Error message

Notice: Undefined variable: layout_width in include() (line 18 of /var/www/izar.tj/html/sites/all/themes/iza/tpl/html.tpl.php).
18 Nov 2026
Submitted by Admin
15

Ба муносибати фархундаҷашни Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар партави сиёсати фарҳангпарваронаю маърифатгустари давлат, бо ҳадафи тарғиби фарҳанги китобхонӣ, тақвияти завқи донишандӯзӣ ва муаррифии дастовардҳои илмии донишмандони кишвар, аз ҷониби Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон беш аз сад нусха китоб аз осори илмӣ ва таълифоти муҳаққиқони институт ба факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон армуғон гардид.

Иттифоқи касабаи Институт ин иқдоми фарҳангиву маърифатиро нишонаи арҷгузорӣ ба заҳмати аҳли қалам, эҳтиром ба мактаби илмии миллӣ ва таваҷҷуҳ ба насли ҷавони донишандӯз арзёбӣ менамояд. Дар ҳақиқат, ин китобҳо танҳо маҷмӯаи осори чопшуда нестанд, балки шиносномаи илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, бозгӯкунандаи таърихи пажуҳишӣ, дастовардҳои фикрӣ ва заҳмати чандинсолаи донишмандону муҳаққиқони он мебошанд. Дар ҳар як асар таҷрибаи илмӣ, андешаи созанда ва ҷустуҷӯҳои пажуҳишгароне таҷассум ёфтаанд, ки умри хешро ба хидмати забону адаб ва ҳифзу таҳқиқи мероси маънавии миллат бахшидаанд. Мо бар он назарем, ки тақдими ин осор ба факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои донишҷӯён фурсати арзишманде фароҳам меорад, то бо чеҳраҳои илмӣ, осори гаронмоя, дидгоҳҳои пажӯҳишӣ ва самтҳои фаъолияти донишмандони институт аз наздик ошно гарданд. Ба ин васила, китобҳо на танҳо сарчашмаи донишандӯзӣ, балки муаррифгари мактаби илмӣ ва пайвандгари устодону муҳаққиқони имрӯз бо насли ояндаи аҳли таҳқиқ хоҳанд буд. Ҳамзамон, ин иқдом дар таҳкими заминаҳои маърифатӣ ва тақвияти ҳадафҳои озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ҷалби бештари ҷавонон ба мутолиаи осори илмӣ ва адабӣ, бедор сохтани завқи китобхонӣ ва густариши ҷаҳонбинии донишҷӯён нақши арзишманд хоҳад гузошт. Ошноии насли ҷавон бо осори донишмандони ватанӣ яке аз роҳҳои муассири тарбияи муҳаққиқони оянда ва идомаи суннатҳои арзишманди илми миллӣ ба шумор меравад. Аз сӯйи дигар, ин китобҳо барои шинохти амиқтари таърихи навини Тоҷикистон, дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмию фарҳангии кишвар дар даврони 35 соли Истиқлоли давлатӣ низ сарчашмаи арзишманди омӯзишу андеша мебошанд. Зеро шинохти роҳи тайкардаи давлат, арҷгузорӣ ба дастовардҳои миллӣ ва дарки арзиши истиқлол аз маърифати таърихӣ ва огоҳии насли ҷавон сарчашма мегирад. Бегумон, рисолати муассисаи илмӣ танҳо дар офариниши осори арзишманд маҳдуд намегардад; муҳим он аст, ки самараи ин заҳматҳо ба муҳити таълимӣ роҳ ёбад, дар ихтиёри донишҷӯён қарор гирад ва дар ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ, завқи адабӣ ва худшиносии миллии онҳо нақши муассир гузорад. Иттифоқи касабаи Институт чунин иқдомҳоро дар роҳи тақвияти ҳамкориҳои илмӣ ва фарҳангӣ, ғанӣ гардонидани муҳити маърифатӣ ва тарғиби дастовардҳои олимони тоҷик қобили таваҷҷуҳ медонад ва ба идомаи ташаббусҳои созандаи аҳли илм арҷ мегузорад. Бигзор ин осор сафирони хомӯши мактаби илмии институт дар муҳити донишгоҳӣ бошанд, аз заҳмати донишмандон паём расонанд, ҷавононро ба мутолиаву пажӯҳиш раҳнамун созанд ва дар қалби насли нав меҳри китоб, дониш ва ватандориро фурӯзон нигоҳ доранд.

Китоб шиносномаи илму фарҳанги миллат, ойинаи дастовардҳои он ва пули пайванди наслҳо бо ояндаи маърифатгустар аст.

Латифзода Собир Зарифӣ

Раиси Иттифоқи касабаи Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО