Error message

Notice: Undefined variable: layout_width in include() (line 18 of /var/www/izar.tj/html/sites/all/themes/iza/tpl/html.tpl.php).
06 Sep 2024
Submitted by Admin
95

Дар Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии АМИТ бо иштироки ҳайати илмӣ ва кормандон ба ифтихори 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид. Онро муовини директори Институт оид ба илм ва таълим Ш.Муҳаммадиев ифтитоҳ намуд. Директори Институт, доктори илми филология Шарифзода Фарангис Худоӣ дар мавзуи «Инкишоф ва такомули тафаккури миллӣ дар замони Истиқлол» суханронӣ намуда, аз ҷумла иброз намуд, ки Истиқлол на танҳо соҳибихтиёриву озодии давлат, ҳудуд ва мардумони он аст, балки раҳоӣ аз сукути андешаи мустақил ҳам мебошад. Яъне истиқлоли фикрӣ аст, ки андешаи мустақили сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, мазҳабӣ ва ҳуқуқӣ аз он сахт вобаста аст. Истиқлоли фикрӣ пояи ягонаи матонату мустаҳкамии ватану миллат ва масъалаи меҳварии давлати миллӣ буда, решаву шохаҳои зиёде дорад ва фақат дар сурати ба эътибор гирифтани тарҳи дурусти ташаккули тафаккури миллӣ (менталитет) дар шаҳрвандон ба истиқлолу пешрафту манофеи миллӣ хидмат хоҳад кард. Мавсуф дар идома афзуд, ки хушбахтона, истиқлоли миллие, ки насиби мо тоҷикистониён гаштааст, боиси парвариш ёфтани тафаккури миллӣ дар афроди ҷомеа мебошад, ки аз ташаккули ҳувияти миллӣ дар инсон маншаъ мегирад. Аносири ҳувияти миллӣ аз арзишҳои муштарак дар зиндагиву рӯзгори мардум, ба монанди намодҳои миллӣ, забон, таърихи миллат, ҳудуд, расму ойин, тафаккури миллӣ, хешии хунӣ, огоҳиҳои миллӣ ва осори бостонӣ маншаъ мегирад. Тафаккури миллӣ аз таҷрибаву андӯхтани донишҳо, муҳиту фарҳанги миллӣ, расму анъанот ва дину ойин дар инсон шакл мегирад. Тафаккури миллии мо аз забон, маънавият, руҳоният, илму дониш, фарҳанг ва таҷрибаи таърихии мо ҷудо нест ва онро ба хотири тамосу пайвастагӣ бо тамаддуни беш аз ҳазорсолаамон ва давлати мустақили миллиамон бояд нигоҳ дошт. Рукнҳои асосии мафкуравию фарҳангӣ ва урфии миллӣ, арзишҳо ва ҳувияти миллӣ, ки барои пойдории асолат заруранд, бояд мавриди эътибор қарор дошта бошанд. Вобаста ба ин масъала Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола ишора карданд: “Раванди ҷаҳонишавӣ дар баробари паҳлӯҳои мусбати худ имрӯз башариятро дар рӯбарӯи омезишу бархӯрди арзишҳо ва фарҳангҳои гуногун қарор додааст. Мо ҳамчун миллати қадима ва фарҳангӣ ҳаргиз мухолифи шинохтани фарҳангу тамаддунҳои мухталиф нестем. Баръакс, мо ҷонибдори гуфтугӯи тамаддунҳо ва истифода аз сарватҳои илмӣ ва дастовардҳои фарҳангии халқҳои Ғарбу Шарқ ба хотири таҳкими низоми дунявии давлати худ мебошем. Маҳз, бо дарназардошти чунин воқеият фарҳангу арзишҳо ва ҳувияти миллии мо ба дастгирии ҳамаҷонибаи ҷомеа ва давлат ниёз доранд”.

Олимони шоир Аскар Ҳаким, Ҳасани Султон, Беҳрӯзи Забеҳулло, Умриддини Нӯшин ва Рустами Аҷамӣ, ки дар Институт фаъолият мекунанд, бо хондани ашъор дар васфи Ватан, Истиқлол ва ободиҳои имрӯзи кишвари азизамон хотири ҳозирини ин маҷлиси бошукӯҳро болида намуданд

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО