11 Jul 2024
Submitted by Admin
229

Ба таваҷҷуҳи ҳаводорону дӯстдорони илму адаб мерасонем, ки санаи 12 июли соли 2024 соати 9:00 дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тибқи дастури президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва бо ибтикори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ маҳфили илмю адабӣ ва фарҳангии Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, доктори илмҳои филологӣ, сарходими шуъбаи адабиёти муосири ИЗА ба номи Рӯдакии АМИТ Аскар Ҳаким баргузор мегардад. Ҳамаи он нафроне, ки ба илму адаб шавқу ҳаваси зиёд доранд даъват менамоем!

Дар маҳфил ҳунармандони маъруфи кишвар:

Афзалшоҳи Шодӣ Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон,

Гулбаҳор Шокирова Ҳунарпешаи хизматнишондодаи Тоҷикистон, Хуршед Иброҳимов Ҳунарпешаи хизматнишондодаи Тоҷикистон, Ширинмоҳ Ниҳолова ҳунарпешаи маҳбуб иштирок хоҳанд кард.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО