25 Jan 2023
Submitted by Admin
1498

НАЗАРЗОДА САЙФИДДИН: 3-ноябри соли 1956 дар деҳаи Танобчии ноҳияи Совети (ҳоло н. Темурмалик) вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадаам.

Дар давоми таҳсил дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (собиқ Универиситети давлатии Тоҷикистон) аз моҳи сентябри соли 1978 то сентябри соли 1979 аз тариқи Вазорати саноати нефти ИҶШС ба Афғонистон сафари хидматӣ доштам. Баъди хатми Донишгоҳи мазкур аз моҳи сентябри соли 1980 то сентябри соли 1984 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС ба сифати тарҷумони низомӣ адои хизмат намудам. Котиби созмонӣ ҳизбӣ ва узви Кумитаи ҳизби созмони ҳизби Коммунист дар Кумитаи давлатии телевизион ва радио будам.

Аз ноябри соли 1990 то июни соли 1992 ба ҳайси корманди калони илмӣ ва котиби илмии кумитаи истилоҳоти назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз июни соли 1992 то феврали соли 1993 директори барномаҳои радои Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷииктсон, аз феврали соли 1993 то январи соли 2000 муовини, раиси Кумитаи ҷумҳуриявии истилоҳоти назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз соли 2000 то 2003 иҷрокунандаи вазифаи раиси Кумита ва аз соли 2003 то моҳи октябри соли 2004 дар вазифаи муовини раиси Кумита кор кардам. Аз моҳи октябри соли 2004 раиси Кумитаи мазкур ва аз марти соли 2006 директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ ҶТ будам.

Аз моҳи майи соли 2011 декани факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон будам.

Аз 15-декабри соли 2014 бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитсон директори муассисаи давлатии «Китобхонаи миллиии Тоҷикистон» таъин гардидам.

Соли 1991 дар мавзӯи вобаста ба таърихи лексикалогияи забони форсии нав рисолаи номзадӣ ҳимоя намудам. Ба ғайр аз корҳои илмиву амалӣ, барномаҳои илмиву таҳқиқотиро анҷом додам.

Аз ҷумла зиёда аз 170 мақола ва асарҳои илмӣ таҳия намудам.

Солҳои 2007-2011 раиси Шӯрои диссертатсионии ҳимояи рисолаҳои доктории Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ буда, ҳоло узви Шӯрои дисертасионии ҳимояи рисолаҳои доктори Донишгоҳи миллиии Тоҷикистон мебошам.

Undefined

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО