21 Sep 2022
Submitted by Admin
1109
Улуғзода аз он адибонест, ки дар ташаккули жанри таърихии насри адабии тоҷик ва таърихияти афкори адабии мо саҳми муҳимме гирифтаанд. Ба ин тариқ сурат гирифтани рушди адабии ӯ ба доираи таҳсил ва ҷустуҷӯҳои вай иртиботи бевосита дорад, яъне он иттилооте, ки охири солҳои 20, ҳангоми таҳсил дар Дорулмуаллимини тоҷикӣ дар Тошканд дар дарсҳои адабиёту таърих аз устодон, бахусус проф. М.С. Андреев, гирифта буд. Баъдҳо афкори интиқодии вай ва ҳам таваҷҷӯҳаш ба таърих, ки аз солҳои 30 (замони ҷашни ҳазораи Фирдавсӣ, 1934 ва таълифи «Намунаҳои адабиёти тоҷик, 1940) хеле фаъол гардида, замони ҷанги зидди фашизми Германия барои аз диди тоза дарк кардани симои ашхос ва ҳодисаҳои гузаштаи дур ва куллан таърихназарии адабии ӯ сабаб гардид.

Ва, инак, Улуғзода ба таълифи нақди осори адибони гузашта мепардозад. Соли 1939 бо ташаббуси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҷмӯаи осори адибони гузашта асрҳои Х-ХIХ ва мардумии тоҷик бо номи «Намунаҳои адабиёти тоҷик» ба чоп омода гардида, соли 1940 аз нашр мебарояд. Улуғзода дар қатори дигар аз аҳли илму адаб чанд мақолаеро, аз ҷумла дар бораи Рӯдакӣ, Дақиқӣ, Фирдавсӣ ва Абӯалӣ ибни Сино таълиф менамояд.

Ба ин маънӣ, таваҷҷӯҳи Улуғзода ба рӯзгору осори Рӯдакӣ аз ибтидои солҳои 30 асри ХХ оѓоз шуда, дар ду ришта - нақду баррасии осор ва тасвири бадеии симои ӯ ҷараён гирифтааст.

Нахустин мақолаи Улуғзода бахшида ба Рӯдакӣ «Устод Абулҳасан Рӯдакӣ» соли 1940 дар китоби «Намунаҳои адабиёти тоҷик» ба табъ мерасад. Мақолаи мазкур дар заминаи маълумоти тазкираҳое амсоли «Тазкиратушшуаро»-и Давлатшоҳи Самарқандӣ, «Оташкада»-и Лутфалибеки Озар, «Хазонаи омира» ва «Намунаи адабиёти тоҷик»-и С. Айнӣ таълиф шуда, фарогири нуктаҳои зерин мебошад: Рӯдакӣ шоири дарбори Сомониён ва сарвари шуарои он замон, мавлудаш солҳои 940-941 ва бештар бо тавсифи Рӯдакӣ бухороӣ ва самарқандӣ во мехӯрад ва аввалин касест, ки бо забони тоҷикӣ шеър гуфта, жанрҳои асосии адабиёти нави форсиро шакл додааст ва бинобар ин ба сифати «сардафтари адабиёти тоҷик» эътироф шудааст.

Улуғзода қайд мекунад, ки Рӯдакӣ соҳиби китоби тамсилии «Калила ва Димна» ва девони ашъор будааст, вале ин осор нобуд шудаанд ва қисмати ночизе аз ашъори сершумори ӯ боқӣ мондааст. Ва вай ба натиҷае расадааст, ки тавассути он абёту пораҳои пароканда низ метавон аз «табъи баланд ва таланти бузурги ин аввалин шоири тоҷик» сухан ба миён овард. Мақола бо баёни оқибати фоҷиабори Рӯдакӣ, кӯр карда шудани ӯ хотима меёбад.

Дар солҳои ҷанги ватанӣ (1941-45) Улуғзода сари таърих ва фарзандони баруманди халқи тоҷик ҷиддӣ ба андешаву омӯзиш пардохт ва баъд аз таълифи рисолаи «Аҳмади Дониш» (1946) бо китоби «Субҳи ҷавонии мо» (1954), ба эҷоди осори сирф таърихӣ оѓоз намуд. Маҳз дар ҳамин асар ӯ ба рӯшанӣ иброз медорад, ки устодаш, шарқшиноси барҷаста М.С. Андреев ба такрор мегуфта, ки «Халқи худро бишнос!» ва ин таъкид ҳамеша дар зеҳнаш собит будааст. Зиёда аз он, маҳз ҳамин «олими калон» ба ӯ ва ҳамсабақонаш Рӯдакиро шиносонида, «аз зиндагии нахустин ва бузургтарин шоири тоҷик ҳикоятҳои шавқовар» карда ва низ «баъзе шеърҳои шоирро аз ёд хонда» будааст. Ҳаминтавр, чеҳраи Рӯдакӣ дар асари бадеии Улуғзода ба сифати шахсияти машҳуру арзишманди таърихӣ ва ифтихори мардуми тоҷик ва поягузори адабиёти форсизабонон ворид мешавад ва бо ҳамин арзишмандӣ минбаъд чун як ҷузъи «шинохти халқи худ» ва шахсияту ҷойгоҳи таърихии шоир низ зоҳир мегардад.

Аммо таваҷҷӯҳи ҷиддӣ ва аз дигар қаламкашон бештари Улуғзода ба зиндагӣ, сарнавишт, эҷодиёт ва шахсияти Рӯдакӣ дар ҷараёни тайёрӣ ба ҷашни 1100-солагии ӯ зоҳир гардид. Вай дар ин маврид як мақолаи илмӣ ва ду асари арзишманди бадеие офарид, ки бешубҳа, дар таърихи адабиёти нави тоҷикӣ саҳифаҳои тоза ба шумор меоянд.

Мақолаи Улуғзода «Дар бораи Рӯдакӣ» («О Рудаки», ба забони русӣ, 1958) яке аз таълифоти пурмуҳтавои илмӣ бахшида ба устод аст, ки чи барои хонандагони тоҷик ва чи мардумони дигар ва бахусус халқҳои собиқ шӯравӣ маълумоти асосӣ ва муҳиммеро аз рӯзгору осори Рӯдакӣ пешниҳод менамояд. Дар мақолаи мазкур сабабҳои ба сифати поягузори забону адабиёти бузурги классикии мардумони Шарқ, хосса форсизабонон расидани Рӯдакӣ, вазъи таърихӣ, ташаккули нахустин давлати мустақили тоҷикон – Сомониён, оромишу сулҳ ва рушди хоҷагии кишвар, иртиботи тиҷорӣ ва бунёди роҳи абрешим ба Шарқу Ѓарб, аз як тараф, ва анҷоми ташаккули мардуми тоҷик ба сурати як халқи мустақил, ба пояи забони адабӣ ва умумидавлатӣ расидани забони дарӣ (тоҷикӣ, форсӣ), баланд рафтани савияи умумии маънавӣ, ки дар ин ҳама саҳми бевоситаи Рӯдакӣ хеле бузург будааст, баррасӣ ва таъкид мешавад. Сипас, Улуғзода эҷодиёти Рӯдакӣ ва хасоиси бадеии онро аз қабили мушоҳидаҳои борик, тозагии тафаккури бадеӣ ва шаклҳои марѓуби адабӣ тавзеҳ дода, навозанда ва сарояндаи хушовоз буданашро ёдовар мешавад, ки ин ҳама сабаби шӯҳрати ӯ ва бадарбори Сомониён кашидани шоир гардида будаанд. Ба ҳамин сабабҳост, ки дар дарбор амир Насри IIва вазири донишманд Абулфазли Балъамӣ ӯро ҳимоят ва сарпарастӣ мекарданд.

Улуғзода ақидаи Саид Нафисӣ ва устод Айниро дар бораи «саҳли мумтанеъ», яъне содаи номумкин будани сабки Рӯдакӣ таъйид менамояд ва боз меафзояд, ки Рӯдакӣ дар айни замон аз афроди донишманди вақт буда, аз илму фарҳанги Шарқу Ѓарб (улуми исломӣ ва фалсафаи юнонӣ) огоҳ буд. Ба ин маънӣ ба ақидаи Улуғзода «Рӯдакӣ тафаккури бадеии шоири мардумӣ ва донишманди огоҳро ба ҳам созгор дода буд» ва саҳми вай дар истифода аз забони халқ ва ташаккули забони адабӣ, тасвири зиндагии мардум ва табиати диёраш, зебоиҳо, хирад, илму дониши инсон хеле бузург мебошад. Аммо бо ин ҳама шавкату шӯҳрат, ба тақозои замон, зиндагии Рӯдакӣ фарҷоми фоҷиавӣ доштааст. Ин нукот дар осори адабиву бадеии вай бештар мавриди таваҷҷуҳ аст.

Дар мавриди таваҷҷӯҳаш ба устод Улуғзода навиштааст, ки: «Ҳамосаи зиндагӣ ва эҷодкории Рӯдакӣ хаёлоти маро аз ҷавониам тасхир сохта буд. Ман хеле барвақт дар орзуи дар бораи ӯ таълиф кардани асаре ва таҷассуми образи вай будам». Натиҷаи ҳамин таваҷҷӯҳ ва ҷустуҷӯҳо буд, ки Улуғзода аз аввалинҳо ва муваффақтаринҳо шуда симои Рӯдакиро дар ду асар ба тасвири бадеӣ мекашад. Яке киноповести «Қисмати шоир» (1957) ва дигаре намоишномаи «Рӯдакӣ» (1958) мебошад ва ин ду асар байни ҳам иртиботи бевосита доранд.

Киноповести «Қисмати шоир» фарогирӣ давраи навҷавонӣ, аз замони таҳсил дар Самарқанд то фарҷоми фоҷиавии он - нобино шудану аз дарбор берун рондани шоир мебошад. Улуғзода бори нахуст чеҳраи Рӯдакиро ба сифати шоири пурҳунар, инсондӯст ва адолатхоҳу худшинохта тасвир мекунад, ӯро дар маҷлиси аъён, баҳси шоирон, талош барои озодии ѓуломон, сабук кардани заҳмати мардум ва гирифторӣ дар ишқи сӯзон нишон медиҳад. Дар ҳамаи ин мавридҳо Рӯдакӣ ба сифати шахсияти озодидӯст, ошиқи зиндагӣ ва инсони табииву самимӣ намудор мешавад: аз ҷумла, ҳангоме ки ӯ ба ишқу озодии Нигина талош мекунад, ба каниз будани ӯ нигоҳ накарда, чун инсон ба ӯ ҳурмат қоил мешавад, инсондӯстӣ ва адолатхоҳии вай ба тариқи барҷаста зоҳир мешавад. Коргардони кинои тоҷик Тоҳир Собиров дар асоси асари мазкур филме ба навор гирифт ва он ба зудӣ чи дар Тоҷикистону собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва чи дар хориҷ шӯҳрат ёфт. Филми «Қисмати шоир» соли 1960 дар кинофестивали кишварҳои Осиё ва Африқо ба шоҳҷоизаи «Уқоби тилло» мушарраф гардид. Зиёда аз он, филми мазкур зиёда аз 50 сол аст, ки аз асари дӯстдоштаи тамошобини тоҷик ба шумор меояд.

Сипас Улуғзода дар заминаи киноповести мазкур драмаи (намоишномаи) «Рӯдакӣ»-ро эҷод намуд. Дар ҳар ду маврид ҳам Улуғзода дар баробари омӯхтани сарчашмаҳои таърихӣ, аз қабили тазкираҳо, осори илмии гузашта ва тадқиқоти олимони шӯравию хориҷӣ, аз ашъори худи Рӯдакӣ низ ба сифати мадорики боэътимод хеле фаровон ва бо маҳорат истифода карда, дар заминаи далелу арқом тавассути тахайюли бадеӣ асарҳои баландсифат офаридааст. Образи Рӯдакӣ дар драма ба ҳамин асос ҳаётӣ, чеҳранамо ва муассир баромадааст. Улуғзода кӯшидааст симои гуногунҷиҳати Рӯдакиро дар муносибат ба Насри Сомонӣ, вазир Балъамӣ, забону адабиёти тоҷик, тарбияи шуаро ва ѓайра нишон дода бошад. Яке аз мавзӯъҳои асосии драма ишқи Рӯдакӣ ва Нигина мебошад, ки барои рӯшан шудани дунёи маънавии шоир мусоидат кардааст. Нигина баробари каниз будан, ба қавли Рӯдакӣ «худ ганҷинаи бебаҳост». Улуғзода дар тасвири чеҳраи Нигина аз ривоят дар бораи шоираи машҳури асри Х Робиаи Балхӣ истифода кардааст. Дар тасвиру таҷассуми моҳияти фаъолияти инсондӯстонаи Рӯдакӣ муносибати вай ба аҳолии вилояти Даббусия ва аз банд халос кардани деҳқонон, бахусус Акбари шӯришгари қарматӣ, пураҳамият аст.

Драмаи «Рӯдакӣ» аз соли 1958 ба инҷониб дар саҳнаи театрҳои тоҷик ва аз ҷониби таҳиягарони гуногун ба сабки тозаву диди нав зуд-зуд ба саҳна гузошта мешавад. Охиран, ин асар аз ҷониби Артисти халқии собиқ Шуравӣ, таҳиягар ва бозингари машҳури кинову театр Ҳошими Гадо бомуваффақият саҳнавӣ карда шуд…

Улуғзода дар дигар мавридҳо - дар осори бахшида ба Ибни Сино, Фирдавсӣ низ ба Рӯдакӣ ва мақому эҷодиёти ӯ руҷӯъ мекунад. Ин нишонаи таваҷҷӯҳи махсус ва саҳми боризу аввалмақоми Улуғзода дар тадқиқу тасвири бадеии Рӯдакӣ мебошад.

Ос.: Устод Абулҳасан Рӯдакӣ. - Дар кит.: Намунаҳои адабиёти тоҷик, Сталинобод, 1940; Қисмати шоир, Сталинобод, 1960; О Рудаки, дар кит.: Единение. – Д.., 1963; Рӯдакӣ. - Дар кит.: Қиссаҳои драмавӣ. - Д.: Ирфон, 1984.

Ад.: М. Шукуров. Сотим Улуѓзода, Д., 1961; Анъана, халқият ва маҳорат.-Душ., 1964, с.141-162.; Л. Демидчик. Ҳақиқати ҳаёти халқ. – Дар кит.: С. Улу-зода. Қиссаҳои драмавӣ. Д., 1984. С. 375-383.

Абдухолиқ Набавӣ

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0
No votes yet

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО