11 Dec 2025
Submitted by Admin
43

«Шеъри Мирзо Турсунзода шеъри миллат ва шеър барои инсоният аст. Тамоми зиндагии ӯ тимсоли дурахшони хизмати содиқонаи як фарди зиёӣ ба нафъи халқу Ватани хеш мебошад. Меҳри ӯ дар ошёни баландтарин – дили халқ маъво гирифтааст ва халқ хотираи неки фарзанди маҳбуби хешро то абад ҳифз хоҳад кард».

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Инак, пас аз интизориҳои тулонӣ “Куллиёт”-и осори устод Мирзо Турсунзода бо заҳмати кормандони илмии Шуъбаи адабиёти муосири Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ дар нашриёти “Дониш”-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз чоп баромад.

“Куллиёт” аз шаш ҷилд иборат буда, дар ҷилди якум шеърҳо, ҷилди дувум достонҳо, ҷилди савум драма ва либреттоҳо, ҷилди чаҳорум публитсистикаи тоҷикӣ, ҷилди панҷум публитсистикаи русӣ ва дар ҷилди шашум мактубҳои воридшуда ба номи устод Турсунзода гирдоварӣ шудааст.

Қобили зикр аст, ки баъди аз олам даргузаштани устод Мирзо Турсунзода дар охири соли 1977, Комиссияи умумииттифоқие, ки барои омӯзиши мероси адабии шоир таъсис ёфта буд, барномаи густурдаеро пешниҳод намуд. Бар асоси қарори он Комиссия зарур шуморида буд, ки тамоми маводи бойгонии Мирзо Турсунзода – мактубҳо, ҳуҷҷатҳои шахсӣ, ёддоштҳо ва навиштаҳои пароканда – ҷамъоварӣ, танзим ва таҳлил гарданд. Ҳамчунин вазифа гузошта шуда буд, ки гурӯҳи олимони адабиётшиносу забоншинос ин мероси пурқиматро ба таври касбӣ омӯзанд ва барои нашр ба забони тоҷикӣ, инчунин маҷмуаи сеҷилдаи ашъори шоирро ба забони русӣ таҳия намоянд. Аммо мутаассифона, ин қарор – чун як қатор қарорҳои дигари вобаста ба омодасозӣ ва нашри мероси пуриқтидори устод – дар саҳифаи қоғаз боқӣ монд ва ба иҷрои комил нарасид. Инак, аз замони таъсиси он комиссияи умумииттифоқӣ то кунун 48 сол сипарӣ шуд ва ҳоло аз баракати соҳибистиқлолии мамлакат, тавсияву ғамхориҳои Пешвои миллат дар хусуси гиромидошти бузургони илму адаб ва кӯшишу заҳмати ходимони илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон “Куллиёт”-и шашҷилдаи устод Мирзо Турсунзода таҳия, нашр ва дар дастраси хонандагон қарор хоҳад гирифт.

Нашри “Куллиёт” -и осори шоири миллӣ ва шахсияти байналмилалӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзодаро барои мардуми адабпарвари тоҷик табрику шодбош мегӯем.

Ёдовар мешавем, ки маросими рӯнамои "Куллиёт"-осори устод Мирзо Турсунзода рӯзи ҷумъа (12 декабр), соати 15.00 дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор мегардад. Вуруд озод аст.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО