08 Jul 2026
Submitted by Admin
12

Яке аз нишонаҳои аслии ҳувияти миллӣ пас аз забон ва зоҳири инсон, либоси миллӣ ё пӯшиши миллӣ аст, ки мансубияти фарҳангии фардро возеҳ нишон медиҳад. Либоси миллату ақвоми мухталиф реша дар фарҳангу тамаддун дошта, бастагӣ ба иқлиму муҳит ва сабки зиндагии мардумон дорад. Ба қавли профессор Г.Майтдинова “Дар либоси миллӣ, ки мафҳуми «суннатӣ» бо он тавъам аст, ҷаҳонбинии мардум инъикос ёфта, аз насл ба насл анъанаҳо бо тағйироти баъзан барои ҳаёти як насл ноаён мегузаранд” (4, 73).

Дар ҷомеаи мухталифақвому гуногунфарҳанг гурӯҳҳои этникиро аз пӯшиши онҳо мешиносанд. Миллатҳои фарҳангу тамаддуни қадимӣ доштаро бароҳатӣ метавон аз либосу пӯшиши онҳо шинохт ва табиист, ки миллатҳо дар раванди ҷаҳонишавӣ ин унсури ҳувияти миллии худро нигоҳ ва ҳифз мекунанд, заро суннатҳои фарҳангӣ тули қарнҳо устувор шуда, боиси пешрафти ин ақвом ҳам шудаанд. Намунаи боризи ин гуфтаҳо пӯшиши мардумони Ҳинду Ҷопону Шотланду, Укроину Молдоваву Туркманистон шудан метавонад. Ин феҳристро то бениҳоят метавон идома дод, зеро ҳар миллате, ки худро на ҳамчун “тудаи космополитӣ”, балки ҳамчун миллате, ки ҳувияти миллии худро мешиносад, ин унсур дар фарҳанги онҳо устувору побарҷост.

Дар ҷаҳони муосир кишварҳоро аз рӯйи вижагии унсури ҳувияти миллӣ – пӯшиши миллиашон метавон чунин дастабандӣ кард: 1) миллатҳои тамаддуну фарҳанги қадима дошта, ки ин унсури муҳимро аз умқи таърих то ба имрӯз нигоҳ доштаанд; 2) миллатҳое, ки таърихи начандон қадима доранд ё дар натиҷаи нуфуси бештар пайдо кардан бар пояи фарҳангу суннатҳои миллии дигар ақвом унсурҳои ҳувияти миллии худро сохтаанд; 3) миллатҳои “маснуъӣ”, ки ба лутфи шароити сиёсӣ аз иттиҳоди ақвоми мухталиф бофта шудаанд низ чунин намодҳое доранд. Гоҳе ин унсур бар асоси далоили мазҳабӣ шакл мегирад, барои мисол ҳиҷоб, бурқаъ, мақнаъӣ дар кишварҳои мухталифи Шарқ ва Африқо роиҷ аст, ё бар асоси ба як ҳавзаи муштараки фарҳангӣ мансуб будан, масалан пӯшидани шими ҷинс, кулоҳи бейсбол ва аз болои зерпӯш пӯшидани куртаи пешбоз намунаи афроди амрикоӣ ва ё муқаллидони он аст.

Дар қарни ХХ дар Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравӣ либоси миллӣ махфиёна таҳти мамнуъияти идеологӣ қарор дошт. Дар ҳоли ҳозир дониши таърихӣ ва назарӣ дар мавриди таърихи либоси миллӣ рӯйи кор омада, тарроҳон онро мутобиқу мувофиқи завқи замона дуруст мекунанд. Ин раванд ҷанбаи муҳиму хуб дорад: нахуст пайравӣ аз анъанаҳои миллӣ ва ҳифзи унсури ҳувияти миллӣ ва фарҳанги миллӣ ва дигар мувофиқ гардонидани он ба муд ва сабки замони муосир мебошад.

Ҳар миллате либоси миллии ба худ хосро дорад, ки сарчашмаи бойи таърихиву этнгорафӣ дорад ва таҳқиқи он метавонад гузаштаи таърихии мардумро рушан кунад. Либоси миллӣ муҳимтарин муаллафаи зиндагии инсон ва ҷомеа аст. Муҳаққиқон онро ба унвони як мероси фарҳангии арзишманди мардум медонанд ва ҳамчунин либоси миллӣ баёнгари мансубияти миллии фард буда, вижагии фарҳангии ӯро мушаххас мекунад ва мояи ифтихору ғурур аст. Либоси миллӣ ҳатто баёнгари эҳсоси отифӣ, вазъи равонӣ ва синну соли инсон аст. Чунончи пӯшидани либоси сурх хоси ҷавонон ва арусон, либоси сабзу камранг хоси занҳои бузургсол, ранги кабуд “ҷомаи фаввот ва мусибатзадагон бувад” (“Кашф-ул-маҳҷуб”-и Ҳуҷвирӣ, асри ХӀ).

Сайри таърихии либоси ақвоми ориёӣ баёнгари вижагии ҳунарӣ ва завқу салиқаи мардуми мо ва дар умум фарҳанги мост. Муҳимтарин намуна аз таърихи пӯшиши даврони бостонӣ ёдгориҳои Саразм мебошад, ки ба фарҳанги ҷануби Турманистон, Эрон, Афғонистон, Покистону Тсин-зяни Чин шабоҳат дорад ва муҳаққиқон пӯшишҳои бозёфташудаи занонаро чунин тасвир кардаанд: тоҷи баланд бо муҳраҳои зарин, мӯйҳо дар пушти сар бо сӯзанак ҷамъ ва гиреҳ карда шуда, қисме аз мӯйҳо рӯйи шонаҳо кушода бо муҳраҳои зарин ороиш ёфтаанд. Зан доман ё пероҳани дарози сари китфу остини он муҳрадӯзӣ шуда бо пойҷома дошт (3, 159).

Дар деворнигораҳои Эрони бостон тасвире аз бонувон нашудааст, аммо дар ёдгориҳои хурд тасвирҳое боқӣ мондаанд. Пӯшондани бадан яке аз суннатҳои хоси фарҳанги қадимии мо буд. Дар нигорае аз Миср пайдо шуда, ки имрӯз дар музеи Бруклин нигаҳдорӣ мешавад, бонуи ҳахоманишие бо пероҳани дарози чиндор тасвир ёфтааст. Дар муҳре аз музеи Париж тасовире аз занҳои ориёӣ бо мӯйи дарози бофта, тоҷ ва сарандоз ба назар мерасад.

Дар нигораҳои ганҷинаи рӯди Ому дар ҷануби ғарби Тоҷикистон мутааллиқ ба замони Ҳахоманишиён дар муҳри ангуштари нуқраӣ бонувон бо ҳамин сабки либоспӯшӣ ҳаккокӣ шудаанд. Бино бар қавли Г.М. Майтдинова “Маҳз дар пӯшиши занон дар даврони Ҳахоманӣш муди аслии эронӣ мушоҳида мешавад. Куртаҳоро ҳатман бо камарбанди баста мепӯшиданд ва баъзан аз болои пероҳан болопӯш ҳам мепӯшиданд. Мӯйҳоро дар пушти сар ғундошта бо муҳраҳо оро медоданд” (3,174).

Дар даврони Сосонӣ пӯшиши занон аз абрешим, пахта, пашм ва каришма (матои турӣ) бо гарданбандҳое аз сангҳои бузург ва тугмаҳои бо сангу гулдӯзӣ ороишёфта иборат буд.

Санъати либосу пӯшиш дар асрҳои миёна ба далели рушди абрешимбофӣ анвои гуногун пайдо карда, омезиши унсурҳои эфталитҳо ба пӯшиши кӯшониён ва таъсири туркҳо ба пӯшиши суғдиён мушоҳида мешавад. Шуруъ аз қарнҳои VII-VIII пӯшиши занон дӯхти мураккаб гирифт ва матову порчаҳои дурушту ғафс ба монанди зандана барои ашрофзодаҳо ва барои мармудми оддӣ матоъҳои пахтагӣ бо нахҳои дурушт, ба монанди карбос истифода мешуд. Бонувони хонадонҳои ҳоким аз болои пероҳани нафис хилъати дароз бо остинҳои то нӯги ангуштон мепӯшиданд.

Дар давраи нав, вобаста ба имконоти пазируфтани фарҳанги нав ва қобилияти фарҳангпазирӣ ин тамаддуни қадима нафаси тоза гирифт ва ҷомаи кӯҳнашудаи худро бо ороишу пероиши нав ба бар мекард. Дар ҳунари сӯзаниҳои бисёр маҳалҳо рамзҳои хеле қадимӣ мушоҳида мешуд. Пӯшиши тоҷиконро аз рӯйи ареал ва вижагиҳои сарулибоси мардумон муҳаққиқон ба ду гурӯҳ дастабандӣ кардаанд: 1) ҷанубӣ: қаротегинӣ, дарвозӣ, кӯлобӣ ва ҳисорӣ; 2) шимолӣ: зарафшонӣ, истаравшанӣ, конибодомӣ, исфарагӣ, аштӣ (4). Пӯшиши маъмулии бонувон аз курта, пойҷома, тоқӣ, рӯймолу кафш ва баъзан аз камзӯл (воскат - Дарвоз) иборат буд. Пӯшишҳои бонувони ҷануб аз шимол, манотиқи кӯҳистонӣ аз ҳамворӣ фарқ мекард. Дар асри ХIХ дар Дарвоз куртаҳои аз матоъҳои пахтагӣ (карбос, алоча, қаламӣ) аз миён поёнаш кушоди каме поёнтар аз зону, бо остинҳои кушоди банди дасташ танг, пеши курта ба тариқи амудӣ боз ва атрофаш то камар гулдӯзишуда ва гиребони рост маъмул буд. Тарҳу гулдӯзиҳои куртаҳои бонувон дар ҷануб аз ҳам фарқ мекарданд. Аз зери куртаи гулдӯзишуда, куртаи ранги рушандошта бо остинҳои каме дарозтари бо шероза дӯхташуда мепӯшиданд. Гулҳои куртаҳо дар аввалҳои асрҳои миёна нафис буд ва дар қарнҳои баъдӣ ин нақши гулҳо бузургтару пуррангтар шуданд.

Дар манотиқи шимол бонувон куртаҳои кушоди дароз бо пеши бари секунҷа дӯхташуда, ки онро “куртаи пешкушо” мехонанданд ва гӯё намоди тақдиру бахти кушода ва фарзанддорӣ буд, мепӯшиданд. Дар манотиқи ҷанубу шарқии Тоҷикистон занон болопӯш намепӯшиданд, аммо дар шимол хилъат ҷузъи муҳимми сарулибоси бонувон маҳсуб меёфт ва чунин хилъатҳои бегиребонро “мунисак” ва “калтача” меномиданд. Хилъатҳоро аз матоъи пахтагин – карбоси малла, рангҳои гуногуни алоча, матоъҳои рахдори қаламӣ, барои бузургсолон матоъи нафиси хатҳои сафеду кабуддор бо номи парипашша омода мекарданд. Инчунин болопӯшҳое аз қабили ҷома, якта, ҷелак, абра, пӯстин барои бонувон дӯхта мешуд.

Либоси барои марсимҳои арӯсиву тую шодиро аз абрешими худбофт, адрас бо нақши рангҳои бунафш-сафед ва сабз, беқасаб бо рангҳои сабзу кабуду сурх медӯхтанд. Дар Бадахшон бонувон гилем – ҷомаи аз матоъи худбофт дӯхташуда мепӯшиданд.

Рӯсарии занон иборат аз рӯймоли чаҳоркунҷа, секунҷа ва росткунҷа буда, ҳангоми арусӣ ва замоне пас аз издивоҷ бонувон дар Бадахшон сарбанд аз матои гулдӯзишуда, дар Дарвоз - мандил ва дар Кӯлобу Қаротегин сарбанд аз нуқра – силсила меандохтанд. Дар қисмати шимол ва Самарқанду Бухоро арусҳо қоштиллои бо сангҳои рангоранг орододаро меандохтанд. Анъанаи гӯшаҳои рӯймоли сарро боз мондан аз даврони бостон боқӣ монда, баъзан онро гирди сар мепечонданд, аммо ҳеҷ гоҳ онро гиреҳ намебастанд. Аз анвои пойафзол дар қисмати шимол маҳсӣ бо калуш, кафши пошнадор, дар Бадахшон ҷураби пашмӣ, пех/шушк (мӯзаи чармин бо банд), пехбанд/шушкбанд (чоруқ) мепӯшиданд.

Мардуми тоҷик барои ҳар маросиме аз шодиву ғам либоси хоссе мепӯшиданд, ки баёнгари вазъии равонӣ ва ҷаҳони ботинӣ инсон буда, ин анъана то ҳол роиҷ аст. Пӯшиши миллӣ чунонки мебинем, дар асоси суннатҳои бостонӣ шакл гирифта, қарнҳо ин занҷираи ҳунарӣ гусаста нашуда, то замони мо расида, такомул ёфтааст.

Либоси миллӣ баёнгари мансубияти миллии фард буда, он ба унвони як мероси фарҳангии арзишманди мардум дониста мешавад. Беҳуда шоирон либоси миллиро дар ашъорашон васф накардаанд:

Эй духтари нозанини қадрас,

Зебанда туро либоси атлас.

Ё ин ки:

Эй куртачакан, эй зеби чаман...

Ё ин ки шоир Шаҳрия дар шеъри “Куртаи чити қаламӣ” духтари тоҷикро чунин васф мекунад:

Бо ҳамон куртаи чити қаламӣ,

Пеши чашмони ту хушрӯ будам...

Дар танам куртаи шоҳӣ дорам,

Саду якранг бувад мисли баҳор...

Албатта эрод гирифтани либоси бонувон ва дахолат ба ҳарими хусусии онон ба табиату одоби мардуми тоҷик созгор нест, аммо имрӯз ин масъала боиси нигаронӣ шадид шудааст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷикро аз вазъи нигаронкунанда ва пайомади он ҳушдор дода, мегӯянд: “Бегонапарастӣ дар сару либос, яъне пӯшидани либоси бегона бо номҳои сохтаи сатру ҳиҷоб дигар масъалаи мубрам барои ҷомеаи мо мебошад. Бегонашавии одоб ва расму ойини либоспӯшӣ – бегонашавии фарҳангист, ки истиқлоли фикрӣ, ҳувияти миллӣ ва фарҳангии миллатро халалдор месозад”.

Мухотаби он пурсишҳое, ки Сарвари давлат дар мулоқот бо ходимони дин моҳи марти соли равон ироа карданд, маҳз ҳамон афроде аст дар ҷомеа, ки масири нодурустро пеш гирифтаанд: “Чаро мо бегонапарастӣ мекунем? Чаро мо бегонаҳоро ин қадар ташвиқу тарғибот мекунем? Ман намефаҳмам, чунин рафтор ба мо чӣ медиҳад? Чаро миллатро гумроҳ мекунем?”.

Рушанфикрон ва ашхоси огоҳу фарҳангии мо, ки дар умури дунё бо назари бозу нав менигаранд, бояд роҳи ҳимоят ва тақвияти сармояи фарҳангии миллати худро пеш гиранд, то ҷомеа аз онҳо пайравӣ бикунад. Он чи сарвати асосии фарҳангии мардум аст, онро ба хотири нигаҳ доштани ҳувияту ягонагии миллати худ дастгирӣ ва ҳимоят кунанд. Барои ин, ба назари мо, ба фарҳанги гузашта рӯй оварда, дар заминаи он ба такмили имрӯзаи он машғул шудан лозим аст, то фарҳанги миллиро, ки пӯшиши миллӣ ҷузъи муҳимми он аст, дар раванди босуръати ҷаҳонишавӣ ва бархуди фарҳангу тамаддунҳо ба боди фано надиҳем, зеро

Бе нақши Ватан пираҳан аз хештанам нест,

Бар сар наниҳам, он чи кулоҳи Ватанам нест.

Ман вориси Ҷамшедаму фарзанди Таҳамтан,

Орияти бегона сазовори танам нест.

Ва ҳар фарде, ки худро шинохт, фарҳангу мероси гузаштагонро пос хоҳад дошт ва ин фарҳанг барояш мояи ифтихору сарафрозӣ ва муаррифгари миллаташ аст:

Аз меҳри Ватан ҳаст матои дилу ҷонам,

Осуда дар ин пираҳанам рӯҳу равонам.

Бо ҷомаи покизаи тоҷикӣ ҳама умр

Чун кӯҳи сарафрозаму манзури ҷаҳонам!

Адабиёт:

1.Ғафуров Б. Тоҷикон.- Душанбе, -

2. Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. Мардумшиносӣ. Ҷ.7. – 511с.

3.Майтдинова Г.М. История таджикского костюма. Том I. - Душанбе,2004.-280с.

4. Майтдинова Г.М. История таджикского костюма. Том II. - Душанбе,2004.-254с.

5.Сухарева О.А. К истории городов Бухарского ханства.- Ташкент, 1958.- 145с.

6. Сухарева О.А. Костюм народов Средней Азии.- М.:Наука,1979.-237с.

7.Сухарева О.А.История среднеазиатского костюма.-М,Наука,1982.-140с.

8. Таджики Каратегина и Дарваза.- Душанбе: Дониш,1976.- 237 с.

Шарифзода Ф.Х. – директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0%

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО