10 Feb 2023
Submitted by Admin
1052
ТАЪРИХ ТАНҲО ЗАМОНЕ МАЪНО ПАЙДО МЕКУНАД, КИ ДАР ДАСТОНИ МАРДУМ ҲАМЧУН АБЗОРИ МУБОРИЗА БАРОИ ОЯНДА ТАБДИЛ ШАВАД

Дар давоми умри худ ман китобҳои зиёде навиштаам, ки ҳамаи онҳо ба як мавзуъ бахшида шуда, аз як маводи ҳаётӣ фароҳам омадаанд.. Ҳамаи ин китобҳо – дар бораи тоҷик ва Тоҷикистон аст, дар бораи кишвари кӯҳистонии ман, ки ба воситаи қуллаҳои сарбарфалаки Помир бар фарози ҷаҳон қомат афрохтааст, дар бораи сарзамини модарии ман, ки дар гузашта тавассути анбӯҳе аз фотеҳон тороҷ гардидааст, дар бораи фарзандони ин сарзамин мебошанд, ки дар қарни ҳашт ба худ номи «тоҷик» — ро гирифт.

Аз ин таҷрибаи ҳаётӣ романи “Ғуломон”-и ман ба вуҷуд омад. Ин роман аз панҷ қисмат иборат буда, рӯйдодҳои таърихи беш аз садсола (солҳои 1825-1934)-ро дарбар мегирад. Хонанда аз ин китоб хоҳад донист, ки халқи ман писарони “Бухорои Шариф”: деҳқонон, батракҳо, ғуломони дар маърази марг аз гуруснагӣ, дуздидашуда ба воситаи бойҳо чигуна дар бозорҳои бардафурӯшӣ фурухта мешуданд. Навиштани ин китоби душвор барои ман осон буд, зеро ман давраи бардадориро ба хубӣ дар ёд дорам, ёд дорам, ки чигуна дар хонадони бардаҳо кӯдакони барда ба дунё меомаданд ва чигуна модарони барда бо фурӯтанӣ зарбаҳои сарнавиштро таҳаммул мекарданд. Ман ин романро дар бораи сарнавишти халқам, дар бораи зиндагии наслҳои гузашта навиштам, аммо содиқона бигӯям, ки нигоҳам камтар ба сӯи гузашта буд. Ин роман дар бораи гузашта, аммо чун дарсе барои оянда навишта шудааст, зеро таърих танҳо замоне маъно пайдо мекунад, ки дар дастони мардум ҳамчун абзори мубориза барои оянда табдил шавад.

Романи “Ғуломон” то ҳудуде саргузашти зиндагии ман аст. Дар он гуфта шудааст, ки чигуна тоҷикҳо як аср дар бардагӣ қарор дошта, чигуна ба он поён дода, ва зиндагии наву шоистаеро оғоз кардаанд. Ман ин романро барои фарзандону набераҳои худ навиштам, ки бо муқоисаи далелҳои таърихӣ, ба қадри сарнавишт ва ҳаёти масарратбахши имрӯзи худ бирасанд.

Акнун дар бораи тақдири мардумони Осиё гапҳои зиёд мегӯянд, ки як амри табиист. Қитъаи бузурги Осиё—албатта ба истиснои қаламрави осиёии Иттиҳоди Шӯравӣ—дар сад соли гузашта то ҳадди зиёде аз назари тараққиёт аз дигар кишварҳо ақиб мондааст. Синну соли ман ҳоло ба ҷое расидааст ва метавонам гузашта ва ҳолро бо ҳам муқоиса намоям. Ростӣ, 30-сол пеш Тоҷикистон чигуна буд? Кулбаҳои риққатовари бадбахтӣ, ки бо гилу лой пӯшида шудаанд ва бӯйи сангину ғализ дар заминҳои хушку сӯхта. Бардагони гурусна маҳсули бадбахтиро ҷамъоварӣ ва анбошт менамоянд. Аммо ин маҳсул мутаалиқ ба онҳо нест, агарчи бо арақи ҷабин ва хуни дили онҳо парвариш меёфт. Яке бек аст, яке хон аст. Онҳо дасти дароз ва ҳуқуқи калон доранд. Онҳо саҳмдори қисмати бештари ин ҳосил ҳастанд. Ин саҳмро барои “муфассири шариат” ва “тоза мусулмоншудаҳо” мегирифтанд. Барои духтари даҳсолае, ки ба бой фурухта мешуд, андоз мехостанд...ва вақте ки ҳамаи андозҳо пардохт мешуд, ба тоҷик ба ҷуз ашки чашм чизе боқӣ намемонд. Ба хотири як мушт гандум ӯ тамоми тобистон аз субҳ то шом бо гову юғу сипор меҳнат мекард.

Чунин буд аҳволи тоҷик дар гузаштаи начандон дур, яъне се даҳа қабл. Ин як навъ ғуломдории воқеӣ буд.

Ҳар фарди таҳсилкардае медонад, ки тоҷикҳо таърихи бузурге доранд ва хостгоҳи фарҳангии мардуми кучак, аммо куҳани мо аз давраи бостон сарчашма мегирад. Кофӣ аст аз офаридаҳои Рӯдакӣ, Дақиқӣ ва шоиру файласуфи бузург Фирдавсӣ, ки “Шоҳнома”-ро офарид, ном бибарем. Ҳамин бас, ки аз шоирони номдор Саъдӣ, Ҳофиз, Умари Хайём ва Ҷомӣ ном бибарем, ки бо офаридаҳои ҷовидонаи худ адабиёти тоҷикро машҳури ҷаҳон кардаанд.

Донишманди маъруф, энсиклопедист, бунёдгузори тибби илмӣ Абуалӣ Ибни Сино (Авитсена), мутафаккир ва шоир Носири Хисрав ва дигар шахсиятҳои тоҷик шуҳрати ҷаҳонӣ доранд. Аммо дар солҳои пеш аз инқилоб, ҳамаи ин мероси бузурги мардуми тоҷик тақрибан аз ёдҳо фаромӯш шуда буд. Дар Тоҷикистони қадима ин номҳо фаромӯш гардида буд. Режими аморати Бухоро мардумро дар торикӣ нигоҳ дошта, тамоми падидаҳои зинда ва мутараққиро нобуд мекард.

Тоҷикистон кишвари зебову сарватманд аст. Олами гиёҳон, ҳайвонот, маъданҳои кӯҳӣ, ҳосилхезтарин дашту дарра, чарогоҳҳои файзбахши Помир—ҳама сарватҳои бешуморест, ки имконоти фаровонеро барои рушду тавсеаи иқтисодии кишвар боз мекард. Бо ин ҳама шароит фақр монанди соя тоҷикро дунбол мекард. Аз гуруснагӣ ва сармо ранҷ мебурд. Фарзанд ва набераи барда, барда боқӣ мемонд ва ба тақдири худ нафрин мекард.

Акнун ки ман ба харитаи ҷумҳурии хеш нигоҳ мекунам, эҳсоси ғурури амиқе маро фаро мегирад. Ин эҳсоси ширин бархоста аз огоҳӣ ва тағйироти азиме аст, ки пас аз инқилоби сотсиалистии Октябр дар сарзамини мо рух дод ва озодиву хушбахтиро ба мардуми тоҷик ва ҳамаи халқҳои сокини шӯравӣ ба армуғон овард.

Тоҷикистони шӯравӣ акнун кишваре бо зерсохтҳои нави саноатӣ аст. Корхонаҳои абрешими Душанбе ва Ленинобод (Хуҷанд), калонтарин ширкатҳои ҷумҳурӣ садҳо метр матоъҳои зебо дар сол тавлид мекунанд. Ҳазорон нафар бо шӯру шавқ дар маъданҳои Қарамазор, маъданҳои ангиштсанги Шӯроб, моҳидориҳои Нефтобод кор мекунанд. Танҳо дар 20 соли гузашта тавлиди нохолиси саноатии Тоҷикистон панҷоҳ баробар зиёд шудааст. Дар муқоиса бо даврони пеш аз инқилоб, ки саноати мо танҳо аз коргоҳҳои дастӣ барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ иборат буд, саноат чандсад баробар тараққӣ кардааст.

Тоҷикистони шӯравӣ акнун кишваре бо кишоварзии механиконидашуда дар миқёси калон аст. Кишоварзони Тоҷикистон дар маҳдудаи Иттиҳоди Шӯравӣ бештарин ҳосили пахтаро ҷамъоварӣ карда, навъи марғубтарини онро парвариш медиҳанд. Чорводорон гусфанд ва бузи ангорие парвариш медиҳанд, ки пашми хушсифат медиҳад. Боғдорон ва ангурпарварони мо маъруф ҳастанд. Дар кӯҳпояҳо ҷав кошта ва дар Бадахшони кӯҳӣ картошка ва редис киштукор мешавад.

Ба заминҳои ташналаб об омад ва каналҳои нав канда шуд. Роҳи оҳан ва шоҳроҳҳо гӯшаҳои дурдасти мамлакатро бо якдигар пайванд карданд. Дар макони як рустои қадимии мавсум ба Душанбе—пойтахти ҷумҳурӣ, як боғшаҳри зебо бунёд гардидааст.

Зиндагии кунунии мардуми тоҷик ғайри қобили тасаввур аст. Дар ҷумҳурии мо акнун беш аз 300 колхози миллионер вуҷуд дорад. Деҳқонон даромади зиёде ба даст меоранд ва коргарон маоши хуб мегиранд. Фарҳанги нави шаклан миллӣ ва мазмунан сотсиалистӣ, шукуфо шудааст. Садҳо китобхонаи умумӣ (аз ҷумла китобхонаҳои рустоӣ) ва таъсисоти синамо-филм дар ҷумҳурӣ вуҷуд дорад. Театр, бемористон, варзишгоҳ, осорхона, клубҳо ва хонаҳои маданият сохта шудааст...

Ҳамаи инҳо гувоҳи зиндаи неруи тавонои халқест, ки дар партави озодӣ қодир ба эҷоду созандагист, гувоҳи равшан аз нақши азими Инқилоби сотсиалистии Октябри бузург дар зиндагии мардуми тоҷик мебошад.

Аммо акнун мехоҳам ба таври муфассал оид ба рушди илм дар ҷумҳуриамон суҳбат намоям, ки чигуна дар ин соҳа халқи тоҷик бо кумаки бародарони руси худ пешрафт кардааст.

Аз нимаи дувуми асри гузашта (манзур асри Х1Х аст.- Б.З), теъдоде аз донишмандони рус: О. Федченко, В. Ошанин, В. Липский, В. Комаров ва дигарон корҳои зиёдеро барои мутолиаи Тоҷикистон анҷом додаанд. Инҳо фидоиёне буданд, ки фарҳангу донишро барои мардуми тоҷик ба армуғон оварданд. Аммо ин донишмандон танҳо буданд. Танҳо дар замони ҳокимияти шӯравӣ омӯзишу таҳқиқи илмии нақшавӣ-системавии кишвар оғоз шуд.

Танҳо дар солҳои аввали давлати шӯравӣ омӯзиши қувваҳои истеҳсолкунандаи ҷумҳурӣ оғоз ёфт. Кори таҳқиқотӣ аз тарафи донишмандони Маскав, Ленинград ва дигар марказҳои илмии калони кишвар оғоз шуд. Дар ҳамон замон ҳайатҳои илмӣ дар Тоҷикистон заминаро барои таъсиси муассисаҳои илмӣ ҷиҳати тайёр намудани кадрҳои илмӣ дар Тоҷикистон фароҳам карданд. Дар соли 1928 Академияи илмҳои Иттиҳоди ҷамоҳири шӯравӣ аввалин экспедитсияи худро ба Помир фиристод. Дар ин солҳо донишмандони рус, монанди зоолог-паразитологи маъруф академик Павловский, геолог Шербаков, табиб Парадоксов, хокшинос Антипов-Каратаев, муаррих-бостоншинос Якубовский робитаҳои мустаҳками илмии худро бо Тоҷикистон барқарор намуданд.

Аввалин муассиса дар ҳайати базаи Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон бахш (сектор)-и ботаникӣ буд. Соли 1936 Станцияи ботаникии кӯҳии Варзоб ташкил карда шуд. Вазифаи он аз он иборат буд, ки оё метавон дар кӯҳистон боғ эҷод кард? Андаке баъд Тоҷикистон бо ташкили дигар муассисаҳои ботаникӣ-гиёҳшиносӣ ғанитар гардид. Дар кӯҳистони Помир боғи ботаникӣ бунёд шуд. Боғи мазкур даҳҳо ҳазор ниҳоли дарахти себ, нок, зардолу ва шафтолу ба колхозҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳадя кард. Ин гуна дарахтони мутобиқ бо ҳавои гарм қабл аз ин дар ин минтақа парвариш намеёфтанд. Акнун замонаи нав фаро расидааст ва боғҳо ҳосили фаровон медиҳанд. Дар Помир ҳаргиз қаблан ангур вуҷуд надоштааст, акнун кишти ангур ба таври густарда бо кумаки боғи ботаникии Хоруғ тавсеа ёфтааст. Ҳамин кори муҳим, яъне тасаллут бар неруҳои табиат ба воситаи гиёҳшиносони пойтахти ҷумҳурӣ ва истгоҳи биологӣ дар Помир амалӣ шудааст.

Мардум дар гузашта гирифтори бемориҳои зиёде буданд. Ангал-паразитҳои гуногуне балои ҷони бахши кишоварзӣ буданд. Дар соли 1934 бо ташаббуси академик Павловский як муассисаи илмӣ дар Тоҷикистон таъсис ёфт, ки масъала ва мушкилоти ҷонваршиносӣ (зоологӣ) ва ангалшиносӣ (паразитологӣ)-ро дар ҷумҳури тавсиа дод. Олимони зистшинос бемориҳои гузарандаи уфуниро таҳқиқ намуда, нақшаи эпизоотии бемории говҳо, офоти меваҳо ва маҳсулоти саноатиро шиносоӣ ва таҳия карданд. Ва муҳимтар аз ҳама, онҳо равишҳои тозаеро барои мубориза бо баъзе бемориҳое, ки муддатҳо балои ҷони Тоҷикистон ба ҳисоб мерафтанд, кашф намуданд. Ин равишҳо босуръат амалӣ гардид.

Мардуми Тоҷикистон дорои мероси фарҳангии ғанӣ ҳастанд. Фарзандони мо бояд ганҷинаҳои адабиёти гузаштаро бишносанд, таърих ва забони худро бишносанд. Мо ба луғатномаҳо ва китобҳое дар заминаи имло, овошиносӣ, морфология ва алифбои нав ниёз дорем. Дар ҷумҳурӣ кофтуковҳои бостоншиносӣ оғоз гардидааст. Таҳти роҳбарии аъзо-кореспонденти Академияи илмҳои иттиҳоди Шӯравӣ Якубовский бостоншиносони тоҷик ковишҳоеро дар шаҳраки бостонии Панҷакент, Ҳисор ва Қубодиён анҷом додаанд...

Дар соли 1941 пойгоҳ (база)-и Тоҷикистон ба шуъбае аз Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва бахш (сектор)-ҳои илмӣ ба муассисаҳои илмӣ табдил шуданд. Ин ба маънои рушди кадрҳои илмӣ ва густариши ҷабҳаи кори илмӣ буд.

Расадхонаи нуҷуми Душанбе бахше аз шохаи Академияи илмҳо шуд, ки олимони он мушоҳидаи ҳудуди 140 ҳазор ситораҳои тағйирёбандаро анҷом дода, ситораҳои наверо кашф намуданд. Астрономияи комета-метеоритҳо низ хеле бой гардид... Институти чорводорӣ ташкил карда шуд. Вай бо беҳтар намудани зоти чорвои калони шохдор, гусфанду бузҳои маҳалӣ ва ҳалли масъалаҳои хуроки чорво машғул буд. Дар институт зотҳои нави ҳайвоноти корӣ ва маҳсулдеҳ, ки ба шароити релефи кӯҳистон мувофиқ кунонда шудаанд, ба вуҷуд оварда шуданд.

Маълум аст, ки Тоҷикистон дар як минтақаи зилзилахез қарор дорад. Бино бар ин, кор карда баромадани нормаҳои сохтмони зидди сейсмикӣ, яъне аз нуқтаи назари илмӣ ҳал кардани проблемаи тобоварӣ ва умри дарози иншооти нав хеле муҳим буд.

Барои ҳалли ҳамаи мушкилоти зиндагӣ ба кадрҳои илмии зиёд ниёз аст. Мо онҳоро дорем! Ба хубӣ, ба ёд дорам замоне, ки дар байни тоҷикҳо ҳатто як нафар дорои дараҷа ва унвони илмӣ вуҷуд надошт. 99,5 % мардум бесавод буданд. Дар соли 1914 фақат 400 донишомӯз дар Тоҷикистон вуҷуд дошт...ва акнун кулли аҳолӣ босавод ҳастанд. Беш аз 300000 кудак дар 3000 мактаб таҳсил мекунанд. Ҳудуди даҳ муассисаи олӣ, аз ҷумла як донишгоҳи нав дар ҷумҳури ифтитоҳ шуда, беш аз 30 донишкадаи фаннӣ таъсис ёфтааст. Танҳо дар соли гузашта 18 донишманди ҷавон, умдатан тоҷик рисолаҳои илмии худро барои дарёфти дараҷаи илмии номзад ё доктори илм ҳимоя карданд. Дар ҳоли ҳозир дар муқоиса бо соли 1940 се баробар бештар теъдоди кормандони илмӣ, тақрибан дувуним баробар бештар докторони илм ва чаҳор баробар бештар номзадҳои илм дар ҷумҳурӣ вуҷуд дорад.

Дар баҳори соли 1951 давлати Тоҷикистон тасмиме таърихӣ барои сарнавишти фарҳанги миллии мо гирифт то Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил кунад. Ин ҳақиқат гувоҳи дигарест, ки нишон медиҳад, мардумоне, ки дар эҷодкорӣ озоданд ва хастагинопазир дар роҳи пешрафт ва тамаддун гом бармедоранд, ба вижа мардуми қитъаи бузурги Осиё метавонанд ба он даст ёбанд.

Академияи илмҳои мо яке аз ҷавонтарин академияҳои шӯравӣ буда, аз ду шуъба ташкил шудааст. Шуъбаи илмҳои табиатшиносӣ ҳашт институт: сейсмология, хокшиносӣ, мелиорация ва ирригация, ботаника, чорводорӣ, зоология ва паразитология ва ғайра, инчунин кафедраҳои пахтакорӣ ва энергетикаро муттаҳид менамояд. Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии Академия ду институти калон: Институти таърих, археология ва этнография ва Институти забон ва адабиёт, инчунин шуъбаҳои фалсафа ва иқтисодиётро муттаҳид менамояд.

Ба ҳайати ин ареопаги олии илмии республика олимони намоёни тоҷик, монанди муаррих Бобоҷон Ғафуров, филолог Ниёзмуҳаммадов, нависанда Мирзо Турсунзода, доктори илмҳои геология ва минералогия Сараҷон Юсупов, меъмор Юлдошев, файласуф Баҳовуддинов, иқтисоддон Нарзиқулов, табиб Раҳимов, нависандагон Сотим Улуғзода ва Абдулғанӣ Мирзоев...инчунин олимони рус, монанди хокшиноси машҳур Антипов-Каратаев, мутахассиси маданияти субтропикӣ Смолский, археолог С. Якубовский, табиб Березкин, шарқшинос Брагинский, биолог Овчинников ва дигарон шомил мешаванд.

Хусусияти ҷолиби диққати илми мо дар он аст, ки вай бо муборизаи бевоситаи амалии халқ барои ҳаёти беҳтарин зич алоқаманд аст. Илм ба зиёд кардани ҳосили пахта машғул аст — ин сарвати асосии республика мебошад. Вай дар бораи беҳтар намудани зоти чорво ғамхорӣ мекунад, манбаъҳои нави ашьёи хом ва сӯзишвориро ҷустуҷӯ мекунад, захираҳои гидроэнергетикиро азхуд мекунад, масолеҳи нави бинокориро ба вуҷуд меоварад, принципҳои нави обёриро кор карда мебарояд ва мероси сершумори адабии таърихиро таҳқиқ мекунад...Номбар кардани ҳамаи масъалаҳое, ки осор ва дониши олимони тоҷик ба таҳқиқи онҳо бахшида шудаанд, ғайримумкин аст. Фақат ин нуктаро бигӯям, ки мардуми тоҷик, ки танҳо се даҳа пеш дар бардагӣ қарор доштанд, акнун ба авҷи халлоқияти илмӣ даст ёфтаанд.

Ва дар ин нишонае аз замон мебинам, далелҳои раднашаванда, ки ҳар миллате фурсатҳои поённопазир барои хидмат кардан ба пешрафти башарият дорад.

Соли 1951

Таҳияи Беҳрӯзи Забеҳулло

Садриддин Айни. Собрание сочинений. Т6. Очерки и статьи.-М.: Худ. литература, 1975.- С 313-320.

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0
No votes yet

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО