеша омодаам” – мегуфт ӯ. Шоир Деҳотӣ нақл карда буд, ки рӯзе ҳангоми сафар ба Москва, дар вагони қатора даҳанаки шишаи оби “Баржоми” куҷое афтида гум шудааст. Айнӣ ҳамон лаҳза аз ҷомадонашон боз як даҳанаки шишаро баровард — инро ҳам ба назар гирифта буд.
Шояд дар бораи ин гуна ҷузъиётҳо ҳарф задан бамаврид набуд, вале онҳо хоси характери Айнӣ буданд, ҳамчунон, ки чи тавр ӯ бо ҷузъиёти хурдтарин сафари моро ба нақша гирифта буд» (Сафар бо Айнй, сах. 84).
“Айнӣ ба мо кӯмак кард, ки ба дирӯзи Бухоро, ба дирӯзи халқи худ назар афканем. Бовар кардан душвор аст, ки ҳамаи ин ҳаводис рӯй дода буд, бале, ҳамин тавр ҳам буд – кушторҳо дар зери ниқоби ҷозо додан, ҷаҳолатпарастии мазҳабӣ ва сохти давлатдории ваҳшонии аморат – ҳамагӣ сӣ сол пеш ба вуқӯъ пайвастааст. Чӣ қадар бузургии инқилоб ва тағйиротҳои азимро дар ин ҷо эҳсос намудем!” (саҳ. 85).
«Ҳоло дар рӯи мизи ман аксест, ки дар он Айнӣ, бо ришу муйлаби сафед, дар назди даромадгоҳи оромгоҳ истода, дар пасманзари ӯ ороиши бошукӯҳи мақбара намоён аст, ки зебоии онро тасвир кардан душвор аст. Дохили мақбара бо сангфарш рӯкаш шудааст. Санги мазори Исмоили Сомонӣ – асосгузори давлати Сомониён, дар тарафи чап ҷойгир аст. Дар девори болои пушти санги мазор тоқчаи чуқуре канда шудааст. Айнӣ нақл мекард, ки пас аз марги Исмоил – арбоби сиёсӣ ва сарлашкари барҷаста, мардум ба номи ӯ арзҳо навишта, оварда ба он ҷо мегузоштанд, ки баъдан ҳокимони Сомониён онҳоро баррасӣ намуда, хулосаҳои мусбат ё мусбӣ бароварда, мегуфтанд: “Ин аст, ки Шоҳ Исмоил фармудааст» (саҳ. 87).
“Овардани боз як мисоли хотираи фавқулода доштани Айниро ба худ раво донистам. Ӯ ҳангоми суҳбат бо бисёре аз сокинони Бухоро ҳамеша чунин савол медод: “Падари шумо кист?” Посухаш медоданд ва маълум мешуд, ки Айнӣ падари онҳоро мешинохтассту дар хотир дорад. - Падари шумо кист? – гӯён, адиби куҳансол саволи муқаррари хешро медиҳад.
— Қорӣ Исмат.
— Танбӯрнавоз?
Ҷавоби мусбат шунид.
— Ман падаратонро хуб мешинохтам, — мегуяд Айнӣ. — Чанд сол пеш аз ҳаёт гузаштанд?
— Чиҳил сол пеш.
— Истед, истед, — ба ёд овардан гирифт домулло. – Дар васфи марги падаратон шоир Ҳайрат – дӯсти ҷавонии ман, шеър навишта буд. — Ва Айнӣ дарҳол он байтҳоро қироат кард. Дар онҳо кадом калимае таърихи вафоти танбӯрчӣ Қорӣ Исмат, аз рӯи ҳисоби ба истилоҳ абҷад (ҳар ҳарфи алифбои арабӣ адади муайянеро ифода мекунад) навишта шуда буд ва Айнӣ дар хотираш онро зуд ҳисоб кард:
— Падари шумо чилу ҳафт сол пеш аз дунё гузаштааст.
Ҳамаи мо дар ҳайрат мондем, аммо Айнӣ табассум мекард.
— Ба шумо гуфта будам... Ҳофизаро машқ бояд дод!
Баъдтар маълум шуд, ки писари Қорӣ суроғаеро, ки Айнӣ аз ӯ пурсида буд, нодуруст додааст. Домулло истеҳзоомез ва табассумкунон дар бораи фарзанди танбӯрнавози машҳур, гуфт:
— “Ӯ чӣ хел бояд суроғаро дар хотир дошта бошад, ки агар ҳатто рӯзи вафоти падарашро дар хотир надорад” (саҳ. 93).
Робитаи маънавии онҳо, танҳо муносибати шогирду устод нест, балки идомаи анъанаҳост, ки падар дар дили фарзандаш ҷой кардааст. Муносибати дилгармона, боэҳтиромона ва комили инсонии Улуғзода бо Айнӣ – расмӣ набуда, самимӣ аст. Ӯ дар симои Айнӣ на танҳо ҳамкасби калонсолашро, балки симои маънавиеро медид, ки дар айёми бачагиаш аз падар дар хотир дошт.
Анъана ҳамин гуна шакл мегирад — на бо фармон, балки дар оила, дар рӯзгор ва ибрати зинда.
Ва маҳз падароне, ки Айнӣ ва Улуғзода доштанд, баъд аз сари худ на танҳо фарзандон, балки меросе боқӣ мемонанд.
Мурувватиён Ҷамила, д.и.ф., сарходими илмии шуъбаи адабиёти муосири
Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ
Баҳодиҳии муҳтаво : 
0%

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО