30 Jun 2026
Submitted by Admin
18

Тиргон аз ҷашнҳои бостонӣ ва яке аз маҳбубтарин ҷашнҳои миллӣ буда, дар 13 тирмоҳ (28 июн) баргузор мешавад. Далоили баргузор кардани ин ҷашн гиромидошти ситораи бороновар, шукргузорию ниёиши обу хок ва ҳамосаи Ораши камонгир мебошад, ки чунин тафсир мешавад:

Устураи Тиштар (ситораи борон) Тир/тиштар (паҳлавӣ Tištar) номи эзади борон аст ва низ номи ситораи Тир ёАторуд, дар авестоӣ Tištrya. Рӯзи сездаҳуми моҳ аст ва дар моҳу рӯзи Тир барои иттифоқи ду номТиргонро ҷашн гиранд ва ривояти ду сабаби барпошавии ин идро Берунӣ меорад. Амшоспанди борон - Тир/Тиштар дар “Сирӯзаи кӯчак, сирӯзаи бузург” чунин ситоиш шудааст: “Сипос дорам аз додори некиафзойи неккирдор, к-аш фароз офарид, ту, Тиштар, роди фараҳманди судманди боронкирдор... Бошад, ки барои судмандии дом борони фаровон биборӣ ба ҳамаи кишварҳо” . Ва дар ин рӯз шустушӯ ва оббозӣ расм аст, ки бо ривояти рафтани Кайхусрав ба сӯйи чашма пас аз набард бо Афросиёб пайванд мехурад “ва расми ғусл кардану шустушӯй ба ин об ва дигар обҳои чашмаҳо боқӣ ва пойдор монд аз роҳи табаррук” (Берунӣ. “Осор-ул-боқия”) . Ба ин далел,

ин рӯзро барои неъматҳои илоҳӣ – оби фаровон ва баракати маҳсулоти кишоварзӣ неку ва арзишманд медонанд ва дар ин рӯз мардум барои талаби борон ва фаровонӣ ба ниёиш мепардозанд. Ҳамосаи Ораши

камонгир. Дар манобеи зардуштӣ исми ин рӯзро бо вожаи тир (силоҳ, гулула) яке медонанд, ба ин далел дар андарзномаи зардуштӣ омадааст: “Тиррӯз кӯдак ба тир андохтан ва набард ва саворӣ омӯхтан фирист” . Илова бар ин, ҷашни Тиргон рӯзи посдошти диловарии Ораши камонгираст. Бар асоси достонҳо ин рӯз рӯзи камон кашидани Ораши камонгир ва партоби тири маъруфаш барои муайян кардан марзи Эрон ва Турон мебошад. Одоб ва русуми ҷашни Тиргон: Дар ин ҷашн об аз аҳамияти зиёде бархурдор аст, ба ин далел яке аз русуми ин ҷашн пошидани об ба рӯйи якдигар ва шустушӯй барои аз байн бурдани ҳавои гармо ва дар лаби ҷӯю дарё қарор гирифтан аст. Дигар аз русуми ин ҷашн дастбанди тиру бод аст, ки ба хотири амалӣ шудани орзуҳо дастбанди аз ҳафт матои ранга бофта шударо дар даст баста, пас аз нуҳ рӯз онро ба бод месупоранд. Дар ин ҷашн маводи ғизоӣ ва гандуми пештар пухташударо сари суфра мегузоранд. Шоҳномахонӣ ва қироати ашъори бузургон аз одоби дигари ин ҷашн мебошад. Ҷашни Тиргон дар радифи ҷа-

шнҳои ниёгонии мо Наврӯзу Меҳргону Сада аз муҳимтарин ойинҳои ориёитаборон аст, ки реша дар устураву достонҳо дошта, аз умқи таърих ба хотири гиромидошти фарҳангу ҳувияти мо – тоҷикон то замони мо расидаанд.

Фарангис Шарифзода - директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0%

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО