25 Jan 2023
Submitted by Admin
1282

НОСИРҶОН МАЪ­СУМӢ: 2 майи соли 1915 дар деҳаи Қаратоғи ноҳияи Ҳисор ба ҷаҳон омадааст. Соли 1930 курси дусолаи муаллимини Самарқандро хатм карда, шаш сол дар Омӯзишгоҳи омӯзгории Панҷакент муаллим будааст. Соли 1940 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо ба итмом расонда, солиёне дар ҳамин ҷой муаллим ва мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷик (1940-1953), проректор оид ба корҳои илмӣ (1953-1956) будааст.

Соли 1954 рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст.

Аз соли 1956 мудири кафедраи забон ва адабиёт ва муаллими Мактаби ҳизбии назди КМ ПК Тоҷикистон, аз соли 1959 директори Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва академик-котиби Шуъбаи илмҳои ҷамъиятии АИ ҷумҳурӣ будааст.

Соли 1966 узви вобастаи АИ РСС Тоҷикистон интихоб шудааст.

Фаъолияти эҷодияш аз нимаи дувуми солҳои сӣ ҳамчун шоир шурӯъ шудааст. Шеъру таронаҳо ва «Достони мулки саодат»(1944)-и ӯ ишқу садоқату ҷавонӣ, музаффарияти ҳаёти нав ва диловарии мардуми шӯравӣ дар ҷангу ақибгоҳро тараннум кардаанд. Сурудҳои «Дӯстдорат гаштаам» ва «Зуд биё» то имрӯз шуҳрати тамом доранд.

Фаъолияти илмии Носирҷон Маъсум басо пурсамар буда, соли 1962 рисолаи пурарзиши ӯ «Адабиёти тоҷик дар асри XVIII ва нимаи аввали асри XIX» ба табъ расидааст, ки яке аз давраҳои торику ҳассоси таърихи адабиётамонро равшан кардааст.

Дар ҷодаи таҳқиқи ҷараёни инкишофи забону сарфу навҳ ва маданияти гуфтори тоҷикӣ, махсусан, таҳқиқи забони асарҳои Устод Айнӣ басо заҳматҳо кашидааст. Иддае аз мақолаҳояш дар китоби «Очеркҳо оид ба инкишофи забони адабии тоҷик» (1959) ва «Ҷаҳонбинӣ ва маҳорат» (1967) гирд омадаанд. Дар китоби «Фолклори тоҷик» (1952) бори аввал кӯшиши муайян намудани намудҳои адабиёти шифоҳӣ сурат гирифтааст. Солҳои 1965 ва 1966 (дар ҳамкории М. Холов) «Намунаҳои фолклори Афғонистон»-ро ба табъ расондааст.

Мақолаҳояш дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти Туғрал (1964), С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, М. Турсунзода (1960, 1962), М. Раҳимӣ (1961), Ҳабиб Юсуфӣ, Т. Пӯлодӣ, Ғ. Мирзо, Ф. Ансорӣ ва дигарон пурарзишанд.

Дуҷилдаи «Асарҳои мунтахаб» (1977, 1980) ва нашри дувуми он (2005) беҳтарин офаридаҳои илмии ӯро фароҳам овардааст.

Дар таълифи китобҳои дарсӣ, таҳриру танзими «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (дар ду ҷилд; Маскав, 1969), «Луғати русӣ-тоҷикӣ» (1969), мақолоти Энсиклопедияи советии тоҷик ҳиссаи сазовор гузоштааст.

Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.

Чанд дафъа вакили мардумӣ дар парлумони замон интихоб шудааст.

Бо чанд нишону ифтихорнома сарфароз гардидааст. Мактаби миёнаи зодгоҳаш номи ӯро дорад.

Аз соли 1940 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

16 августи соли 1974 аз олам даргузашт.

Undefined

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО