25 Aug 2026
Submitted by Admin
14

«Шоҳнома»-и ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ (940-1020) ҳамосаи бузургтарини таърихӣ ва шоҳасари ҷаҳонист, ки дар руҳияи баланди ифтихори миллӣ эҷод гардида, дар радифи асарҳои ҷаҳоншумул қарор дорад. Ин шоҳасар таърихи чандҳазорсолаи мардуми ориёинажоду форсизабонро аз даврони ҳукмронии Пешдодиён то Каёниён ва Ашкониёну Сосониён (аз Каюмарс то Яздигурди III, яъне аз замонҳои қадим то асри VII) дар бар мегирад. Дар ин асар таъриху фарҳанг ва расму ойини гузаштагон, ғояҳои баланди ватандӯстию ватандорӣ барои ҳифзи обу хоки кишвар, қаҳрамонию бебокию далерӣ ба муқобили истилогарони аҷнабӣ, озодандешию озодӣ ба муқобили низоъҳои мазҳабӣ, садоқату ягонагии мардум нисбат ба Ватан, нигоҳ доштани ойинҳои ниёгон бо ифтихори баланди миллӣ тарғибу ситоиш ёфтаанд. Таълифи шоҳасари бузург – «Шоҳнома» дар замони низоъҳои дохилӣ дар хонадони ҳокимони маҳалии давлати Сомониён бо ихтилоф андохтан аз ҷониби хилофати Бағдод ва вусъат ёфтани носозгориҳои мазҳабӣ сурат гирифтааст. «Шоҳнома» таърихи мардуми ориётабор мебошад ва бо гузашти ҳазорсолаҳо нуфузу манзалат ва мақоми он торафт густариш меёбад. Ба ин маънӣ шоири хирадманд фармуда буд:

Пай афкандам аз назм кохе баланд,

Ки аз боду борон наёбанд газанд.

Аз ин нома бас умрҳо бигзарад,

Бихонад ҳар он кас ки дорад хирад.

Намирам аз ин пас, ки ман зиндаам,

Ки тухми суханро парокандаам.

Басе ранҷ бурдам дар ин сол сӣ,

Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ.

Намирам аз ин пас, ки ман зиндаам,

Ки тухми суханро парокандаам.

Ҳар он кас, ки дорад ҳушу рою дин,

Пас аз марг бар ман кунад офарин.

Шоири тавоно бо такя ба маъхазҳои хаттӣ, бахусус осори таърихии паҳлавӣ, форсии дарӣ, воқеаномаҳои таърихӣ, ривоятҳои халқӣ, «Шоҳнома»-и Абумансури Дақиқӣ ва дигар манбаъҳои муҳимми таърихи гузашта саҳифаҳои тиллоию бузурги таърихи ниёгонро дар 60 ҳазор байт (120 ҳазор мисраъ) ба назм овард. Бино ба маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ Фирдавсӣ матни «Шоҳнома»-и Абумансуриро аз Мансур ибни Муҳаммад, писари Абумансури Муҳаммад ибни Абдурразоқ, яке аз дӯстонаш ба даст овардааст.

Дар «Шоҳнома» хронологияи таърихӣ дар асоси ба тахт нишастани шоҳон нигоҳ дошта шуда, таърихи инсоният аз зиндагии авлодӣ-қабилавӣ, то расидани мардуми ориёӣ ба ҷомеаи мутаммадин дар воқеаҳои таърихӣ, асотирӣ, корнамоиҳои шоҳону қаҳрамонон, ривояту гуфторҳои таърихӣ то исломӣ ва баъди он дар шакли достон дар пояи баланди санъати суханварӣ ба назм оварда шудааст. Дар замони шоҳигарии Пешдодиён ҷашнҳои қадимии Сада (дар давраи подшоҳии Ҳушанг, ки оташ падид омад), Наврӯз (дар давраи подшоҳии Ҷамшед) ва Меҳргон (рӯзи ба тахт нишастани Фаридун) ба миён омаданд, ки имрӯз ҳамчун қадимтарин ойинҳои мардумии мо дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» эътироф гардида, дар сатҳи ҷашни миллӣ таҷлил мегарданд.

«Шоҳнома» барои меросбарони он гаронбаҳотарину нодиртарин ва бузургтарин маъхази таърихист, ки донистани он барои ҳар як ватанпарасти асил, истиқлолхоҳ, муҳофизи амну амони кишвар ва ободкунандагону созандагони ҷомеа фарз мебошад, зеро таърих ба андешаи С.Айнӣ, ҳамчун силоҳ танҳо дар роҳи мубориза барои фардо маънии худро пайдо мекунад: «Таърих он гоҳ маъние хоҳад дошт, ки ба дасти мардумон силоҳе дар муборизаи роҳи фардо бошад».

Қаҳрамонони достонҳои «Шоҳнома» Рустам, Суҳроб, Сиёвуш, Исфандиёр, Гев, Тус ва дигарон беҳтарин намунаи диловарӣ, ватанпарастӣ, бебокӣ, садоқатмандӣ, озодихоҳӣ, корнамоӣ мебошанд, ки барои насли имрӯзу фардо чун манбаи илҳом ва руҳпарвар дар роҳи баланд бардоштани ифтихори миллӣ, руҳияи ватанпарастӣ, озодихоҳӣ ва бунёдкории ҷомеа таъсир мебахшанд. Дар «Шоҳнома» тамаддуни пурифтихори гузаштагони мо – тарзи давлатдорӣ, ҳукмронӣ, кишваркушоӣ, корнамоии шоҳон, қаҳрамонии паҳлавонон, урфу одатҳои мардумӣ, маросим, тарзи зиндагонӣ, ҳарбу зарб, ба миён омадани ҷашнҳо, ихтирои олатҳои зарурии зиндагӣ, киштукор ва ғ. бо забони фасеҳу ноби форсии тоҷикӣ суруда шудаанд:

Нигаҳ кун бад-ин лашкари номдор,

Ҷавонони шоистаи корзор,

Зи баҳри бару буму фарзанди хеш,

Зану кӯдаки хурду пайванди хеш,

Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,

Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.

***

Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем,

Ба кӯшиш ҳама дасти некӣ барем.

Набошад ҳаме неку бад пойдор,

Ҳамон беҳ, ки некӣ бувад ёдгор.

***

Хирад раҳнамою хирад дилкушой,

Хирад даст гирад ба ҳар ду сарой.

Яке аз самтҳои асосии сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба мероси адабӣ ва фарҳангӣ, ки борҳо дар суханрониҳояшон садо додаанд, огоҳии мардуми кишвар аз чеҳраҳои мондагор, таърих, фарҳанг ва тамаддуни гузаштагони хеш мебошад. Бинобар ин, дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров, ки 5 декабри соли 2023 баргузор шуд, Пешвои миллат дар бораи нашр ва ба ҳар як оила дастрас кардани «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ дастур доданд. Барои дар амал татбиқ намудани дастури Пешвои миллат дар раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон гурӯҳи корӣ дар ҳайати мутахассисон, донишмандони соҳа таъсис дода шуд, ки дар натиҷа матни «Шоҳнома» дар асоси нашри нуҳҷилдаи дар Тоҷикистон анҷомёфта, дар муқоиса бо чопҳои Маскав, матнҳои дар Теҳрон ба чоп расонидаи Ҷалол Холиқии Мутлақ, Жул Мул ва Фаридуни Ҷунайдӣ бо таҳия, таҳрир, муқоисаю муқобала, тасҳеҳ ва тавзеҳи луғату вожагон анҷом дода шуд.

Нашри дуҷилдаи «Шоҳнома» ба теъдоди беш аз 1,7 миллион нусха аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти кишвар дар нашриёти «Шарқи озод» сурат гирифта, ба ҳар як хонаводаи тоҷик тақдим гардид, ки дар роҳи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, такмили ҳувияти фарҳангӣ, огоҳӣ аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни ниёгон, арзишҳои миллӣ барои тамоми мардуми кишвар ҳадяи беназир мебошад.

«Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ дар Озмуни XIII байналмилалии «Санъати китоб»-и кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки 23 июли соли 2026 дар Минск баргузор шуда буд, сазовори Шоҳҷоиза гардид. Ин воқеият бори дигар бузургии «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ ва дар радифи бузургтарин асарҳои адабиёти ҷаҳон қарор доштани «Шоҳнома»-ро ба исбот мерасонад.

Ҳошимова Хуршеда, д.и.ф.,ходими пешбари илмии шуъбаи адабиёти муосири Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0%

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО