24 Jan 2023
Submitted by Admin
1429

ШАРИФҶОН ҲУСЕЙН­ЗОДА: 10 апрели соли 1907 дар шаҳри Конибодом зода шудааст. Соли 1926 Омӯзишгоҳи омӯзгории Боку, соли 1931 факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёнаро хатм карда, муддате дар ин даргоҳи дониш дарс гуфтааст. Соли 1935 аспирантураи Донишкадаи забон ва адабиёти Тошкандро хатм кардааст.

Соли 1940 ба Душанбе омада, ба ҳайси устоди Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе, директори Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, мудири шуъбаи ҳамин пажӯҳишгоҳ, мудири кафедраи адабиёти классикии тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин фаъолият бурдааст.

Аввалин мақолаҳои илмияш аз солҳои 30-юм ба табъ расида, беҳтаринашон дар маҷмӯаҳои дастҷамъии илмӣ, китобҳои «Шеърҳои ватандӯстонаи Саъдӣ» (1942), «Адабиёти тоҷик дар асрҳои X-XV» (1950), «Сухансарои Панҷрӯд» (1958), «Ҷалол Икромӣ» (1959), «Баҳс ва андеша» (1964), «Гуфтор аз ганҷи сухан» (1985) ва ғ. гирд оварда шудаанд.

Дар таҳия ва табъу нашри «Очеркҳои таърихи адабиёти советии тоҷик» (Маскав, 1956, 1957) иштирок доштааст. Дар офаридани китобҳои дарсӣ саҳми арзанда гузоштааст.

Достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Навоӣ (Тошканд, 1941, 1958), «Мунтахаб»-и Камоли Хуҷандӣ (1960), «Девон»-и дуҷилдаи Камоли Хуҷандӣ (ҳамроҳи С. Асадуллоев, 1981-1982), осори Ибни Сино, Форобӣ, Насириддини Тӯсӣ ва дигаронро барои чоп омода кардааст.

Барои хадамоти шоистаи илмию педагогӣ сазовори унвони профессорӣ, Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1982), унвонҳои фахрии Ходими шоистаи илми Тоҷикистон, Муаллими хидматнишондодаи мактаби Тоҷикистон гардонида шудааст.

Бо чанд нишону ифтихорномаи ҳукуматӣ сазовор гаштааст.

Аз соли 1947 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

20 декабри соли 1988 аз олам даргузашт.

Undefined

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО