24 Oct 2026
Submitted by Admin
18

Дар даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иштироки фаъолона намуда, дар номинатсияҳои гуногун сазовори ҷойҳои ифтихорӣ шуданд.

Аз ҷумла, Саидзода Фазилат Сайдамир — номзади илмҳои сиёсӣ, ходими калони илмии Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ, дар номинатсияи «Адабиёти ҷаҳон» сазовори ҷойи сеюм гардид.

Ҳамчунин, Саидова Меҳриниссо — корманди Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии АМИТ, дар номинатсияи «Адабиёти классикии тоҷик» ҷойи сеюмро ишғол намуд.

Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ғолибонро бо ин дастоварди арзанда табрик намуда, дар даври ниҳоии озмун барору комёбӣ таманно менамояд.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО