01 Jan 2024
Submitted by Admin
305

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» 28.12.2023 дар «Кохи Сомон»-и Бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, масъалаҳои муҳимми сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар, дурнамои барномаҳои созандаю рушдкунанда баррасӣ гардид. Зимни суханронии Сарвари давлат доир ба сохтори мақомоти давлатӣ, рушди иқтисодӣ, маориф ва тамоми дастовардҳои мамлакат натанҳо маълумот оварда шуд, балки барои пояҳои устувори ҷомеа ва давлат, рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти мардумӣ пешниҳодҳои муҳимму судманд гуфта шуд.

Дар назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тайёр намудани кадрҳои баландихтисос ва такмил додани дараҷаи тахасуссии омӯзгорон дар бунёди миллати тамаддунофар вазифаҳои муҳим вогузор гардид, ки пояи асосӣ ва устувори давлат маҳсуб меёбанд. Барои амалӣ намудани ин иқдоми созандаи Сарвари давлат вазифаи мураббиҳо ва волидайн ҳамчунин муҳим мебошад, зеро ҳар фарди ҷомеа тарбияи аввалинро ибтидо аз онҳо мегирад. Абдураҳмони Ҷомӣ ба ин мазмун фармудааст:

Хишти аввал чун ниҳад меъмор каҷ,

То ба охир меравад девор каҷ.

Аз ин рӯ, маърифатнокӣ аз оила сар шуда, дар боғча, мактаб ва донишгоҳ такмил меёбад, ки бевосита ба сатҳу сифати таълим вобаста мебошад. Ҳамзамон мутахасссисони олӣ дар ин самт вазифадоранд, ки вазифаҳои ҷонии хешро дар назди халқу давлат содиқона иҷро намоянд. Шахсони тасодуфӣ набояд дар ин соҳа кор кунанд, албатта дар ин маврид назорати Вазорат нақши калидиро мебозад. Бинобар ин такмили ихтисоси тарбиятгарони синни то мактабӣ, хусусан омӯзонидани одоби муошират, муносибат, қоидаҳои беҳдошт, таълимот оид ба нигаҳдории тандурустӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳисти зист ва омӯзиши пайваста сифати таълиму тарбияро миёни кӯдакону наврасон хубтару беҳтар менамояд. Дар замири ҳар фард масъулият, ҳисси баланди ватандӯстию ватандорӣ, бонангу номусӣ ва ғамхориву маҳбубиятро мепарварад, ки ба ободиву пешрафти кишварамон, ҳифзи сарзамини аҷдодиамон ва ояндаи дурахшон мусоидат менамояд.

Зиёд шудани шумораи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, мактабҳои олӣ ва дигар зинаҳои таҳсилот имрӯз ҳар як шаҳрванди ҷомеаро вомедорад, ки барои рушду пешрафти кишвари азизи худ бештару хубтар талош намояд, пайваста омӯзад, дониши худро такмил диҳад, ҳамзамон номбардори шаъну шарафи падару модар ва давлат гардад. Хусусан ҷомеаи имрӯза, ки дар Паём гуфта шуд, кашфиёту ихтироот ва таҳқиқотҳои илмиро дар ҷаҳони техникаву технология ва инноватсия тақозо дорад.

Таъмин намудани пойдорӣ ва сулҳу салоҳ, оромию осоишти Ватани азизамон ва расидани ҷавонон ба худшиносиву худогоҳӣ танҳо дар мавриде муаяссар мегардад, ки агар ҷавононро дар нерӯи инсони комили ҷомеа, ватанпарвар, содиқу бофарҳанг ва бонангу номус тарбия намоем, зеро вазифаи мустаҳкам кардани истиқлоли Тоҷикистон ҳамчунин ба зиммаи ҷавонон гузошта мешавад. Бинобар ин, барои роҳ надодан ба хатогиҳои қаблии ҷиддӣ, ки мардуми тоҷикро ба ҷанги шаҳрвандӣ расонида буд, мебоист барои ташаккул додани ҷаҳонбинӣ ва тафаккури нави ҷавонон шароит фароҳам овард, ки ин иқдомро Пешвои миллат яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати давлати кунунии мо муайян кардаанд.

Тоҷикистон имрӯз бо ҷавонони бонангу номус ва номбардори худ ифтихор дорад, бо ононе, ки халқу давлати худро дӯст дошта содиқона хидмат намуда, давлату миллати хешро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ менамояд:

Ҳар кӣ нон аз амали хеш хурад,

Миннати Ҳотами Той набарад. (Саъдӣ)

Имрӯз талошҳо ва ғамхориҳои Сарвари давлат ба он равона карда шудааст, ки ҷаҳонбинии ҷавонон ташаккул дода шуда, бо арзишҳои умумибашарӣ мусаллаҳ карда шаванд ва барои дарк намудани моҳияти демократия, самаранок истифода намудани шаклу воситаҳои мухталифи идеявӣ ва сиёсӣ, баровардани хулосаҳои амиқи судбахш аз вазъиятҳои ба амаломада, иштироки фаъолона дар тамоми соҳаҳои мухталифи ҷомеа, омӯхтани технологияи замонавӣ тамоми шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст.

Дар Паём нақши бунёдӣ ва созандагии бонувони кишвар дар соҳаҳои гуногуни ҷомеа ва густариши минбаъдаи фаъолияти онҳо дар корҳои давлативу ҷамъиятӣ қайд гардид, ки дар асоси ин иқдоми ғамхоронаи Сарвари давлат мавқеи бонувони кишварамон дар ҳаёти ҷомеа устувортар мегардад. Бузургии зан, қувваи баланди созандагӣ ва шикастнопазирии онҳо дар асоси дастгириҳои Сарвари давлат имрӯз густариш меёбад ва вассофонро нерӯи нав мебахшад. Чунонки М.Турсунзода фармуда:

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо,

Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо.

Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон,

Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо....

Мисраъҳои ба модар бахшидаи аҳли шуаро олами маънавӣ, бузургӣ ва нерӯи созандагии модарро бори дигар собит месозад. Сарчашмаи илҳом, ободию осудагӣ ва хушбахтии ҳар фардро таҳким мебахшад.

Хусусан, суханони Сарвари давлат дар бораи қарзи аввалиндараҷаи ҳар фарди ҷомеа: ба ҷо овардани эҳтироми модару падар, арҷ гузоштан ба хидматҳои беохиру беназири онҳо ва сари вақт расидан ба қадру манзалати қиблагоҳон шаъну шарафи инсони ҳақиқиро нишон медиҳад, ки нишони аҷдодӣ ва ифтихори миллии мост. Дуо гирифтан аз модару падар, муқаддастарин ва бузургтарин саодати инсонӣ мебошад, ки фардро аз ҳар гуна хатар ва мушкилоти зиндагӣ ҳифз менамояд, ба дил қуввату дармон ва неруи дил мебахшад, балки руҳро неруманд мегардонад, зеро:

Дар ҷаҳони бас мураккаб,

Дар замони пур зи талхихои дунё

Боз ҳам муҳтоҷ бар панди туам, модар,

Боз ҳам муҳтоҷ бар қанди туам, модар...

(Абдумалики Абдуҷаббор)

Дар суханронӣ масъалаи сабзазоркунӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зисти аҳолӣ ба миён гузошта шуд. Сар задани бештари бемориҳои сироятӣ ва густариш ёфтани он маҳз ба омилҳои риоя нашудани тозагии гирду атроф аз ҷониби сокинон, обод накардани заминҳои назди биноҳо, сари вақт набурдани партовҳо, дар сари роҳ гузоштани пакетҳои пору ва амсоли ин вобаста мебошад. Надонистани қоидаҳои одитарини одоби шаҳрнишинӣ, натанҳо бар зарари саломатии сокинони маҳалла, балки бар зарарири тамоми кишвари азизамон мебошад. Илова бар ин, меҳмонони ба сарзамини Тоҷикистон омада, ки халқи тоҷикро ҳамчун халқи тамаддунсозу дорои фарҳанги ҳазорсола мешиносанд, бо мушоҳидаҳои тарзи зист ва муносибати шаҳрвандон ба миллати мо баҳогузорӣ менамоянд. Аз ин рӯ, месазад, ки барои миллати тоҷдори худ ҳамчун шаҳрванди боифтихори шаҳр, балки натанҳо шаҳр, дигар гирду атрофи он дар ободонии ҳар қитъа замин, гӯшаву канори он саъйю талош намоем, зеро Ватан, ба қавли Лоиқ аз ҳамин сар мешавад...

Ватан сар мешавад аз гоҳвора,

Зи шири поку аз пистони модар.

Ватан сар мешавад аз он тавора,

Ки онро сохта дастони модар.

Ватан беҳбудию беҳрӯзии мост,

Ватан хушномию фирӯзии мост.

Ватан сар мешавад з-огарди деҳқон,

Зи «майдо»-ҳои хирманбодгарҳо.

Ватан сар мешавад аз бурдаи нон,

Ки мо хурдем аз хони падарҳо.

Ватан – дилҷамъию озодии мост,

Ватан – хушбахтию ободии мост.

Ватан сар мешавад з-он остоне,

Ки бар дунёи равшан по ниҳодем.

Ватан сар мешавад з-он пардабоме,

Ки парвозӣ шудему пар кушодем.

Барои дар амал татбиқ намудани нишондодҳои шаҳрнишинӣ, ба сарзамини сабзазор, гулистон табдил додани кишварамон масъулият, ҳисси баланди миллиро дар ободию созандагӣ дар замири ҳар сокини кишвар, хусусан насли ҷавон бедор ва парварридан мебояд, ки ба таълиму тарбияи волидайн, мураббиҳо ва устодон робитаи ногусастанӣ дорад. Донишмандони бузург ва мероси гаронбаҳои онҳо дар сурати омӯзиши амиқу дақиқ, метавонанд мардумро аз бисёр ҳодисаҳо ва гирифториҳои фалокатбор наҷот диҳад ва боиси рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеа гардад. Пас, насли имрӯзаро бояд ба омӯзиши илмҳои гуногуни гузаштаву имрӯза пайваста талқин намоем ва худ низ аз он баҳра бардорем.

Самаранок истифода бурдани захираҳои табиӣ, об аз вазифаҳои муҳимми дигаре мебошад, ки дар суханронии Сарвари давлат зикр гардид. Об яке аз моддаҳом муҳимми рӯи Замин аст, ки ҳастии оламу мавҷудоти онро ташкил медиҳад.

Об – асл, асос ва бунёди оламу мавҷудоти рӯи Замин, сарманшаи ҳаёти инсонӣ аст, ки дар илм аз назари химиявӣ, экологӣ, фалсафӣ ва луғавӣ то ҳадди имкон аз қадимулайём то ба имрӯз омӯхта ва шарҳ дода шудааст.

Маълум аст, ки тасаввуроти аввалини одамон, гузаштагони дури мо, дар бораи пайдоиши об ва хосиятҳои он тавассути ташаккул ёфтани динҳои гуногун ва муқаррароти онҳо ба вуҷуд омада буд. Ё ин ки ба ақидаи муаллифони дорои ҷаҳонбинии материалистӣ, тасаввуроти аввалини одамон дар бораи муҳити зист ба пайдоиши намудҳои гуногуни дин сабаб гардид. Бешакку шубҳа аз замони пайдоиши одаму олам об дар ҳаёти инсонӣ ва мавҷудияти дунё аҳаммияти аввалиндараҷа дорад. Пас, метавон гуфт, ки об манбаъи ҳаёт ва мавҷудият буда, яке аз ҷузъҳои чор унсури муҳимми олам аст, ки иборат аз хок, об, бод ва оташ мебошад. Дар ҷомеаи имрӯз дар баъзе ҷойҳо норасоии аслии оби тоза ва мушкилоти ба даст овардани он боиси пайдоиши муносибатҳои махсус миёни мардум дар дохили ҷомеа, новобаста ба дин ва баромади иҷтимоӣ проблемаи муҳим дар тамоми ҷаҳон гардидааст.

Об, ки сарчашмаи аввалиндараҷаи ниёзҳои асосии инсон аст, хусусан барои ҳифзи саломатии аҳолӣ, таъмини ғизои бехатар, нигоҳдории тозагӣ дар сайёраи мо бояд дар алоқамандӣ бо тамоми башарият ҳаллу фасли худро ёбад.

Ҳамин тавр, Паёми Сарвари давлат доир ба давлат самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ, барои пойдор ва устувор гардондани мавқеи давлати ҳуқуқбунёд ва демократии Тоҷикистон, беҳбудии ҳаёти мардум, ободонию сарсабзӣ ва рушуду пешрафти кишвари азизамон равона карда шудааст.

Ҳошимова Хуршеда, ходими пешбари илмии шуъбаи адабиёти муосир

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО