05 May 2023
Submitted by Admin
396

05.05.2023 дар толори Шарифҷон Ҳусейнзодаи факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ибтикори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, факултети филологияи тоҷики ДМТ ва Донишкадаи фарҳанг ва санъати ба номи М.Турсунзода конференсияи илмию амалӣ ба ифтихори 112-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода баргузор гардид. Дар кори он ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон профессор Хушбахтзода Қобилҷон Хушбахт, директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ, профессор Фарангис Шарифзода иштирок ва суханронӣ намуданд. Маърӯза ва суханронии илмии Фарангис Шарифзода "Муаррифии дастхатҳои шеъри "Се нозанини Шарқ" аз бойгонии шоир дар Осорхонаи устод ", дотсенти кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Рустам Ваҳҳоб зода "Хусусиятҳои сабк ва забони ашъори Мирзо Турсунзода (Вожагузинии суварӣ) хеле муҳим ва ҷолиб буданд. Барномаи фарҳангии Донишкадаи фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода ки фарогири сурудҳо бар матни ашъори устод рангин ва хотирмон буданд.

Блоки: 
TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО