21 Sep 2026
Submitted by Admin
39

Дирӯз, 20.09.2026, дар доираи баргузории Конференсияи байналмилалии илмию назарӣ дар мавзуи «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ», ки ба муносибати Рӯзи Рӯдакӣ аз ҷониби Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ баргузор мегардад, гурӯҳе аз олимону муҳаққиқон ва иштирокчиёни конфронс аз Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуданд.

Ҳайати бошукӯҳи меҳмононро, иборат аз олимону муҳаққиқони маъруфи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон муовини директори Осорхонаи миллӣ Наимзода Дилором Наим истиқбол гирифта, ба онҳо сайри осорхонавӣ дар толорҳои намоишии Осорхона ташкил ва баргузор карда шуд.

Зимни боздид меҳмонон аз толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ дидан намуда, бо намунаҳои нодири мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик, бозёфтҳои бостоншиносӣ, осори хаттӣ, намунаҳои санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои мардумӣ шинос гардиданд.

Ба иштирокчиёни конфронс оид ба таърихи ташаккули давлатдорӣ ва фарҳанги тоҷикон, тамаддунҳои бостонии сарзамини Тоҷикистон, инчунин нақши мероси илмию адабии даврони Сомониён дар рушди фарҳанги миллӣ маълумоти муфассал пешниҳод гардид.

Меҳмонон махсусан ба маводи марбут ба давраи Сомониён ва мероси фарҳангии замони Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аз арзиши илмӣ ва таърихии экспонатҳои Осорхонаи миллӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.

Ҳамзамон, дар рафти боздид, меҳмонон аз намоиши ҷадиди Осорхонаи миллӣ таҳти унвони “Модарнома” дидан намуда, ба онҳо аз таърихи офариниши шоҳкориҳои нодири устоди барҷастаи санъати тасвирии тоҷик Муродзода Сабзаалии Шариф маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.

Боздиди олимону муҳаққиқон аз Осорхонаи миллӣ дар доираи чунин ҳамоиши байналмилалии илмӣ барои таҳкими робитаҳои фарҳангию илмӣ, муаррифии таъриху тамаддуни тоҷикон ва таҳкими ҳамкориҳои илмӣ миёни муассисаҳои илмию фарҳангии Тоҷикистону Эрон аҳамияти муҳим дорад.

https://www.facebook.com/share/1BvpkthM2S/

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО